Давоми қариб як соли охир сабзавоту меваҷот дигар маҷлис накарда буданд. Чун онҳо аллакай медонистанд, ки аз маҷлису шикоят фоидае нест.
Баръакс, шикояти зиёд метавонад барояшон дарди сар шавад. Онҳо дигар батамом мутмаин буданд, ки баъди ин ҳама воқеаҳо дигар мисли пешин шикоят мушкилро ҳал намекунад. Балки болои мушкил боз мушкили дигареро изофа мекунаду халос.
Аммо ин дафъа низ пиёзу картошка натавонистанд ором нишинанд. Бо ташаббуси ин ду сабзавот маҷлиси беруназнақшавӣ ба тарзи оҷилӣ барпо гардид. Чун эшон аз он нигарон буданд, ки агар пеши роҳи ин ҳама болоравиҳо гирифта нашавад, метавонад ба норозигии мардуми одӣ оварда расонад. Аз ҳамин сабаб, картошка бо талқини пиёз маҷбур шуд, то зердастонашро ба маҷлис даъват намояд. Ҳарчанд худи “ҷаноби раис” инро намехост, вале барои наранҷонидани пиёз маҷбур буд ба ин кор даст занад. Зеро пиёз аз сабаби он ки давоми сол ба хориҷ баромада натавониста истода буд, сахт асабӣ менамуд. Ӯро ҳам фаҳмидан мумкин, ҳар сол бидуни мушкилоте ба хориҷи кишвар сафарҳо дошт. Аммо аз чӣ бошад, ки имсол ба ӯ иҷозаи аз кишвар берун рафтан дода нашуд. Инро дастандаркорони ин иқдом барои боло нарафтани нархаш гуфта шарҳ доданд.
Аз ҳамин сабаб картошка кӯшиш мекард, то пиёзро наранҷонаду бо айби вай пиёз ба хориҷ наравад. Ҷаноби пиёз бошад аз ин ҳама ба хубӣ истифода бурда, то метавонист сухани худро ба картошка мегузаронду назди раис дигар зердастонро бад мекард. Пиёз зотан тунд бошад ҳам, вале доим кӯшиш мекард, то ӯро ҳамчун маҳсулоти хушмаззаву ширин эътироф намоянд.
Ин дафъа ҳам субҳи барвақт бо як маҳорати “шайтон”-ии ба худ хос пиёз назди “раис” – ҷаноби картошка омад. Вақтҳои охир ба ҷойи он ки атрофиён аз дасти пиёз гиря кунанд, ҳолат баръакс шуда буд. Пиёз баҳудаву беҳуда доим гиря мекарду худро бечора нишон медод. Ҳарчанд имсол дар дохил нархаш на он қадар поён буд. Вале вай мехост мисли солҳои қаблӣ бологузар бошад. Ин навбат ӯ болоравии нархи лиму, себ ва ангурро бардошт карда натавонист. Чун вай намехост дар бологузар будан меваҷот аз сабзавот пешсаф бошад.
- Раис, шумо танҳо маро мебинед. Ҳарчанд гелосро ба суд дода бошем ҳам, аммо дигар сабзавотҳо аз ин дарс нагирифтаанд – бо як маккории ба худ хос назди картошка арз бурд пиёз.
Картошка аз ҳама чиз бехабар ҷонибаш нигоҳ карда пурсид:
- Чӣ гап шудааст? Шаф-шаф нагуфта, шафтолуи гапро гӯй.
- Хоҳ бовар кунед, хоҳ не, имрӯз бозор рафта будам ва он чизеро, ки дидам, намедонам чӣ хел гӯям – оби даҳонашро ҳар сӯ парронда суханашро давом дод пиёз, – нархи себ, ангур ва лиму имсол назар ба соли қабл боло рафтааст.
- Боло рафтааст? Чӣ хел боло рафтааст? Чанд сомонӣ? – картошка баъд аз шунидани ҳолат бо суолҳои пайдарпай ба пиёз муроҷиат кард. Чун ин болоравиҳо метавонист бар зарари онҳо бошад. Аз дигар тараф картошка медонист, ки пеш худаш ҳам бологузар буду оқибаташ чӣ шуд. Дар як кунҷи дил нисбат ба ин се сабзавот раҳмаш омад. Ӯ хуб медонист, ки шароити зиндагӣ хуб нест, онҳоро ҳам фаҳмидан мумкин. Вале чӣ кор бояд кард, зеро ӯ раис буд ва наметавонист ба ин ҳолат бефарқ бошад.
Бинобар ҳамин, ба пиёз муроҷиат карда, аз ӯ маслиҳат пурсид. Пиёз, ки айнан ҳамин чизро интизор буд, фурсатро аз даст надода, барпо кардани маҷлис ва мисли гелос ба суд кашидани онҳоро пешниҳод кард. Картошка ҳарчанд намехост ин корро кунад, вале ба фикри пиёз розӣ нашуда ҳам наметавонист. Пиёз метавонист аз болои вай ба боло шикоят бурда, худи ӯро паси панҷара барад. Ин кор аз дасти пиёз меояд.
Ҳамин тавр, дар байни як соат зердастон илоҷе карда худро ба маҷлисгоҳ расониданд. Се гунаҳкори асосӣ низ дар толор пайдо шуданд. Картошка медонист, ки ҳозиринро то дер нигоҳ дошта намешавад. Чун аксарият аз манотиқи дурдаст буданд ва бояд боз ба хонаҳояшон баргарданд. Бинобар ҳамин, баъд аз боварӣ ҳосил кардан аз он ки ҳама дар маҷлис ҳузур доранд, маҷлисро оғоз намуд.
Сараввал вай дар бораи суду зиёни болоравии нархҳо ва корҳои аз ҷониби худи ӯ ва кормандонаш иҷрошуда ҷиҳати поён овардани нарху наво ва нигоҳ доштани мувозинат дар бозори дохилӣ сухан кард. Ҳамчунин, аз афзоиши содироти меваву сабзавоти ватанӣ ба хориҷ ва чунин нигоҳ доштани вазъ маърӯза хонд. Дар аввал дар нақша буд, ки маҷлис давоми ним соат ҷамъбаст гардаду ҳама паси кори худ шаванд. Чун пушти дари раису масъулин шахсони корафтода мунтазири қабул буданд. Аммо “ҷони одаткарда” гуфтагӣ барин, худи маърӯзаи картошка ду соат тӯл кашид. Дар ин вақт ҳозирин тавонистанд аз хоб сер шуда гиранд. Ниҳоят, пас аз ба итмом расонидани маърӯзаи худ ҷаноби картошка сари мақсад омад. Ӯ нахуст пурсишро аз себ оғоз кард.
- Мо фаҳмидем, ки нархи себ дар бозор то 20-25 сомонӣ боло рафтааст. Ҳатто дар Шаҳристон, ки ҳамчун “зодгоҳ”-и себ медонем, нархи ту то 20 сомонӣ расидааст. Ин магар аз рӯйи инсоф аст?! – бо назари суол картошка ҷониби себ назар кард. Вале себ ҳамоно сархам буду ваъда дод, ки вазъ ислоҳ мешавад. Зеро себ нағз медонист, ки шикояту баҳс бо раис бефоида аст. Чун раис метавонад бо як ишора себро ҳам паси панҷара барад.
- Ҳатман барои нархро поён овардан кӯшиш мекунам, раис – себ дигар сарашро хам карда ба ҷояш нишаст.
Вале ангур натавонист нисбат ба суханони картошка хомӯш биншинад. Охир имсол ангур ҳосили хуб надошт. Барои ҳамин, ӯ мехост аз вазъият истифода намояду ҷуброни чандин солҳо беқадр буданашро барорад.
- Ман ҳамин қадар сол мисли хоки сияҳ қадр надоштам. Чаро он вақт боре ҳам аз ҳоли ман хабар нагирифтӣ, раис? Имсол дидӣ, ки бологузар шудам, аламат кард?! – бо як ситезаву назарбаландӣ ҷониби картошка назар афканд ангур.
Картошка намедонист ба ӯ чӣ ҷавоб диҳад. Ба худ меандешид: “Ангур ҳақ аст, пештар ӯ доим хору зор буд. Боре ҳам аз ҳолаш хабар нагирифтам.”
Пиёз, ки чунин ранг гирифтани корро интизор набуд, хост раисро ҷонибдорӣ намояду худро назди раис боз ҳам ширинтар кунад. Бинобар ҳамин ба ангур гуфт:
- Ту, ангур, дирӯз бологузар шудиву забон баровардаӣ ку! Нисбати раис беэҳтиромӣ накун, набошад шармандаатро мебарорам!
- Ба ту касе ҳаққи сухан гуфтанро надодааст. Фикр мекунӣ, ки ман аз найрангҳои ту хабар надорам?! Кӯшиши хориҷа рафтанатро ҳам медонам – гуфт ангур дар ҷавоб ба таҳдиди пиёз. Пиёз дид, ки дар баҳс бо ангур худашро шарманда мекунад, бо баҳонае аз толор берун рафт. Ӯ ягона роҳи халосиро аз ин ҳама дар шаттоҳӣ медид. Вале ҳаминро ҳам нағз медонист, ки ба ангур ин шаттоҳии ӯ кор намедиҳад. Зеро ангур чӣ набошад ҳам сарпарастони зиёде дошт ва назар ба пиёз қадру қиматаш баландтар буд.
Картошка низ чунин ранг гирифтани корро мунтазир набуд. Бинобар ҳамин, хост ҳар чӣ зудтар ба ин масъала нуқта гузошта шавад. Бо ба назар гирифтани вазъи себу ангур ба онҳо огоҳӣ дод ва дар бораи такрор нашудани чунин ҳолат баёноташонро гирифт.
Масъалаи баррасии лимӯро барои дафъаи дигар гузоштанд. Чун масъалаи лимӯ мисли себу ангур одӣ набуд. Вақт, ки дер шуда буд, маслиҳат карданд, ки масъалаи лиму барои ҳафтаи оянда гузошта шавад. Инчунин, барои баровардани хулосаи ниҳоӣ оид ба тақдири лимӯ намояндагони ниҳодҳои қудратӣ низ даъват хоҳанд шуд.
Интизори ҳафтаи оянда мешавем…
Бахтиёр РАҲМАТУЛЛОЕВ