Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз куҳантарин ва бузургтарин муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ буда, ҳамчун нахустин мактаби олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз поягузорони асосии илму маърифат ва фарҳанги халқи тоҷик шинохта шуда, дар тайёр намудани мутахассисони илмию омӯзгории кишвар саҳми бузург гузоштааст. Моҳи июли соли равон ин кохи маърифати ҷумҳурӣ 88-сола мешавад. 

Нахустин мактаби олии Тоҷикистон, ки имрӯз дар борааш менависем, бори нахуст 18-уми июли соли 1931 дар асоси қарори Кумитаи роҳбарии муассисаҳои илмию таълимии КИМ ИҶШС бо номи Донишкадаи олии агропедагогии тоҷик дар заминаи шуъбаҳои таъриху иқтисодиёт ва адабиёту забоншиносии факултети педагогикаи Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна таъсис дода шуда буд. Тибқи қарори мазкур аз ҳайати донишгоҳи мазкур 195 нафар донишҷӯён ва 29 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 4 профессор, 8 дотсент ва 16 ассистент ба донишкадаи навтаъсис гузаронида шуданд.

6-уми ноябри соли 1931 Донишкадаи олии агропедагогии тоҷик ба Комбинати таълимии агропедагогӣ табдил ёфт, ки он донишкадаи педагогӣ, омӯзишгоҳи педагогии Тошканд ва курсҳои  кӯтоҳмуддати тайёркунии ташкилотчиён ва методистони дараҷаи ноҳиявии маорифи халқро дар ихтиёр дошт. 23-юми сентябри соли 1932 Комбинати олии агропедагогии тоҷик ба Академияи педагогӣ табдил ёфт ва фаъолияти худро дар пойтахт (шаҳри Сталинобод) бо 125 нафар донишҷӯ оғоз намуда, соли 1939 номи Донишкадаи педагогии шаҳри Сталинобод ба номи нависандаи машҳури Украина Т. Г. Шевченкоро гирифт.

Бо ба даст овардани соҳибистиқлолӣ, 29-уми августи соли 1992 Донишкадаи омӯзгорӣ ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Қ. Ҷӯраев табдили ном карда, 3-юми апрели соли 2007 номи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро гирифт ва аз соли таҳсили 2007/08 чун дигар мактабҳои олии ҷумҳурӣ, донишгоҳ тадриҷан ба низоми кредитии таҳсилот гузашт. Дар донишгоҳ алъон барои таълиму тарбияи донишҷӯён 796 нафар профессорону омӯзгорон машғуланд, ки 55 нафари онро докторҳои илм, профессор ва 173 номзади илм, дотсентон ташкил медиҳанд. Дар айни замон доктори илмҳои филология, профессор, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфзода Носирҷон Салимӣ ректори донишгоҳ мебошад.

Факултетҳо ва шуъбаҳои донишгоҳ

Аз суҳбат бо маъмурияти донишгоҳ маълум шуд, ки таълимгоҳи мазкур айни замон дорои 13 факултет: математика, физика, химия, биология, география, технология ва иқтисодиёт, таърих, филологияи тоҷик, забони англисӣ, забонҳои романӣ-германӣ, забон ва адабиёти рус, таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ, психология ва таҳсилоти фарогир; 4 раёсат: раёсати таълим, раёсати илм ва инноватсия, раёсати кадрҳо ва корҳои махсус, раёсати муҳосибот, 20 шуъба, 4 марказ, 9 бахш, бунгоҳи тиббӣ, парки технологӣ, боғи таҷрибавии “Агробиологӣ”, 60 кафедраи тахассусиву умумидонишгоҳӣ, Коллеҷи омӯзгории шаҳри Душанбе мебошад.

Аз соли таҳсили 1996/97 сар карда, донишгоҳ мутобиқи Стандарти давлатии маълумоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми бисёрзинагии таҳсилоти олии касбӣ гузашт ва алъон аз рӯи 68 ихтисоси омӯзгорӣ мутахассис тайёр менамояд.

Ихтисосҳое, ки дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ омӯхта мешаванд:

Рамзи ихтисос

Номгӯи ихтисосҳо

1

1020501

Математика

2

102050302

Математика. Информатика

3

102050301

Математика. Физика

4

108010107

Таълими касбӣ (информатика)

5

108010106

Таълими касбӣ (агромуҳандисӣ)

6

102060102

Технология (меҳнати техникӣ ва нақшакашӣ)

7

1020602

Технология. Омӯзгор-муҳандис

8

1020601

Технология. Соҳибкорӣ

9

1020502

Физика

10

102050402

Физика. Информатика

11

102050401

Физика. Математика

12

108010102

Таълими касбӣ (радиоэлектроника)

13

108010103

Таълими касбӣ (энергетика)

14

108010107

Таълими касбӣқтисодиёт ва идоракунӣ)

15

125010818

Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар соҳаи маориф

16

126020217

Менеҷменти молиявӣ дар соҳаи маориф

17

1020402

География

18

102040504

География. Ҳифзи табиат

19

1020405

География. Иқлимшиносӣ

20

102040503

География. Иқтисодиёт

21

1020405

География. Хариташиносӣ

22

1020405

География. Яхшиносӣ

23

102040501

География-биология

24

1890101

Саёҳат ва меҳмондорӣ

25

11901010501

Дизайни маҳсулоти дӯзандагӣ

26

1020304

Забон ва адабиёти рус дар мактабҳои миллӣ

27

102030404

Забон ва адабиёти рус. Забони англисӣ

28

1020301

Забон ва адабиёти тоҷик

29

1020303

Забон ва адабиёти тоҷик. Алифбои ниёгон

30

102030302

Забон ва адабиёти тоҷик. Забони арабӣ

31

121050106

Забон ва адабиёти ӯзбек

32

1020306

Забони англисӣ

33

1020307

Забони англисӣ. Забони кореягӣ

34

1020307

Забони англисӣ. Забони хитоӣ

35

121060102

Забони муосири хитоӣ (тарҷума)

36

121060102

Забони муосири олмонӣ (тарҷума)

37

121060102

Забони муосири фаронсавӣ (тарҷума)

38

102030602

Забони олмонӣ. Забони англисӣ

39

102030604

Забони фаронсавӣ. Забони англисӣ

40

121050208

Забони хориҷӣ (забони олмонӣ)

41

121050208

Забони хориҷӣ (забони фаронсавӣ)

42

121060102

Забонҳои муосири хориҷӣ (тарҷума)

43

103030502

Логопедия. Таҳсилоти ибтидоӣ

44

1030304

Олигофренопедагогика. Таърих

45

1030306

Сурдопедагогика. Информатика

46

1010201

Таҳсилоти ибтидоӣ

47

101020204

Таҳсилоти ибтидоӣ. Забон ва адабиёти тоҷик

48

101020203

Таҳсилоти ибтидоӣ. Санъати мусиқӣ

49

1010101

Таҳсилоти томактабӣ

50

101010203

Таҳсилоти томактабӣ. Забони англисӣ

51

101010206

Таҳсилоти томактабӣ. Равоншиносӣ

52

123010402

Психологияи иҷтимоӣ

53

123010406

Психологияи муносибатҳои оилавӣ

54

123010404

Психологияи педагогӣ

55

123010401

Психологияи умумӣ

56

1030304

Равоншиносии амалӣ

57

124010211

Танзими ҳуқуқии муносибатҳои меҳнатӣ

58

1020101

Таърих

59

102010204

Таърих. Забони англисӣ

60

1020102

Таърих. Ихтисоси иловагӣ (ҳуқуқ)

61

1230101

Муносибатҳои байналмилалӣ

62

1020401

Биология

63

1330101

Биология. Экология

64

102040401

Биология. Химия

65

13101010221

Биохимияи тиббӣ

66

1020403

Химия

67

102040601

Химия. Биология

68

131050104

Химия. Экология

Шумораи умумии муҳассилин

Теъдоди донишҷӯёни донишгоҳ 17660 нафарро ташкил медиҳад, ки 8172 нафари он дар шуъбаи рӯзона ва 7369 нафар дар шуъбаи ғоибона ва 2119 нафар дар шуъбаи фосилавӣ таҳсил мекунанд. Аз ин шумора дар гуруҳҳои буҷавӣ 5844 нафар ва дар гуруҳҳои шартномавӣ 11816 нафар таҳсил мекунанд. Дар донишгоҳ 2713 нафар шаҳрвандон аз хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, 2045 нафар дар шуъбаи рӯзона, 36 нафар дар шуъбаи ғоибона, 632 нафар дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ.

Шуъбаи аспирантура

Шуъбаи аспирантура дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ яке аз сохторҳои асосии тайёр намудани кадрҳои илмӣ ба шумор меравад ва айни ҳол дар шуъбаи аспирантура ва докторантура барои тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ аз тарафи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф зинаи доктор аз рӯи ихтисос (PhD) таъсис дода шуд, ки барои тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ аз рӯи 43 ихтисос иҷозатнома дода шудааст. Таҳсил дар шуъбаи рӯзонаи аспирантураи донишгоҳ 3 сол ва дар шуъбаи ғоибона – 4 сол мебошад. Ҳамасола зиёда аз 60 нафар довталабон ба шуъбаи аспирантура қабул шуда, пайи тадқиқи рисолаҳои илмии хеш мешаванд. Дар назди донишгоҳ 6 (шаш) Шӯрои ҳимоя аз рӯи ихтисоҳои педагогика, методикаи таълим, филология, география ва забонҳои хориҷӣ амал карда истодааст ва аспирантон вобаста ба муҳлат рисолаҳои худро дар Шӯрои мазкур дифоъ менамоянд. Дар донишгоҳ инчунин шуъбаи магистратура амал мекунад, ки рӯзона ва муҳлати таҳсилоташ 2-сола мебошад.

Озмоишгоҳҳо, устохонаҳо ва коргоҳҳои таълимӣ-истеҳсолии донишгоҳ

Донишгоҳ дорои озмоишгоҳҳо, устохонаҳо ва коргоҳҳои таълимӣ-истеҳсолии бо техникаву технологияи муосир муҷаҳҳазгардонидае мебошад, ки барои сайқал додани донишҳои назариявӣ ва амалии донишҷӯён фаъолона истифода бурда мешаванд. Озмоишгоҳҳои таълимии «Механика», «Физикаи молекуллавӣ», «Электрик», «Физикаи атомӣ ва ядроӣ», «Оптика», «Физикаи гармо», «Таҷрибаҳои намоишии физикаи мактабӣ», «Практикуми физикӣ», «Радиотехника», «Физикаи полимерҳо», «Электротехника», «Омӯзиши системаҳои обӣ-намакӣ, коркарди ашёи минералии табиӣ-техникӣ», озмоишгоҳи илмӣ-тадқиқотии «Химияи пайвастагиҳои металл-органикӣ», «Химияи органикӣ», Озмоишгоҳи формасевтӣ (дорутайёркунӣ) ва устохонаи таълимӣ-илмии «Ихтироъкор» ба донишҷӯён имконият медиҳанд, ки дараҷаи касбияти худро баланд бардошта, чун мутахассисони хуб ба воя расанд. Донишгоҳ инчунин дорои боғи агробиолабораториявии “Агробиология” аст, ки дар дараи Ромит ҷойгир буда, дар он донишҷӯён ва устодони факултаҳои табиатшиносӣ таҷрибаҳои илмӣ-истеҳсолӣ мегузаронанд.

Маркази такмили ихтисос

Дар асоси мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  20.04.2010 №5/1 552 дар назди донишгоҳ Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии педагогӣ аз рӯйи ихтисосҳои филологияи тоҷик, забони англисӣ, математика, педагогика, химия, биология, география, технология, забонҳои романию германӣ, таърих ва ҳуқуқ таъсис дода шуд. Маркази мазкур барои баланд бардоштани сатҳи донишу малакаҳои касбии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ, миёнаи махсус ва олии касбӣ, дигар муассисаҳои таълимӣ, инчунин ташкили курси кӯтоҳмуддат, семинар, машғулиятҳои амалӣ, лексия, экскурсияҳои таълимӣ, машваратҳои фардӣ, гуруҳӣ, хонишҳои педагогӣ, конференсияҳои илмию амалӣ, илмию методӣ ва ғайра хизмат мекунад.

Аз 1-уми апрели соли 2012 дар назди Марказ курси кӯтоҳмуддати ихтисосҳои «Сартарош», «Дӯзанда», «Кафшергари барқӣ – газӣ», «Қаннодӣ», «Устои барқ» ташкил карда шуд. Аз рӯйи ихтисосҳои пешниҳодшуда нақшаи таълимии 1-моҳа, 2-моҳа, 3-моҳа дар ҳаҷми 432 соат таҳия карда шуд.

Парки технологӣ

Парки технологии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатии фаъолияти илмӣ-инноватсионӣ, ба даст овардани натиҷаҳои самарабахши илмии донишҷӯён, мутахассисони ҷавон, омӯзгорон, ташкили корхонаҳои хурди миёнаи инноватсионӣ, дастгирии корхонаҳои хурду миёнаи дигари ватанию хориҷӣ амал менамояд ва фаъолияти худро дар асоси «Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии таъсисёбии шахси ҳуқуқӣ» ва дастуру супоришҳои раёсати донишгоҳ ба роҳ монда, дар ҳайати худ чунин воҳидҳои сохториро муттаҳид намудааст:

– Матбаа; Курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзӣ; Шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетиторӣ; Сехи сангтарошӣ; Сехи дӯзандагӣ; Маркази таксир ва маводҳои таълимӣ; Устохонаи коркарди чӯбу тахта.

Ҳамкориҳои ДДОТ бо донишгоҳҳову донишкадаҳои хориҷӣ

Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ фаъолияти худро аз моҳи феврали соли 1996 оғоз намуда, самти асосии фаъолияти шуъба ҳамоҳангсозии таҳсил, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси шаҳрвандони хориҷӣ дар факултетҳои донишгоҳ, мубодилаи донишҷӯён, баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон, аспирантон ва унвонҷӯён, коромӯзию иҷрои якҷояи корҳои тадқиқотӣ, тартиб додани лоиҳаҳои байналмилалии ҷустуҷӯйӣ ва дигар шаклҳои ҳамкорӣ дар арсаи байналмилалӣ, тайёр намудани рухсатномаҳои хориҷӣ дар ҳамкорӣ бо сафоратхонаҳои хориҷии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба имзо расонидани созишномаҳои ҳамкорӣ байни донишгоҳҳо, донишкадаҳо ва муассисаҳои таълимиву илмии кишварҳои бурунмарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Натиҷаи кӯшишҳои кормандони шуъба буд, ки соли 2006 дар донишгоҳ Маркази Шӯрои Британия кушода шуд, ки дар он омӯзгорон ва донишҷӯён аз адабиёти гуногуни ин марказ истифода бурда, худи ҳамон сол Маркази забон ва адабиёти ӯзбек, Маркази фарҳангии Эрон таъсис дода шуд. Дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи забони русӣ соли 2008 дар донишгоҳ Маркази забони русӣ бунёд гардид. Марказ бо техникаи ҳозиразамон, 1000 номгӯи китобҳо ва мизу курсиҳо таъмин карда шудааст.

Донишгоҳ бо 13 мамлакати хориҷии дуру наздик қарордоди ҳамкорӣ дошта, 65 созишнома ба имзо расонидаст. Аз ҷумла, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Москва, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Бошқирдистони ба номи М. Акмулаев, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Томск, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тула, Донишгоҳи давлатии Корея, Донишгоҳи Ҷумҳурии халқии Чин дар шаҳри Пекин, Донишгоҳи Тартуи Ҷумҳурии Эстония ва дигар донишгоҳҳои хориҷи кишвар, дар маҷмуъ бо зиёда аз 54 донишгоҳ ҳамкориҳои дуҷонибаро ба роҳ мондааст.

Қабули донишҷӯёни хориҷӣ дар асоси қоидаҳои қабули довталабон, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд, ба таври шартномавӣ ба роҳ монда мешавад ва айни замон дар донишгоҳ 2713 нафар шаҳрвандон аз хориҷи кишвар таҳсил мекунанд.

Китобхона

Китобхонаи донишгоҳ дорои 6 толор – толори олимон, аспирантон ва магистрантҳо, толори хониш ва толори электронӣ, толори матбуоти даврӣ буда, 357 ҷои нишаст дорад. Китобхонаи электронии он дорои 42 адад компютерҳои пайваст ба шабакаи интернет мебошад. Фонди умумии китобҳои электронӣ зиёда аз 300 000 ададро ташкил медиҳад.

Маҳфилҳо ва озмунҳои илмӣ

Тибқи нақшаи кории Раёсати илм ва инноватсия дар донишгоҳ 51 маҳфили илмӣ дар назди кафедраҳои факултетӣ ва 10 маҳфили илмӣ дар назди кафедраҳои умумидонишгоҳӣ фаъолият мекунанд. Ҳамаи роҳбарони маҳфилҳои амалкунанда дар мувофиқа бо Раёсати донишгоҳ нақшаи кори худро мураттаб сохта, фаъолияти худро аз рӯи он амалӣ намуда истодаанд.

Дар донишгоҳ инчунин озмуни «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ – 2018», дар асоси дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Комиссияи озмунӣ аз байни 40 кори илмӣ – пажуҳишии пешниҳодшудаи донишҷӯён 7 кори беҳтаринро барои пешниҳод ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия намуд. Тибқи дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва салоҳдиди Раёсати донишгоҳ аз санаи 30.05.2018 то 05.06.2018 дар факултетҳои донишгоҳ озмуни қироати шеър таҳти унвони «Сухани созанда» доир гардид, ки дар он донишҷӯёни курсҳои 1-3 иштирок намуданд.

Дастаи ихтироъкорон

Баҳри васеъ ба роҳ мондани корҳои илмӣ – тадқиқотӣ аз ҷониби донишҷӯён дар назди кафедраи физика озмоишгоҳи “Ихтироъкорони ҷавон” ташкил ёфтааст. Донишҷӯёну устодон ҳамасола корҳои илмӣ – тадқиқотӣ ва пажуҳишии худро дар озмунҳои донишгоҳӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ пешниҳод менамоянд. Соли равон омӯзгори ҷавони кафедраи физикаи умумӣ Абдуҷалилзода Ф. бо дастгоҳи ихтироъкардаи худ – “Дастгоҳи комплексии офтобӣ барои ҳосил намудани энергияи гармӣ ва барқ” соҳиби ҷоизаи олӣ дар озмун-фестивали ҷумҳуриявии “Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон” таҳти унвони “Ҷавонон – созандаи Ватан” дар Маркази патент ва иттилооти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Инчунин, донишҷӯи курси 3-юми факултети физика Раупов З. барои иштироки фаъолона ва ихтироъи дастгоҳи “Шаҳраки аз ҷиҳати экологӣ тоза” сазовори дипломи дараҷаи 1 гардид.

Шуъбаи таҷрибаомӯзӣ

Шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ воҳиди сохтори қисми таълимӣ ба шумор рафта, ба мустаҳкам намудани донишҳои назариявии азбаркардаи донишҷӯён дар раванди таҳсил ва ба даст овардани малакаю маҳорати амалӣ дар касби интихобкарда равона шудааст. Барои расидан ба мақсад дар доираи фаъолияти худ шуъба вазифаҳои зеринро иҷро менамояд: ташаккули ҷаҳонбинии дурусти илмӣ ва идеявии донишҷӯён, аз худ намудани намудҳои маъмули фаъолияти тарбияи идеявӣ; бадастории сифатҳои касбии шахсияти омӯзгори оянда ва сифатҳои шахсии мутахассис, ки ба талаботи ҷамъият ҷавобгӯ бошанд; тарбияи муҳаббат ва иззату эҳтироми донишҷӯён нисбати ихтисоси омӯзгорӣ; ба роҳ мондани фаъолияти амалии донишҷӯён, ташаккули маҳорату малакаҳои касбӣ, ки асоси ташкили хуби корҳои таълимӣ – тарбиявӣ ба ҳисоб мераванд, аз бар намудани усулҳои таълиму тарбия; дар амал ба роҳ мондан ва мустаҳкам намудани алоқаи фанҳои назариявӣ, ки донишҷӯён ҳангоми омӯзиши фанҳои ҷамъиятӣ, тахассусӣ ва равоншиносиву омӯзгорӣ аз худ намудаанд; шиносоии донишҷӯён бо ҳолати корҳои таълимӣ – тарбиявӣ дар муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ ва раҳнамоии донишҷӯён дар ҳаллу фасли масъалҳои таълимиву тарбиявӣ; ба роҳ мондани муносибатҳои ҳамкории донишҷӯён бо талабагон, омӯзиши хислатҳои синнусолӣ ва фардии онҳо; коркарди муносибати эҷодӣ ва тадқиқотӣ нисбат ба фаъолияти омӯзгорӣ, аз худ намудани малакаҳои таҳлилӣ, натиҷаҳои кори худ, ба роҳ мондани талабот ба худомӯзӣ.

Тӯли се сол аст, ки Раёсати донишгоҳ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ва кӯдакистону мактаб-интернатҳо вобаста ба ихтисосҳои табиӣ-риёзӣ, гуманитарӣ ва ихтисосҳои махсус кафедраҳои пойгоҳӣ таъсис дода, баробар бо баргузории таҷрибаомӯзии омӯзгории донишҷӯён гузаронидани дарсҳои таҷрибавиро барои омӯзгорони кафедраҳои амалкунандаи донишгоҳ ва муассисаҳои таҳсилотии зикршуда доир ба масъалаҳои меҳварии фанҳои таълимӣ ба роҳ мондааст.

Хобгоҳ

Донишгоҳ дорои хобгоҳи замонавӣ буда, айни замон дар он 1260 нафар донишҷӯён зиндагӣ мекунанд. Хобгоҳ бо ҳама шароитҳои лозимӣ барои истиқомат таъмин буда, маблағи солонаи истиқомат дар хобгоҳ 800 сомониро ташкил медиҳад. Дар донишгоҳ 40 нафар ятими кулл (18 духтар, 22 писар) таҳсил мекунанд, ки ҳамаи онҳо дар хобгоҳ ба таври ройгон ҷой карда шудаанд ва ҳар моҳ аз ҳисоби маблағҳои махсуси донишгоҳ ба онҳо ба маблағи 100 сомонӣ идрорпулӣ (стипендия) дода мешавад.

Дараҷаи тахассус ва ба кор таъминкунии хатмкунандагони донишгоҳ

Донишҷӯёне, ки аз рӯи ихтисосҳои амалкунанда тавассути буҷаи давлатӣ таҳсил менамоянд, дар асоси шартномаи сетарафа ва роҳхат ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии минтақаҳои гуногуни кишвар барои оғоз бахшидан ба фаъолияти омӯзгорӣ сафарбар карда мешаванд. Донишҷӯёне, ки тибқи квотаи Президентӣ ихтисосҳои амалкунандаи донишгоҳро хатм менамоянд, вобаста ба талаботи шартномаи сеҷониба ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии пешниҳодкардаи мақомоти ҳокимияти маҳаллии шаҳру ноҳияҳо фиристонида мешаванд.

Иштироки донишҷӯён дар олимпиадаҳои дохилӣ ва хориҷӣ

Донишҷӯёни донишгоҳ ҳар сол дар олимпиадаҳои гуногун, озмунҳо ва чорабиниҳои ҷашнӣ фаъолона ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ба даст меоранд. Инчунин, дар худи донишгоҳ ба хотири ҷалби донишҷӯён ба корҳои илмӣ ва пажуҳишӣ аз оғози соли 2018 гузаронидани озмунҳо ва сабқатҳои гуногун дар байни донишҷӯён ба роҳ монда шуд. Аз ҷумла, бахшида ба ҷашни Наврӯз озмуни хониши китоби «Чеҳраҳои мондагор»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, озмуни «Иншои беҳтарин» ба ифтихори 140-солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ ва эълон гардидани соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” баргузор гашта, ғолибон аз тарафи Раёсати донишгоҳ бо мукофоти пулӣ сарфароз гардиданд.

Ҳар сол рӯзи 5-уми октябр ба ифтихори “Рӯзи забон” дар донишгоҳ диктанти ягона гузаронида мешавад, ки дар он тамоми омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандони муассиса ширкат меварзанд.

Донишгоҳ дар байни 35 муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаи ҷамъбасти даври ниҳоии олимпиадаи фаннии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2017-2018 ҷои 3-юмро ишғол намуд. Чунин мисолҳо хеле зиёданд.

Ба ҷои хулоса

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ яке аз поягузорони асосии илму маърифат ва фарҳанги халқи тоҷик маҳсуб ёфта, дар тайёр намудани мутахассисони илмию омӯзгорӣ ҳам дар замони шӯравӣ ва ҳам дар давраи соҳибистиқлолӣ саҳми бузург гузоштааст. Таҳсил дар чунин як муассисаи пурнуфуз орзӯи ҳар як шахси соҳибмаърифат буда, чи тавре, ки Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд, “Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд”.

Агар омӯзгори асил шудан мехоҳед, агар дар ҷодаи илму маърифат соҳиби обрӯву муваффақият гардидану ба зинаҳои баланди илму маориф даст ёфтан хоҳед, марҳамат ба ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ. Рамзи Донишгоҳ дар Маркази миллии тестии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 102 мебошад.

Холиқи МУҲАММАДНАЗАР, МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь