27-уми арпел дар маҷлисгоҳи бинои “Шарқи Озод” маҳфили адабӣ ва рӯнамои маҷмӯаи “Дили ӯ равшан аз сӯзи дарун буд” баргузор шуд. Маҷмӯаи мазкур ба хотири 70-умин солгарди Бобоҷон Абдулвоҳидов, рӯзноманигори тоҷик мураттаб гардида, дар он хотираву ёдномаҳои ҳамкорон, ҳамкасбон ва дӯстони ин қаламкаш гирд оварда шудааст.

Агар умр вафо мекард, имсол, Бобоҷон Абдулвоҳидов 70-сола мешуд.

Зимни маҳфил ва рӯнамои маҷмӯаи “Дили ӯ равшан аз сӯзи дарун буд” дӯстону ҳамкорон ва ҳамкасбони Бобоҷон Абдулвоҳидов аз эшон ба унвони “қаламкаши асил ва сармуҳаррири кордону мушфиқ” ном бурданд.

Маҷмӯаи “Дили ӯ равшан аз сӯзи дарун буд” аз се бахш таркиб ёфтааст. Бахши аввали он “Ҳамсадои мардум” ном дошта, матолиби эҷод намудаи Бобоҷон Абдулвоҳидовро дар сафҳаҳои нашрияҳои “Роҳи Ленинӣ”, “Ҳақиқати Ховалинг” ва “Садои мардум” дар бар мегирад. “Аксҳои гӯё” номи бахши дуюми ин маҷмӯа буда, аксҳои ҷовидони қаламкашро дар солҳои гуногуни фаъолияти корӣ ва муҳити оила фарогир аст. Дар бахши сеюм, ки “Аз ёдҳо, аз ёдҳо” унвон дорад, хотирву ёдномаҳои ҳамкасбон, ҳамкорон ва дӯстони Бобоҷон Абдулвоҳидов гирд оварда шудааст.

Манфиатҳои умумимиллиро авло медонист

Қироншоҳ Шарифзода, рӯзноманигор ва муҳаққиқи соҳа, ки гардонандаи ин маҳфил буд, зимни баромади худ аз Бобоҷон Абдулвоҳидов ба унвони сармуҳаррири кордон ва сермаҳсул ёдоввар шуд:

“Сармуҳаррир дар он солҳо аз масъалаҳои эҷодӣ дида, бештар ба талошу корҳои созмондиҳӣ банд буд. Аз ин рӯ, дар нашрияҳо матолибе, ки бо имзои сармуҳаррир чоп мешуд, хеле кам ба чашм мехӯрд. Вале Акаи Бобоҷон аз қабили чунин роҳбарон набуд. Ӯ мантазам менавишт, хуб менавишт ва хислати созмондиҳии беҳтар ҳам дошт”.

Ба гуфтаи Шарифзода, Бобоҷон Абдулвоҳидов хабарнигори махсуси рӯзномаи “Садои мардум” дар вилояти Кӯлоб буд, ки дар айёми нооромии кишвар набзи минтақаро ботамкин ва бо ҳадафу манфиатҳои умумимиллӣ инъикос менамуд.

“Муносибат ва тарзи кори Акаи Бобоҷон бо хабарнигорони минтақавии рӯзнома низ хос буд. Вақте ба минтақаҳо сафар мекард, ҳар дафъа бо ҷузвдони пур аз мавод дар шакли хабару гузориш ва мақолаю мусоҳиба барои рӯзнома бармегаштанд. Ҳамчунин, ҳангоми сафар ба минтақаҳо ҳамроҳи хабарнигораш корхона ба корхона, хоҷагӣ ба хоҷагӣ гаштани сармуҳаррири нашрияи бонуфузи ҷумҳуриявӣ қишрҳои огоҳи аҳолиро рӯҳбаланд месохт”, зимни баромади худ қайд намуд, Қироншоҳ Шарифзода.

“Садои мардум”-ро такон дод

Шераки Ориён (Абдурофеъ Рабизод), нависандаи тоҷик зимни суханронии худ зикр намуданд, ки Бобоҷон Абдулвоҳидовро ба унвони як қаламкаши асил ва инсони самимӣ шинохтанд. Ин нависандаи тоҷик хотираҳояшро дар бораи Бобоҷон Абдулвоҳидов чунин варақ зад:

“Ману Бобоҷон соли 1971 ба факултаи суханшиносӣ ва суханофарии УДТ (ҳозира ДМТ) дохил шудем. Ӯро аз рӯзҳои аввал ҳамчун як инсони самимӣ ва фурӯтан шинохтам. Бо чеҳраи кушодаву табассуми малеҳ дар саҳни донишгоҳу синфхона намудор мешуд.

Дар факултаҳои эҷодӣ анъана буд, ки ҳар гурӯҳ вобаста ба тавонаш газетаи деворӣ мебаровард. Чун дигар ҳамсабақони мо аз кори гурӯҳӣ худро канор гирифтанд, Бобоҷон ва ман барои таҳияи газета камар бастем. Дар як муддати кӯтоҳ газетаи девории гурӯҳи мо, ки навиштаҳои журналистии Бобоҷон ва лавҳаҳои бадеии маро дар бар мегирифт, омода шуд. Он бо дастнависҳои Бобоҷон, ки яке аз шартҳои газетаи деворӣ буд, бо тарҳи хеле зебо тайёр шуд”.

Шераки Ориён қайд намуд, солҳое ки Бобоҷон Абдулвоҳидов дар “Садои мардум” ҳамчун сармуҳаррир фаъолият мекард, рӯзномаи мазкур аз нашрияҳои машҳури кишвар буд ва бештар аз дарду мушкили мардум мегуфт:

“Бобоҷон вақте ба вазифаи сармуҳаррири “Садои мардум” таъйин шуд, ки аллакай дар пешаи худ муваффақ шуда, истеъдодаш зуҳур ёфта буд. Маҳз ҳамин буд, ки мехост кори ин нашрияро такон диҳад ва беҳтар намояд. Ӯ дар мадди аввал ба идораи газета онҳоеро гирд овард, ки дар пешаи худ комилтару пухтатар буданд. Ба кор омадани Низом Қосим, Парда Ҳабиб, Қурбон Мадалиев, Ҳуриннисо Ализода ва чанд тани дигар самти фаъолияти “Садои мардум”-ро дигаргуна ва беҳтар сохт”.

Ба қавли Шераки Ориён дар солҳое, ки роҳбарии “Садои мардум”-ро Бобоҷон Абдулвоҳидов бар дӯш дошт, ин рӯзнома аз рӯзномаҳои дигари давлатию расмӣ аз рӯи шакл, муҳтавою мазмун низ фарқкунанда буд.

Қаламкаши пуркор ва шахси меҳнатӣ

Шариф Ҳамдампур, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Тоҷикистон”, ки шарикдарси донишгоҳии Бобоҷон Абдулвоҳидов аст, аз эшон ҳамчун як нафари принсипнок ёд кард.

“Як ҳамсабақамон, ки хабарнигори минтақавии нашрияи “Садои мардум” буд, ба Душанбе омад ва мехост расман дар “Садои мардум” ба кор дарояд. Вале Бобоҷон ӯро ба кор нагирифт. Ба наздаш омада сабаб пурсидам. Ӯ гуфт, ки агар дӯсту ҳамсабақи худро ба кор гирем, мардум чӣ фикр мекунад? Магар намегӯянд, ки “тағобозӣ” намуда, шиноси худро ба кор гирифтанд. Принсипнок буду ба кори худаш содиқ”.

Ба гуфтаи Шариф Ҳамдампур Бобоҷон Абдулвоҳидов миёни ҳамсабақон ҳамчун тифоқгари гурӯҳ шинохта мешуд: “Бобоҷон Абдулвоҳидов ҳамчун як қаламкаши пуркор ва шахси меҳнатӣ дар ёди мо нақш бастааст. Аз давраи донишҷӯи эҷод мекард ва бо нашрияҳо ҳамкорӣ дошт. Ҳамин буд, ки баъди донишгоҳ ба зодгоҳаш рафт ва дар нашрияи вилоятӣ фаъолияташро идома дод.

Пас аз хатми донишгоҳ маҳз Бобоҷон тифоқгари асосии ҳамсабақон буд. Сари чанд вақт якҷо бо ҳамкурсон ҷамъ меомадем ва гузаштаю хотираҳоро варақ мезадем. Бобоҷон василаи асосии ба ҳам омадани мо мешуд”.

Падарвор муносибат мекард

Ҳуриннисо Ализода, раиси шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, ки замони роҳбарии Бобоҷон Абдулвоҳидов дар рӯзномаи “Садои мардум” фаъолият мекард, аз эшон ҳамчун як роҳбари ғамхор ном бурд:

“Акаи Бобоҷон роҳбари дилсӯз ва раҳмдиле буд ва бо мо ҳамкорон муносибати падарвор дошт. Маҳфилу нишасти коллективи идора зуд-зуд баргузор мешуд. Кормандони редаксия ба “маёвка”-ҳо мерафтанд, ки дар он ҷо ҳам чун ёру бародар қаринтар мегаштанд. Барои истироҳати кормандон чизеро дареғ надошта, ҳамеша барои кӯмак кардан ба мо омода буданд. Аз ҳар як муваффақияти мо меболиданд”.

Ба гуфтаи Ализода сабки хоса ва мақолаҳои зиёди мушкилкушояш Бобоҷон Абдулвоҳидовро миёни мардум номдор карда буд.

“Бобоҷон Абдулвоҳидов як коллективи бузургеро дар рӯзномаи “Садои мардум” ба ёдгор гузошт, ки баъди даҳсолаҳо ҳам пойдевори мустаҳками ин идора боқӣ мондаанд. Ҳамкорони замони гуногуни Акаи Бобоҷон дар дигар идораҳо роҳбар ё аз журналистони “калидӣ”-и редаксияҳоянд”, қайд намуд, Ҳуриннисо Ализода.

Шарофат Абдулвоҳидова, духтари Бобоҷон Абдулвоҳидов пайи касби падар рафта, ҳоло дар нашрия “Садои Мардум” кор мекунад. Ин бону зимни ёди қиблагоҳашон аз охирин рӯзу рӯзгори падар гуфтанд:

“Меҳнату заҳмати қиблагоҳро дида, ҳаваси рӯзноманигор шудан дар ман пайдо шуд ва пайи пешаи ӯ гом мондам. Насиҳати ҳамешагиашон ин буд, ки бо талошу кӯшиши худ луқмаи ҳалол дарёфт кун. Нияту орзуи зиёд доштанд, вале афсӯс умрашон вафо накард.

Моҳи феврали соли 2012 хеле сард буд. Бештар аз ду ҳафта дар беморхона бистарӣ буданд ва дар як рӯзи сарди ин фасл ҷонро ба ҷонофарин супурданд”.

Ҳолномаи як қаламкаш

Бобоҷон Абдулвоҳидов хатмкардаи УДТ (ҳоло ДМТ) буда, фаъолияти рӯзноманигории худро соли 1976 аз нашрияи “Роҳи Ленинӣ”-и вилояти Кӯлоб оғоз кардааст. Чанд муддат дар Афғонистон ҳамчун тарҷумон фаъолият намуд. Баъдан, дар рӯзномаҳои “Ҳақиқати Хатлон” (1989-1990) ва “Хатлон” (1990-1991) низ кор карда, аз худи ҳамин сол ҳамчун мухбири махсуси “Садои мардум” дар минтақаи Кӯлоб таъйин шуд. Солҳои 1993-1998 дар вазифаи муовини сармуҳаррири ин рӯзнома кор намуда, аз соли 1998 то 2008, то охири умр, ҳамчун сармуҳаррири нашрия кор кардааст.

Давлатҷон АБДУЛЛОЗОДА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь