(Ба 60-умин солгарди Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобинои шаҳри Ҳисор бахшида мешавад)

Кӯдакон –сарвати беҳамтои ҷомеа  мебошанд. Онҳо дурдонаҳоеро мемонанд, ки дар баҳри шодоби ҳаёти якҷояи падару модар рушд менамоянд, зиндагиро боз ҳам рангину зеботар мекунанд. Тифлакон аз аввалин ҳаракатҳои боақлонаашон кунҷкобанд: чизи навдидаашонро мехоҳанд  даст кунанд, озмоиянд, аз он мехоҳанд истифода кунанд, мехоҳанд ба баландӣ мисли калонсолон бароянд ва ё баръакс мехоҳанд, масоҳатеро биҷаҳанд…

Ин талабот  ва  ҳаракатҳои бепоён малакаю маҳоратҳо кӯдаконро ботадриҷ пайдо намуда, инкишоф медиҳад, чусту чолок мегарданд ва маҳорат ҳосил менамоянд. Ин  маҳоратҳо дар кӯдакони солим зудтар пайдо мегардад, бештару хубтар рушд  мекунанд, аммо кӯдаконе, ки дорои маъюбият ҳастанд, ба кӯмак ниёз дорнад, бахусус тифлаконе, ки  биноияшон нуқсон дорад. Кӯдакони нуқсони биноӣ дошта  дили ҳассос, хотираи устувору табъи нозук доранд. Онҳо ба чашми дил атрофи худро ҳис мекунанд, ашё, ҳодисаҳои ба вуқӯъ омадаро идрок менамоянд ва бештар ба садо таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд. Инчунин аз атрофиёни худ низ интизори навозиш ва меҳрубонии хос ҳастанд, одитарин муносибат онҳоро рӯҳбаланд карда, дар онҳо ҳисси масъулиятро бедор месозад. Дар тарбияи атвол ва ташаккулу таҳаввули ҳиссиёти гуногун мавқеи асосиро  оилаи онҳо ишғол менамояд,сониян мактаб баъдан ҷемеа (ашхоси атрофи онҳо).

Ба кӯдак бештар ҳамон муҳите таъсир мерасонад, ки дар он вақти зиёдтари умри худро гузаронида бошад. Ва чӣ тавре, ки дар боло зикр кардем кӯдак дар тӯли ҳаёти худ зиёдтар вақти худро дар оилааш мегузаронад ва хуш ба ҳоли он кӯдаке, ки дар оилаи маърифатпарварон камол ёбад. Уламо мегӯянд, илм омӯхтан дар айёми кӯдакӣ мисоли нақшест дар санг.

Оила – устувортарин такягоҳ, солимтарин муносибат, тасаллидиҳандаи қалбҳои рақиқ, болохира эҳсоскунандаи хурдтарин дарди кӯдак мебошад. Волидайн аз ҷунбишу ҳаракатҳо, нафаскашӣ, ҳолати рӯҳӣ ва ҷисмонӣ тифлро дарк меномоянд, хоҳишу талаботи ӯро мефаҳманд. Ҷароҳатҳои дили ҳазини онҳоро бо лутфу муҳаббату меҳрубонӣ муолиҷа менамоянд. Атфол ҳам аз муносибати саршори маҳбубият худро хуб ҳис менамоянд. Ингуна кӯдакон дар шунавоӣ ҳассосанд, ҳар чизи шунидаи худро дер боз дар хотир нигоҳ медоранд.

Кӯдакони маъюб ва камбуди чашмдошта таҳти сарпарастии бевоситаи
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан зери ғамхории Пешвои миллат Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Ва инчунин бар онҳо имкониятҳои гунонуне аз ҳама ҷиҳати зиндагониву фаъолият барои хубтар гардонидани сатҳи зиндагӣ дода шудааст.

Дар шаҳри Ҳисор муассисаи таълимии Мактаб- интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобино муддати 60 сол фаъолият дорад, ки ҳамасола даҳҳо нафар бачагони нуқсони биноидоштаро номаи камол медиҳад ва онҳо шоҳроҳи зиндагии худро бо фурӯғи дониши андӯхта равшан менамоянд. Яъне омӯзгорон онҳоро бовар мекунонанд, ки ба нуқсону камбудиҳо нигоҳ накарда, ҳар кас метавонад бузург гардад. Дар муассиса 226 нафар хонанда аз тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон таҳсил менамоянд, 54 нафар омӯзгорони собиқадору варзида кору фаъолият доранд, ки барои сайқал додани маҳорати шогирдон меҳнати софдилона мекунанд.

– Ҳар шахсро сармояе мебояд. Сармояи шогирдони мо донишу хиради эшон аст. баробари муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бачагони муассисаи мо низ дар озмуну олимпиадаҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ иштирок менамоянд ва соҳиби ҷойҳои намоён мегарданд, ки ин албатта боиси ифтихори падару модар ва омӯзгорони онҳо мебошад. Ба наздикӣ дар озмуни ҷумҳуриявӣ Самадов Билол хонандаи синфи 12-ум, дар ҳунари доиранавозӣ соҳиби ҷои 2-юм гардид. Дар озмуни шашкаву шоҳмот, ки ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон бахшида шуда буд, се нафари дигар аз хонандагони мо сазовори ҷойҳои намоён гардиданд, ки ин боиси бо хушнудии мо аҳли муассиса мебошад, иброз намуд сарвари муассиса, марди фозил  Икромиддин Таваров ва афзуд, ки минбаъд низ дар фазои самимияту маҳбубият мо анъанаҳои неки тарбияи атфолро зери сарпарастии Ҳукумати мамлакат идома хоҳем дод.

Рӯзиева Савринисо, мураббияи Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобинои шаҳри Ҳисор.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь