Қатъи назар аз падид омадани теъдоди зиёди сарояндаҳо, копихонҳои гандаодати суруду таронаҳои халқӣ дар арсаи ҳунари касбӣ алҳол ҳам тарранумгареро ба пояи вай пайдо кардан сахт душвор аст. Имрӯз ҳунарпешаи мумтоз Чилахон Холов дар кулбори хеш ду барномаи консертии мукаммали фолклорию этнографӣ дорад, ки саҳнавӣ нагаштаанд. Чилахон сенарияи филмномаҳои мазкурро бо тамоми ҷузъиёташ дар лавҳаи хотир нақш бастааст.

Ҷумлагӣ ӯро мешиносанду ба ҳунараш қоиланд. Ин ситора дар самои ҳунари тоҷик  соли 1986 тулуъ намуд. Аз он рӯзи нахуст, 24-уми июн то кунун, вай дар саҳнаи касбии санъати тоҷик муттасил ва устуворона қадам мезанад. Ӯро ҳамчун сарояндаи таронаҳои мардумӣ, ҳунарпешаи халқӣ, ворис ва гулчини ашъори пурмуҳтавои шифоҳии халқ дар дохил ва хориҷи кишвар мешиносанд, зеро 36 сол боз дар саҳнаи ҳунар майдондорӣ мекунад. Шабзиндадориҳо, ҷустуҷӯҳо, гулчиниҳо дорад. Ӯ аз як ҷавони навхат ба мартабаи сарояндаи маҳбубу писандидаи мардум расид. Худ акнун гарчанде устод гаштаву нозукиҳои ин ҳунарро амиқан дарк менамояд ва ба санъаткорони ҷавони болаёқат ҳунар меомӯзад, аммо аз ин ҳама дастовардҳову натиҷаҳо қаноатманд нест ва пайваста дар ҷустуҷуву такопӯст. Кулбор ба пушт аз деҳ ба деҳ, аз ёна ба ёна хазинаи ғании эҷодиёти шифоҳии мардумро таҳу тор мезанад. Аз сафар ҳатман бо оҳанге, шеъраке бармегардад, хурраму масрур ва онро бо коркард, оҳанги дилнишин, такмил, қабои нав ба бар боз ба соҳибони аслиаш эҳдо менамояд.

Қадамҳои устувори ӯ дар роҳи ҳунари касбӣ бо таъсиси дастаи ҳунарии «Ганҷина», аз рӯзҳои нахустин оғоз гаштааст. Ҳадаф аз созмон додани ин даста эҳё ва тараннуми таронаҳои қадима, рақсу русуми бобоӣ, анъана ва урфу одати халқи тоҷик буд. Аввал барои пурра кардани ҳайати даста озмуни истеъдодҳо, эълон гардид. Чилахон низ аз аввалинҳо шуда қомат афрошт.

То ҳол муаммост, ки чаро Чилахони физик ба ангезаи таронасароӣ маҷрои зиндагиашро дигар кард. Чи зарурат дошт, ки қабл аз ба филармония ҳозир шудан факултаи физикаи Университети давлатии Тоҷикистонро хатм намояд. Хостем парда аз роз бародарем ва, аз ин рӯ, аз сарояндаи номвар ҷӯё шудем:

– Чилахон, чӣ қувваи ҷозибаноке ё ба қавли халқ: кӣ туро «бероҳа» кард?

Хандаи гуворое зада гуфт:

– Бо ҳукми тақдир, бо табдили маслак касе ва ё воқеае боис мегардад. Ман низ бандаи хокиам, эҳтироми дӯст, мардони бузургро пос медорам, насиҳату маслиҳаташонро ба дида мебардорам. Ана ҳамин хел маслиҳати бародарони ҳамватан хатти маши зиндагии маро ба куллӣ тағйир дод…

Нимаи дувуми моҳи июни соли 1986 дар маҳаллаи Қаротегини пойтахт, сари ёлае қарор доштам.

– Дар маҳаллаи Қаротегин?

– Он ҷо иҷоранишин будем (ройгон). Як ҳавлӣ поёнтар аз ҳавлии Мустафошон (директори вақти фабрикаи «Ширин») бо ӯ ва Лутфулло Давлатов (Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон) баҳскунон алаф медаравидем. Насими тозаву руҳи болида, суҳбати хуш бо бародарони ҳамватан маро то хиттаи Кангурт бурд. Фалак задам. Дӯстон дар ҳайрат монда қомат рост карданд.

Лутфулло:

– Қанд зан! – гуфт…

Мустафо:

– Садои марғуб зеби саҳнаи бузург аст, – акаҷон.

Лутфулло:

– Ба ростӣ, садои ғулғулафкан…

Мустафо:

– Дар шаҳр эълонеро хондам. Рӯзҳои наздик дар филармония дастаи фолклорие ташкил мешавад. Барои ҷалби истеъдодҳои ҷавон озмун эълон шудааст. Зеби ҳамон ансамблӣ…

Лутфулло:

– Акам рост мегӯяд…

Гардан нафуровардам.

– Охир, ман физикам, ҳофиз набошам…

– Истеъдод модарзодист, биё бахтатро бисанҷ, – хулоса кард Мустафо…

Аз дасти дӯстон ҷои гурез набуд. Лутфуллову Мустафо роҳбалад шуданд. Роҳ сӯи бинои филармония (ҳоло бинои ТВ «Сафина») ҳамагӣ ним соат кашид.

24-уми июни соли 1986. Чилахон ба самъи доварон «Фалаки даштӣ» ва таронаи «Қаде дорӣ» (бо сабки бобои Инояти Кангуртӣ – У. Ш.)-ро пешниҳод намуд. Ӯ суруди фалакро аз толор хонда – хонда ба саҳна баромад. Ҳар ду таронаро бе мусиқӣ адо кард. Доварон – устодони ҳунару санъат ва илми тоҷик – Зафар Нозим, Алиризо Раҳмонқулов, Раҷаб Амонов, Ҷӯрабек Муродов, Гавҳар Мирҷумъаева, Низом Нурҷонов ва дигарон ӯро бо як овоз ҷонибдор шуданд. Садои баланд, лаҳни ширину самимиаш мақбули ҳакамон уфтод, ва ӯ аз ҳамон рӯз узви комилҳуқуқи «Ганҷина» гардид.

Ҳамин минвол, рӯзҳо сипарӣ мешуданду ӯ роҳи пурпечутоби ҳунарро муваффақона мепаймуд. Шиносоии наздики овозхон бо ҳаводорони созу наво тавассути суруди халқии «Қошуқтарош» ба вуқуъ пайваст. Ӯ бо ин суруди дилнавозу ёдмонаш ба дили хурду бузурги кишвар маскан гузид…

Он замон ҳар куҷое, ки бошад, мухлисонаш бесаброна мепурсиданд: «Ай шуқи шуқ омад?» ё «Шуқи шуқ омада ё не?»…

Чилахон зодаи диёри мардони ҳунархез, сарояндагону мутрибони номдори кишвар – Кангурти бостонист ва ӯ нахуст аз мактаби мусиқори ҳунарварони ин сарзамини зебоманзар баҳра бурдааст. Кангурт аз аҳди қадим маскани ромишгарон, сарояндагон, гӯрғулисароён, қиссахонон, хуллас замини аҳли ҳунар буду то кунун боқист ва хушоянд аст, ки риштаи ин сиришта нагусастааст.

Тӯли асрҳо мардуми Кангурт бо ҳунарварони  овозадори хеш: Карими Шиш, Гули Палабарг, Мурчаи Набибой, Гули Хаспала, Сайҳом, Искандаршоҳи Кангуртӣ меболиданд.

Хушбахтона, касбу услуби устодони санъат хор нагашт ва дар асри бист ба футур нарафт. Ҳунармандони вижа – фарзандони соҳибҳунари он, оҳангсозон, санъаткорони номвари диёр Соҳиби Увал, Бобои Иноят, Фаттоҳ Одина, Миратулло Атоев, Убайдулло Раҷаб, Саидқул Билолов онро ба арш бардоштанд…

Инак, дар нимаи асри XX ва оғози садаи навин ин ҳалқаро Чилахон Холов, Ҳабибуллои Бегмуҳаммад, Лутфулло Давлатов, Азизулло Шарифов, Маҳмадсаид Пиров (Шоҳиён), Маҳмадсаид Тураев, Маҳмадалӣ Увалов, Шодмон Одинаев, Раҷабалӣ Увалов ва дигарон пайвастанд…

***

– Як савол…

– Ҳар чи аз дӯст хуш ояд, бе истиҳола гӯед…

– Нисбат ба дигар ҳамкурсон донишгоҳро дертар хатм намудед. Сабаб дар чӣ буд?

– Аз он овон иддае бар он назаранд, ки ба бахши физика афроди тасодуфӣ ҳуҷҷат месупорад. Ин ақида асос надорад. Тӯли ду даҳсола гирди номи инҷониб низ, гапу калочаҳо зиёд аст. Албатта, зиндагии ҳар як фарди номдор боиси қиссабофиҳои халқи одӣ, ҳарифон, «дӯстон» мегарданд. Дар замони муосир қисме барои аз забони халқ наафтидан худашон латифаву қиссаҳо мебофанд. Ба ақидаи онҳо аз даҳани халқ афтидан гӯё барояшон мусибат бошад…

Меоем сари мақсад. Чаро «физика»? Ин ҷо ягон муаммои сарбаста нест. Муҳаббати ин фанро дар қалби кӯчаки ман ҳанӯз дар зодгоҳ, устоди нахустинам аз деҳаи Чавроғ, Гургалӣ Мусулмонов афрӯхта буд. Баъдтар дар синфҳои болоӣ, ҳангоми таҳсил дар мактаби миёнаи № 6-и Кангурт, муаллими физика Маннон Шодиев шуълаи умедамро нисбат ба ин фан фурӯзонтар гардонд…

Аммо ин он маъноро надорад, ки Чилахон нисбати дигар фанҳо бетафовут буд. Ман борҳо дар олимпиадаҳои забон ва адабиёти тоҷик, физика дар шаҳрҳои Кӯлоб, Хуҷанд ва Исфара қувва озмудаам. Ба қавле, талабаи аълохон будам. Аз синфи ҳафтумиам, шуруъ аз соли 1972, дар ин озмунҳо иштирок доштам. Дар олимпиадаи физикҳо дар шаҳри Исфара соҳиби медали биринҷӣ, як сол баъд дар шаҳри Хуҷанд ба роҳхати олимпиадаи физикҳо ба Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин сазовор гаштам…

– Пас чаро дар хатми Донишгоҳ таъхир шуд?

– Чуноне зикр рафт, дар пешравӣ ва ё тағйири маслак касе ва ё воқеае боис мегардад. Ин маротиб низ чунин шуд. Дар Университет донишманди зӯре, аммо… ба мо дарс мегуфт. Ба муаллим ситораам мақбул наафтод. Одати аҷиб ё ба гуфтаи мардум «беморӣ» – е ӯро ёр буд. Ӯ маҳз донишҷӯёни густохи кӯҳистонро «дӯст» медошт ва аз ин рафтори хеш то ҷое лаззат ҳам мебурд. Ҷавони хунгарм, ки будам, ба ин ё он санге пешпо мехӯрдам. Сабаби дигаре ҳам зам гашт. Рӯзе дар хобгоҳ аз пушти тоҷикдухтаре аҷнабиеро кӯфтам…

Бемуҳобо, ман донишҷӯи фаъол ва сипаҳсолори донишҷӯён будам. Ошноҳои зиёде он овон миёнҷӣ шуданд, аммо устоди бузургвор по аз рикоби ҷаҳли хеш наканд. Ҳамин хел Донишгоҳро дер хатм намудам…

Дар бадали 36 соли фаъолият дар саҳнаи ҳунари касбӣ Чилахон чун санъаткори варзида ва нотакрор ба воя расид. Вай ҳамеша дар такопӯ буда, баҳри ғанӣ гардондани барномаи ҳунарии хеш заҳмат мекашад. Дар интихоби таронаҳои халқӣ завқи беандоза дорад. Ҳар боре ки озими Кангурт мешавад дар кулбораш шеър, суруд, тарона ва ё мақоме бармегардад.

Маҳз бо кӯшишу заҳмати Чилахон Холов дар бадали сӣ соли охир таронаҳои халқии «Қошуқтарош», «Магаме», «Қаде дорӣ», «Дилу дил», «Хамида мӯи сиёҳ», «Каҷкулоҳ», «Бозубанд», «Баҳор омад ширинҷон», «Кадудона» аз нав эҳё шуданд…

Дар зарфи ин солҳо пастиву баландиҳои зиёдеро пушти сар кард. Буданд ашхосе, ки озурда месохтандаш. Аз рӯи кин ва ё ғарази шахсӣ буд ва ё хайр мешунид, ки «сари кори дигар гирад», «аз ту ҳофиз намебарояд». Ҳайати аввалаи даста шонздаҳ тан буданду ӯ танҳо. Се дафъа ӯро гирд карда «маслиҳат» доданд. Чунин рафтори ноҷавонмардона ба рӯзгори санъаткор бетаъсир намонд. Се маротиб бо хотири ошуфта назди устод Убайдулло Раҷабов дил холӣ кард. Ака гуфт: «Чилахон, тоқат кун…». Ӯ тоқат кард ва аз шоҳроҳи санъат реб нарафт ва имрӯз аз карда пушаймон нест.

***

Соли 1993. Кохи Борбад пур аз ҳаводорони рақсу суруд мухлисони Чилахон дилкашолу фараҳманд баъди ғуссаҳо шаҳди интизорӣ мечашиданд. Ҳама ба қавле, чашм ба роҳ суруди хушу оҳанги хуши ӯ буданд. Консерти нахустини Чилахон Холов, барномаи мукаммали эҷодӣ баъд аз ҳафт соли бурдубориву музаффарияту ҷустуҷӯҳо ба вуқуъ пайваст. Консерти ҳисоботӣ назди мухлисону ҳаводорон, муҳаққиқони санъат, устодони варзида ва масъулони сахтгир. Ин якумин консерте пас аз истиқлол ба мардум, баъд аз нобасомониҳо ба чунин тарзи мутантан пешкаш мегардид.

Консерт бо шӯр ҷараён гирифт. Ҳар як суруди Чилахон қалби ҳаводорони деринтизорро ба хуруш меовард. Дар зери навои ҳофизи дӯстдошта мухлисон мерақсиданду меболиданд. Тайи чанд лаҳза муғаннӣ сурудҳои халқии «Моро чӣ ғам, ки имрӯз маъшуқа ба ком аст», «Бо ту ширин аст ҳаёт», «Шаби борон», «Фалаки даштӣ», «Дӯстут дорум Моҳлиқо», «Мурғи дилбар…», «Оҳ дигар намегирям» бисёр ҷолибу дилкаш садо доданд. Кулли сароиш бо рақсҳои муштараки дастаи раққосони «Ганҷина» таровати зебо гирифт. Он рӯз ҳунарнамоии ӯро устодони ҳунаровари мамлакат баҳогузорӣ намуда, фотеҳааш доданд.

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Зафар НОЗИМ:

«Чилахон садои баланди марғуб дорад. Хеле самимӣ, аз таҳти дил мехонад. Доимо дар ҷустуҷӯ, кофтукови хазинаи пурғановати халқ аст. Басо қобилиятнок аст. Орзу дорем, ки тамоми ҳаёташ ба хушбахтиву амонӣ гузараду ҳунарманди маъруфе гардад…».

***

Артисти халқии СССР Ҷӯрабек МУРОД:

«Дар дунё назари Худо ва халқ бузург аст. Агар ҳунарманд назари ин дуро соҳиб шавад, боқӣ чизе лозим нест. Бигузор ба Чилахон ин назар афтад…».

***

Нависанда ва драматург Ато ҲАМДАМ:

«Дар самои ҳунари тоҷик ситорае дурахшид, ки он ситораи Чилахон аст…».

***

Ҳофизи халқии Тоҷикистон Одина ҲОШИМ:

«Ҳар гоҳе ки «Ганҷина» бо иштироки Зафар Нозиму Муродбек Насриддин ҳунар менамоянд, гӯшу ҳуш мешавам, аммо ҳунарнамоии Чилахон рангу бӯ, таровати дигар дорад. Ман хушбахтам, ки аз ту бӯи Одина Ҳошим меояд…

Умри дарози бобаракат насибат бод!».

***

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Убайдулло РАҶАБ:

«Чилахон аз зумраи ҳунарварони хоссаест, ки дарк мекунад, мешунавад ва мебинад…

Роҳат сафед бод Чилахон!».

***

Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон Раҳмондӯст ҚУРБОНИЁН:

«Чилахон овози хеле табиӣ дорад ва ба гумонам асоси комёбиҳош дар ҳамин аст. Дигар ин ки ҷӯянда аст ва дар интихоби таронаҳои мардумӣ завқи хосса дорад…».

***

Танҳо дар як консерт аз чунин миқдор устодон таҳсину дуову дуруд гирифтан кори на саҳл аст.

***

Рӯзе оҳангсози маъруфе, масъули бахши санъати Кумитаи телевизион ва радиои кишвар бо зардаву истеҳзо гуфт: «Чилахон, ту бояд ягон оҳанги маро саҳнавӣ гардонӣ». Боз чанд сухани дигар сарборӣ монд…

Чилахон ғазабашро фурӯ нишонда, оромона посух дод:

«Ман аз халқам намонам, оҳангсози ман пирони кӯҳистони тоҷиканд, то онҳо ҳастанд, ман ҳеҷ гоҳ бекор нахоҳам монд…».

Бале, ӯ ҳақ аст. Халқ худ офарандаи беназир аст. Истифодаи ганҷи шойгонаш ба ҳеҷ ваҷҳ тиҳӣ нахоҳад шуд. Барои ба умқи он ғӯтавар гаштан ғаввосӣ, кӯшишу ғайрат ва суботкорӣ мебояд.

***

Моҳи майи соли 2002. Чилахон Холовро дар даҳлези Нашриёти «Шарқи озод» вохӯрдам. Ташвиш дошт.

– Акаи Умар, 9-уми май дар Кохи Борбад консерт дорам, мисли соли гузашта, бо барномаи тоза.

Ҷӯё гаштам:

– Чаро маҳз 9-уми май консерт мегузаронед. Соли гузашта низ, маҳз ҳамин рӯзро пазируфта будед. Ин тасодуф аст ё…?

Гуфт:

– Бо салоҳдиди роҳбарияти филармония, раёсати фарҳанги ҳукумати шаҳри Душанбе ва Вазорати фарҳанг ин консерт барпо мегардад ва боз афзуд:

– Иди Ғалаба барои ман, рӯзи ёдмон ва таърихист. Падарам Маҳмадсаид Холов иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 буданд. Аз рӯи нақли амакам, дар арафаи Иди Ғалаба бар фашизм, соли 1945, ба хонадони мо аз фронт хати сиёҳ омад. Ҳамин хел оши сари соли падарамро медиҳанд. Рӯзи 9-уми майи соли 1946 қиблагоҳ сиҳату саломат ба деҳаи Чавроғи ноҳияи Кангурт бармегардад. Шукрона, падар чанд соли дигар умр дида, дар 59 – солагӣ фавтиданд.

***

Деҳаи Шамтучи ноҳияи Айнӣ. Хурсандӣ бо шӯру валвала ҷараён дошт. Маъракаоро Чилахон буду бо завқ месуруд. То як поси шаб дӯстону наздикон, ҳамдеҳагон, аҳли ақрабои тӯйдор хурсандӣ, рақсу бозӣ доштанд. Посе аз шаб бо навои суруди маъмулии замон «Шаб ба хайр» мардум дили нохоҳам маъракаҷоро оҳиста – оҳиста тарк менамуданд…

Байни ҳавлӣ кампираки нуронии ба тахмин ҳафтодсола, ба асочае такя партофта, беҳаракат сӯи ҳофизи давра менигарист. Фурсате пас кампир назди Чилахон омад.

– Писарам, аҷаб маъракаи хуш оростӣ, аммо суруди дӯстдоштаи маро нахондӣ, ки дилам тар шавад…

– Кадом суруд, очаҷон?

– «Кадудона…»…

Ба мутрибон имо кард, то омода шаванд. Чилахон баҳри мухлиси содиқи хеш суруди дӯстдоштаи ӯ: «Каду дона надорад»-ро сароид. Кампирак бо интиҳои суруд оҳи сабуке аз умқи дил бароварду ба ҳунарманд дуои нек дода, роҳ сӯи манзилаш гирифт.

Хоҳиши мухлис бо сарбаландӣ ба сомон расид. Вай ба хубӣ дарк намуд, ки дар деҳаи дури кӯҳистони тоҷик низ, мухлиси ҳақиқии худро доштааст.

Ҳунарпешаи мардумӣ Чилахон Холов ин ҳикоятро бо байти шоири ширинкаломи тоҷик Нозирҷон Боҳирӣ хулоса кард:

Поси урфи миллати мо қарзи фарзандии мост,

Расму ойини ниёгон бӯйи модар мекунад.

***

9-уми майи соли 1999. Исфара. Дар мавзеи барҳавое дастаи «Ганҷина» бо роҳбарии Чилахон Холов ба шарафи Иди Ғалаба, ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 ва собиқадорони меҳнат консерт медоданд.

Ҳангоми фароғат ногоҳ ба гӯши Чилахон садои «писари ман канӣ?…» расид. Он сӯ дида дӯхт. Бонуи солхӯрдаи чигасбадасте сӯи онҳо қадам мезад. Гумон бурд, ки кампир набераашро дар идгоҳ гум кардааст. Аммо гумонаш ботил баромад.

– Чилахон, ман шуморо дар назар дорам, писарам…, – садо баланд кард моми бузург. Пири барнодилро ба овозхон муаррифӣ намуданд. Суфро-апа Боқиева, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ…

– Писарам, ман мухлиси содиқи шумоям. Ҳангоми сурудхониатон дар «оинаи нилгун», набераҳоямро бо асочаам хап медаронам, – афзуд кампир хушҳолона.

Аз ин суханони шахси обрӯманди баркамол дили гӯянда фараҳ гирифт…

***

Бо навозандаҳояш соати чори субҳ аз деҳаи Марзичи ноҳияи Айнӣ, аз хурсандии ҳамкори хеш – сарояндаи андалебо Муродбек Насриддинов бармегашт. Дар нимароҳ бензини автобус адо шуд. Бензинфурӯш, марди миёнаумри хушсимо, ӯро дидан замон хандон шуд ва лаб бар сухан кушуд: «Акои Чилахон, мураматон, ҳамон суруди «Шукрона» (матни Сафармуҳаммад Аюбӣ – У. Ш.)-ро хонед. Суруди дӯстдоштаи ман»…

Рад кардани хоҳиши мухлисро дар субҳи содиқ ба худ раво надид. Соати чору ними субҳ сарояндаи маҳбуб даст бари рӯ лапар карда, ба сурудан пардохт. Таблаку аккордеон ба садои хушнавози ҳофиз ҷӯр гашт. Дар фазои субҳи кӯҳистон «Шукрона» аҷаб хушу диданӣ танин андохт.

Муштарӣ чорзону рӯйи санге нишаста аз ҳофизии ҳунарпешаи дӯстдоштааш лаззат мебурд. Бо поён ёфтани суруд ӯ сабук аз ҷо ҷаста, ба Чилахон арзи сипос намуд. Бародарвор каш гирифт ва ба мусофирбар 60 литр шодиёна ройгон бензин рехт.

***

– Солҳост, ки чун ғаввос аз умқи дарёи эҷодиёти шифоҳии халқ гавҳар меҷӯед. Бори охир аз кадом бозёфте шодмон гаштед?

– Чанд сол пеш дар деҳаи Сангмелаи Ҳисори Шодмон маъракаоро будам. Дар рафти шодиву нишот, ҳини фориғ аз мӯйсафеди зарифе як суруди халқиро бо матлаи: «Э, бобои сангмелачӣ бинета боло кашӣ чӣ?…» шунидам ва ба дил пазируфтам. Дарҳол дар майна чарх занонда оҳангашро пайдо намудам. Ба қавле бандубасташ зуд дар хотирам нақш баст. Тарзи сароиши ин тарона аҷиб аст. Насиб бошад, онро нияти саҳнавӣ кардан дорам (ин тарона алҳол сабт нагашта – У.Ш.).

– Имрӯз бори ин масъулият, эҳё ва тараннуми сурудҳои халқии аз ёдҳо зудуда бар дӯши ман аст ва чунин меҳисобам, ки он ганҷинаро ҳарчи тезтар мебояд ҷуст, зеро фардо дер хоҳад шуд. Ҳақ бар Шайх Саъдии бузург, ки фармуда:

Парешон кун имрӯз ганҷина ӯст,

Ки фардо калидаш на дар дасти туст.

Ҳунарпешаи халқӣ ёздаҳ сол роҳбарии яке аз ансамблҳои бузурги кишвар, дастаи фолклорию этнографии «Ганҷина»-ро бар дӯш дошт. Тайи ин муддат ансамбл дар сартосари ҷумҳурӣ ва хориҷ аз он шуҳратёр гашт. Чилахон ҳампо бо дастаи ҳунарии «Ганҷина» сабзида, ба камол расид, номвар гашт, маҳбуби мардум шуд.

Хидмати шоёни Чилахон Холов соли 1994 бо унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон қадр гардид. Ӯ акнун дар баробари сурудҳои халқӣ, бар матни шуарои ниёкони тоҷику форс ва шоирони муосир оҳанг мебандад ва онро бо услуби хеш пешкаши ҳаводорон мегардонад.

Таронаҳои нахустинаш, ки аксар худ оҳанг бастааст: «Саломат мекунам» (Ҷалолиддини Балхӣ), «Омад хазон» (Сайидо), «Тарки соғар» (Ҳофиз), «Сад умед» (Ҳилолӣ), «Чиҳо мешуд» (Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ), «Дару дарвоза кушо пушти дарат субҳ дамид» (С. Аюбӣ), «Модар» (Гулрухсор), «Ба мақсад мерасад, ҳар кӣ пайи мақсуд мегардад» (Саид Ғоиб), «Ёди Ватан» (Саид Ғоиб), «Бачагӣ» ва «Шаби борон» (Лоиқ), «Муборак бошад» ва «Рӯи ту» (Салими Хатлонӣ)…

***

Соли 1997 Ансамбли ҳунарии фолклориву этнографии «Ганҷина» ба Фаронса сафар дошт. Барои ҳунармандон сафар ба яке аз шаҳрҳои зеботарини олам – Париж басо хотирмон буд. Аммо қазияе, маҳз дар ин шаҳр рух дод, ки ба чандин маҳу сол аз даври забон зудуда нагашт.

Рӯзи дувуми сафар, посе аз шаб меъдаи Зафар Нозим ба фарёд омад. Ғизои мизбонон барои тоҷикони кӯҳистон, ба қавле алек намешуд. Зеро хӯроки шоми порисиҳо ба мисли ғизоҳои тоҷикӣ серкалория набуданд. Ба ёди забардаст шогирди чолоку хандондилаш расид. Ва ӯ бо меҳрубонӣ нидо дардод: – Ҷонша, Чилахон ягон хӯрданӣ биёр…

Овозхон ба ҳуҷрааш гузашта, лаҳзае ором нишаст, то лаҳзае сипарӣ шавад. Ӯ қабл аз сафар аз бозори «Шоҳмансур» 10 ҳамел қазӣ ва 50 дона буданаи бирён харида, бо худ гирифта буд. Чилахон як ҳамел қазиро реза карда, бо чор буданаи қайлашуда, дар ду лаълӣ бардошт. Ғизои ошноро дида, устод ҳайрон пурсид:

– О, бачаи отат ҳафта шава, инҳора аз куҷо овардӣ?

– Аз «бар» – и меҳмонхона, – гуфт бо ҷиддияти том шогирд, сир бой надода.

– Ранги қазиву кавгҳои худомон ворӣ. Э қандошона зананд франсузҳо…

Шаби дигар Муродбек Насриддин баҳри дарёфти ғизо, қазиву буданаҳои порисӣ раҳнамун гашт. Шогирд аз таҳхона то ошёнаи ниҳоии меҳмонхона сару бар шуд, аммо аз ғизоҳои фармоишӣ чизе наёфт ва дасти холӣ пас гашт.

– Нест, наёфтам, – китф дарҳам кашид ӯ.

Устод барошуфт:

– Чӣ хел наёфтӣ? О, дина ёфтанд, ку, гӯ Чилахон биёяд…

Дар во шуду хандондил падид омад. Устод домони шиква густурд ва дар фуровард дархост:

– Ҷонша гардам, худат рав, ба инҳо бовар нест…

– Ба ҷону дил, устод, – гуфта Чилахон берун шуд ва боэҳтиёт гом ниҳод. Оҳиста ба қафо нигарист, то бовар ҳосил намояд, ки касе ӯро намепояд. Аз яхдон як ҳамел қазӣ ва чор бедона гирифта, мисли дирӯза дар ду лаълӣ бардошт.

– Аз куҷо овардӣ? – ҳайрон пурсид Зафар Нозим.

– Аз ҷойи динангӣ, – гуфт бо қиёфаи ҷиддӣ вай.

– О Муродбек рафт, наёфтам гуфт…

– Устод ин ҳама 80 $ доллар қимат дорад.

– Масчоии мурдара дилуш ба пулуш нашидаст – гӯ…

Ҳамин асно Муродбек аз ванна баромад. Устод сӯи Муродбек бо нигоҳ теғ кашид.

Зафар Нозим бо завқ ғизоҳои «порисӣ»: бедонаву қазӣ ва кулчаҳои ширмоли лазизи тоҷикиро бо чойи кабуд фурӯ бурда, ангуштонашро боҳавсала лесид. Пас гиребон ғунча карда, ба Чилахон дуои «ғафс» дод…

Сафар пир шуд. Дар Душанбе асрори «қазӣ ва буданаҳои порисӣ» ошкор гашт. Зафар Нозим тафсили қиссаро шунида, ханда бар афлок зад. Ҳар бори ёдкарди ҳазлҳои бебоконаи шогирдаш эшон фараҳ мегирифт, кӯдаквор завқ мебурд.

Умари ШЕРХОН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь