Дар робита бо пандемии COVID-19 тӯли ду соли охир шумораи муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ дар Русия коҳиш ёфт ва талабот ба ҷойҳои корӣ зиёд гардида, фармоишгаронро водор кардааст, ки маоши онҳоро баланд бардоранд.

Бино ба иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2021-ум 160 ҳазор муҳоҷири тоҷик ба Русия сафар кардаанд, ки ин нишондод нисбат ба солҳои пеш аз пандемия коҳиш ёфтааст. Дар соли 2020 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 129 ҳазору 607 нафар шаҳрвандони тоҷик ба хориҷи кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намудаанд, ки нисбат ба соли пеш 170 ҳазору 477 нафар ё ин ки 76 фоиз кам арзёбӣ мешавад.

Вазъи муҳоҷирон дар Тоҷикистону Русия

Ин ҳолат ба муҳоҷирони корӣ, ки дар Русияву Тоҷикистон қарор доштанд, чӣ таъсир гузошт? Вазъи муҳоҷирон дар Русияву Тоҷикистон чӣ гуна буду ҳоло чӣ гуна аст?

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мисли дигар давлатҳои ҷаҳон мавҷи аввали пандемияро душвор паси сар намуд ва он нафароне, ки зиндагиашонро аз ҳисоби муҳоҷират пеш мебурданд, ба мушкилиҳои зиёд мувоҷеҳ гардиданд. Вале айни замон ҳолат тағйир ёфтааст ва чӣ гунае, ки худи муҳоҷирон мегӯянд, даврони сахттарини пандемияро аллакай паси сар кардаанд.

Баҳриддин – як ҷавони тоҷик, ки то ҳол имконияти ба Русия рафтанро пайдо накардааст, мегӯяд, хурӯҷи аввали бемории коронавирус дар кишвар барояш хеле мушкил паси сар шуд, чун аз кишвар берун баромада наметавонист. Вале ба гуфтаи ӯ, ҳоло вазъият аз қабл дида хубтар ба назар мерасад.

“Дар Тоҷикистон махсусан дар даврони пандемия ёфтани ҷойи кор бисёр душвор шуда буд, ки махсусан ман чунинашро надида будам. Масалан, корҳои ҷисмонии зиёдеро анҷом медодам, вале дар як моҳ 500 сомонӣ ба даст меовардам, ки ин барои нигоҳ доштани оилаам басандагӣ намекард. Ҳоло бошад, вазъият хеле беҳтар шудааст ва метавон пули хуб ба даст овард”,- мегӯяд Баҳриддин.

Маҳмурод Алиев – як муҳоҷири дигар аз ноҳияи Файзобод, ки се моҳ боз дар Русия қарор дорад, мегӯяд, айни ҳол дар он ҷо ёфтани кор мушкиле надорад. Ин дар ҳолест, ки пеш аз пандемия ёфтани кор бисёр ҳам душвор буд: “Воқеан ҳам пеш аз пандемия ҳам ёфтани кор ва ҳам маблағи пулӣ тағйир ёфтааст. Масалан пеш аз пандемия агар дар Русия дар як моҳ то 25-30 ҳазор рубли русӣ маблағ ба даст меовардам, ҳоло бошад, то 70 ҳазор дар як моҳ меёбам. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳамон корҳоро иҷро мекунам”.

Каримҷон Ёров – ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия қайд намуд, ки воқеан ҳам соҳибони ширкатҳои сохтмонӣ бо сабаби норасоии қувваи корӣ маблағи кории муҳоҷиронро баланд бардоштанд ва қадри коргар баландтар аз қабл шудааст.

“То ҳол дар Русия кор барои муҳоҷирон зиёд ба назар мерасад, вале ширкатҳои калоне ҳастанд, ки дар соҳаи озуқаворӣ нархҳоро боз ҳам поён оварданд. Каме зиёдтар аз пули пешина. Лекин дар Русия нарху наво ҳам боло рафт. Ширкатҳои сохтмонӣ ҳақиқатан нархро маҷбур шуданд боло баранд, чунки коргар намерасад. Шумораи коргарон нисбат ба солҳои қаблӣ ҳудуди 30% кам шудааст”,- илова намуд Ёров.

Қаблан ин коршинос гуфта буд, ки солҳои қабл, бино ба ҳисобҳои ғайрирасмӣ, соле ҳудудан як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар ин кишвар дар ҷустуҷӯи кор буданд. Вале дар вазъияти коронавирусӣ ин шумора ба 700-800 ҳазор омада расид.

Русия маоши муҳоҷиронро чанд фоиз баланд кард?

Чӣ гунае хабаргузории РБК низ иттилоъ медиҳад, бино ба оморҳое, ки HeadHunter омода кардааст, то ба ҳол талабот ба муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ дар Русия вуҷуд дорад. Тибқи иттилои ин хабаргузорӣ, дар нимаи аввали соли 2021 шумораи довталабон аз Осиёи Марказӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта бетағйир боқӣ мондааст, аммо шумораи ҷойҳои кории холӣ вобаста ба касбият афзоиш ёфтааст. Дар натиҷа, рақобат барои як ҷой дар байни шахсоне, ки дар истеҳсолот, сохтмон, нақлиёт ва ғайра кор мекунанд, аз ду то панҷ соли пеш то як ё ду нафар коҳиш ёфтааст.

Ҳамзамон, гуфта мешавад, ки дар ин давра дар Русия танҳо шумораи корҷӯён аз Қазоқистон ва Белорус афзоиш ёфтааст.

Тавре Наталя Данина – директори шуъбаи ҳалли таҳлилии тиҷорат дар HeadHunter шарҳ додааст, дар аксари ҳолатҳо корҷӯён аз ин кишварҳо касбҳоеро интихоб мекунанд, ки то тавонанд тариқи фосилавӣ корашонро анҷом диҳанд.

“Мавҷи аввали пандемия боиси коҳиши муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ гардид. Бештари онҳо ба ватан баргаштанд ва тавре динамикаи дархостҳоро мебинем, тамоюли баръакс ҳатто дар тобистони 2021 нишон дода нашудааст. Афзоиши 2% -и шумораи корҷӯён аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки коҳиш ёфтани ҳузури муҳоҷирон дар соли пешин базӯр ҷуброн шуд”,- гуфтааст Данина.

Ба гуфтаи директори идоракунандаи Avito Rabota Артём Кумпел дар ду соли охир шумораи ҷойҳои кории холӣ дар соҳаҳои нақлиёт ва логистика 136%, сохтмон – 104%, истеҳсолот – 127% афзоиш ёфтааст.

Мувофиқи иттилои HeadHunter, маоши дилхоҳ дар байни кормандони камихтисос ба ҳисоби миёна 15% афзоиш ёфтааст. Тавре роҳбари хадамоти матбуоти Superjob Наталя Илченко гуфтааст, рафтани муҳоҷирон боиси рақобат байни коргарон ва афзоиши музди меҳнат дар шаш моҳи соли 2021 (9,8%, дар давоми сол – 15,8% бе таваррум) гардидааст.

Шумораи ҷойҳои холии кор дар соҳаи сохтмон 210% афзудааст. Рақобат барои ҷойҳои холӣ бошад, қариб 2,7 маротиба кам шудааст.

Баҳри барқарорсозии ин ҳолат, корфармоён маоши кормандонро бо мақсади ҷалби онҳо баланд мебардоранд. Пешниҳодоти баланд кардани  маош боиси афзоиши нархҳои маҳсулот ва хизматрасониҳо шудааст.

Иқтисоди Тоҷикистону Русия чӣ зарар дид?

Коршиносон мегӯянд, Тоҷикистон яке аз он кишварҳое маҳсуб мешавад, ки иқтисодаш пойбанди пули муҳоҷирони корӣ аст ва дар ҳолати кам интиқол ёфтани маблағи муҳоҷирон, иқтисодиёти он зарари ҷиддӣ мебинад.

Абдурақиб Қодиров – иқтисоддони тоҷик мегӯяд, ки интиқоли ками маблағи муҳоҷирон ба Тоҷикистон қабл аз ҳама ба иқтисоди хонаводаҳо зарари ҷиддӣ расонид, чунки як қисми зиёди муҳоҷирон дар Тоҷикистон банд монданд ва иҷозаи вуруд ба Русияро надоштанд.

Дар шаш моҳи аввали соли 2020 маблағи интиқолдодаи муҳоҷирони корӣ коҳиш ёфтааст, ки онро мақомот ба пандемияи COVID-19 рабт доданд. Бино ба иттилои Бонки миллӣ, дар шаш моҳи аввали соли 2020 муҳоҷирон ба Тоҷикистон 195 миллион доллар камтар пул интиқол додаанд, ки нисбат ба соли гузашта 14,8% коҳиш ёфтааст.

Ӯ ҳамзамон иброз дошт, ки дар шаш моҳ муҳоҷирони корӣ ба кишвар 999 миллион доллар интиқол додаанд, ки 174 миллион доллар камтар аст.

Ҳолати буҳронӣ дар корхонаҳои Русия низ ба назар мерасад ва инро борҳо мақомоти ин кишвар эътироф карданд.

Чӣ гунае, ки директори идоракунандаи Avito Rabota Артём Кумпел ба РБК гуфтааст, вақтҳои охир дар бештари соҳаҳо кормандони ихтисосманд намерасанд. “Дар даврони пандемия аз ҳама бештар соҳаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ, сохтмон ва кишоварзӣ зарар диданд”,- гуфтааст ӯ.

Илова бар ин, ширкатҳои чаканафурӯшӣ, хӯрокхӯрӣ, хизматрасонии маишӣ, таксиҳо ва расонидани хидматрасонӣ низ аз нарасидани кадрҳо  хабар медиҳанд.

Ба гуфтаи Артём Кумпел, тайи ду соли охир корҷӯён ба ҷойҳои холии кор дар соҳаи сохтмон бештар муроҷиат мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, «дар иқтисоди Русия норасоии возеҳи қувваи кории беихтисос ба назар мерасад. Азбаски то ҳол ягон манбаи мукаммал барои барқарорсозии ин ҳолат вуҷуд надорад, мо интизори афзоиши кормандон дар бастҳои кӯтоҳ ҳастем. Ин ба мизоҷон имкон медиҳад, ки ҳаҷми зарурии вазифаҳоро бидуни пардохти музди меҳнат иҷро кунанд»,- гуфтааст Кумпел.

Раҳмон Улмасов – коршиноси тоҷик дар соҳаи муҳоҷират зикр мекунад, ки Русия набояд фаромӯш кунад, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ба иқтисодиёти ин кишвар саҳми андаке надоранд.

“Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз Русия аз муҳоҷирон вобастагӣ дорад, чунки иқтисоди худро бе саҳми муҳоҷирон наметавонад рушд диҳад ва ба муваффақиятҳои дилхоҳ дар ин самт ноил гардад”,- гуфт коршинос.

Фарзонаи УМАРАЛӢ

Ин матлаб дар доираи лоиҳаи АМВАОМТ – “Тақвият додани малакаи рӯзноманигорони ҷавон дар шароити пандемия дар Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон маблағгузорӣ шудааст, омода гардидааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь