Дар муассисаи давлатии литсейи касбии махсуси маъюбон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе курси интенсивӣ омӯзиши забони ишораи тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст. Ин дарсҳо бо дастгирии Намояндагии Институти ҳамкории байналмилалии Асотсиатсияи донишгоҳҳои халқии Олмон (DVV International) дар Тоҷикистон ва сарпарастии Вазорати федеролии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (BMZ роҳандозӣ гардидаанд. Айни замон 20 омӯзгори литсей ба дарси забони ишораи тоҷикӣ фаро гирифта шудаанд. Дарсҳои мазкур пилотӣ ё озмоишӣ буда, дар сурати ба даст омадани натиҷаҳои мусбат, барои муассисаҳои дигари таълимии марбут ба шахсони маъюбиятдоштаи  шунавоӣ ва нутқ тавсия карда мешаванд.

Зебо Бидиева, коршиноси забонҳои ишора, ки дар роҳандозӣ ва назорати амалишавии дарсҳо саҳм дорад, гуфт, омӯзгорони литсей нахуст, забони ишораро фаро мегиранд ва баъдан бо шахсони маъюбияти шунавоӣ дошта бо забони ишораи тоҷикӣ дар рафти дарсҳо озодона муошират мекунанд.

“Дарсҳо 18 октябри соли 2022 шуруъ шуданд ва ҳудуди 4 моҳ идома хоҳанд кард. 20 нафар омӯзгор дар ин муддат бояд 1950 ишораро фаро гиранд”, – афзуд Зебо Бидиева.

Ба гуфтаи вай, дар литсейи касбӣ махсуси маъюбон дар баробари наврасони дигари дорои маъюбияти гуногун, ношунавоён низ таҳсил мекунанд.

“Дар дарси омӯзиши пазандагӣ, барои мисол, омӯзгор барои онҳое ки шунавоӣ доранд, дарсҳо шифоҳӣ мефаҳмонад ва барои онҳое, ки шунавоӣ надоранд, бо забони ишора. Дар натиҷа шахсони ношунаво маълумот – касбу ҳунарро беҳтар ва комилтар аз худ мекунанд”, – гуфт Зебо Бидиева.

Ин таҷрибаи озмоишӣ буда, бори аввал амалӣ мешавад. То ин замон дар баробари омӯзгорон дар литсейи касбии махсуси маъюбон тарҷумони забони ишора амал мекард. Тарҷумони забони ишора кӯшиш мекард, ки барои хонандагони ношунаво дар чанд синф омузишии касбу хунар дар як вақт тарҷума намояд. Ба гуфтаи Зебо Бидиева, баъди он ки омӯзгорон забони ишораро фаро мегиранд, тахсилоти фарогир бо сифат мешавад.

Бо кӯмаки DVV International дар Тоҷикистон соли ҷорӣ барномаи таълимӣ ва дастурамалҳои омӯзиши асосҳои забони ишораи тоҷикӣ таҳия шудааст. Барномаи мазкур аз 1950 ишора иборат буд, мавзуҳое аз қабили алифбои дастии забони тоҷикӣ, феъл, оила, мамлакат ва шаҳро, табобат, касбу ҳунар ва ишораҳои умумиро фаро мегирад. Барномаи мазкур аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва ҳамчунин аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон тасдиқ ва барои амалисозӣ тавсия шудааст.

Роҳандозии барномаи мазкур дар литсейи касбии махсуси маъюбон дар ноҳияи Сино пилотӣ ё санҷишӣ буда, аз 252 соат иборат аст. Таҳияи барномаи омӯзишии мазкур метавонад, дар рушди забони ишораи тоҷикӣ ва афзоиши зарфияти омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ дар беҳтарсозии таълими шахсони дорои маъюбияти шунавоӣ мусоидат кунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь