Санаи 17 феврал дар китоби умри доктори улуми тиб Амонуллло Ғоибов бо ранги сиёҳ сабт гардидаст. Маҳз дар ин рӯзи соли 2007 ҷигарбанди устод, Фарҳод- дар сини 26 солагӣ ғӯрамарг гардид, чун шохаи гул аз гулистон канда шуд: Худовандо, қабри гузаштагони моро, аз ҷумла, Фарҳодҷонро пур аз нур кун ва фардо рӯзи Ҳашр аз оби ҳавзи Кавсар сероб гардон. Барояш дар Ҷаннатул фирдавс макони анбарсиришт ато фармо, бо Паёмбарону шуҳадо, сиддиқону солеҳон ҳамнишин гардон!

-Ҷони падар, имшаб табиат баробари ман то субҳ бигирист. Гӯиё ашки чашмонам фазоро фаро гирифт, болои манзилам чакид. На, хато кардам, танҳо болои манзилам начакид, атрофро нам кард. Бо чашми пурнаму бо қалби пурғам ба фазо нигаристам, дона-дона борон мерехт, чун ашки чашмони ман, ки рӯзи видоъ рехта буд.

-Ҷони падар, сонияҳо номардӣ доранд, мехоҳанд хотироти рангини маро бо худ бибаранд. Аммо хабар надоранд, ки меҳрат на сарсарист, ки зуд аз лавҳи хаёл зудуда шавад. Магар метавон ҷигарбандатро, ки лаззате аз зиндагӣ нодида, бо ҳазорон ормон зери хок рафтааст, фаромӯш кард?

-Ҷони падар, инак аз он замоне, ки қисмат туро аз ман рабуд, шонздаҳ сол сипарӣ гардид. Шонздаҳ саҳфаи китоби умрам якранг буд. Ин муддат ман будаму хотироти рангин. Ин муддат ман будаму ғами ҷудоӣ аз ту. Ин муддат ғамзудои ман танҳо модари зору бародару хоҳар ва духтарчаи дустрӯякат буданд.

-Ҷони падар, шояд ту доғи фарзандро дарк накунӣ. Сӯзиши ин доғро танҳо фарзандгумкарда медонад. Ту рафтиву бо худ бурдӣ ҷаҳони орзуямро. Замоне, ки ту дар канорам будӣ, ман чӣ қадар хушбахт будам, инро танҳо ман медонаму Худои ман. Ҳамоно, мелодат ёдам ҳаст: ҳамон рӯз Худованд яку якбора ду дурдона бароям эхдо намуд-туву Фарангис. Ҳардуятон дӯстрӯяк будед. Чунон зебо будед, ки дилам лабрези фараҳ гардид, баробари ба оғӯш гирифтанам, ҳардуи шумо буйи биҳишт мекардед.

-Ҷони падар, тифлона қадамзаниву айёми мактабхонӣ, давраи донишҷӯият, як-як ҳамчун навори синамо аз лавҳи хотирам мегузараду маро ба гузаштаи ширин мепайвандад. Лаҳзаҳои хотирмон буданд, он лаҳзаҳо. Вақт майли бевафоӣ дорад, мехоҳад хотири ширинро аз ман рабояд. Чӣ гуна метавон сури домодиатро фаромӯш кард? Чӣ гуна Таманное, ки бо либоси ҳарири арӯсӣ зиндагиатро рангин ва манзили маро мунаввар сохт, аз ёд бурд? Ва ё чӣ гунна ҳамон нидои нишотоваратро, ки замони ба зиндагиат ворид гардидани Меҳронаат гуфта будӣ-«ман падар шудам»-ро ба кӯйи фаромӯшӣ фиканд? Магар ин ҳама хотироти ширинро канор гузоштан барои фарзандгумкарда осон аст?

-Ҷони падар, ҳоло ҳам ёдам ҳаст. Субҳи 17 феврали соли 2007 бароям субҳи муқаррарӣ буд, бехабар аз ҷафои фалак, ки чеҳраи гарматро бори охирин мебинам, бо камоли мамнуният субҳона кардаму аз пайи кор равона шудам. Аз чӣ бошад, қарибиҳои нисфирӯзӣ худ аз худ диламро сиёҳӣ пахш кард. Гӯё қалбам бадбахтиеро ҳис мекард. Зиёд мехостам ба хона баргардам, ҳарчанд лашкари гуруснагӣ ба қаламрави меъда ҳуҷум мекард, вале майли хурокхӯрӣ надоштам. Ногоҳ телефонам занг зад ва хабари шум…

-Ҷони падар, шукр, ки аз худ насле ба ёдгор гузоштӣ. Имрӯз Меҳронаи ту (мо) духтараки зебои хушандом гардидааст. Акнун вай кӯдак нест, имрӯз Меҳрона донишҷӯйи бонуфузтарин Донишгоҳҳои дунё (Донишгоҳи давлатии ба номи Ломоносови Федератсия Русия) аст. Ба ёди ту чашмони сиёҳи зебояш пайваста нам аст.

-Ҷони падар, ҳоло ҳам ашки дидаҳои модари зорат нахушкидааст. Дили модар бузург аст, бо вуҷуди дили реш доштанаш маро тасаллӣ медиҳад. Мегӯяд, «Фарҳодам биҳиштист, набояд ба ёди биҳиштиён дил хун карду ғусса хӯрд». Рост мегӯяд, ҷони падар, ту фаришта хӯ будӣ, поку беолоиш дори фаноро тарк кардӣ.

-Ҷони падар медонам инсон ба монанди дарахт асту фарзанд шохаи дарахтро мемонад. Ту шохаи нахли умри ман будӣ, имрӯз Меҳрона намегузорад, ки шохаи умри ман хушк шавад. Сипос Худойро, ки дар дунё нишон аз худ гузоштӣ.

-Ҷони падар, имшаб табиат баробари ман то субҳ бигирист. Гӯиё ашки чашмонам фазоро фаро гирифт, болои манзилам чакид. На, хато кардам, танҳо болои манзилам начакид, атрофро нам кард. Бо чашми пурнаму бо қалби пурғам ба фазо нигаристам, дона-дона борон мерехт, чун ашки чашмони ман, ки рӯзи видоъ рехта буд.

Таснифи Муродулло Раҳимов

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь