Таърих ва фазли рӯзи арафа

Дар таърихи Ислом рӯзе бо номи арафа зикр мегардад, ки он барои мусалмонон аз бузургтарин рӯзҳои сол ба таври мутлақ ба ҳисоб меравад. Худованд як солро иборат аз 12 моҳ гардонида, аз миёни ин дувоздаҳ моҳ чор моҳи онро ҳамчун моҳҳои ҳаром қарор додааст ва аз миёни он чор моҳ моҳи зулҳиҷҷаро аз беҳтарини онҳо гардонида, даҳ рӯзи аввали ин моҳро аз беҳтарини рӯзҳои сол унвон кардааст. Дар Қуръони карим ба чунин оят дучор меоем, ки Худовандфармудааст: “Савганд ба субҳгоҳон ва савганд ба шабҳои даҳгона” (Сураи Фаҷр, ояти 1). Шоҳи муфассирон Ибни Аббос ва ду муфассири барҷастаи Қуръон, ибни Зубайр ва Имом Муҷоҳид ин оятро тафсир намуда, гуфтаанд, ин даҳ рӯзе, ки Худованд ба онҳо савганд ёд кардааст, бешак даҳ рӯзи аввали моҳи зулҳиҷҷа аст, ки рӯзи даҳуми он рӯзи арафа мебошад. Мусаллам аст, ки ба ҳар он чизе, ки Худо савганд ёд мекунад, далели бузургии он чиз мебошад. Барои таърифи фазилату бузургии ин даҳ рӯз ҳамин кофӣ аст, ки уламои Ислом ихтилофи назар кардаанд, ки кадоме аз ин ду даҳрӯза, даҳ рӯзи аввали моҳи зулҳиҷҷа ва ё даҳ рӯзи охири моҳи рамазон афзалтар аст. Ва беҳтарин баррасиро атрофи ин масъала олимони мазҳаби ҳанафӣ ба анҷом расонидаанд. Онҳо хулоса намуда, зикр мекунанд, ки даҳ рӯзи аввали моҳи зулҳиҷҷа аз даҳ рӯзи охири моҳи рамазон беҳтару бофазилаттар аст ва даҳ шаби охири моҳи рамазон аз даҳ шаби аввали моҳи зулҳиҷҷа беҳтару бофазилаттар аст. Онҳо таъкид ба амал овардаанд, ки вобаста ба ҳалли ин савол аз ин ҷавоби боло дида, дигар андешаи солиму савоб пайдо намудан ғайри имкон аст. Маҳбубтарин амал оне аст, ки дар даҳ рӯзи аввали моҳи зулҳиҷҷа ба анҷом мерасад, чунки дар он айёми даҳгона рӯзи арафа, рӯзи наҳр (қурбонӣ) ва рӯзи тарвия (нӯшидан аз оби зам-зам), мавҷуд аст. Ва дар рӯзи арафа ҳоҷиён дар хонаи Худо яке аз муҳимтарин маносики ҳаҷро ба анҷом мерасонанд, ки он истодан дар болои куҳи арафот мебошад. Куҳи арафот аз Маккаи мукаррама 22 километр дуртар воқеъ гаштааст. Паёмбари Худо (с) бо уштур дар болои куҳи мазкур истода, хутбаеро бо номи “Ҳаҷҷатулвадоъ” хондааст, ки дар таърихи Ислом бузургтарин хутба ба шумор меравад.
Таърихнигорон вобаста ба номгузории ин рӯз бо номи арафа, андешаҳои мухталифро ироа доштаанд, ки аз ҷумла Муфассири тобеин Заҳҳок мегӯяд, замоне Худованд Одам (а)-ро ба осмони дунё фиристод, ӯ дар сарзамини Ҳиндустон қарор гирифт. Аммо Ҳавво бошад дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ қарор гирифт. Ҳамин тариқ Одам ва Ҳавво ба ҷустуҷӯи ҳамдигар шуруъ намуданд ва бо ҳамдигар дар Арафот во хӯрданду якдигарро шинохтанд аз ин сабаб ин рӯзро рӯзи арафа ном гузоштанд, яъне рӯзи шиносоӣ. Вобаста ба ин масъала андешаи дигарро Имом Суддӣ гуфтааст, ки замоне Ҳоҷар, ҳамсари ҳазрати Иброҳим (а) бо Исмоил ҳомила буд, аз назди Сора, ҳамсари дигари Иброҳим ба дигар макон рафт. Дар он ҳангом ҳазрати Иброҳим (а) дар хона набуд, вақте ӯ ба хона баргашт, дар ҳоле, ки Сораро дар хона пайдо накард ва аз пайи ҷустуҷӯи ӯ рафту онҳоро дар куҳи Арафот пайдо кард ва писараш Исмоилро дар онҷо диду шинохт. Пас он рӯзро рӯзи арафа, яъне рӯзи шиносоӣ ном ниҳоданд. Ё аз он ки мардуми мусалмон ҳар соле баҳри адои ҳаҷ дар арафот бо ҳам мулоқот мекунанд ва бо ҳамдигар таоруф ва шиносоӣ пайдо мекунанд, шояд аз ин сабаб чунин номгузорӣ шуда бошад. Сабабҳои дигар низ аз ҷониби донишмандон зикр гардидаанд, аммо ба назари аксари уламо қавли савобтару саҳеҳтар қавли аввал мебошад.

Чанде аз амалҳои солеҳ

Ба он маънӣ бояд дарк намоем, ки амали солеҳ анҷом додан хоси як солу як моҳ ва рӯзу соат нест. Чунон, ки баъзеҳо худро ба бандаи мавсимӣ табдил медиҳанду моҳи рамазон дар зумраи обидину солиҳин худро ворид намуда, пасон тарки амали нек мекунанд ва то рамазони дигар тамом. Ба он маънӣ бояд дарк намуд, ки амали солеҳ ҳамеша, дар ҳар лаҳзаву соату дақиқа аз бандаи муъмин матлуб мебошад, аммо чунин вақтҳои хосе мавҷуд аст, ки Худованд савоби амалро бештар гардонидааст.
Ба ин маънӣ метавон гуфт, ки яке аз амалҳои солеҳ, ки дар айёми арафа анҷом дода мешавад, албатта баъди адои фарзҳои Худо, ин рӯза гирифтан ба шумор меравад. Ин ба он тавр аст, ки рӯза доштани нуҳ рӯзи аввали моҳи зулҳиҷҷа суннат буда, рӯзи даҳумаш ҳаром аст, чунки рӯзи даҳуми он рӯзи наҳр, яъне иди қурбон, ё худ иди азҳо мебошад. Чун, рӯзи ид рӯзи хӯрдану нӯшидан ва хушҳолӣ мебошад, аз ин сабаб рӯза доштани онро қонунгузор мамнуъ ва ҳаром гардонидааст. Таъкид бояд кард, ки баъзан нафарон надониста рӯзҳои идро рӯза медоранд, ки ин амал айни ҷаҳолат ва хато буда, эшон аз ин амали хеш савоб не, балки гуноҳу маъсият касб менамоянд. Дар баъзе ҳадисҳо ворид гаштааст, ки расули Худо (с) нуҳ рӯзи аввали зулҳиҷҷаро ҳамеша рӯза медоштанд. Ҳафса ривоят мекунад, ки “Чор амале буд, ки расули Худо ҳаргиз онҳоро тарк намекарданд. Рӯза доштани рӯзи Ошуро, рӯза доштани нуҳ рӯзи зулҳиҷҷа, рӯза доштани се рӯз аз ҳар моҳ ва ду ракаат суннати намози бомдод” (Ривояти Аҳмад). Уламои ислом иттифоқи назар доранд, ки рӯзаи рӯзи арафа баъди рӯзаи моҳи рамазон бузургтарин рӯза ба шумор меравад. Ҳазрати Оиша (р) гуфтаанд: “дӯстдоштатарин рӯзае, ки дар давоми сол мегирам, ин рӯзаи рӯзи арафа мебошад”. Мавриди зикр аст, ки агар ба касе рӯза доштани нуҳ рӯзи моҳи зулҳиҷҷа муяссар нагардад, ҳаддалақал як рӯзи онро, яъне рӯзи нуҳумашро рӯза бидорад. Чунки касе ин рӯзаро аз рӯи ихлосу имон адо мекунад, гуноҳони як сол қаблу як сол баъдаш маҳв карда мешавад. Дар ин маврид дар ҳадис зикр мегардад, ки расули Худо фармудаанд: “Худованд гуноҳони як сол пеш ва як сол баъди рӯзи арафаро маҳв месозад”. Дар дигар ҳадис мефармоянд: “Ҳар мусалмоне, ки як рӯзро дар роҳи Худо рӯза медорад, бешак Худованд бо он як рӯз рӯзааш, чеҳраи ӯро ба масофаи ҳафтод тирамоҳ аз оташи ҷаҳаннам дур месозад”. Имом Нававӣ шореҳи саҳеҳи Муслим таъкид намудааст, ки “Рӯза доштани “Айёми ъашр” яъне даҳ рӯзи зулҳиҷҷа бо шиддат мустаҳаб мебошад”.
Дигар амали хайр дар рӯзҳои арафа зикри Худо мебошад. Гарчанде, ки зикр дар тамоми вақтҳо мустаҳаб ва савоб аст, аммо савобу фазилати он дар даҳ рӯзи аввали моҳи зулҳиҷҷа даҳчанду садчанд хоҳад гашт. Дар мавриди афзалияти зикри бисёр дар ин даҳ рӯз уламо оятеро ҳамчун далели қотеву равшан зикр мекунанд: “Ва дар рӯзҳои муайян онҳо (ҳоҷиён) Худоро зикр мекунанд…” (Сураи Ҳаҷ, ояти 28). Таъкид бояд кард, ки ҷумҳури уламои Ислом рӯзҳои муайянро ҳамин даҳ рӯзи аввали моҳи зулҳиҷҷа гуфтаанд.
Дигар аз амалҳои неки рӯзи арафа ин бо ихлос ва умеди қабул дуо намудан аст. Паёмбари Худо (с) дар ин бора таъкид кардаанд, ки “Беҳтарин дуо, дуои рӯзи арафа аст ва беҳтарин сухане, ки ман ва паёмбарони пеш аз ман гуфтаанд, ин гуфтани ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу лаҳул мулку ва лаҳул ҳамду ва ҳува ало кулли шаёъин қадир, мебошад”. Бештар аз ҷониби уламо матлуб он аст, ки дуои озодӣ ва раҳоӣ аз оташи дузах бошад. Чунки ҳазрати Али бештар ин дуоро мекард, ки “Боро Худоё гардани маро аз оташи ҷаҳаннам халос бинамо”. Имом Нававӣ низ таъкид мекунад, ки “Бузургтарин рӯзҳои сол барои дуо кардан ин рӯзи арафа мебошад”.
Дигаре аз амалҳои солеҳ дар айёми даҳгона ин қиёми лайл, ё худ ба намоз ва қироати Қуръон гузаронидани қисмате аз шабҳои он мебошад. Ин амал дар шабҳои мазкур беҳтарин василаи тақарруб ва наздикӣ ба Худо ба ҳисоб меравад. Саҳобаҳои паёмбари Худо ин даҳ рӯзро мавсими тоату ибодат пиндошта, барои ба тоату ибодат сипарӣ намудани он рӯзҳо кӯшиши зиёд ба харҷ медоданд. Ҳамчун намуна метавонем Саъид ибни Ҷубайрро зикр намоем, ки ӯ дар ин даҳ рӯз чунон ба тоату ибодат машғул мегаштааст, ки дигар аз ҳаракат боз мемондааст. Ҳатто аз ӯ ривоят аст, ки мегуфт “Дар ин даҳ рӯз шабҳо чароғҳоятонро хомӯш накунед” (Ҳадиси Имом Муслим). Мақсади ӯ аз равшан намудани чароғ дар он аст, ки соҳибони он хонаҳо кӯшиш намоянд, то хонаҳояшон бо қиёми лайл, бо қироати Қуръон ва зикр равшану нӯронӣ бошад.
Дар умум ҳар як мусалмонро зарур аст, ки даҳ рӯзи моҳи зулҳиҷҷа, махсусан рӯзи арафаро бо амалҳои солеҳ сипарӣ намояд. Чунки даҳ рӯзи арафа дар назди Аллоҳ нисбат ба дигар рӯзҳо маҳбубтар ва афзалтар аст. Ин ба он ваҷҳ аст, ки аҷру подоши амал дар ин рӯзҳо даҳчан мегардад, инчунин аҷру подоши соҳиби амал дар назди Худо аз муҷоҳиди роҳи Ӯ афзалтар мебошад.

Абдулваҳҳоби АБДУЛМАННОН 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь