Мегӯянд, ки “ҳуши модар ба бача, ҳуши бача ба кӯча”.

Мактабхон будам. Дар Рӯзи модар аҳли писарбачагони синф қарор додем, ки пул ҷамъ карда, барои духтарони синф туҳфа мехарем. Давон-давон сӯйи модарам шитофтам (чунки ҳама шикваи хеш ба модар мекардам ва то ҳол аз падар рӯирост чизе талаб накардаам) ва ба ӯ хоҳишамро изҳор кардам. Фариштаи ман табассуме карду ба ман маблағи талабкардаамро дод. Мани бепарвофалак боз сӯйи мактаб давидам ва мо қарори додаамонро иҷро кардем. Ин амал ҳар сол такрор мешуд.

Боре дар яке аз чунин рӯзҳо ба худ андешидам: “Охир, имрӯз Рӯзи модар асту ман ба ҷойи он, ки ба ӯ ҳадяе диҳам, аз ӯ маблағ меситонам”. Аз амали худ шарм доштам ва ба модарам рози дил кардам. Бо табассум оғӯшам гирифт ва бо меҳрубонӣ гуфт:

– Писарам, ту ва додару хоҳарат барои ману падарат беҳтарин ҳадяи

Худовандед. Мо мекӯшем, ки шумо аз ҳеҷ кас кам набошед. Шарт нест, ки бароям туҳфа бихаред. Табассуми лабҳои шумо бароям ҳадя аст. Нағз хонед, касби хубро соҳиб шавед, ба ҳамдигар аҳл бошед, аз ин зиёд ҳадя лозим нест барои мо.

Модар ҳамеша дар фикри мосту худро фаромӯш кардааст. Мо бошем, дар фикри худему ӯро фаромӯш кардаем. Сад дӯсти содиқу сад дилбари ғамхор ҳам заррае аз сидқу меҳрубонии модарро надорад. Худованд танҳо ӯро бо чунин табиат офаридааст. Пас, мо ҳам бояд ҳамин ҳадяро аз ӯ дареғ надорем.

Шодмон КЕНҶАЕВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь