Қироншоҳ Шарифзода кист?

Ин ном барои аҳли қалам, ки бо матбуоти даврӣ ҳамкорӣ доштаанд, аз ҷумла, рӯзноманигорони ҷавон, ки дар факултаву шуъбаҳои рӯзноманигории муассисоти таҳсилоти олии кишварамон таҳсил кардаанду мекунанд, хуб ошност.

Қироншоҳ Шарифзода аз зумраи рӯзноманигоронест, ки фаъолияти эҷодии худро аз кор дар матбуоти даврӣ шуруъ намуда, бо андӯхтани таҷрибаи кофӣ ба фаъолияти пажӯҳишиву таълимӣ пардохт. Бо вуҷуди ин, рӯзноманигор будани худро фаромӯш насохт. Дар соҳаи таълими рӯзноманигорӣ ин усул манфиати дуҷониба меорад. Аввалан, ҷараёни машғулиятҳо ба аносири илмиву амалӣ омезиш меёбанд, баъдан муносибат ба масъалаҳои илмӣ дақиқу амиқ мегардад, солисан, дарки масъалаҳои иҷтимоиву касбӣ осон мешавад. Хуш ба ҳоли он муҳассилини рӯзноманигорӣ, ки аз дарси чунин омӯзгорон сабақ мегиранд.

Доманаи фаъолияти кории Қироншоҳ Шарифзода фарох ва гуногунсамт аст. Онро метавон ба рӯзноманигорӣ, публитсистӣ, илмӣ ва омӯзгорӣ ҷудо намуд. Илова бар ин, ӯ тӯли солҳои гуногун дар бахши ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъолият намудааст, ки гувоҳ аз қобилияти кордонӣ ва созмондиҳию роҳбарии ӯст. Ҳарчанд паҳлӯҳои фаъолияти ӯ ба ҳамдигар тавъаманд, кӯшиш менамоем, ки онҳоро дар алоҳидагӣ баррасӣ намоем.

Рӯзноманигор – омӯзгор

Қироншоҳ Шарифзода соли 1980 факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло ДМТ)-ро хатм намуда, бо даъвати редаксияи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон») ба ин нашрия ба кор омад. Маҳз ба ин нашрия ба кор даъват шудани ӯ сабаб дошт. Дар айёми донишҷӯйӣ, аниқтараш дар соли охири таҳсил ӯ бо рӯзномаи мазкур ба ҳайси таҷрибаомӯз ҳамкорӣ намуда, чанд гузоришу мақолаҳои ҷолиб ба табъ расонид. Аз ҷумла, нигоштаҳояш «Студент дар куҷо хӯрок хӯрад?», «Ман, ту, ӯ ва дигарон», «Садо аз ду тараф», «Фардо аз имрӯз пайдост», «Касби ман – ифтихори ман», ки ҳамагӣ дар шумораҳои январ – июни соли 1980-и «Комсомоли Тоҷикистон» чоп шудаанд, бо вуҷуди шогирдона будан, аз ҷиҳати интихоби мавзуъ, тарзи масъалагузорӣ ва усули ташреҳу таҳлили предмети инъикос навҷӯйӣ доштанд. Ин ва дигар нигоштаҳо аз он шаҳодат медоданд, ки муаллифаш дар интихоби пешаи рӯзноманигорӣ тасодуфӣ нест, балки қобилият ва маҳорати хуби нигорандагӣ дорад, кору амалаш аз рӯйи шавқ ва бо амри дил сурат мегирад.

Дар баробари ин кори пурмасъулият, ки вақти зиёдро талаб мекард, Шарифзода доир ба масъалаҳои мубрами ҳаёти иҷтимоии кишвар низ матолиби гуногуни журналистиву публитсистӣ интишор менамуд, ки мақолаҳои «Бепарвоӣ чаро?» (Комсомоли Тоҷикистон,1980.–7 декабр), «Маълумоти касбию техникӣ: проблема ва мулоҳиза» (Комсомоли Тоҷикистон, 1981.–17 июл), «Фоли бад» (Комсомоли Тоҷикистон, 1981.–12 август), «Муаммоҳои «Хонаи дуюм» (Комсомоли Тоҷикистон,       1982.–27 январ) аз намунаи онҳост. Умуман, ӯ дар соли аввали фаъолияти рӯзноманигорӣ дар «Комсомоли Тоҷикистон» доир ба масъалаҳои гуногуни иҷтимоӣ, хусусан мушкилоти мактабу маориф зиёда аз 50 матлаб дар қолаби жанрҳои репортажу ҳисобот, мухбирномаву мақола ва лавҳаву очерк ба табъ расонидааст.

Фаъолияти рӯзноманигории Шарифзода бо ду-се нашрия маҳдуд нашуда, дар рӯзномаҳои дигар низ идома ёфтааст. Ӯ доир ба масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар нашрияҳои «Чумҳурият», «Минбари халқ», «Азия-Плюс», «Озодагон», «Нигоҳ», «Фараж», «3+1- Кишоварз», «Ҷомеа», «Импулс» ва ғайра матолиби гуногун интишор намуда, дар баррасӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳо саҳм гузоштааст. Ба қалами ӯ зиёда аз 700 очерк, лавҳа, мақола, гузориш, табсира, мусоҳибаҳои матбуотӣ тааллуқ доранд.

Ҳамагӣ пас аз чанд соли таъсиси факултаи рӯзноманигорӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 1996 Шарифзодаро ба сифати муаллими калон ба кори кафедра қабул карданд ва тадриси фанҳои «Асосҳои журналистика» ва «Асосҳои ҳуқуқии журналистика» ба дӯшаш афтод. Аз ҳамон сол ба самти фаъолияти Шарифзода як самти дигаре илова шуд, ки баъдан ба самти асосии фаъолияти ӯ табдил ёфт.

Қироншоҳ Шарифзода ба маънои томаш муаллим аст. Ӯ на танҳо аз усулҳои замонавӣ ва интерактивии таълим хуб воқиф аст, балки бо истифодаи босамари онҳо дарсашро рангин ва шавқовар мегузаронад.

 Аз таҳқиқотҳои журналистӣ то пажӯҳишҳои илмӣ

Фаъолияти эҷодии Қироншоҳ Шарифзода  бо фаъолияти илмиаш тавъам аст. Агар аз ин меҳвар ба нигоштаҳои ӯ нигарем, дар онҳо иртиботи ногусастании муносибати рӯзноманигорӣ ва илмиро пай мебарем.

Пажӯҳишҳои илмӣ ва илмиву таълимии Қироншоҳ Шарифзода паҳлӯҳои гуногуни илми журналистикаро фаро мегиранд.

Яке аз паҳлӯҳои афзалиятнок дар фаъолияти пажӯҳишии ӯ таърихи матбуоти тоҷик, аниқтараш омилҳои пайдоиши нашрияи миллӣ ва чигунагии вижагиҳои нахустрӯзномаи тоҷикӣ – «Бухорои шариф» ва нақши дастандаркорони он аст. Доир ба ин масъала ӯ дар аксари ҳамоишҳои илмӣ суханронӣ ва ё мубодилаи афкор намуда, дар нашрияҳои даврӣ ва маҷаллаҳои илмӣ мақолаҳо интишор мекунад. Чунин муносибат ва чопи мақолаҳои гуногун боис гардид, ки имрӯз аҳли илми журналистикаи тоҷик Шарифзодаро ҳамчун муҳаққиқи «Бухорои шариф» мешиносанд. Барои тақвияти ин фикр ду асари ӯро, ки ба ин масъала марбут аст, зикр мекунем. Асари аввал «Аввалин рӯзномаи тоҷикӣ» (2006) ва дуюмӣ «Бухорои шариф»: назаре пас аз 100 сол» (2012) унвон дорад. Китоби «Аввалин рӯзномаи тоҷикӣ», ки ӯро соли 2007 ба гирифтани Ҷоизаи ба номи Лоҳутии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мушарраф гардонид, хусусияти маҷмӯаро дошта, мақолаву мусоҳибаҳои алоҳидаи муаллифро доир ба заминаву омилҳои таъсис ва аҳамияти таърихиву иҷтимоӣ ва касбии нахустин рӯзномаи тоҷикӣ – «Бухорои шариф», муассисону дастандаркорони ин нашрия, саромадони рӯзноманигории тоҷик, ки солҳои 1992-1995 дар нашрияҳои даврӣ чоп шудаанд, фаро мегирад. Мақолоти ин маҷмӯа ҳарчанд хусусияти публитсистӣ доранд, аммо аз унсурҳои пажӯҳишӣ низ холӣ нестанд. Муаллиф як мавзуъро дар солҳои гуногун баррасӣ намуда, аз як навишта ба навиштаи дигар факти нав ва андешаи тозаеро зам намудааст. Масалан, мақолаҳои «Оид ба таърихи рӯзномаи «Бухорои шариф», «Аввалин рӯзномаи миллат», «Сароғози матбуоти миллӣ» ва «Бухоро офарид «Бухорои шариф» дар зоҳир ба ҳам шабоҳат доранд, аммо чун ба муҳтавои онҳо амиқтар фурӯ меравем, аз далели мавҷуда ва ё воқеаи гуфташуда назари тоза ҳосил намудани муаллиф эҳсос мешавад. Дар маҷмуъ, ин нигоштаҳо панорамаи васеи маълумот ва андешаи як муҳаққиқро перомуни «Бухорои шариф» ҳам ба хонандаи ом ва ҳам ба пажӯҳишгари хос манзур медоранд.

Ҳосили ковишҳо ва таҳлилу арзёбиҳои пажӯҳишгар доир ба нахустрӯзномаи тоҷикӣ дар рисолаи ӯ «Бухорои шариф»: назаре пас аз 100 сол» фарохтар акс ёфтаанд. Ин рисола як навъ идомаи мантиқии «Аввалин рӯзномаи тоҷикӣ» бошад ҳам, аз нигоҳи омӯзиш ва баррасии мавзуъ фарқ мекунад. Сабк ва муҳтавои рисола ин фарқиятро боз ҳам тақвият бахшидааст. Муаллиф ба мавзуъ муносибати муҳақкиқона дорад, аз сарчашмаҳои зиёд истифода мебарад, дар мавридҳои зарурӣ аз онҳо иқтибос меорад, аз услуби музокира кор мегирад, ба мантиқ такя мекунад, бо баррасии омилҳои замонавӣ гузаштаи таҳқиқи мавзуъро ба ҳолати имрӯзааш пайванд менамояд, аҳамияти замонавии мавзуи пажӯҳишро асоснок мегардонад, муҳимияти масъаларо ба таъкид зикр мекунад. “Чун «Бухорои шариф» аз рӯйи аломатҳои навъбандӣ ё таснифоти матбуоти даврӣ, ба пуррагӣ ҷавобгӯ ба хусусиятҳои нашрияҳои хусусӣ мебошад, ҳамчунин мавриди зикр аст, ки ба мафҳумҳои ифодагари намудҳои матбуоти даврӣ рӯшанӣ андозем. Нодуруст фаҳмидани таъинот ва рисолати воситаҳои иттилоотии омма, бахусус матбуоти даврӣ дар миёни қишрҳои мухталифи ҷомеаи имрӯзаи мо таъкиди такрории ин заруратро тақозо менамояд».

Дар таълиф ва таҳияи рисола муаллиф аз шаклҳои гуногуни эҷод кор гирифтааст. Ӯ дар баробари пажӯҳишҳои бевосита таҳқиқотҳои олимони соҳаҳои таъриху адабиётро доир ба «Бухорои шариф» хулоса намуда, аз нигоштаҳои муҳаққиқон доир ба манзалати ин нашрия иқтибосҳо овардааст. Акси шумораи аввали нашрияро манзури хонанда карда, онро мухтасаран шарҳ дода, феҳристи адабиёт доир ба «Бухорои шариф»-ро мушахассан  пешкаши пажӯҳишгарони оянда гардонидааст. Ин усул ҳам боиси рангорангу ҷолиб шудани муҳтавои рисола ва ҳам ғанӣ гардидани мундариҷаи он мегардад.

Ин рисола бо муҳтавои худ, аз як тараф, дар шинохти омилҳои пайдоиш, интишор, мундариҷа, баста шудан, аҳамият ва тақдиру таъсири минбаъдаи «Бухорои шариф» маълумоти васеи илмӣ медиҳад, аз тарафи дигар, барои пажӯҳиши жарфтари ин нашрия ҳамчун манбаи хуби илмӣ истифода шуда метавонад.

Шарифзода на танҳо ба таҳқиқи марҳалаи оғози матбуоти миллӣ, балки ба омилҳои рушди матбуоти имрӯз низ эътибор дода, ҷустуҷӯҳои пажӯҳишии худро дар шакли мақолаҳои илмӣ ҷамъбаст намудааст, ки «Тенденции развития журналистики суверенного Таджикистана» (2006) намунаи он аст. Ин мақоларо метавон як навъ рисолаи хурди илмӣ номид, зеро дар он омилҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии инкишофи журналистикаи тоҷик дар даҳсолаи аввали Истиқлолият дар мисоли матбуоти даврӣ ба таври мушаххас бо зикри далелҳои муътамад таҳлилу баррасӣ шудааст. Муҳаққиқ рушди матбуоти хусусии тоҷикро дар солҳои аввали Истиқлолият ба 6 давра: (1988-1991), (1991-1993), (1993-1995), (1995-1997), (1997-2000), (2000-2005) тақсим намуда, ҳар яке аз ин давраҳоро бо хусусияти хосашон нишон медиҳад. Хусусияти давраи якум аз асорат озод шудани матбуоти тоҷик, дуюм ташаккули матбуоти озод, сеюм давраи таназзул, чаҳорум ҷараёнҳои муқобил дар рушди ВАО, панҷум муносибати сулҳҷӯёна ба рушди матбуот ва давраи шашум ташкили ВАО-и электронии ғайридавлатӣ ва мустаҳкам гардидани матбуоти хусусиро арзёбӣ мекунад.

Хусусияти дигари ин пажӯҳишро ба он ҷиҳат метавон нисбат дод, ки муаллиф на танҳо раванди инкишофи матбуоти даврии тоҷикро дар ин давраҳо бо зикри асноди рақамии таъсиси нашрияҳои алоҳида ва ё аз фаъолият боз мондани онҳо баррасӣ кардааст, балки бо истифода аз усули муқоисавии таҳлил таносуби матбуоти даврии давлативу ғайриҳукуматӣ, ҳамчунин ҷумҳуриявию ноҳиявиро нишон дода, нақши онҳоро дар таъмини ҷомеаи муосир бо иттилоот ва ташаккули афкори иҷтимоӣ муайян ва ба ин васила вазъи журналистикаи муосири тоҷикро намо додааст.

Солҳои охир таваҷҷуҳи Шарифзодаро масъалаи матбуоти муҳоҷирони тоҷик ҷалб намудаааст. Ӯ доир ба ин мавзуъ аввал дар шакли матлаби публитсистӣ, баъдан дар шакли маърӯзаи илмӣ таҳти унвони «Омилҳои пайдоиши матбуоти муҳоҷирати тоҷик» дар Конфронси байналмилалии «Таҳқиқи фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол» (Душанбе, Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти ВФ ҶТ, 24 октябр)  суханронӣ намуд. Мавсуф бо ин пажӯҳиш собит сохт, ки матбуоти муҳоҷират як ҷузъи таркибии журналистикаи тоҷик буда, ҳанӯз дар замони шӯравӣ замина доштааст. Муҳоҷирати иҷборӣ ва минбаъд меҳнатии замони муосир барои пайдоиш ва шаклгирии ин навъи матбуоти даврӣ боис гардид.

Озодии баён ва меъёрҳои ахлоқи касбӣ

Паҳлӯи дигари фаъолияти илмии Қироншоҳ Шарифзода масъалаи озодии баён ва масъулияти сухан аст. Доир ба ин масъала низ ӯ мақолаҳои зиёди илмиву оммавиеро ба табъ расонидааст, ки намунаҳои онҳо дар ду маҷмӯаи муаллиф «Мушкилоти озодии сухан» (2009) ва «Озодӣ ва масъулияти сухан» (2014) манзури хонандагон шудааст. Зимнан ба масъалаҳои ҳуқуқии фаъолияти рӯзноманигорӣ майл намудани Шарифзода бесабаб нест. Ҳанӯз дар солҳои фаъолият дар нашрияи «Садои мардум» ӯ ба ин масъала таваҷҷуҳ намуда, вобаста ба таъиноти он матолиб интишор намудааст. Баъдтар, вақте ки бо созмонҳои гуногуни журналистӣ ба ҳамкорӣ шурӯъ намуд, амиқан дарк кард, ки дар замони Истиқлолияти кишвар озодии матбуот аз унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳсуб меёбад. Таҳсил дар Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон аз рӯйи ихтисоси ҳуқуқшинос, ки дар шакли ғоибона солҳои 2003-2008 сурат гирифт, ба ин самти фаъолияти ӯ тақвият бахшид.

Дар баррасии масъалаҳои ҳуқуқии фаъолияти рӯзноманигорӣ ӯ бештар ба матбуоти ғайриҳукуматӣ эътибор додааст, зеро як омили ҷомеаи демократӣ озодии сухан буда, ташаккул ва инкишофи низоми гуногунранги матбуоти даврӣ маҳз ба ҳамин омил алоқамандӣ дорад. Аз тарафи дигар, озодии матбуот, ки бо шарофати интихоб намудани сохти ҷомеаи демократӣ дар кишвари мо такягоҳи қонунӣ пайдо кард, ба шарҳу тавзеҳ ва маърифати риоя ниёз дошту дорад. Ба ин мазмун масъалаҳое, ки Шарифзода ба риштаи омӯзишу таҳқиқ кашидааст, тақозои замон буда, мубрам ва аҳамиятноканд. Дар нигоштаҳои ба ин мавзуъ иртиботдошта моҳияти матбуоти озод ва ё мустақил, масъалаҳои ҳуқуқии озодии матбуот, нақши матбуот дар демократикунонии ҷомеа, мушкилоти озодии баён дар матбуот, озодии масъулиятноки матбуот, имконоти озодии сухан ва амсоли ин таҳлилу баррасӣ шудааст. Дар шинохти ӯ «истифода аз озодии сухан, аз ҷумла тавассути матбуоти даврӣ, аз ҳуқуқҳои аслии инсон буда, дар ҳар давру замон, дар ҳама гуна кишварҳо ба таври гуногун амалӣ мегардад. Назари аҳли ҷомеа ва давлатмандон низ вобаста ба фаҳмиш, идрок ва таҳаммули ин арзиш дар фазои вақту макон тафовутнок аст, ҳарчанд як ҷониб онро ҳаққи ҳалоли худ дониставу ҳамеша дар ҷустуҷӯву дастрасӣ ба ин озодӣ бошад, ҷониби дигар, мунтазам дар пайи ҳадмуайянкунӣ ва «батанзимдарорӣ»-и он будаву мебошад».

Дар баррасии масъалаҳои ҳуқуқии воситаҳои ахбори омма ва фаъолият дар онҳо Шарифзода бештар аз усули интерпретатсия кор мегирад, ки дуруст ҳам аст. Зеро аксари масъалаҳои мавриди баррасӣ дар фазои рӯзноманигории тоҷик қонунияти нав буда, ба маърифати иҷтимоиву касбӣ ниёз доранд ва чунин шеваи таҳлил дар фаҳми онҳо ёрӣ мерасонад.

Паҳлӯи дигари пажӯҳишот хусусият ва таъиноти матбуоти даврӣ аст. Дар ин самти рӯзноманигорӣ низ ӯ баъзе таҳқиқотҳои илмиро ба анҷом расонидааст. Аз ҷумла, дар мақолаи «Баъзе хусусиятҳои нашрияҳои хушсифат» (Паёмномаи фарҳанг, 2016, № 2 (34). –С.17-23) бо зикри омилҳои пайдоиш ва ташаккули «нашрияҳои хушсифат» дар ҷаҳон зуҳури чунин нашрияҳоро дар низоми матбуоти тоҷик баррасӣ намуда, махсусиятҳои онро ба таҳлили матолиби ҳафтаномаҳои «Нигоҳ» ва «ASIA-Plus» нишон додааст. Аз хулосаи муаллиф бармеояд, ки дар фазои иттилоотии кишвари мо заминаҳои эҷодӣ барои афзудани теъдоди «нашрияҳои хушсифат» ҳамчун як омили устуворгардии журналистикаи касбӣ фароҳам омадааст.

Дар дастури таълимии “Газета” (Рӯзнома) – аз таърих, вазифаҳои иҷтимоӣ, таснифот ва сохтори редаксияи он», Қисми 1  (Душанбе, 2016) масъалаҳои пайдоиш, таъйинот ва таҳаввули газета ҳамчун қадимтариин воситаи ахбори омма мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор гирифта, навъу намудҳои рӯзнома дар марҳалаи кунунӣ тасниф шудаанд. Ҳарчанд ин китоб таъиноти дастури таълимиро касб намудааст, аммо он аз муносибати илмӣ холӣ нест. Хусусан, мавзуъҳои «Нахустин газетаи тоҷикӣ ва пасомадони он ва таснифоти газетаҳо» аз ҷустӯҷӯ ва таҳлилҳои илмии бевоситаи муаллиф ҳосил шудаанд. Дар умум китоби мазкур як навъ маҳсули мушоҳидаву бардоштҳои шахсии муаллиф аст, ки дар тӯли солҳои зиёди фаъолияти рӯзноманигорӣ дар матбуоти даврӣ ҳосил намудааст. Ин таҷрибаи касбӣ дар қиёс бо назарияи журналистика ва амалкарди воқеии он дар мундариҷаи китоб таҷассум ёфтааст.

Умуман, Қироншоҳ Шарифзода чандин дастурҳои методӣ, беш аз 30 мақола дар китобу маҷаллаҳои илмию оммавӣ интишор намуда, ба ин васила дар пешрафти илми журналистика ва публитсистикаи тоҷик саҳм гузоштааст.

Шарифзода ва ҷомеаи шаҳрвандӣ

Қироншоҳ Шарифзода дар баробари фаъолияти омӯзгориву пажӯҳишӣ аз зумраи фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ шинохта шудааст. Ӯ охири соли 1998 Ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи журналистони Тоҷикистон «Ҳамкории иҷтимоӣ»-ро таъсис дод ва барои бо ҳам шиносонидани бахшҳои ҷомеа – давлатӣ, ҷамъиятӣ ва тиҷорат дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, тиҷоратӣ ва ВАО тавассути баргузории силсилаи семинарҳои таълимӣ ва «Мизҳои мудаввар» чорабиниҳои зиёди маърифатиро роҳандозӣ намуда, дастуреро бо унвони «Асосҳои ҳамкории иҷтимоӣ» (Душанбе, 2001) ба табъ расонид.

Дар ҳошияи чунин чорабиниҳо соли 2002 аз зумраи ташаббускорони вохӯрии Президенти мамлакат бо намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии ҷумҳурӣ буд, ки ин иқдом дар Осиёи Марказӣ аввалин ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин аввалин маротиба 3-юми майи соли 2001 дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистон» (роҳбар С. Боқизода) бо баргузории «Мизи мудаввар» оид ба вазъи озодии сухан дар кишвар, таҷлили Рӯзи байналмилалии матбуоти озод ва гуногунандешро роҳандозӣ кард, ки минбаъд ба анъана табдил ёфт.

Аз ин нигоҳи сатҳӣ ва таҳлили иҷмолии зиндагинома, фаъолияти рӯзноманигорӣ ва омӯзгориву пажӯҳишии Қ. Шарифзода бармеояд, ки ӯро Парвардигори Ҳақ барои меҳнат, заҳмат ва ранҷ офаридааст. Зиндагиномаи ӯ аз ин тақдир шаҳодат медиҳад ва ӯ худ шукрона аз ин мекунад. Меҳнати ӯ дар рӯҳияи масъулиятхоҳӣ шакл гирифта, бо заҳмат мубтало гардида, ҳосили ранҷаш ганҷи маъниофар шудааст. Таманно дорем, ки умраш дароз ва ҳосили заҳмату ранҷаш фаровон гардад.

Инсони қадршинос ва муаррифгари бузургон

Қироншоҳ Шарифзода анъанаеро ҳамеша пос медорад. Аз соле, ки ба факулта ба ҳайси устод ба кор оғоз намуд, ҳамасола дар рӯзи зодрӯзи устод Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, баъдат устод Лоиқ Шералӣ бо донишҷӯён сари қабри онҳо барои зиёрат мераванд (ба ин ташаббус устоди факулта Сангин Гулов низ шариканд) ва ба ин васила барои донишҷӯён ва ҳатто устодон намунаи ибрат мешаванд. Дар сари қабри бузургон баҳсҳо, суҳбатҳо, базми шеър доир мекунанд.

Ҳамчунин ба собиқадорони касби рӯзноманигорӣ, ҳунармандон эҳтироми хоса доранд, дар маҳфилҳои донишҷӯён онҳоро даъват мекунанд, ба аёдаташон меравад, ба заҳматҳои онҳо эҳтиром мегузорад ва дар шогирдон низ ин гуна муносибатро тарбия мекунад.

Қироншоҳ Шарифзода на танҳо бо устодон, инчунин бо шогирдон низ ҳамин гуна муносибат дорад. Донишҷӯёни лаёқатмандро ҳамеша пайдо мекунад, намегузорад, ки онҳо ба қобилияти худ бепарво бошанд, супоришҳо медиҳад, пурсуҷӯ мекунад, маводи онҳоро таҳрир, такмил мекунад.

Ҳамкорӣ ва дстгирии ҷавонон ӯро ҳамеша ҷавон нигоҳ медорад. Ҳамин аст, ки мудом дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол аст, мушкилот ва муваффақияти ҷомеаро мегӯяд, навиштаҳои шогирдонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳлил мекунад, шарҳ менависад. Ба хотири шогирдон ба ҳама чиз омода аст, барои онҳо ҷойи кор меҷӯяд, бо устодони касб ошно месозад. Барои дигарон аз худаш бештар ғамхорӣ мекунад. Қироншоҳ Шарифзода гӯё барои дигарон зода шудааст.

Зодрӯз муборак устод ва дӯсти донишманд, инсони шарифу хоксор, оне, ки ҳамеша дар андешаи комёбиву муваффақияти шогирдон аст!

Мурод МУРОДӢ,

Қутбиддин МУХТОРӢ,

устодони факултети журналистикаи ДМТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь