Сухане чанд аз рӯзгори саропо ибратбахш ва шарафёри устоди зиндаёд, муаллими хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон, Аълочии маорифи Иттиҳоди Шӯравӣ Муқим Набиев.

Аё устод аз хотир фаромӯшат нахоҳам кард,

Чароғи дар дили шогирд, хомӯшат нахоҳам кард.

Номи пурифтихори ин хирадманди зиндаёди давру замонҳо нимаи аввали солҳои 30-и садаи гузашта дар саросари водии Қаротегини овозадори Шӯравии собиқ вирди забони ҳама аҳли дониш ва каломи хирадмандона будааст. Ӯ фаъолияти кории хешро аз тарбияти фарзандони аҳли заҳмати деҳдиҳи Шӯрои деҳоти Шингиличи ноҳияи собиқ Шулмак оғоз бахшида, донишу фазлу фаросат ва эътибори баландаш миёни аҳли дониш соли 1938 ӯро ба даргоҳи пурифтихори Институти муаллимтаёркунии шаҳри Тошканд ба номи М.Горкий овард. Ӯ дар қатори даҳҳо фарзандони номвари қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин даргоҳи пурифтихор бо дониши баланд ва ахлоқи намунавӣ ва садоқати баланди ватандорӣ миёни ҳамсабақон соҳиби арҷу эҳтироми зиёд гардид. Замони хатми донишкада ба оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ рост омада, ҷавони баркамоли бистсола бо матонату қаҳрамонӣ ва номварӣ ихтиёран бо ариза ба номи Сарфармондеҳи Олии Неруҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ Н.В.Сталин ба ҷабҳаи набардҳои хунин раҳсипор гардид. Ӯ, ки соҳибмаълумот буд, барои идомаи таҳсили низомӣ ба курсҳои махсуси қумандонҳои ҳарбии ҳавоӣ фиристода мешавад. Тақдир ва сарнавишти ӯро баъди хатми курсҳои хурди афсарӣ ҳамчун афсар ба полки шашуми овозадори ҳарбӣ ҳавоӣ меорад. Неруҳои фаврии зудамалӣ десантии полки шашуми ҳарбии ҳавоӣ, ки зери фармондеҳии бевоситаи Сарфармондеҳи Олии Неруҳои ҳарбии Иттиҳоди Шӯравӣ И.В.Сталин қарордошт дар шадидтарин муборизаҳо ширкат намуда, пайраҳаи қаҳрамонии онҳо аз шаҳрҳои Ногинек, Старий Рус, Сталинград, Полша, Чехославакия, Венгерия то Берлин идома ёфтааст. Лейтенанти хурд Муқим Набиев дар ин муҳорибаҳо борҳо ба марг дасту гиребон гардида, охири соли 1946 ба рутбаи капитани Артиши овозадори Шӯравӣ ба Тоҷикистони азизаш баргаштааст. Китоби нохондаи матонату қаҳрамониҳояш миёни ҳамяроқонаш хеле овозадор будааст. Вале бо таассуф метавон гуфт, ки корномаи ин қаҳрамони бо иллати сиёсатҳои барғалати бархе аз сардамдорони фармондеҳии Артиши Шӯравӣ пушти пардаҳои ғараз уфтода, ба таври бояду шояд қадрдонӣ нагардидаанд. Яке аз ҳамяроқони устод Гадоӣ Одинаеви Кӯлобӣ борҳо дар вохӯриҳояш бо мардум аз корнамоиву ҷасорату матонат ва ватанхоҳии устод Муқим Набиев қиссаҳои ҷолибе намуда буд.

Ногуфта намонад, ки дар яке аз набардҳои хунини Сталинград устод захмӣ гардида, зери борони хоку борути бомбаи фашистон гардида, хабари маргаш дар тамоми кишвар паҳн мегардад. Баъди як соли ин хабар ӯ сиҳату саломат ба Тоҷикистони азиз меояд. Ин воқеаи шодиафрӯз бар қалби садҳо хешу табор ва ёру дӯстон шодкомӣ оварда, эътибори ӯро миёни мардум даҳчанду садчанд менамояд. Аз соли 1946 то соли 1957 ба фаъолияти муаллимии худро идома бахшида, ҳамчун омӯзгор, директори мактаб, инспектори шуъбаи маорифи ноҳия, мудири кабинети таълимии омӯзгорӣ ва дар чандин мақомҳои роҳбари фаъолият намуда, садҳо шогирдонро тарбият намуда дар роҳи хидмат ба халқу Ватан сафарбарашон намудааст. Ҳамин тавр, дар баробари фаъолияти пурсамараш соли 1948 ба шуъбаи ғоибонаи донишкдаи педагогии шаҳри (Сталинободи собиқ) Душанбеи имрӯза дохил гардида, онро бо муваффақият ба итмом мерасонад. Муаллимони аввалини ноҳияи Рашт Хаёлови Бадахшонӣ, Ҳотами Аскалонӣ, Ҷонони Лоёбагӣ, Идӣ Раҳимӣ, Қалъаи сурхӣ, Бобӣ Одина, Шариф Азиз, ки ифтихори тамоми мардуми минтақа буданд, бо ифтихор ва самимият номи поки Муқим Набиевро ҳамеша ба забон оварда, ӯро ифтихори ҳама хирадмандон мегуфтанд.

Ҳамин дидадароӣ ва фазилати баланди инсонӣ ва донишу ифтихори зиёди ватандориаш буд, ки ҳанӯз соли 1950 бо унвонҳои пурифтихори Аълочии маорифи РСС Тоҷикистон ва соли 1955 муаллими хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон ва соли 1970 бошад, Аълочии маорифи Иттиҳоди Шӯравӣ гардида, дар чандин Анҷуманҳои бошукӯҳи муаллимони Иттиҳоди Шӯравӣ ширкат намудааст. Соли 1957 бо тавсияи Вазорати маорифи Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳраки Навободи собиқ ноҳияи Ғарм дар базаи мактаби миёнаи ба номи Каленин, мактаб-интернати ба номи В.И Ленин таъсис дода мешавад. Усод Муқим Набиев, ки роҳбарии он муассисаи таълимиро бар дӯш дошт директори ин мактаб-интернати нав таъин гардида, беш аз 20 сол роҳбарии ин мактаб-интернати овозадорро бар зимма дошт. Замони роҳбарии устод дар ин муассисаи таълимии овозадор садҳо шогирдон ин таълимгоҳи пурэътиборро бо дониши хубу аъло хатм намуда, соҳиби эътибори баланди илмиву раҳбари гардида, номбардори Тоҷикистони азизамон мебошанд.

Шогирдони пурэътибори ин даргоҳи маърифатхез Саломов Абдуҷаббор – номзади илмҳои физика, дотсент собиқ намояндаи ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти байналмилалии ҳастаӣ, Азизов Аъзам доктори илмҳои тиб проффессор мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, Саидмирзо Валиев – номзади илмҳои география, дотсент устоди Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе, Нуров Садриддин – номзади илмҳои филология, дотсент, устоди Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе, Ризоев Кишвар – номзади илмҳои иқтисод, дотсент, устоди Донишгоҳи милли Тоҷикистон ва даҳҳои дигарро метавон ном бурд, ки эътибори ин даргоҳи маърифатхез буда, ифтихори саросарии Тоҷикистони азиз мебошанд. Хеле ба маврид медонам, ки аз таъкидҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҳама вохӯриҳояш бо зиёиёни тоҷик аз қадршиносии муаллимон сухан мегӯяд, ёдоварӣ намоям. Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…», ки бо ибтикори Пешвои муаззами миллат рӯи кор омада, дар саросари кишвар дари маърифтаро ба рӯи мардум боз намудааст, имрӯз миёни мардум соҳиби ҷойгоҳи пурарзише гардидааст, ки садсолаҳо мардуми тоҷик чунин иқдомҳои маърифатпарваронаи роҳбарияти хешро надида буданд. Ин озмун таҳти назорати қатъии Пешвои муаззами миллат қарор дошта, бо пешниҳоди ӯ муаллимоне, ки шогирдонро ба ин озмунҳо омода намудаанд, дар баробари шогирдони ғолиб заҳмати онҳо низ қадрдони карда мешавад. Ин ҳавасмандгардонии устодон ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат буда, аз садоқат ва муҳаббати бепоёни ӯ нисбат ба мактабу маориф ва муаллим мужда бар олами ирфон медиҳад. Ин абёти саропо пур аз муҳаббат, ки васфи поки муаллим мебошад, ифодагари ҳама таъкидҳои Пешвои муаззами миллат нисбат ба муаллим буда метавонад.

Метавон гуфт, ки ин муассисаи таълимии овозадор дар тамоми водии Қаротегин дар замони побарҷоии Иттиҳоди Шӯравӣ хеле овозадор буда, ҳар сол наздики ҳаштод дарсади хатмкунандагонаш вориди донишкадаву донишгоҳҳои олии кишвар гардида, роҳбарияти ин муассисаи таълимӣ бо ифтихорномаву мукофотҳои зиёди Вазорати маориф ва роҳбарияти олии кишвар сазовор гардиданд. Фаъолияти муаллимӣ ва роҳбарии устоди зиндаёд Муқим Набиев миёни ҳамаи роҳбарони собиқ ноҳияи Ғарм он қадар баланд будааст, ки ҳама мақомоти роҳбарии ноҳия бо ифтихор номашро ба забон мегирифтанду ҳамеша аз машваратҳояш баҳра мебардоштанд. Яке аз роҳбарони овозадори собиқ ноҳияи Ғарм, котиби аввали ҲК-и вақт Усмон Ҳасанов дар як ёддошташ овардааст: «Дар ҳама мушкилиҳо аз ӯ маслиҳат мепурсидам. Ҳамеша машварату маслиҳатҳояш мададгорам мешуд. Ҳамин машварат ва маслиҳатҳои судмандаш буданд, ки тавонистам дар як муддати кӯтоҳ бо муваффақиятҳои калони истеҳсолӣ сазовор гардам. Шогирдони зиёди устод, ки шахсиятҳои хеле маъруф ва донишманду шинохтаи кишвар буданд, дар ҳама кор мададгори ман гардида, ёрии беминнаташонро аз ман дареғ намедоштанд. Ҳама вохӯриву мулоқотҳои меҳмонони олиқадр аҳли илму дониш, шоиру нависандагон ва намояндагони сохторҳои роҳбарии кишвар, ки ба минтақаи Қаротегин ворид мегардиданд, ҷамъбасти ҳама санҷишҳоро дар ноҳияи Ғарм хотима мебахшиданд. Устод Муқим Набиев дар ҳамаи ин чорабиниҳо гули сари сабади маҳфилҳо буданд».

Ин гуфтаҳои собиқ котиби аввали Ҳизби коммунисти вақти собиқ ноҳияи Ғарм шахсияти шинохтаи фарҳангиву сиёсӣ Усмон Ҳасанов асоси воқеӣ дошта, устоди зиндаёд Муқим Набиев дар солҳои вазнини бесарусомониҳои 1996 то солҳои 2000-ум аз сиёсати хирадмандонаи Президенти муҳтарами кишвар пуштибонии ҳамаҷониба намуда, дар роҳи истиқлоли сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми босазои хешро гузоштааст. Ин пири хирад соли 2002 дар аввалин вохӯрии Пешвои муаззами миллат дар ноҳияи Рашт аз иқдомҳои сулҳхоҳонаи ӯ пуштибонӣ намуда, мақдами Пешворо ба Раштонзамин раҳмати парвадигор ном бурда буд.

Хонадони покмаҳзари устод садҳо ҳазор меҳру муҳаббат ва садоқати ватандориро аз ӯ ба мерос гирифта, имрӯз дар хидмати халқу Ватан мебошанд. Чароғи афрӯхтаи маърифати инсониии устод ба торикистони қалбҳои ҳазорон шогирд шуълаи умед бахшида, ин шуълаҳо гулхани абадзиндаи ваҳдату якпорчагии саросари кишварро пуршуо хоҳанд намуд.

Ҷумъахони ТЕМУРЗОДА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь