Бо гузашти як ҳафта ниҳоят рӯзе, ки Пиёз бесаброна интизор буд, фаро расид. Ӯ бесаброна мехост Лимӯ ҷазо бинад. Ба ҳеҷ кас аён нест, ки барои чӣ ӯ ин қадар хостори ҷазо гирифтани Лимӯ шуда бошад. Инро танҳо худаш медонист. Шояд ин ҷо хусумати шахсӣ бошад?! Аммо агар фикр карда бароӣ, Лимӯ наметавонад ҳеҷ бадие нисбат ба Пиёз карда бошад. Охир мавсими парвариш ва савдои Пиёз аз Лимон фарқ мекунад ку.
Хуб, сари ин масъала бисёр намеистем. Дар рафти мурофиа ва ҳодисоти дарпешистода шояд ин ҳама хусумату бадбинӣ аён гардад.
Ниҳоят вақти муайянгардида фаро расид ва даъватшудагон як-як ба толори маҷлисгоҳ ворид мешуданд. Ҳозирин ҳарчанд аз ин ҳама маҷлисбозиҳо ба дод омада буданд, зуракӣ ханда мекарданд. Онҳо намехостанд ба қаҳру ғазаби Картошка ва мушовири нави ӯ – Пиёз дучор гарданд. Картошка ку одами баде нест, вале бо ҳидояти Пиёз вақтҳои охир аз вай ҳам хубӣ интизор шудан амри маҳол аст. Пештар мегуфтанд “харбуза аз харбуза ранг мегирад”, дар ин ҳолат “Картошка аз Пиёз ранг мегирад”-ро истифода бурдан хеле бамаврид аст.
Худи Картошка низ аввалҳо аз рафтораш дар хилоҷат мешуд. Вале баъдтар дид, ки маслиҳатҳои Пиёз беҳуда набудаанд. Акнун мардум ӯро эҳтиром мекунанд. Ҳарчанд ин ҳама эҳтирому илтифот аз тарс ва дурӯғакӣ буданд, аммо ба вай ин тарси зердастон писанд омада буд. Охир ба кӣ намефорад, ки ҳама ӯро ҳурмат кунанд?! Бинобар ҳамин ҳам вақтҳои охир Картошка аз ҳама беш ба Пиёз гӯш мекард ва бо маслиҳати вай кор мегирифт.
Инак, як моҳ мешавад, ки Чормағзи пир наметавонад ба қабулаш дарояд. Ба Картошка дигар фарқе надошт, ки муроҷиаткунандагон аз кадом гӯшаи кишвар бо чӣ машаққате наздаш меоянд. Ӯ дигар бо айшу ишрати худ банд буд. Меваҷоту сабзавот дигар дар симои Картошка раиси мардумиро не, балки раиси мардумбезорро медиданд.
Меваву сабзавотҳо ду соат инҷониб ҳар яке андармони андешаву ташвиши худ аллакай дар толори маҷлисгоҳ менишастанд. Вале то ба ҳол аз раис ва меҳмонон дараке набуд. Маҳз худи Картошка эълон карда буд, ки касе ба маҷлис дер кунад, аз кор ронда мешавад. Лекин аз афташ ин суханҳо ба худи ӯ дахле надоштаанд. Ниҳоят баъди дувуним соати интизорӣ раис бо меҳмонҳо мисле, ки ҳеҷ гап нашуда бошад ва ҷамъшудагон ҷойе саросема набошанд, оҳиста-оҳиста ба толор ворид шуданд. Баробари дидани эшон Пиёз ҳамаро маҷбур кард, то ба ҳурмати раис ва меҳмонон аз ҷой баланд шаванд.
Баъд аз он, ки ҳама ба ҷойҳои худ нишастанд, чун ҳарвақта ҷаноби Картошка як соати дигар дар мавзӯи “Аҳамияти савзавоту меваҷот дар ҳаёти рӯзмарра” маърӯза хонду сипас сари мақсад омад.
Бо даъвати ӯ Лимӯ мисли гунаҳкорон аз ҷой баланд шуда ба саҳна баромад ва дар кунҷе, ки Пиёз нишон дод, сархам ва хомӯш истод.
Ин лаҳзаҳо аз фикраш танҳо як чиз мегузашт, ки тасодуфе рух диҳаду ӯ паси панҷара наравад. Вале боз аз он тарс дошт, ки Пиёз мехоҳад бо чӣ роҳе набошад, ӯро паси панҷара барад. Зеро замоне, ки нархи Пиёз боло рафта буд, Лимӯ ҷойе дар мавриди вай чизе навишта будааст. Акнун, ки Пиёз мушовири раис шуд, мехост аз Лимон қасдашро гирад.
Меҳмонҳо бо айбномаи нисбати Лимӯ эълоншуда аллакай шинос шуда будаанд, ки нахостанд онро боз якбори дигар дида бароянд. Лимӯ фикр кард, ки шояд меҳмонҳо ҳолати ӯро дарк кунанд. Бинобар ҳамин, ҷониби онҳо бо нигоҳи илтиҷоомезе нигоҳ мекард. Аммо онҳо низ мисли Картошкаву Пиёз нисбати тақдири вай бефарқ буданд ва ҷонибаш ҳатто нимнигоҳе накарданд.
Пас аз ин ҳама вай дарк кард, ки ҳукмаш аллакай содир шудааст ва дигар умеде нест.
Ниҳоят Картошка сари мақсад омад:
- Ҳозирини мӯҳтарам ҳамаи шумо медонед, ки мо доим кӯшиш мекунем, то нархро дар бозор муътадил нигоҳ дорем. Аммо баъзе афрод инро нодида мегиранд. Имрӯз нархи як килограмм Лимӯ дар бозорҳои шаҳр то ба 30 сомонӣ расидааст. Ин нисбат ба соли гузашта 25 сомонӣ боло мебошад. Ин ноадолатиро мо наметавонем роҳ диҳему обрӯи худро паст созем. Лимӯ аз фурсат истифода карда, имсол дар баробари боло бурдани нархаш сафарҳояшро ба хориҷӣ кишвар низ зиёд кардааст. Вақте аз ӯ барои ин рафтораш сабаб пурсидем, баҳона пеш овард, ки сабаб дар сармои соли гузашта аст. Чӣ, магар дигарҳо сарморо надиданд?! Не, онҳо диданд, вале мисли Лимӯ нашуданд.
Картошка боз мехост чизе гӯяд, вале Лимӯ ғайриихтиёр сухани ӯро бурид:
- Охир, чаро нисбати ман тӯҳмат мезанед. Як маротиба ба бозорҳое, ки деҳқони асил савдо мекунад, назар намоед. Он ҷо нархи ман аз 10-12 сомонӣ боло нест. Ин ҷо боз ҳамон ҳаннотони беинсоф гунаҳкоранд, ки маро ба марказ оварда болоям ду баробар нарх мегузоранд. Агар ихтиёр дар дасти худи ман мешуд, ман ҳаргиз ин корро намекардам.
- Ту ин ҳамаро барқасд кардӣ. Мехостӣ бо пули “ҳаром” зиндагии ширк дошта бошӣ. Чаро ба хориҷ бисёр сафар мекунӣ ё он ҷо аллакай хонае харидӣ? – бо тундӣ ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд Пиёз.
- Ман дар хориҷ на хонае, на кӯшку саройе дорам. Сабаби ягонаи ба хориҷ бисёр рафтани ман, ин серхаридор буданам мебошад – ба ӯ ҷавоб гардонд Лимӯ. Ногоҳ чизе ба хотираш омад, ки ба суханаш боз давом дод – Ту низ соли гузашта ҳай ба хориҷ мерафтику. Чӣ, имсол туро нагузоштанд, акнун аламатро аз ман мегирӣ? Ман медонам, ки ин ҳамааш кори дасти ту аст – ҷониби Пиёз теғ кашида нигоҳ кард Лимон.
Пиёз дид, ки агар каме дигар ин ҷо истад, боз ҳам шарманда мешавад. Бе ин ҳам дигар байни маҳсулотҳо мисли пешин обрӯ надорад. Ин ҳама эҳтиром нисбаташ танҳо аз тарс асту бас.
Картошка медонист, ки ҳар қадар ин масъала тӯл кашад, баҳсу нофаҳмиҳо атрофаш низ зиёд мешаванд. Бинобар ҳамин, аз тамоми меваҷоту сабзавот даъват кард, то толорро тарк кунанд. Дар масъалаи Лимӯ бошад қарор шуд, ки ҳукм пушти дарҳои пӯшида сурат мегирад.
Ҳамин тавр, Лимӯ барои риоя накардани қарори нарху наво дар бозори кишвар ва таҳқири Пиёзу Картошка, ба мӯҳлати 8 сол зиндонӣ шуд.
Барои дигар сабзавоту меваҷот бо иттиҳоми баланд будани нархаш паси панҷара рафтани Лимӯ боз як ишораи дигаре шуд. Дигар касе ҷуръати боло бурдани нархашро намекард.
Бахтиёр РАҲМАТУЛЛОЕВ