Ҳамаи мо хуб медонем, ки давлати соҳибистиқлоли тоҷикон занро ҳамчун қувваи пешбаранда ва як ҷузъи муҳими ҷомеа эътироф намуда, иштироки ӯро дар тамоми ҷабҳаҳо, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маънавиёт, фарҳанг ва сохторҳои қудратӣ ногузир медонад.

Моҳи декабри соли1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид. Ҳамзамон, дар ин замина як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расидаанд, ки ба таҳкими мақоми зан дар ҷомеа, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои занон, кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо, вусъат додани имконоти иштироки фаъоли онҳо дар тамоми бахшҳои иҷтимоиву сиёсии кишварамон, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои фаъолияти занону бонувон мусоидат менамоянд. Дар асоси ин фармон иштироки бонувон дар идоракунии мақомоти давлатӣ бозбинӣ шуда, шумораи онҳо дар зинаҳои гуногуни роҳбарикунанда сол то сол афзоиш меёбад.

Дар ҷомеаҳои мутамаддин низ зан ҳамчун муҳаррики пешбаранда ва як ҷузъи муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ эътироф гардидааст. Дар баробари ин, донистани қадру қимати зан-модар ва бузургдошти рисолати ӯ қарзи ҳар як фарди баору номус аст. Зани бонанги тоҷик дар тӯли таърих баробари тарбияи фарзанд ва ҳифзи чароғи хонадон дар паҳлуи мардон бори рӯзгордориву давлатдориро бар дӯш доштааст. Ва набзи имрӯзаи замон низ тақозои онро дорад, ки аз даричаи сабзи қалбҳо ба ҳама гирумони зиндагӣ нигоҳи тозае дошта, дар эъмори ҷомеаи навин нақши созандае гузорад.

Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон барои ба ҳаёти ҷамъиятӣ пайвастани занон тамоми шароитҳо, заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам мебошанд, ки мо ин гуфтаҳоро дар мисоли сатҳ ва самтҳои фаъолияти бонувони эъҷозофари ноҳияи Данғара ба риштаи таҳлил мекашем.

Фидокорон

Дар ҷараёни суҳбат Файзиддинзода Бунафша – муовини раиси ноҳияи Данғара иброз дошт, ки дар доираи нақша-чорабиниҳо оид ба сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд ва таъмиру таҷдиди 401 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки ҳоло дар 143 иншоот корҳои сохтмонӣ ва дар 45 иншооти дигар корҳои лоиҳакашӣ идома доранд.

– То имрӯз 197 иншоот мавриди истифода қарор дода шуда, аз ҷумла 19 муассисаи таълимӣ барои 11480 нафар хонанда дар ду баст, 24 муассисаи тандурустӣ, 8 маркази хизматрасонӣ ва маишию савдо, 6 корхонаи истеҳсолӣ, 14 майдончаи варзишӣ ва солимгардонӣ, 2 клуб ва боғи фарҳангӣ, 1 қасри фарҳангӣ, 4 бинои баландошёнаи маъмурӣ, 2 пули обгузар, 49,3 км роҳ сангфарш гардиданд. То имрӯз 160 адад иншоот ба ҳисоботи оморӣ ворид гардида, раванди бақайдгирии иншооти мазкур идома дорад,- илова кард ӯ.

ШАРҲИ ҲОЛ:

Файзиддинзода Бунафша 25-уми июли соли 1976 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Соли 1999 ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзодаро бо ихтисоси омӯзгор ва соли 2012 магистратураи Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1999 ба ҳайси омӯзгори МТМУ №95-и ноҳияи Синои пойтахт оғоз намуда, баъдан то соли 2016 дар МИҲД-и ноҳияи Сино аз мутахассиси шуъбаи умумӣ то мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа сабзидааст. Аз марти соли 2016 то апрели соли 2017 дар вазифаи сармутахассиси раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳаллии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Оиладор, соҳиби 4 нафар фарзанд.

Ғамхори бонувон

Дар ҳамин сол, Сайфуллоева Наргис – мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳияи Данғара ба суҳбат ҳамроҳ шуда, зикр намуд:

– Айни ҳол дар ноҳия шумораи умумии аҳолӣ 166 ҳазору 600 нафар буда, 84 ҳазору 507 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд. Дар вазифаҳои роҳбарикунанда 491 нафар занон кору фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора 8 нафар занон дар мансабҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ, 163 нафар дар дигар вазифаҳо, 14 нафар ҳамчун роҳбарони шахсони ҳуқуқӣ ва 306 нафар занон сарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ буда, махзани кадрӣдар ҳайати 50 нафар созмон дода шудааст.

“Ҷиҳати ба касбомӯзӣ ва шуғл фаро гирифтани занону духтарон дар назди Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия филиали Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара” фаъолият менамояд, ки дар давоми се моҳи соли ҷорӣ 4 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуд. Дар ин ярмарка 18 нафар занон ба корҳо роҳат гирифта, 16 нафари онҳо ба кор таъмин шуданд. Ба бозомӯзӣ бошад, 99 нафар занон равона карда шуданд”,- илова кард мудири шуъба.

Ба гуфти мавсуф, бо мақсади дастгирии рушди соҳибкории занон то ба имрӯз дар ҳудуди ноҳия 18 нафар бонувон аз грантҳои Президентӣ ва 2 нафар аз гранти раиси вилояти Хатлон бархӯрдор шуда, дар соҳаҳои чорводорӣ, моҳипарварӣ, боғдорӣ, парвариши занбӯри асал, мурғи марҷон, истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ ва кушодани корхонаҳои дӯзандагӣ бо ташкили ҷойҳои нави корӣ фаъолият намуда истодаанд.

ШАРҲИ ҲОЛ:

Сайфуллоева Наргис Ҳайдаровна 31-уми марти соли 1972 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Соли 1993 Донишгоҳи давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусравро бо ихтисоси методикаи таълими ибтидоӣ хатм кардааст. Соли 2015 вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия интихоб шудааст. Солҳои 1993-1998 ба ҳайси омӯзгор дар МТМУ №24-и ноҳияи Данғара ба кор қабул гардидааст. Баъдан солҳои 1999-2000 омӯзгори МТМУ №90-и шаҳри Душанбе будааст. Солҳои 2000-2009 дар МТМУ №22-и шаҳри Хуҷанд муаллимӣ кардааст. Сипас, солҳои 2009-2014 дар МТМУ №4-и ноҳияи Данғара кори педагогияшро идома додааст. Солҳои 2014-2018 ба сифати директор дар МТМУ №59-и ноҳияи Данғара фаъолият карда, аз моҳи апрели соли 2018 то инҷониб дар вазифаи мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳияи Данғара кору фаъолият дорад.

Ҳунар беҳ аз зар

Дар идомаи суҳбат ҳунарманд аз ноҳияи Данғара Тӯрақулова Сурмахон иқрор шуд, ки танҳо баъди соҳиби гранти президентӣ шудан корҳояш равнақ пайдо карданд: “Ман дар хона бо ҳунарҳои қуроқдӯзӣ, чакандӯзӣ, гулдӯзӣ, намадсозӣ, қолинбофӣ, дӯхтани сарулибоси миллӣ машғулам. Инак 40 сол мешавад, ки бо ҳунар ризқамро меёбам. Аз кӯдакӣ ин касбро аввал аз модаркалонам ва баъдан аз модарам омӯхтам. Ҳоло 4 духтарам, 6 келинам ҳунари маро омӯхтаанд. Ҳамагӣ 12 нафар шогирд дорам. Ҳоло ҳунарамро ба ҳамсояҳо низ омӯзонида истодаам. Аз ҳисоби маҳсули дастонамро ба фурӯш гузоштан бори рӯзгорамро мекашам. Айни замон ман бо Маркази омӯзиши калонсолон ва шуғли аҳолии ноҳия барои бо шаҳодатнома таъмин намудани шогирдонам гуфтушунид бурда истодаам, ки умед дорам, дар рӯзҳои наздик ҳамаи шогирдонам бо шаҳодатнома таъмин хоҳанд шуд. Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид. Ин иқдоми нек ба мо ҳунармандон имкон дод, ки ҳунарҳои аҷдодони худро аз нав эҳё гардонем. Бо истифода аз фурсат ман миннатдори худамро ба Сарвари давлат мерасонам, ки нисбати мо занони ҳунарманд хеле ғамхор мебошанду доим дастгирӣ менамоянд. Ва ҳамчун як бонуи ҳунарманд ба занон чунин тавсия медиҳам, ки ҳунар омӯзанду дар хона бо ин ҳунар машғул шуда, зиндагии худро пеш баранд. Бояд гуфт, ба наздикӣ дар фестивал – озмуни “Ҳунар беҳтар аз зар бувад”, ки дар ноҳияи Данғара барпо гардид, иштирок карда, ҷойи аввалро ишғол намудам. Ман аз шуъбаи кор бо занони ноҳияи Данғара бисёр миннатдорам, ки ҳунари мо бонувони ҳунармандро дар ҳамаи чорабиниҳои фарҳанги муаррифӣ менамоянд. Исботи ин гуфтаҳо чандин диплому ифтихорнома ва сипосномаҳову дигар туҳфаҳои хотиравиянд, ки қадшиносӣ ёфтаам. Дар навбати худ мо низ дар ҳамаи чорабиниҳо иштироки фаъоли худро сидқан идома медиҳем.

Зебоиофарон

Тавре рафти мушоҳидаву суҳбатҳо ва омӯзиши ҳисоботҳои оморӣ нишон дод, шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар байни кадбонуҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, донишҷӯён, хонандагон ва кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳия озмунҳои “Дастархонороӣ”, “Кадбонуи беҳтарин”, “Чакомаи гесӯ”, “Рӯзгордорӣ” гузаронидааст. Ғолибони даври аввали озмунҳо дар даври вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат варзидаанд. Инчунин кадбонуҳо ва ҳунармандон дар ҷашнҳои иди Сада, Меҳргон ва Сайри гули Лола иштирок намудаанд.

Зимнан, Ҳаётова Мавлуда – сардори Маркази мӯди “Чаманоро”-и Донишгоҳи давлатии Данғара зикр намуд:

– Дар маркази омӯзишии мо дар як гуруҳ то 30 нафар духтарон таҳсил мекунанд, ки ба онҳо 10 нафар омӯзгорон дарс медиҳанд. Баъди таҳсил онҳоро бо ҷойи кори доимӣ таъмин мекунем. Дар курсҳои омӯзишии мо бештар ба ҳунарҳои мардумӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад ва мо низ ҳунарҳои қадимии аҷдодони худро ба таври замонавӣ ба онҳо меомӯзонем. Айни ҳол духтарон тарзи дӯхти костюму шим, қуроқ, куртаҳои миллиро ба таври замонавӣ аз худ карда истодаанд. Ман миннатдории худамро ба Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон мерасонам, ки бо эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” нақши мо занони ҳунармандро хеле баланд бардоштаанд. Ташаббуси Президенти мамлакат дар мавриди эҳёи суннатҳои мардумӣ рағбати бонувонро ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ хеле зиёд гардонд. Ин аст, ки мо ҳоло дар ҳамаи чорабиниҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок менамоем ва маҳсули дасти худро ба маъраз мегузорем.

Як самти фаъолияти марказ бо сарулибос таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ ва корхонаҳои саноатии ноҳия мебошад. Дар маркази мо калонсолон низ таҳсил мекунанд. Аз рӯзи ифтитоҳ шудани маркази омӯзишӣ мо то ба имрӯз 580 нафар духтарони хонашинро омӯзонидем ва соҳиби шаҳодатнома гаштанд. Ин барои мо ифтихор аст, ки дар маркази мо занон соҳибкасб мешаванд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки натиҷаи кори мо беҳуда нест.

Дар маркази мо духтарони хонашин ҳунарро аз худ мекунанд, ки ин боиси хушнудист. Таҷрибаи аввали кори худи ман низ аз хона оғоз ёфт. Аввал ба дӯхтани куртаҳои миллӣ машғул будам, ки аз ҳамсояамон Тоҷинисо омӯхта будам. Сипас дар сехи дӯзандагии “Каёнӯш”-и ноҳияи Данғара ҳамчун конструктори порагар дар сех шаш моҳ хондам ва дар худи сехи дӯзандагии мазкур ба кор даромадам. Соли 2016 Маркази мӯди “Чаманоро”-и Донишгоҳи давлатии Данғара ифтитоҳ гардиду маро ба кор даъват карданд. То ин ҷониб дар маркази мазкур кору фаъолият дорам.

Қайд кардан бамаврид аст, ки тарроҳи машҳури ҷумҳурӣ Макнуна Ниёзова дар донишгоҳ ҳамроҳи мо буд. Барои омӯзонидан ва баргузории мӯд кумаки худро дареғ надошта, дастгирӣ намуд. Аз ин рӯ, аз ҳамаи духтарон хоҳиш дорам, ки дар хона бекор нашинанду омада дар маркази омӯзишии мо таҳсил карда, соҳиби шаҳодатнома ва бо ҷойи кори доимӣ таъмин шаванд.

Оилаи солим – ҷомеаи солим

Тавре зимни суҳбат бо мудири Шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Данғара Маҳингул Кабирзода маълум гардид, дар ниҳоди мазкур ҳар ҳафта рӯзи сешанбе оид ба таъмини пойдории оила баррасии аризаҳои бекоркунии ақди никоҳ бо иштироки масъулони соҳа гузаронида мешавад. Бо шаҳрвандони муроҷиаткунанда суҳбату вохӯриҳо доир гашта, ба онҳо оид ба пешгирии парокандашавии оилаҳояшон маслиҳатҳои муфид дода мешавад. Ин аст, ки сатҳи ҷудошавии оилаҳо нисбати соли гузашта кам шудааст.

Ба қавли мавсуф, дар ин давра ҷиҳати баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар ҷомеа, татбиқи барномаҳои давлатӣ чораҳои зарурӣ амалӣ карда шудаанд. Алҳол аз ҳисоби занон, ки дар умум 50 фоизи аҳолии ноҳияро ташкил медиҳад, 1 нафар вакили Маҷлиси намояндагон, 1 нафар вакили Маҷлиси халқи вилояти Хатлон, 16 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва 58 нафар вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот интихоб гардидаанд.

Кабирзода Маҳингул дар идома афзуд, ки “яке аз масъалаи доғи рӯз, ки боиси нигаронист, ин масъалаи бекор шудани ақди никоҳ аст. Мо дар ин самт бо шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳия робитаи зичи ҳамкорӣ дорем. Албатта, талошҳои ҳамешагии мо натиҷаи хуб дод. Масалан аз 10 оилае, ки барои бекор кардани никоҳ ба мо муроҷиат карда буданд, тавонистем ҳамаи онҳоро аз нав барқарор намоем. Таҷрибаи кори ман дар ин самт 10 солро дар бар мегирад. Ба фикри ман, зани фаъол пеш аз ҳама бояд кадбону ва модари хуб бошад, оилаи солим дошта бошад, дар корҳои ҷамъиятӣ ҳамеша фаъол бошад”.

ШАРҲИ ҲОЛ:

Кабирзода Маҳингул 1-уми майи соли 1963 дар ноҳияи Восеъ ба дунё омада, дар оилаи хизматчиёни давлатӣ ба воя расидааст. Соли 1970 дар мактаби таҳсилоти миёнаи ба номи Мичурини совхози токпарварии ба номи Ленини ноҳияи Восеъ таҳсил намудааст. Соли 1980 яке аз мактабҳои миёнаи шаҳри Маскавро хатм намуда, ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дохил шудааст. Баъди хатми донишгоҳ дар соли 1986 корро дар ноҳияи Данғара ҳамчун мудири шуъбаи навзодон оғоз карда, баъди 10 соли фаъолият мудири ҳуҷраи навзодони таваллудхона таъин гаштааст. Пас аз такмили ихтисос момодоя шуда кор кардааст. Аз соли 1998 духтури момодоя ва муовини сардухтур оид ба масъалаҳои ВКК кор кардааст. Аз майи соли 2011 то имрӯз мудирии САҲШ-и ноҳияи Данғараро бар уҳда дорад. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

Маориф – соҳаи калидии ҳаёти ҷомеа

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба соҳаи маориф ҳамчун соҳаи афзалиятнок, калидӣ ва аввалиндараҷа диққати асосӣдода, ин равандро давом дода истодааст.

Ҳамидова Назрбӣ – директори МТМУ №2 мегӯяд, ки дар муассисаи онҳо 1702 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки 867 нафарашонро духтарон ташкил медиҳад. Ҳамчунин, аз 58 нафар омӯзгори муассиса 38 нафар занон мебошанд. Мавсуф дар мавриди мавқеъ ва пойгоҳи занон дар ҷомеа бар ин назар аст:

– Вақте зан – омӯзгор вазифаи роҳбариро ба дӯш дорад, фарзандони мардумро бояд ҳамчун фарзанди худ қабул кунад. Ҳамеша бо як чашм нигоҳ ва ғамхорӣ зоҳир намояд. Роҳбаре, ки бо коллективи худ муомилаи хуб надошта бошад, дар он идора кор пеш намеравад, масъулиятшиносӣ намешавад. Ман пеш аз ҳама кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки дарди дили ҳар як омӯзгорамро донам, аз вазъи оилавию молиявӣ ва тарзи корбарияш огоҳ бошам. Дар муассисаи мо омӯзгорони ҷавон зиёданд. Онҳоро ҷамъ оварда, кор меомӯзам ва таъкид ҳам менамоям, ки дар оянда шумо ҳам роҳбар хоҳед шуд, корро ёд гиред ва аз мушкилот наҳаросед. Вазифаи мо омӯзгорони ботаҷриба аст, ки ба ҷои худ кадр тайёр кунем, бикӯшем, ки ана ҳамин ҷавононро хуб тарбия кунему номбардори ватану миллати худ гардонем. Имрӯз ифтихор менамоям, ки нисбати рушди фанҳои дақиқ амри ПрезидентиТоҷикистон баромадааст. Аллакай хонандаи синфи 6-и муассисаи таълимии мо дар озмуни вилоятӣ сазовори ҷойи якум гардид, ки ҷои ифтихору сарафрозист. Дар озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” низ кӯшиш мекунем, ки хонандагони мо дар сатҳи намоён бошанд.

Солимии ҷомеа – боигарии давлат

Яке аз соҳаҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат соҳаи тандурустӣ мебошад, ки доимо зери назорати ҷиддӣ қарор дорад.

Саидализода Гулчеҳра – муовини роҳбари КАТС-и ноҳияиДанғара, ки 28 сол дар ин самт кору фаъолият дорад, мегӯяд, зан пеш аз ҳама бояд ғамхор бошад:

– Бо ҳамон дарде, ки бемор ба назди мо меояд, мо ин дардро бояд аввал дар пӯсти худ ҳис ва корамонро дар сатҳи баланд иҷро кунем. Вақте дар соҳаи тиб хатоӣ мешавад, нобахшиданист. Зеро шаҳрвандон ба мо бовар карда муроҷиат мекунанд ва мо дар навбати худ набояд боварии онҳоро нисбати худ коста гардонем. Аз сӯи дигар, бемор ба сухани хуби мо ниёз дорад. Муоширати хуб бо бемор ин худаш як табобат ҳисоб мешавад. Агар мо табибон аз рӯйи савод ва муоширати хуб бо бемор муносибат кунем, вай зудтар шифо меёбад.

Дар идома мавсуф афзуд, ки КАТС-и ноҳияи Данғара дорои шуъбаҳои оилавӣ, саломатӣ, ташхиси саломатӣ, инчунин маркази репродуктивӣ буда, бо 14 нафар духтури оилавӣ ба 20 минтақаи оилавӣ хизмат мерасонад.

– Айни замон нисбат ба мардон табибони зан бисёранд ва бисёр хуб ҳам фаъолият мекунанд. Чунки зан масъулиятро бештар эҳсос мекунад. Худи ман дар оилаамон ягона табиб мебошам. Дар синфи 4 мехондам, ҳамшираҳо омада моро муолиҷа мекарданд. Аз ҳамин лиҳоз, орзуи табиб шудан дар замирам пайдо шуд. Дар мактаб хеле фаъолу чаққон будам ва ин хислат то ҳол бо ман ёр аст. Шояд аз ҳамин ҷост, ки ҳамаи кормандонам маро ҳамчун зан, модар, роҳбар ва мутахассиси соҳаи тиб хеле эҳтиром менамоянд.

Дар ҳамин ҳол, Азизова Зарина – табиби ҳуҷраи ултрасадои Шуъбаи ултрасадо ва нурии Беморхонаи ҷумҳуриявии ноҳияи Данғара зикр намуд, ки “дар ҳуҷраи улрасадо 5 нафар зан кор мекунем. Ман ҳамчун табиб 22 сол мешавад, ки дар ин самт фаъолият дорам. Ҷарроҳии акушериро низ анҷом медиҳам. Маслиҳати ман ба шаҳрвандон ин аст, ки бояд сари вақт аз муоинаи тиббӣ гузаранд. Занон дар Тоҷикистон пеш аз ҳама ба бемориҳои қанд, камхунӣ, зоб дучор мегарданд. Вақте занон сари вақт аз муоина мегузаранд, мо дарҳол бемории онҳоро пешбинӣ мекунем ва дар ҳолати сари вақт аз пайи муолиҷа гардидан даври ҳомиладорӣ ва баъд аз таваллуд саломатии онҳо зуд барқарор хоҳад шуд. Ба ҳамаи бонувон саломатӣ ва ҳамли бенуқсонро хоҳонам. Зеро саломатии миллату давлат ва беғамии худу аҳли хонаводаашон аз ҳамин маҳаки асосӣ вобастагиҳои зиёд дорад”.

Умед ба фардои аз ин беҳтар

Дар маҷмуъ, сафари кории хабарнигори МТЖТ ба ноҳияи Данғара собит намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара татбиқи амалии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2019-2022”-ро хуб ба роҳ монда, дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супоришҳои раиси вилояти Хатлон ва раиси ноҳия бо мақсади тараққиёти иқтисодиёт, рушди бештари ҳунарҳои мардумӣ ва беҳтар гардидани сатҳи некӯаҳволии мардум таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Дар ин раванд бонувони ноҳияи Данғара минбаъд низ маҳз роҳнамоиҳои созандаи Сарвари давлатро сармашқи амалҳои созандаи худ қарор дода, пайваста бо меҳри Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлол ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор мекунанд ва баҳри муаррифии ҳунарҳои пурэъҷози бонувони тоҷик ва ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ҳамеша ҷаҳду талош менамоянд.

Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара низ итминон дорад, ки ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа, таъмини иштироки васеи онҳо дар ҳал намудани масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҷалби онҳо ба корҳои роҳбарикунандаи ҳукуматӣ ва ҷамъиятӣ корҳои доимиро дар қатори дигар масоили муҳим яке аз самтҳои асосии фаъолияти худ қарор дода, аз тамоми воситаву имкониятҳо истифода бурда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то дар оянда ба комёбиҳои аз ин бештар ноил гарданд.

 Нигора САИДБЕКОВА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь