– Ассалом ҷӯраҷони ман, боз туву боз ҳамин арраву тешаат ва боз дарахтбурӣ. О, ду сол пеш туро дар ин ҳол дида будам, нагӯй, ки то ҳол ба “Барқи тоҷик” кӯмак мекунӣ?
– Бале, дӯстам, нашуд, ки нашуд. Солҳо гузаштанд, вале ин вабо нарафт, ки нарафт. Ба гуфтаи худат ин корҳои профилактикӣ муди зимистона будааст. Умедамон ба оянда гуфта, ба ҳамин 8 соат барқаш сабр карда гаштем. Боз дилам қарор намегирад, мехезам, ба кӯмак машғул мешавам. “Аз мӯ мадад”, – мегӯянд. Шояд тезтар корҳои таъмиру барқарорсозӣ ба охир расад.
– Ҷӯраҷон, то ҷое ман медонам, ин ҷойи будшавӣ надорад.
– Медонӣ, 29-уми сентябр муроҷиатномаи “Барқи тоҷик”-ро хонда будам, дар он ҷо гуфта мешуд: “Ҳамзамон бо ин, таҷрибаи солҳои қаблӣ собит менамояд, ки ҷиҳати таъмини беҳтари барқ дар мавсими сармо, анҷом додани корҳои таъмиру профилактикӣ дар таҷҳизоти шабакаҳои барқӣ ва зеристгоҳҳо яке аз масъалаҳои муҳим мебошад. Аз ин рӯ, аз ҷониби мутахассисони ҷамъиятҳои саҳҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» бо мақсади ба давраи тирамоҳу зимистон пурра омода намудани иншооти энергетикӣ дар рӯзҳои нисбатан гарми фасли тирамоҳ, дар якчанд зеристгоҳҳо ва хатҳои интиқоли барқ корҳои таъмир гузаронида мешаванд.” Таъмир буд шуд, барқ мешудагист-да.
– Ина, сармо ҳам наздик омад, вале аз бартараф шудани «лимит» хабаре нест. Ҳоло ҳам мардуми кӯҳистон дар паси мағоза интизори гирифтани шамъ ҳастанд. Ту бошӣ, ҷӯраҷони содаам, “Барқи тоҷик” ин хел гуфт, гуфта умедвор шиштаӣ! О, онҳо баъд аз ин муроҷиатнома ба даҳон кулӯх молида шиштанд. Ту бошӣ дар орзуи равшанӣ аз субҳ то шом дарахт мебурӣ.
– Ҷӯраҷон, ман ҳеҷ корро беҳуда намекунам. Ин корам сабаб дорад.
– Чӣ сабаб дошта метавонад?
– Ин ҳама ҷонканиҳоям ба хотири мухлис буданам аст.
– Магар намедонӣ, ки ранги ту садҳо мухлис рӯзи 2-юм хоҳиш карданд, ки барқро дар вақти бозии “Истиқлол” бо “Ал наср”, ки соати 23:00 оғоз мешуд, диҳанд, аммо медонӣ чи ҷавоб гирифтанд?! “Азбаски вақти баргузории бозӣ тибқи нақша ба замони хомӯш кардани барқ рост меояд, мо наметавонем ин дархости мухлисони футболро иҷро кунем. Зеро тамошои якунимсоатаи футбол ба захираҳои обии мо метавонад таъсир расонад. Бинобар ин, тибқи реҷа имшаб ҳам нерӯи барқ аз соати 22:00 то 5-и саҳар хомӯш карда мешавад”, – гуфтааст Дӯстмурод Тоиров, сардори раёсати назорати диспетчерии ШСХК “Барқи тоҷик” зимни суҳбат бо Oila.tj.
– Чӣ кунам, ҷӯраҷон, умедам ҳаст. “Ноумедӣ кори шайтон” мегӯянд. Мақомдори тоҷик баъди гуфтаҳояш боз боварамро бештар кард.
– Кадом мақомдор?
– Ту магар нахондаӣ? Биё, беҳтараш нишонат диҳам. Дар партали Halva.tj маводе бо сарлавҳаи “Мақомдори тоҷик: Тоҷикистон метавонад кишварҳои Осиёи Марказиро бо нерӯи барқ таъмин кунад” гузошта шудааст. Ин ҷойро нигар, гуфта мешавад, ки “Татбиқи тарҳҳои муштараки гидроэнергетикӣ дар Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар оянда талаботи рӯзафзуни нерӯи барқ дар Ӯзбекистон ва кишварҳои дигари минтақа қонеъ карда шавад. Дар ин бора Сорбон Холмуҳаммадзода, муовини вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон дар Анҷумани энержии Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар шаҳри Остонаи Қазоқистон изҳор доштааст, иттилоъ медиҳад хабаргузории ТАСС.”
Барои ҳамин, умед ба солҳои начандон дур мебандаму барои кам кардани вабои ҳар сол меомада камари ҳиммат баста, кӯмак мекунам.
– Созу… Умедворам пеш аз оне, ки Осиёи Марказиро бо барқ таъмин кунанд, мумкин Тоҷикистонамон пурра аз лимит озод шавад.
Ту бо буридани дарахтон симҳоро озод мекунӣ, аммо ин мавҷро чӣ мекунӣ. Барқ нест, мавҷ нест. Мардуми деҳоти дурдаст шикоят доранд, ки вақте барқ мемурад, алоқа ҳам қатъ мешавад.
– Чораи инро ҳам дида истодаанд.
– Чихел? Кай?
– Инро ҳам нахондӣ?
– Не
– Ту аз ҳама чиз дур будаӣ ку. Як бор аз ҳамон телефонат хабарҳои Тоҷикистонро бубин. Дар ҳамон ҷо ҳама чиро мегӯянд. Ина, ман ҳозир ба ҷавоби ту бо ин навиштаи Азия Плюс ҷавоб медиҳам. Ҳарчанд аз ин рӯйдод рӯзҳои зиёд гузашт, вале натиҷааш… Хай, ин ҷавоб барои гуфтаи ту мешавад. Ин ҷойро нигар, дар ин мавод, ки бо сарлавҳаи “Бег Сабур: Дар як ҳафта минтақаҳои беинтернетро рӯйхат кунед” омода шудааст, гуфта мешавад.
“Сардори Хадамоти алоқа, ҳамчунин, аз мушкили қатъ шудани алоқа дар фасли сармо бо сабаби “лимит”-и барқ гуфтааст.”
Дидӣ! Сардори хадамот рӯзи 23-юм дар мулоқоти худаш бо ширкатҳои мобилӣ ва ширкатҳои интернетӣ ин мушкилии гуфтаи туро пайгирӣ кардааст. Биё, ба ту ҷойҳои муҳимашро нишон медиҳам.
Ин ҷойро хон: “Мушкили лимити барқ ва алоқа. Дар вохӯрии мазкур зикр гардидааст, ки дар ин замина аз муштариён арзу шикоятҳои зиёд мерасад, аз ин рӯ, ҳамкории зич бо “Барқи тоҷик” зарур дониста шудааст.
Ширкатҳои мобилӣ муваззаф шудаанд, ки “тамоми талошҳоро ба харҷ диҳанд, то аҳолӣ дар фасли сармо низ шабонарӯз бо алоқаи мобилӣ ва интернет таъмин бошанд”.
Дидӣ, ҳам барқ мешаваду ҳам интернету мавҷ, баъд зимистон мазза карда дам мегирӣ.
– Э ҷӯраҷон, “бузак-бузак намур, ки баҳор меояд!” мегӯянд. Ту бо ин орзуҳои хомат гаштан гир. Шояд умедҳоят соли 2067 баробари Метрои Хуҷанд бароварда шаванд. Шом наздик меояд, равам, шамъ гирам. Боз ба умеди чарбу аз устухон намонам.
– Ҷӯраҷон, исто, ман ҳам бо ту меравам.
-Ту ҳам шамъ мегирӣ?
– Ҳа, имшаб свет мурад, баъд чӣ кор мекунам охӣ.
Шаҳзод ЗАФАРҶОН