Ҳар бегаҳ баъди торик шудани рӯз, ки кӯча камодам мегардад, бо дугонаам одат дорем, ки дар ҳавои тоза каме сайр кунем. Дар канори роҳи калон ҳар рӯз як гурӯҳ кӯчарӯбҳоро мебинем, ки либоси ягона ба бар кардаанд ва ин либосашон онҳоро хеле зеб медиҳад. Дар ҳар бори дидан ҳаракат мекунам кору рафторашонро таҳқиқ кунам, вале тез гузашта меравему имкони дар пеши онҳо бисёр истодан даст намедиҳад. Вале дар ин чанд рӯз мушоҳида кардам, ки ҳамеша дар лабони ин занҳо хандаву аз чеҳраашон нур меборад. Аксарашон занҳои миёнсоланд. Шояд даруни дилашон аз дарди рӯзгору зиндагӣ оташ гирифта истода бошад, шояд яке барои табобати фарзанди бемори худ маҷбур бошад, ки шабу нимашабон баромада меҳнат кунад, шояд дигаре аз бефарзандӣ парасторе надошта бошаду барои қути лоямуте ёфтан заҳмат мекашида бошад, вале ҳамеша худро хурсанд вонамуд мекунанд. Ҳамеша бо ҳам ҳазлу шухӣ ва хандаву бозӣ мекунанд. Дирӯз низ ҳама қатор шуда меистоданду акс мегирифтанд. Сӯяшон бо табассум нигоҳ кардему гузашта рафтем.

Гоҳо ба дил мегӯям, ки бубин, ин занҳо чӣ гуна бо мамнунӣ кори худро иҷро мекунанд. Баъзе аз мо бошем, пушти мизӣ корӣ дар ҳуҷраи гарм нишаста боз аз кору шароитамон менолем.

Кӯчак ё бузург будан хоси касб нест, балки соҳиби  ҳамон нафарест, ки касбро бузург мегардонад. Бисёр касбҳое ҳастанд, ки номашон пурҳашам аст ва орзуи чандин нафарони дигар. Шахс метавонад аз касби худ розӣ бошад ва агар ҳатман ба он касб ҳавасу рағбати воқеие дошта бошад. Бисёр нафароне ҳастанд, ки шояд бо талқини волидон ин касбро интихоб кардаанд ва ё шояд ҳашамати он касб онҳоро ба худ ҷалб кардааст, вале бо гузашти вақт шояд дили шахс аз он касб бимонад ва дар назараш он касб беарзиш намояд ва ба дигарон низ чунин тасвир кунад.

Як нафар метавонад обрӯи касберо ба арши боло барорад ва нафари дигаре бошад бо як сухани ноандешида гуфтааш ба обрӯи касб доғ орад.

Бисёр касон ба маошу даромади касб эътибор медиҳанд. Дуруст аст, ки имрӯз зиндагӣ бидуни маоши хуб душвор аст. Вале баъзе нафарон ҳастанд, ки маошашон то андозае кам аст, вале бо вуҷуди ин аз касбу кори худ қаноатманд ва хушнуданд. Медонед барои чӣ? Фикр дорам ҳамон қаноатмандӣ ва завқе, ки онҳо аз кори хеш ҳосил мекунанд, барои онҳо кифоя аст. Муҳим шикамашон сер аст ва танашон белибос нест.

Исломова Нодира, донишҷӯ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь