Аксари волидайн дар Тоҷикистон вобаста ба қобилиятҳои фарзандашон барои таҳсили олӣ дар Русия ва ё кишварҳои дигари ИДМ онҳоро ба мактаб ё синфҳои таҳсил бо забони русӣ тарҷеҳ медиҳанд.

Бо наздик шудани соли нави хониш аксари волидайни хонандагони синфҳои якум дар ҷустуҷӯи мактабҳое ҳастанд, ки фарзандашон устуворона дониш омӯзанд. Бархе аз онҳо аллакай тасмим гирифтаанд ва муаллимонеро ҷалб мекунанд, то фарзандонашон ба мактабҳои бонуфуз дохил шаванд.

«Ба қадри имкон барои духтарам, ки имсол ба синфи якум меравад, омӯзгори забони русӣ гирифтам. Фикр карда истодаам, то ӯро ба мактаби русӣ дохил намоям, ки ваъда медиҳанд, 1 сентябр ифтитоҳ шавад” – мегӯяд Амир Қурбонов, сокини Душанбе.

Ӯ мегӯяд, мехоҳад духтараш ба муассисаи олии Русия дохил шавад ва дар оянда ба дастовардҳои назаррас мушарраф гардад.

Ҳамкориҳои фарҳангӣ ва башардӯстонаи Тоҷикистону Русия, ки моҳи апрели соли равон 30-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатии ду кишварро таҷлил карданд, яке аз самтҳои афзалиятноки муносибатҳои стратегӣ ва ҳамҷавории ду давлат мебошад, ки таърихи муштарак доранд. Тибқи Сарқонуни Тоҷикистон забони русӣ – забони муоширати байни миллатҳо мебошад. Омӯзиши забони русӣ аз сӯи роҳбарияти олии Тоҷикистон дастгирӣ меёбад.

Тибқи иттилоъи дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон зимни сафари Президенти Русия Владимир Путин ба Душанбе дар авохири моҳи июни соли ҷорӣ таъкид гардид, ки “корҳои бузурге дар Тоҷикистон барои ҳифз ва рушди забон ва фарҳанги русӣ анҷом дода мешавад, ҳамчунин дар фазои таълимии Русия».

Сохтмони панҷ мактаби таълимаш бо забони русӣ дар Тоҷикистон аз суйи Русия бомуваффақият ба анҷом мерасад. Интизор меравад, ки то соли нави хониш – 1 сентябри соли 2022 ба истифода дода шаванд.

Ҳукумати Тоҷикистон ва Русия моҳи апрели соли 2019 дар бораи сохтмон ва таҷҳизонидани моддию техникии муассисаҳои таълимии бо забони русӣ дар панҷ шаҳри ҷумҳурӣ – Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода созишнома ба имзо расониданд. Барои сохтмони ин макотиби таълимӣ аз буҷаи Русия 150 миллион доллар харҷ хоҳад шуд.

Баҳори соли ҷорӣ барои интихоби таҳсили хонандагон ва омӯзгорон дар ин мактабҳо озмун эълон карда шуд. Интихобро идораҳои дахлдори ду кишвар якҷоя анҷом медиҳанд.

Ҳар як мактаб барои таълими 1,2 ҳазор кӯдак пешбинӣ шудааст ва тибқи барномаҳои таълимии Русия, ки ба стандартҳои таълимии Тоҷикистон мутобиқ карда шудаанд, таълим мегиранд. Ба ин мактабҳо ба зиёда аз 400 нафар муаллимони баландихтисоси дорои дониши хуби забони русӣ эҳтиёҷ доранд.

Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон итминон медиханд, ки ин ниҳод барои ҳалли масъалаи таъмини мактабҳо бо омӯзгорон аз Русия ва аз ҳисоби хатмкардаҳои донишгоҳҳои маҳаллӣ, аз ҷумла Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон (Славянӣ) машғуланд.

Парвина синфи нӯҳро дар литсей бо забони русӣ хатм карда, таҳсилашро дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ дар гурӯҳи русӣ идома дод. Вай ҳоло дар филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов дар Душанбе таҳсил мекунад.

“Фикр мекунам, ки волидон танҳо ба далели сифати таълим фарзандони худро ба синфҳои русӣ медиҳанд, чунки ҳоло дар мактабҳо омӯзгорон аз Русия дарс медиҳанд”, – мегӯяд ӯ.

Парвина аз оилаи гуногунмиллат аст, ки дар он ба ҷуз тоҷикӣ, ҳамчунин решаҳои бошқирдӣ, узбекӣ ва украинӣ низ ҳастанд. Ба гуфтаи вай, дар оила бештар ба забони русӣ муошират мекунанд. “Падарам исрор меварзид, ки дар синфҳои таълимашон бо забони русӣ таҳсил кунем, баъзан бо мо бо тоҷикӣ сӯҳбат мекунад… Ӯ мегӯяд, ки забони модариамонро фаромӯш накунем”, – мегӯяд духтари 21-сола, ки орзу дорад, пас аз хатми мактаб таҳсилашро дар Русия идома медиҳад.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон беш аз 20 мактабе вуҷуд дорад, ки дар онҳо таҳсил танҳо ба забони русӣ сурат мегирад ва дар беш аз 150 мактаб синфҳое ҳастанд, ки дарсҳо бо забони русӣ сурат мегиранд.

Дар Тоҷикистон як барномаи давлатии омӯзиши амиқи забонҳои русӣ ва англисӣ қабул шудааст, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм дар тамоми муассисаҳои таълимии кишвар амалӣ мешавад.

Сиёсатшинос Шералӣ Ризоён мегӯяд, таълими забони русӣ як ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати давлат дар соҳаи маориф аст.

«Манфиати Тоҷикистон, ба назари ман, дар он аст, ки насли наврас бояд забони русиро амиқтар омӯзанд ва ин барои онҳо имкони таҳсил дар донишгоҳҳои кишварҳои пасошӯравиро фароҳам меорад. Аз сӯйи дигар, дар кишвар ба омӯзиши забони русӣ талабот зиёд аст ва бо ифтитоҳи мактабҳои нав талаботи мавҷудаи ҷомеа то андозае қонеъ карда мешавад”, – мегӯяд ӯ.

Илова бар ин, ба гуфтаи ӯ, дар солҳои ахир ҳам дар Осиёи Марказӣ ва ҳам дар Тоҷикистон ҷамъиятҳои дигаре фаъол шудаанд, ки онҳо низ барномаҳои вижаи паҳн ва омӯзиши забонҳои худро иҷро мекунанд.

“Фаъолияти мактабҳои русӣ дар давраи миёнамӯҳлат метавонад имкониятҳоро баробар кунад. Тақвияти мавқеъи забони русиро дар Осиёи Марказӣ метавон шарти нигоҳ доштани фазои ягонаи иттилоотӣ ва башардӯстона арзёбӣ кард», – гуфт ӯ.

Вай афзуд, ки барои таҳкими мавқеъи забони русӣ бояд дар ин самт лоиҳаҳои нав дар соҳаи маориф амалӣ шаванд.

Комрон Сафаров

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь