ё кай орзӯи фарзанди омӯзгор амалӣ мешавад?

 «Кори муаллимро осон магир, зеро аз дастгоҳи кории ӯ оҳан не, одам сайқал меёбад» (Фотеҳ Абдулло)

Саволи матраҳ ин аст, ки чӣ бояд кард то мактабҳо пурра бо омӯзгорони соҳибкасб таъмин карда шаванд? Бо вуҷуди ин қадар ғамхориҳо, чаро кадрҳои ҷавон, бахусус ҷавонписарон майли ба мактаб омадан ва дарс доданро надоранд? Вақте мегӯем, ки «бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад», чаро соҳаи маорифро яке аз соҳаҳои аз ҳама муҳим эълон карда, маоши муаллимро аз ҳама соҳаҳои дигар болотар намебардорем? Чаро ҳатто оддитарин имтиёзҳое, ки қонун барои омӯзгорон муайян кардааст, дар амал татбиқ намешавад?

Дар маводи мазкур кӯшиш кардем, ба саволҳои гузошта посух ҷуста, чанд пешниҳод ироа кунем.

Нахуст оид ба маош ва имтиёзҳо

Омӯзиш нишон дод, ки яке аз сабабҳои асосии ҷалб нашудани кадрҳои ҷавон ва рӯй ба муҳоҷират овардани онҳо ин маоши паст ва имтиёзҳои ночиз аст. Ҳатто оддитарин имтиёзҳое, ки қонун нисбат ба муаллимон пешбинӣ кардааст, дар амал татбиқ намешаванд. Масалан тибқи муқаррароти Моддаи 53 –и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи маориф» имтиёзҳои зиёде ба омӯзгорон пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла:

– муҳлати даъвати омӯзгорон ба хизмати ҳарбӣ ба таъхир гузошта шавад;

– ба рухсатии эҷодӣ бо нигоҳ доштани музди меҳнат бароянд;

– ҳангоми беморӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доруворӣ ва табобати ройгон таъмин гарданд;

– аз хизматрасонии коммуналӣ ройгон ё имтиёзнок истифода баранд;

– барои дастовардҳо дар фаъолияти омӯзгорӣ ва тарбияи насли наврас бо мукофотҳои соҳавӣ, давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ сарфароз гардонида шаванд;

– барои меҳнати шоиста ва дастовардҳои педагогию илмӣ ба ҳавасмандии моддӣ ва маънавӣ сарфароз гардонида шаванд;

– омӯзгороне, ки бори аввал аз фонди давлатӣ бо манзили истиқоматӣ таъмин карда мешаванд ё ба беҳтар намудани шароити манзилиашон эхтиёҷ доранд, бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати аввал бо хонаи истиқоматӣ ё қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ таъмин карда мешаванд;

– ба омӯзгорони муассисаҳои таьлимӣ, ки бори аввал хонаи истиқоматӣ месозанд, тибқи қонунгузорӣ аз ҳисоби маблағи ғайрибуҷетӣ ё ташкилотҳои қарздиҳанда қарзҳои бефоиз ё имтиёзноки барои омӯзгор қобили қабул муқаррар карда мешаванд;

– барои омӯзгороне, ки дар хонаҳои истиқоматии фонди манзили давлатию ҷамъиятӣ зиндагӣ мекунанд, дар сурати доштани собиқаи кории омӯзгории на камтар аз 15 сол манзили истиқоматиашон ройгон хусусӣ карда мешавад;

– бо пешниҳоди хулосаи тиббӣ роҳхатҳои ройгону имтиёзноки муассисаҳои табобатию истироҳатӣ, инчунин сайёҳиро бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода кунанд;

– омӯзгорони ҷавон дорои имтиёзҳои иловагӣ мебошанд, ки онҳоро тибқи қонунгузорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;

– бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқи истифодаи рухсатии дарозкардашудаи пардохтшаванда истифода намоянд;

– омӯзгороне, ки собиқаи кории бефосилаи на камтар аз 25 сол доранд, бо хоҳиши худашон метавонанд ба нафақа бароянд ва дар асоси шартнома дар муассисаи таълимӣ ё дигар соҳа кор кунанд;

– омӯзгороне, ки бемории музмин доранд, баъди на камтар аз ҳар 10 соли кори муттасили омӯзгорӣ ба рухсатии дарозмуддати то яксолаи пардохтшаванда ҳуқуқ доранд. Номгӯи беморӣ, тартиб ва шарти пардохти музди рухсатии дарозмуддат аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд;

– барои омӯзгорони ҷавоне, ки дар деҳот фаъолият менамоянд, барои 3 сол иловапулӣ ба маош муқаррар карда мешавад, ки андоза ва тартиби пардохти онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;

– барои омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф, ки дар муассисаҳои таълимии низомаш махсус фаъолият менамоянд, иловапулӣ ба маош муқаррар карда мешавад, ки андоза ва тартиби пардохти онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ аз имтиёзҳое, ки барои омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимии давлатӣ пешбинӣ шудаанд, ҳуқуқи баробар истифода бурданро доранд.

Моддаи 54. Таъминоти моддии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф

-Ба омӯзгорон барои роҳбарии синф, санҷиши корҳои хаттӣ ва лабораторӣ, мудирии кабинетҳои фаннию методӣ ва дигар корҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иловапулӣ муқаррар карда мешавад.

-Ба музди меҳнати омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф, ки дар ноҳияву маҳалҳои шароити табиию иқлимӣ ва маишиашон номусоид кор мекунанд, коэффитсиентҳо ва иловапулӣ муқаррар карда мешаванд.

-Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгорони дар деҳот зиндагикунандаро бо қитъаҳои замин ва дигар молу мулк таъмин менамоянд.

Пурсиш ва натиҷаи он

Имтиёзҳои мазкурро мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намуда, бо чунин саволҳо ба омӯзгорон муроҷиат кардем: «Омӯзгорони муҳтарам! Кадоме аз Шумо аз ин имтиёзҳо истифода кардаед? Ҳадди ақал медонед, ки Шумо ба чиҳо имтиёз доред? Кадоме аз ин имтиёзҳо дар амал татбиқ мешаванд ва кадоме не?».

Аксари онҳое, ки ба саволҳо посух гуфтанд, мавҷудияти ин ҳама имтиёзҳоро дар зиндагии воқеӣ рад карданд. Яъне дар амал татбиқашро надидаанд. Аз ҷумла Муртазоалӣ Муродов дар посухи худ, иброз дошт, ки – «Басо таассуфангез аст, ки ин ҳама нуқтаҳои Қонун амал намекунанд. Иловапулӣ, қарзи имтиёзнок ва қитъаи замин фақат ба он омӯзгороне дахл дорад, ки бо роҳхат ба муассиса меоянд ва он ҳам на дар ҳама ноҳияҳо. Дар мақомотҳои маҳаллӣ Қонуни маорифро дар амал татбиқ намекунанд. Имрӯз соҳаи маориф ба бознигарии кулл ниёз дорад. Зеро на мактаб ва на муаллим назди ҷомеа, шогирдон ва волидон қадре надоранд. Мавқеи омӯзгор чун зиёии деҳот тамоман аз байн рафта, механизмҳои мавҷудаи маъмуриву назоратии соҳа фалаҷ ва шалақ гаштааст. Ҷорӣ кардани чанд имтиёз ба дард даво нест. Замони илму техника аст, мошинаи соҳаро мебояд тахмири ҷиддӣ кард».

Тиллои Некқадам бошад, менависад, ки «Агар ин ғамхорӣ дар ҳаққи омӯзгорон иҷро шавад мактабҳо бо муаллимон таъмин мешаванд. Афсӯс ки ин ҳама дар рӯи коғаз мондааст».

Омӯзгор Меҳрӣ Сафарова сабаби татбиқ нашудани имтиёзҳои дар қонун овардашударо аз бетаваҷҷӯҳии Вазорати маориф ва Иттифоқҳои касаба дониста, пешниҳод мекунад, ки барои табиқи он бояд Вазорати маориф ва илм ва Иттифоқҳои касаба даст ба кор шаванд».

Чанд нафар омӯзгорони дигар, аз ҷумла Шаҳлои Содиқзода (аз ноҳияи Рӯдакӣ) шикоят мекунад, ки банди қонун оид ба татбиқи замини наздиҳавлигӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ умуман амал намекунад. Ӯ менависад, «Аз соли 2014 то имрӯз зиёда аз 20 маротиба ҳамчун омӯзгор оид ба таъмин намудани қитъаи замин ба мақомоти иҷроияи ноҳияи Рӯдакӣ ариза пешниҳод намудаам (ман омӯзгори ҷавон, соҳиби ду фарзандам, якеаш МАЪЮБ, дар иҷора зиндагӣ мекунам). То ҳозир аз замин хабаре нест».

Омӯзгор Алӣ Ортиқов ба саволҳои гузошташуда оида ба имтиёзҳо бо ханда чунин посух дод: «Имтиёзҳои имрӯзаи омӯзгорон: рӯбучини кӯчаҳо, картошкакорӣ, пур кардани маҷлисгоҳҳо, ҷалб кардани ҷавонон ба сафи хизмати ҳарбӣ ва обуна мебошад».

Мавҷудияти имтиёзҳо оид ба муоинаи тиббӣ ва табобати ройгон, инчунин таъмини дорувориҳои ройгонро низ ҳама ҳамсуҳбатони мо рад карданд ва маълум шуд, ки ин банди қонун умуман иҷро намешавад. Дар масъалаи таъмини манзили заст, низ бояд гуфт, ки имтиёзи муаллим фақат дар қонун ҳаст, дар амал бошад дида намешавад. Инро омӯзгор Зиёдулло Хуррамов тасдиқ карда гуфт: «Дар масъалаи таъмин намудан бо манзили истиқоматӣ беҳтараш напурсед».

Латофат Кенҷева, Пӯлодҷон Собирӣ, Шариф Шарифов бар он андешаанд, ки «Агар ақаллан як қисми ҳамин имтиёзҳо ба омӯзгорон дода шаванд, шояд пеши роҳи тарки кор намудани омӯзгорон гирифта шавад, вагарна баъди 5-6 соли оянда соҳаи маорифи кишвар ба бӯҳрони кадрӣ дучор мешавад».

 Имтиёзҳо ба омӯзгорон дар Ӯзбекистон ва Қирғизистон

Соли 2021 фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи барномаи рушди миллии маориф барои солҳои 2022-2026» ба имзо расид.

Тибқи лоиҳаи қонун, то соли 2025 маоши миёнаи омӯзгорон то 1000 доллари ИМА баланд бардошта шуда, ба кормандону омӯзгорони системаи маориф имтиёзҳои зерин дода мешавад:

  1. Барои рохбарон ва муаллимони мактабхои маълумоти умумӣ карточкаи нақлиётии «Муаллим» бо 50% тахфиф дар истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ дода мешавад.
  2. Ба омӯзгорон дар асоси рӯйхати Вазорати маорифи халқ ба мӯҳлати 20 сол қарзи ипотекии имтиёзноки на бештар аз 3% барои харидории манзил дода мешавад.
  3. Омӯзгорон дар хариди мошинҳои истеҳсоли маҳаллӣ шартҳои имтиёзнок мегиранд.
  4. Ба омӯзгорон ва дигар кормандон аз андози замину амвол ва хизматрасонии коммуналӣ 50 фоиз тахфиф дода мешавад.

Лоиҳаи мазкур Инчунин ба муаллимони деҳот додани замини наздиҳавлигӣ, иловапулии ҳармоҳа ба маош ва қарзи имтиёзнок барои бунёди манзилро пешбинӣ мекунад.

Қонун «Дар бораи мақоми омӯзгор» дар Ҷумҳурии Қирғизистон барои омӯзгорон як қатор имтиёзҳо, аз ҷумла кафолати ҷудо кардани замин барои омӯзгорони бе манзил, муоинаи тиббии ройгони ҳар як омӯзгор, додани қарзи бефоиз барои сохтмони манзил, пардохти иловагӣ аз буҷети маҳаллиро пешбинӣ кардааст. Инчунин ҳар моҳ ба муаллимон 200 сум ба сифати кӯмак барои пардохти пули барқ дода мешавад.

Дар Қирғизистон инчунин ҳар як омӯзгори мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ ҳаққи гирифтани як бастаи тиббии имтиёзнокро дорад. Доруҳо дар доираи Барномаи кафолати давлатӣ (КДБК) бо 50 фоизи нархи базавӣ бо тахфиф дар асоси ретсепт дода мешавад. Агар омӯзгор бо ташхиси нафастангии бронхиалӣ дар қайди пизишки оилавӣ қарор дошта бошад, ба ӯ ба таври илова ба дору то 90 фоиз тахфиф дода мешавад.

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии омори Узбекистон, маоши миёнаи омӯзгорон дар ин кишвар 2 миллиону 299 ҳазору 438 сӯм (208,09 доллар) аст, ки то соли 2025 бояд марҳила ба марҳила то 1000 доллар расонида шавад.

Фарқияти маоши омӯзгорон

(Дар Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон)

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии омори Узбекистон, маоши миёнаи омӯзгорон дар ин кишвар 3,2 млн сум ($295) аст, ки то соли 2025 бояд марҳила ба марҳила то 1000 доллар расонида шавад. Музди маоши миёнаи омӯзгор дар Қирғизистон $166 долларро ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки дар ин кишвар ба омӯзгорон на вобаста ба категория, балки аз рӯи таҷрибаи кор ва сарбории корӣ маош дода мешавад.

Омӯзиш нишон дод, ки маоши аз ҳама камро дар Осиёи Миёна муаллимони Тоҷикистон мегиранд. Бино ба маълумоти Оҷонсии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон, маоши миёнаи омӯзгорон дар Тоҷикистон дар соли 2022 1215 сомониву 50 дирамро ташкил медиҳад, ки ин ҳам вобаста ба тахассус фарқ мекунад.

 Чӣ бояд кард?

Аз суҳбат бо аксари пурсидашудагон ба хулоса омадан мумкин аст, ки ҷалби муаллимони ҷавон ва соҳибихтисос ба мактаб маҳз бо сабаби кам будани маош ва татбиқ нашудани имтиёзҳо сол ба сол душвор шуда истодааст ва феълан яке аз мушкилоти асосии соҳаи маориф ба ҳисоб меравад.  Омӯзиш нишон дод, ки аксари пурсидашудагон (омӯзгорон) на танҳо аз имтиёзҳое, ки Қонун барояшон муайян кардааст баҳравар нестанд, балки аз мавҷудияти он хабар надоранд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар минтақаҳо ва ҳатто худи Вазорати маориф низ барои татбиқи имтиёзҳои ба омӯзгорон пешбинӣ шуда, кӯшише намекунанд. Бахусус, имтиёзҳои ба табобати ройгон фаро гирифтан, бо манзили зист таъмин намуданро омӯзгорон дар дар кулли ҳаёти худ намебинанд. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки алъон, асосан муаллимони калонсол ва бонуҳо дар мактабҳо фаъолият карда истодаанд. Яъне асосан онҳое, дар мактаб кор мекунанд, ки фарзанд, шавҳар ва дигар таъмиргари асосии оила дар муҳоҷират қарор дошта бошад. Муаллиме, ки бевосита дар мактаб кор кунад ва бо маоши муаллимӣ зиндагиашро пеш барад, дида намешавад. Зеро маоше, ки муаллим мегирад, на танҳо ба эҳтиёҷоти гуногуни ӯ, балқи ҳатто ба зиндагии рӯзмаррааш намерасад. Дар баробари ин муаллим ҳеҷ имтиёзе надорад, масалан донад, ки бо гузашти 10-15 сол ӯ соҳиби хона ва ё манзили худ мешавад. Дар кишвар ҳеҷ фонде вуҷуд надорад, ки муаллимонро бо манзил таъмин кунад. Муаллим танҳо вақе соҳиби хона мешавад, ки агар ӯ ба муҳоҷират равад, фарзанд ва ё шавҳари худро ба муҳоҷират фиристад.

Омӯзиши масъалаи мазкур водор намуд, ки барои ҷалби бештари омӯзгорони ҷавон ва соҳибкасб ва беҳтар шудани вазъи мактабу маориф якчанд пешниҳодҳои худро ироа кунем. Бовар дорем, ки дар сурати татбиқи пешниҳодҳои мазкур, мушкилоти таъмини мактаб бо муаллим, тамоман аз байн хоҳад рафт.

Пешниҳодҳо:

1.Нахуст бояд татбиқи ҳамаи имтёзҳоеро, ки қонун нисбати омӯзгор пешбинӣ намудааст, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра зери назорати худ гирад ва аз шӯъбаҳои маориф ҳамеша дар бораи татбиқи имтиёзҳои муқаррашуда нисбати муаллимони мушаххас пурсон шавад. Шӯъбаҳои маориф оид ба татбиқи имтиёзҳо ба мақомотҳои иҷроияи хокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо дархостҳои мушаххас ирсол намуда, натиҷаи онро ба қайд гиранд ва сабабҳои иҷро нашудани Қонунро аз мақомоти дахлдор пурсон шаванд.

  1. Иттифоқҳои касабаро зарур аст, ки татбиқи ҳамаи имтиёзҳои нисбати омӯзгорон муқарраршударо назорат кунанд ва барои иҷро накардани он аз болои масъулин ба мақомоти дахлдор шикоят кунанд.
  2. Барои татбиқ накардани бандҳои қонун масъулин муҷозот ва аз вазифаҳояшон озод карда шаванд.
  3. Маоши муаллим баробар ба маоши омӯзгорони кишвари ҳамсоя карда шуда, марҳила ба марҳила то ба 10 000 сомонӣ расонида шавад.

5.Обунаи маҷбурӣ бардошта шавад. Зеро агарчӣ маллимонро ба 200-300 сомонӣ аз маоши ночизи онҳо обуна мекунанд, вале нашрияҳои обунашуда дастрас намешаванд.

  1. Муаллимон на танҳо ба табобати ройгон фаро гирифта намешаванд, балки ҳар сол ҳангоми гузаштан аз санҷиши тиббӣ 150-200 сомонӣ маблағ сарф мекунанд. Бинобар ин бояд муоинаи тиббии ҳарсолаи муаллимон ё куллан ройгон карда шавад ва ё бардошта шуда, ҳангоми беморӣ бо табобати имтиёзнок таъмин карда шавад.

7.Агар муаллим тамоми ҳаёт заҳмат кашад ҳам, ӯ бо манзили зист таъмин карда намешавад ва бо маош хона ҳам харида наметавонад. Бинобар ин дар тамоми ноҳияҳо бояд фондҳои махсуси манзил барои омӯзгорон таъсис дода шуда, муҳлати таъмини манзил барои омӯзгорон на бештар аз 10 сол муқаррар карда шавад. Муаллиме, ки ба мактаб кор меояд, бояд боварӣ ҳосил кунад, ки дар муҳлати на бештар аз 10 сол ӯ соҳиби манзили шахсии худ шуда метавонад.

8.Барои муаллимон дар бонкҳои давлатӣ қарзҳои эпотекии дарозмуҳлат бо фоизи паст ҷудо карда шавад, ки онҳо тавонанд бо ин роҳ ақаллан соҳиби манзил шаванд.

9.Дар Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳо, ки дар онҳо нақлиёти ҷамъиятӣ истифода мешавад, истифода аз хидматрасониҳои нақлиёти ҷамъиятӣ барои омузгорон ройгон карда шавад.

Ин буд чанд пешниҳод аз натиҷаи суҳбат бо омӯзгорон ва мушоҳидаҳо аз муассисаҳои миёнаи таълимӣ. Идораи ҳафтаномаи «Фараж» маводи мазкурро чоп намуда, омода аст, пешниҳоду дархостҳои омӯзгоронро оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҳавасмандагардонии омӯзгорони ҷавон барои ҷалб ба мактаб, имтиёзҳо ва сатҳи маоши омӯзгор дар шумораҳои ояндаи худ чоп намояд.

 Холиқназар Ҷумъазода,

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь