Хидмати ҳарбӣ аскаронро соҳиби касб ҳам мегардонад. Дуредгарӣ, кандакорӣ, кафшергари барқӣ ва назири ин пешаҳо имрӯз дар бархе аз қисмҳои ҳарбӣ омӯзонида мешавад. Аз он ҷумла, қаҳрамони мо наҷҷоре мебошад, ки бо таҷрибаи 40-сола ба сарбозон ҳунари кандакорӣ меомӯзонад.

Абдулазиз Гадоев 3 сол инҷониб дар қисми ҳарбии 35/02-и Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД дар шаҳри Душанбе фаъолият дорад. Ӯ бо тахаллуси Усто Азиз шинохта аст ва ин ҷо Шуъбаи кандакорӣ ва дуредгариро боз намудааст, ки дар фурсати муайян ҳалқаи тадрисиаш гарм мешавад. Мураббӣ дар ҳалқаи сарбозон аз нозукиҳои ҳунар мегӯяд ва ҳубби касбро мекӯшад бар қалбашон ҷой созад.

– Шавқу ҳавас дар касби кандакорӣ аз ҳама муҳим аст. Бахусус, дар лавҳаҳои маҳину рез, ки хеле борикбинӣ ва сабри комилро металабад. Вале агар шавқ бошад, сабр худ аз худ пайдо мешавад ва дидани натиҷаи самараноки кор бар ин ҳама қувват ҳам мебахшад,- мегӯяд устои кандакор.

Сарбозон назария ва амалияи ҳунари кандакориро аз худ мекунанд ва бевосита онро дар рӯи чӯб коркард месозанд. Вай ба кадр ниёз доштани ҷаҳони муосирро таъкид мекунад ва аз дарки сарбозон сухан меронад. Ӯ мегӯяд, ки имрӯз бедор кардани шавқи ҷавонону сарбозон кори вазнинест ва ягона роҳи ҷалби онон – ин нишон додани ранҷи даст ва кори эҷодӣ кардан аст.

– Замоне бобои модариам ба ин касб машғул буд ва шабу рӯз бо чӯбу тахта кор мекард, андеша мекардам, ки ӯ пир шудааст ва аз бекорӣ даст ба кандакорӣ мезанад. Вале пас аз хатми синфи 8-ум аз Осорхонаи Камолиддин Беҳзод дидан кардам ва кандакориҳои он ҷоро дида, назарам ба касб комилан тағйир ёфт. Дарки ҳунари кандакорӣ ва чӣ андоза зебову диққатҷалбкунанда будани онро ҳамон вақт пай бурдам. Ва имрӯз аз ин таҷрибаам дар қисми ҳарбӣ истифода мебарам,- мегӯяд Усто.

Дар устохонаи фаъолият мебурдаи Усто Азиз сарбозони гунонгун ҷамъ омадаанд. Ӯ маҳорати ҳар якеро бо талошу шавқу шӯраш омӯхта, ҳамаи онро ба назар мегирад. Сарбозон дар алоҳидагӣ ва ҳамчунин дастаҷамъона корҳои амалӣ анҷом медиҳанд. Як гуруҳи аскарон аллакай нозукиҳои касбро омӯхтаанд ва худфаъолона ба кандакории маҳин даст мезананд. Мизу курсӣ, ҷевон, тирезаву дарҳои яктабақа ва дутабақа ва лавҳаҳои рез назире аз маҳсули дасти сарбозон аст.

Офаридаҳои дастони аскарон дар бойгонии қисми ҳарбӣ нигоҳ дошта мешавад ва дар ҳар ҷашну маросимҳои миллӣ низ муаррифӣ мегардад ва ҳар он чӣ барои истифодаи шахсӣ лозим меояд, онҳо дар фурсатҳои озоду фориғ будан сохта истифодааш мекунанд.

Усто Азиз мегӯяд, ки «дар ҳунари кандакорӣ ҳар як композитсия пешопеш рассомӣ мешавад ва барои як композитсияи хубу диданӣ ҳунари рассомӣ доштани наҷҷор хеле муҳим аст. Ҳамчунин, илҳом ва тарзи нигоҳи кандакор низ нақши бориз мебозад. Ӯро мебояд, аз ҳар як устухони табиату боғу гулу баргу мӯяш истифодаи хуб барад. Он вақт ки нақшаи кор омода шуд, онро рӯи тахта мебардорад ва хеле ҳавсаламандона коркард мекунад».

– Барои омода сохтани як лавҳаи гулкорӣ, ки ҳудудан ба 0,80 – 1,20 метр баробар бошад, 3 рӯз лозим меояд ва агар онро гуруҳи сарбозон дастаҷамъона ва якдилона омода созанд, 1 рӯз кифояткунанда аст,- меафзояд Усто.

Ба гуфтаи ӯ, кори дастаҷамъонаи сарбозон диданӣ ва шавқовар аст. Вале дар байни онон ҷавонони камҳавсала ва камсабр низ пайдо мешаванд. Ё нафароне низ ҳастанд, ки ба кафшергариву дуредгарӣ ва ё ба таъмиргарии мошин рағбат доранду ба корҳои маҳине мисли кандакорӣ майле намекунанд.

Усто Азиз шогирдонро дар руҳияе меомӯзонад, ки “аз чӯб ҳама чиз сохтан мумкин аст, аз дасти ҳар як инсон бармеояд ва кори ғайримумкин дар олам вуҷуд надорад”.

Ӯ бо касбияти хубаш барандаи чандин ҷоизаҳои дохилӣ ва беруна гардидааст. Лавҳаҳо, гулкориҳо, муҷассамаву ҳайкал, тасвири манозири зебо, кат, ҷевон, дарҳои бузург, ҳама гуна олоти рӯзгор назире аз маҳсули дасти худи ӯст ва ононро “Илҳом”-у “Гулистон” ва “Баҳор” ном ниҳода. Усто Азиз, инчунин нишони давлатӣ ва назираш дигар муқаддасоти миллиро дар рӯи чӯб мунъакис карда, ки ҳамзамон эҷодаш Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мамолики олам муаррифӣ мекунад.

Ӯ баъд аз хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро ба шуъбаи кандакории Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии рақами 30 (ҳоло Литсейи сохтмонӣ) супорида, ин даргоҳро бо муваффақият хатм кардааст. Ба ин нигоҳ накарда, барои тақвият додани касбияти хеш, ӯ роҳ ҷониби Коллеҷи муҳандисӣ-омӯзгорӣ пеш гирифта. Пас аз таҳсил зина ба зина пеш меравад ва баъди хатми коллеҷ, ҳамчунин бо ихтисоси санъатшинос Донишкадаи санъат ва фарҳангро бо муваффақият ба итмом расонида.

– Вақте соли 2016 ман Донишкадаи санъат ва фарҳангро ба итмом расонидам, аллакай 42 сол доштам. Ба худ мегуфтам, ки “шарт буд таҳсили бардавом?” ва садое аз ботинам мебаромад, ки “ту барои омӯзиши илм таҳсил намудӣ ва хато накардӣ, бидуни шак, ки наҷҷориву кандакорӣ ҳам илми алоҳидае аст ва барои омӯхтанаш сарфи умр хато набувад!”,- мегӯяд Азизи наҷҷор.

Ба боварии том вай мегӯяд, аз замоне одамизод бар рӯи замин қадам мезад, таваҷҷуҳаш ба зебоипарастиву манозири табиии дилкаш зиёда буд ва ин нигоҳи хос зина ба зина илми кандакориро ба вуҷуд овард.

– Боиси ифтихори як кандакор чӣ аст, медонед? Ёдгори ҳамин ороишро, лавҳаро, тахтаи гулороишударо фалонӣ усто 100 сол пеш, 500 сол пеш ё 1000 сол пеш қандакорӣ кардааст гуфтани наслҳои баъд. Яъне, маҳсули дасташро ба чанд насли баъд ба мерос гузоштан ҷои ифтихормандӣ аст,- мегӯяд ӯ.

Абдулазиз Гадоев беш аз 100 шогирд тарбият кардааст. Ӯ соли 1997 дар устони Рашти шаҳристони Рутсаи Ҷумҳурии исломии Эрон як сол ба ҳайси мураббӣ довталабони он кишварро низ аз нозукиҳои кандакорӣ омӯзиш додааст. Аз соли 1990 инҷониб кишварро дар мамолики олам муаррифӣ мекунад: ҳунари ӯ дар Украина, пас аз Маскав, Душанберо дар мақоми дуввум қарор додааст ва соли 2018 дар пойтахти Русия сазовори ҷои дуввум гардидааст.

Вай мегӯяд, ки «агар даҳ сарбоз аз хидмати ҳарбӣ ин ҳунарро омӯзанд, ман шод ҳастам. Ҳар яки инҳо баъди итмоми корашон соҳиби сертификат ва маълумотномаҳо мешаванд ва метавонанд ин ҳунарро пешаи зиндагӣ қарор диҳанд».

Меҳрофарин НАҶИБӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь