Нимашаб. Ҳама ҷо орому хомуш. Танҳо аз хонае гиряи тифл шунида мешуду модари шабзиндадор бо меҳр гаҳвора меҷунбонид. Бо сад меҳр тифли худро мемаконд, сари кӯдакро сила мекард: «Хоб рав, ҷони оча, хоб кун, ширинаку асалаки ман, ҷони ҷигарам, бепарво бош, ман дар канорат». Ва бо меҳр «Алла» мегуфт, месароид суруди оғози зиндагиро.

Кӯдак дар канори модари дилсӯз ором мешавад, худро дар ҷаҳони меҳру муҳаббат мебинад, аз қисмат розист, парвое надорад, масти хоб аст. Модар ҳамоно гаҳвораро меҷунбонаду дар дилаш сад фикру хаёл мегузарад. Шояд ин фикру хаёлҳо ба хотири фардои рӯзгори тифли банӣ башар, ба хотири зиндагии ояндаи осудаю арзандаи тифли хеш, ба хотири бақои зиндагист?

Даме ба гӯшаш аз наздик, аз дуриҳо, аз гӯшаҳои мухталиф садои изтиробомези тифлони сайёра мерасад. Садоҳо, овозҳо, нидоҳо, гиряҳо… Ин гуна садоҳоро танҳо модарони мушфиқу ғамхор бо ҳиссиёти баланд шунида метавонанду дарк менамоянд, на бонувону заноне, ки тифлеро тавлид кардаанду онҳоро ба кӯйи саргардонӣ ва дарбадарӣ ҳавола намуда.

Овозу садоҳо омехта ба гӯшаш мерасанд. “Очаҷон… очаҷон, чаро маро назди даре, назди санге, назди ахлоттӯдае, назди… партофтед? Очаҷон, ман чӣ гуноҳ кардам? Чӣ гуноҳ дорам? Очаҷон, куҷоед? Очаҷон, очаҷон, маро аз инҷо гиред, маро наҷот диҳед, ба хона баред! Ман ҳам мехоҳам мисли кӯдакони дигар дар гаҳвора хобам, аз шири ҷонбахшу ҳаётфизои Модар роҳат ёбаму аллаи Шуморо ҳар лаҳза бишнавам, нафаси гарматонро эҳсос кунам, рухи зебоятонро бубинам. Мехоҳам дар орзуҳои ширину беғами кӯдакӣ даме зиндагӣ кунам, дар гаҳвора почак занам, ба саволу гуфтаҳои модар бо имову ишораи кӯдакона ҷавоб гардонам, шумо ва атрофиёнро бо ҳастии худ, бо гиряю хандаҳоям шод намоям, яъне дар ҷаҳони кӯдакӣ бошам…

Очаҷон, наход ман зиндагии Шуморо талх кардам!? Наход яклаҳзаина айши шумо бо ҷавонмарди ношиносе маро ба дунё оварду аллакай бадбахтаму чанд нафари дигареро низ сиёҳбахт кардаам! Наход маро хатои ҷавонии хеш, сабаби ҷудоӣ аз хешу ақрабо номед? Наход тифле, ки бо ихтиёри худ зода нашудааст, ба Шумо танҳо сардӣ, шармандагӣ оварад? Охир, ман чӣ кардам? Аз дастам чӣ меояд? Ман худ-ку дастнигарам? Очаҷон! Маро напартоед, илтиҷо дорам аз дари беморхонаю кӯчаю бозор гиред, бе шумо ҳеҷам, ба ман раҳм намоед, очаҷон! Очаҷон!”

Даме ин гуна сару садоҳо боз баландтар мешаванду на танҳо Модар, балки Банӣ Одамро ба худ ҷалб мекунад: “Эй Мардум, эй МАРДҲО, имрӯз барои мо, барои ояндаи хеш, барои фардо чӣ корҳои арзандаеро иҷро кардед? Аз оянда чиро интизор ҳастед? Чаро ҷаҳонро ин қадар зулму ситам, бераҳмӣ, ҷангу ҷидол фаро гирифта! Чаро ҷаҳонро бо он ҳама зебоию дороияш ба дами марг партофтаед? Беш аз ҳама мо – модару кӯдак ба азобҳои сангин дучор шудаем, чаро ҳаёти моро сангин намудаед? Чаро ҳама ҷо фақр, гуруснагӣ, тарсу ваҳм! Ба Шумо кӣ ҳақ додааст?”

Аз ҳар ҷониб суолҳо пайдо мешаванд, ки қисман бе ҷавобанд! “Чаро Ҷаҳон пур аз яроқҳои мухталифи маргзои атомию бактериологӣ ва кимиёвист? Чаро ба ҷойи бунёди боғчаю дармонгоҳҳо, бунгоҳҳои тиббию кӯдакистонҳо, мактабу театрҳо ва дигар марказҳои фарҳангию фароғатӣ, манотиқи нав ба нави олам ба гирдобҳои ҷанг кашида шуда, садҳо қисми ҳарбӣ, озмоишгоҳҳои яроқҳои ҷадид бунёд ёфта, боз ҳам, пеш аз ҳама, душвориҳои бешумор насиби модару кӯдак мегардад?! Чаро қисме аз насли калонсол ин қадар бефикру беандеша гаштаанд, ки ба хотири забти сарзаминҳои нав, ғасби захираҳои табиии кишварҳои гуногун, ба хотири ҳокимияту сарват ҷаҳонеро бо сад бераҳмӣ зери пой намуда!? Кӯдакон бесарпаноҳ, ятиму овора гашта!”

Мутаассифона, гурӯҳҳои зиёде дар ҷаҳон ҳокимияти ғайриқонунии худро боз ҳам пурқувват намуда, дар баробари машғул шудан ба истеҳсол ва хариду фурӯши яроқ ва маводи муххаддир, инчунин аз ҳисоби савдои одамӣ тавонистаанд маблағҳои бешумореро соҳиб шаванд. Ҳазорҳо занону кӯдакон ба доми одамҷаллобон афтода, садҳо мушкилотро дида, ба ғуломони зиндаи асри ХХI табдил ёфтаанд. Мувофиқи маълумоти Хадамоти Марказии Ҷосусии Амрико ва СММ дар аввали асри муосир дар ҷаҳон «одамон – ғуломони ҳазораи ҷадид» тақрибан 27 миллионро ташкил медоданд, ки қисман онҳо аз ҳисоби кӯдакон иборат буда, ташкилотҳои хосаи трансмиллии криминалӣ аз ҳисоби тиҷорати ғайрилегалии занону духтарон ва ҳатто кӯдакон солона аз 7 то 9 миллиард доллари амрикоӣ даромад мегиранд. Инсон нархеро чун моли бозор пайдо карда, бо миқдори муайян хариду фурӯш мешавад. Одамӣ, аз ҷумла кӯдакон дар манотиқи мухталифи олам, ҳатто дар кишварҳои тараққикардаи саноатии имрӯзаи Аврупои Ғарбию Амрико ба савдо гузошта шудааст. Тавре маълум аст, бештар ба дому найрангҳои одамҷаллобон занону кӯдакон афтода, ноболиғону кӯдакон ба хоҷагиҳои фермерию заводу фабрикаҳо фурӯхта мешаванд, ки меҳнати шабонарӯзии онҳо беш аз 13-14 соатро ташкил медиҳад. Бегумон, ҳатто кӯдакони бешуморе маҷбуран ба корҳои шаҳвонӣ водор мегарданд. «Бардагони даври нав» чун ғуломони аҳди қадиму асримиёнагӣ бо банду занҷирҳо бастаю дар таҳхонаҳо нигоҳ дошта шуда, ягон хел шароити зиндагӣ, аз ҷумла, ғизои солим, шароитҳои корию тиббӣ барои онҳо омода нашудааст. Тибқи маълумоти муҳаққиқи хориҷӣ Пино Арлаки шумораи ғуломони муосир ҳатто то 200 миллион нафарро дар олам ташкил медиҳаду муҳаққиқи донишгоҳи байналхалқӣ Де Пауло дар он андеша мебошад, ки солона дар тамоми ҷаҳон то 2 миллион зану кӯдак танҳо ба хотири водор кардани онҳо ба корҳои шаҳвонӣ фурӯхта мешаванд. Ҳамчунин мувофиқи маълумоти СММ ҳар сол бар асари маҷбуран водор кардан ба корҳои гуногун ва аз бемории мухталиф аз ғуломони асри муосир тақрибан 30.000 одам ҷони худро аз даст медиҳанд. Муҳаққиқони СММ қариб дар тамоми кишварҳо хариду фурӯши одамонро ба қайд гирифта, менигоранд, ки 80 %-и занони фурӯхташуда аз 24-сола ҷавонтар буда, ҳатто кӯдакони 6-сола дар ин радиф қарор доранд. Дар баробари истифодаи қувваи кории занону кӯдакон, инчунин дар кишварҳои гуногун, мутаассифона, одамӣ ҳамчун қисмҳои эҳтиётӣ мавриди хариду фурӯш қарор гирифтаасту бо роҳҳои гуногун ин кор амалӣ мешавад, аз ҷумла агар иддае аз ночорӣ, аз қашшоқию нодорӣ фарзандони хеш, узвҳои алоҳидаи худро пешниҳоди харидорон намоянд, иддаи дигар бо роҳи фиреб нафаҳмидаю надониста фарзандони ноболиғи худро ба фурӯш мебароранд ё боз ҳам гурӯҳҳои муташаккил кӯдаконро аз тамоми олам бо баҳонаи «фарзандқабулкунию фарзандхонӣ» ба хориҷа мебароранд. Тибқи як манбаи интернетӣ 18-уми ноябри соли 1993 рӯзномаи «Times» хабар дода буд, ки дар Русия, дар рафти як тафтишоти хадамоти дахлдор ширкате ошкор гашт, ки фурӯши 700 узви инсонӣ, аз ҷумла гурда, дил, шуш, беш аз 1400 ҷигар ва 2000 чашми одамиро ташкил намуда буд!

Ҳатто имрӯз низ ҳамарӯза тифлону модарони бегуноҳу зор дар манотиқи доғ ҷони худро аз даст медиҳанд. Танҳо дар бархӯрди байни Украина ва Русия «тибқи маълумоти Кумитаи тадқиқотиии ҷониби Русия Александр Бастрикин дар Донбасс аз соли 2014 инҷониб 2500 кӯдак кушта шудаю тибқи хабари комиссари генералии Агентии Шарқи Наздики СММ барои кӯмак ба гурезагони фаластинӣ Филипп Лаззарини пас аз ҳамлаи ҲАМОС ба минтақаи Ғаза 70% ҳалокшудагонро занону кӯдакон ташкил медиҳанд. Ба вақти ҳамлаҳои Исроил ба ин минтақа бошад, ҳанӯз то моҳи феврали соли ҷорӣ зиёда аз 25000 зану кӯдак талаф ёфтааст, ки дар ин бора роҳбари Пентагон (Вазири Дифои ИМА) Ллойд Остин ба конгресси ИМА маълумот дода буд. Тибқи маълумоти манбаи дигари интернетӣ – Sputnik то 18-уми май дар минтақаи Ғазза аз моҳи октябри соли гузашта дар рафти амалиёти ҳарбии Исроил 35386 одам ҷони худро аз даст додаю 79366 фаластинӣ захмию ярадор гаштааст!

Пас, ин қадар модару кӯдак ба кӣ, ба кадом роҳбари олам, ба кадом муассиса ё ташкилоти байналхалқӣ муроҷиат кунанду ёрии амалӣ пурсанд? Ба кӣ умед банданд?! Ва ё боз ҳам танҳо аз Худо умедвор шаванд?!

Аз тарафи дигар дар баробари ҷангу низоъ ба инсоният фақру бесаводӣ хатари ҷиддӣ дошта, оқибатҳояш ногуворанд. Дар кишвари ҳамсояамон – Афғонистон чунин ҳолати мурракаб боқӣ мемонад, ки беш аз се миллион наврас ҳеҷ гоҳ ба мактаб фаро гирифта нашудаю ҳудуди 70% аҳолӣ хондаю навишта наметавонад, яъне онҳо низ таҳсилоти ибтидоӣ нагирифтаанд, хусусан вазъи занон ногувор боқӣ мемонад. Агар тахминан шумораи аҳолии Афғонистон 43 213 688 (чилу се миллиону дусаду сездаҳ ҳазору шашсаду ҳаштодуҳашт) нафар дар соли 2024 ҳисобида шавад, пас аз ин шумора ҳудуди зиёда аз 30 миллион аҳолӣ бесавод мебошад. Тибқи маълумоти чанд сол пештараи ЮНЕСКО дар Афғонистон танҳо 15% занон хондаю навишта метавонанд. Собиқ вазири маорифи он Мирвайси Балхӣ бошад нигошта буд, ки: “3,7 миллион кӯдак дур аз мактабу маориф мондааст…». Худ қазоват кунед, ки кай маҳви бесаводӣ дар асри ХХІ дар ин кишвар гузаронида шуда, аз нигоҳи мактабу маориф Афғонистон ба раванди муътадил ворид мегардад?!

Албатта, аз тарафи дигар ҷомеаи солими башарӣ барвақт дарк намудааст, ки танҳо дар иттиҳод ва дастаҷамъона метавонанд пеши роҳи кори кирдорҳои бадро гиранд. Ҳар сол барои мубориза бар зидди гурӯҳу ташкилотҳои ғайриқонунии одамҷаллобон маблағу қувваҳои зиёд равона карда мешавад. Ин аст, ки оғоз аз соли 1841, яъне аз «Шартномаи Лондон оид ба мубориза бар зидди фурӯши одамӣ» то соли 2000-ум беш аз 16 ҳуҷҷати муҳимми байналхалқӣ байни кишварҳои олам баста шудааст, аз ҷумла Конвенсияи Женева аз соли 1921 дар бораи манъи савдои занону кӯдакон, Конвенсияи соли 1948 оид ба ҳуқуқҳои умумии инсон, Конвенсияи соли 1989 дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак ва ғайра. Дар ин байн Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакро метавон таъкид намуд. Бо Қарори Ассамблеяи Генералии СММ таҳти рақами 44\25 аз 20-уми ноябри соли 1989 он қабул гардида, аз 2-юми сентябри соли 1990 мавриди амал қарор гирифта, 26-уми июни соли 1993 аз Ҷониби Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст. Конвенсияи мазкур аз пешгуфтор, 3 қисм ва 54 модда иборат аст. Дар пешгуфтор шартҳои асосии СММ ва муқаррароти аниқи баъзе аҳдномаи дахлдор ва изҳорот оид ба ҳуқуқҳои инсон зикр шуда, тасдиқ гаштааст, ки кӯдак дар муҳити оила, ҷамъият ва давлат ба ғамхориҳои зиёд ниёз дорад. Сипас қисм ба қисм ва дар моддаҳои Конвенсия тамоми ҳуқуқу имтиёзҳо ва шаъну шарафи кӯдак дарҷ шудааст. Аз ҷумла, мафҳуми кӯдак, бартараф намудани ҳуқуқпоймолкунӣ, таъмини бехатарии ҳуқуқҳои кӯдак, ном ва шаҳрвандӣ, озодии афкор, виҷдон ва дин, масъулияти волидайн, фарзандхонӣ, таъминоти иҷтимоӣ, саломатӣ ва тандурустӣ, таҳсил, меҳнати кӯдакона, истироҳат, фароғат, азобу шиканҷа, фурӯш, қочоқ, дуздӣ ва ғайра бо шарҳу ӯҳдадориҳо баёни худро ёфтааст.

Тавре маълум аст, Тоҷикистон чун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ба як қатор шартномаю ҳуҷҷатҳои муҳим имзо гузошта, баҳри риояи онҳо чораҳои мушаххас андешида истодааст. Тоҷикистони соҳибистиқлол чӣ будани ҷангу ҷидол ва душвориҳои зиёди иқтисодиро дар оғози даврони соҳибистиқлолӣ паси сар кард. Танҳо бар асари ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон беш аз 50 ҳазор кӯдак ятим монданд ва давлат тамоми корҳоро ба сомон расонида истодааст, ки онҳо худро ятиму бесарпаноҳ надонанд, танҳо намонанд. Ин аст, ки ғамхорӣ ба онҳо беш аз пеш зиёд гашта, ҳукумат ва давлат ба сари кӯдакони ятиму бесарпаноҳ дасти меҳр ва садоқати худро мегузорад, барояшон дармонгоҳу дабистонҳо сохта истода, шароитҳои арзандаи таҳсил ва корӣ тайёр менамояд. Тавре Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар суханронии хеш дар маросими таҷлили ҷашни 65-умин солгарди Иди Ғалаба 7-уми май баён дошта буданд, ки “дар давраи ҶБВ Тоҷикистон зиёда аз 40 ҳазор, аз ҷумла 10 ҳазор кӯдакро хуш қабул намуда, онҳо бо ғамхорӣ фаро гирифта шуданд». Чунин раванди нек нисбат ба кӯдакони ятиму дардманд айни ҳол низ давом дорад. Ҳамасола барои чунин корҳои хайр маблағгузорӣ бештар шуда, буҷет барои ҳифзи иҷтимоӣ, маориф ва сохтору ниҳодҳои дахлдор афзуда истодааст.

1-уми июн рӯзи байналхалқии кӯдакон дар ҷаҳон сартосари ҷаҳон аст. Ҳанӯз моҳи ноябри соли 1949 Федератсияи байналмилалӣ-демократии занон дар сессияи махсус 1-уми июнро рӯзи кӯдакон қабул намуд, СММ онро тарафдорӣ карда, он аз соли 1950 инҷониб ҷашн гирифта мешавад. Ин бори дигар хусусан калонсолонро аз он ҳушдор медиҳад, ки ба масоили кӯдакон диққати ҷиддӣ диҳанд. Ҳар як фарди ҷомеа набояд ба тифл ва тақдиру ӯ бепарво бошад. Рӯзи байналхалқии муҳофизати кӯдакон рӯзи сафарбар намудани ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон аз хатарҳои гуногун мебошад. Пӯшида нест, ки имрӯзҳо иддае аз кишварҳо бо дурустӣ бонги изтироб мезананд, ки дар ояндаи наздик амнияти кишвар, ҳифзи сарҳадоти давлатӣ, кор дар корхонаҳои саноатии аҳамияти стратегидошта, демография ва умуман мавҷудияти миллат ва давлат зери хатар аст! Танҳо ғамхории имрӯза маҳз ба кӯдакон ва модарони онҳо ояндаю хушбахтиро дар сайёра таъмин мекунад.

Шаб чодари худро ғундошта рахти сафар мебандад. Субҳи нав бо овози тифли канори модар медамад. Зиндагӣ давом дорад. Тифлу модар ҳамдигарро ба оғӯш гирифта. Субҳи Тоҷикистон бо гиряю хандаи кӯдакони озоду мамнун зеботар менамояд. Аммо олами пурталотуми муосир чӣ?!

Сабзаалӣ АСОЗОДА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь