Дониш зи китоб асту китоб асту китоб,

Хонаш, ки савоб асту савоб асту савоб.

Китоб, мавзӯест, ки инсоният дар ҳама давру замон такрор ба такрор ба он рӯ овардаасту меорад.

То ин дам дар бораи аҳамият, азимият, мавқеи он дар ҳаёти шахс ва ҷомеа, ба гумонам, сухани ногуфтае намонда.

Муқаррар гардида, ки китоб бузургтарин мӯъҷизаест аз мӯъҷизоти олам, ки инсоният офаридааст. Он беҳтарин муқаддасоти зебоиофар аст ва инсонро ба ин дунёи рангину бекарона ворид месозад. Эътироф гардида, ки китоб ёрест бовафо, ҳамсӯҳбату ҳамнишин, дӯсти холис, ғамбарору ғамгусор, маслиҳатгар, устоди ғамхору беминнат. Зеро ба он ҳар қадар, ки бо эҳтиёҷ рӯ оварӣ – суолаш диҳӣ, ҷавобат дода, роҳу равишат нишон медиҳад. На чун шахси алоҳидае, ки тавонӣ ин микдор чизеро аз вай пурсон шавию малолаш наояд.

Китоб ганҷинаест пурасрор, кони маърифат, василаи такмили ақлу заковати инсон ва ҷамъи алфози накӯст. Он манбаи пайдоиши ҳамаи илмҳо ва фазлу камоли инсон, дар омӯхтани илму адаб арзандатарин ва пояндатарин маъхаз аст.

Дар китоб ҳама асрору таърихи тамаддуни одамият, кишвар илму дониш, маданияту фарҳанг дарҷ гардида мавриди истифода қарор мегирад. Китоб нерӯи бузурги рушди зеҳнии инсонӣ, роҳбаладу табиби ҳозиқ, шиносномаи миллат, зинданигоҳдорандаи таърихи гузашта ва ояндаи насли башар аст. Албатта, бисёр чизҳо дар дунё ба фаромӯшӣ супурда мешаванд, аммо ҷуз китоб. Ҳар як саҳифаи пурқимати китоб бо гузашти давру замон ҳеҷ гоҳ фарсудаву абгор намегардад, баръакс, торафт қимат пайдо мекунад.

Ана ҳаминҳост, ки ҳангоми сафарҳои Тоҷикистон, хусусан, Панҷакент, Душанбешаҳр, Хуҷанд аввалину асосӣ ва дӯстдоштатарин машғулияти ин ҷониб ташриф ба китобхонаю мағозаҳои китоб аст. Ҳамин бор низ боздид аз Маркази “Хирад”, сарредаксияи Энсиклопедияи тоҷик, мағозаҳои китоби нашриёти “Адиб”, Китобхонаи миллӣ ва пайдои китобҳои беназиру камёфту олисифат бар афзудани хушию ҳавас ва қаноатмандии банда буд.

Сӯҳбат бобати вазъи китобу китобдориву китобхонии аҳли ҷомеа бо Абдуҷалили Амон, ки ба тарҷума ва нашри серхонандатарин китобҳои олам машғул аст ва роҳбарии маркази “Хирад”-ро ба зимма дорад, хеле гуворою хотирмон буд.

Хушам омад аз фаъолияти ин Марказ, яъне он аз феҳристи китобҳои серхонандатарини дунёро, ки маҷаллаи “New York Times” раддабандӣ мекунад, беҳтаринҳоро интихоб мекунад. Аз тарҷумаи 10 китоб оғоз намуда, имрӯз он рӯйхат ба 100 расидааст. “Аз хуб ба олӣ”-и Ҷеймс Колинз, “Андешаатро иваз намо, то зиндагият тағйир кунад” ва “Қурбоққаро қурт бидеҳ”-и Брайан Трейси, “Қудрат”-и Ронда Берн, “Биандешеду сарватманд шавед”-и Напалеон Ҳил, “Девори Хуросон”-и Муҳаммадзамони Солеҳ, “Ойини дӯстёбӣ”-и Дейл Карнеги, “Сарватмандтарин марди Бобил”- и Ҷорҷ Клейсон , “Чил қонуни ишқ”-и Алиф Шафақ, “7 одати мардони муассир”- К.Стивенсон, “Падари сарватманд, падари фақир”, “Тиҷорати асри XXI”, “Қудрати баён” ва чанди дигар аз он радифанд, ки хушбахтона, аксари онҳо аз ҷониби Абдуҷалил Амонӣ ба дастам расиданд.

Ҳини сӯҳбат маълум гашт, ки беҳтарин тарҷумону донандагони адабиёт ва мутахасисони тоҷик, ба мисли Шодимуҳаммад Сӯфизода, Абдуқодири Рустам, Обид Шакурзода, Шодӣ Шокирзода, Абдухолиқи Набавӣ, Мубашшири Акбарзод, ки дӯстони мананд, мушовир ва роҳнамои “Хирад”-анд.

Аз мағозаҳои китобфурӯшӣ бахти ба даст овардани китобҳои “Энсиклопедияи кӯдакон ва наврасон”, “Таърихи адабиёти тоҷик”-и Худойназар Асозода, “Сабақҳои Устод Иброҳим Усмон”-и Абдуғаффор Абдуҷаббор ва чанде аз китобҳои беназир низ  насибам гашт, ки басо дилпазир буд. Бастаи ин китобҳо ҳар лаҳза хонандаи ташнаи китоби ӯзбекистониро пеши назарам меоранд, ки мутаассифона, ба он ганҷинаи бебаҳои хирад дастрасӣ надоранд.

Бо шунидани хабари рӯзи дарҳои бози Китобхонаи миллии Тоҷикистон тамоми корҳоро сӯе гузошта, бо ҷамъе дӯстон саҳарии барвақт бепарво аз ҳавои абрию бориши борон роҳ сӯи он гирифтем. Бо наздикшавӣ ба китобхона садои савту наво торафт баландтар ба гӯш мерасид. Ташрифи мардуми зиёд, ташкили намоиши навъҳои гуногуни китобу маводҳои дигари чопӣ ва кушодарӯиву илтифоти ходимони он, ба хусус, муовини директор Нурзода Ҷалолуддин дар пазироии мухлисони китобдӯст хеле гуворо буд.

Аз дидани ин манзара беихтиёр фикре ба сарат меояд: бузургу тавонманд он халқест, ки таърихаш, ҳастияш ҳамбастагӣ бо китоб дошта бошад ва хушо, ки тоҷикон аз ҳамин гуна халқҳоянд. Беҳуда нест, ки ниёгони барӯманди миллати тоҷик китобро «ҷавшани ҷон», «чароғи раҳнамо», «аниси кунҷи танҳои»-ву “фурӯғи субҳи доноӣ” хондаанд, муҳаббат ва эътиқод ба китоб ва донишу хирад парваридаанд.

Магар донишмандоне чун Э.Браун, М.Ханников, Г.Вамберӣ, Е.Мейендорф, В.В.Бартолд, сайёҳони хориҷӣ дар Осиёи Миёна танҳо тоҷиконро ба сифати китобхон ва китобнавис дидаву нашинохтаанд? Оё ба ақидаи онҳо зӯри тоҷикон дар саводу китобдонӣ ва зӯри дигарон дар шамшерзанӣ эътироф нагардидааст? Онҳо навиштаанд, ки ба мардуми эронинажод фахр кардан лозим аст, ки китобхонанд, китобдӯстдоранд, соҳибкитобанд ва китобшиносанд.

Хулосабардорӣ чунин аст, ки дар ҷомеаи имрӯза ҳоло муҳаббату шафқат ба китоб торафт афзоиш ёфта, нақш ва мақоми он ҳамчун манбаи муҳими дониш ва таҳқиқи масоили гуногуни таърихиву сиёсат, иқтисодиёту маънавиёт ва маорифу фарҳанги халқамон беш аз пеш меафзояд.

Хушбахтона, мардум ба китоб нисбати солҳои пешин бештар рӯ меорад, мутолиа менамояд ва ба китобхонаҳо серташрифтар мегардад. Ин ҳолатро на танҳо дар байни донишҷӯёну мактабиён дидан мумкин аст ва ё қисме аз рӯи вазифаю зарурат ба китоб муроҷиат мекунанд, балки гурӯҳи васеи мардум аз рӯи меҳру хоҳиши тамом ва ё амри виҷдон ба ин мавзӯъ рӯ овардааст. Мардум дарки он кардааст, ки муҳите, агар китоб надорад, фикри аксарияташ солим нест. Муҳите, ки китоб надорад, аз маънавиёт маҳрум аст. Муҳите, ки маънавиёт надорад, пир надорад. Муҳите, ки пир надорад, ифтихор ҳам надорад.

Алоқамандии ин ҷониб бо Китобхонаи миллӣ аз соли 2012 шурӯъ шудааст. Ин имкониятро бароям директори собиқи он Носирҷон Салимов фароҳам оварда буд ва ҳар бор, ки сафари Душанбешаҳр насибам мегардад, рӯзу ҳафтаҳо аз ин хизонаи илму маърифат баҳрабардорӣ менамоям. Дар конфронсҳои илмӣ, чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ ширкат меварзам. Китобу рӯзномаҳои тоҷикие, ки дар Ӯзбекистон нашр мешаванд, ба бойгонии китобхона месупорам, то ки тоҷикистониёни азиз аз табъу нашр ва вазъи забону адабиёти форсии тоҷикии кишвари ҳамсоя огоҳ бошанд.

Агарчи солҳост бо ин махзани илм иртиботи қавӣ дорам, аммо ин бор ба шарофати рӯзи дарҳои боз ва роҳнамоию нақлҳои кормандони соҳибистеъдоди он Бобоҷони Шафеъ ва Раҳима Бобоева онро барои худ тозатар кашф кардам.

Он бузургтарин китобхона ва махзани дастнависҳои гаронбаҳои Тоҷикистон буда, 20 марти соли 2012 таъсис ёфтааст. Китобхона дар асоси озмуни байналмилалӣ амалӣ шудааст. Китобхона аз 9 қабат, чор қисм, 25 толори хониш барои 1500 ҷои нишаст, 3 толори калони намоишгоҳи китоб (“Осорхонаи китоб”, “Китобҳои давраи Истиқлол” ва “Китобҳои нав”), 36 шӯъба, 28 маҳфузгоҳ барои нигаҳдории 10 млн. нусха китоб, бахш ва марказҳо иборат буда, инчунин 9 маҷлисгоҳ ва толори баргузории ҷаласаву конфронсҳою дигар асноди иттилоотӣ ва чопхонаро дорост.

Бо ташаббуси китобхона ва кӯмаки сафорату марказҳои фарҳангии муқими кишвар марказҳои якчанд мамолики дунё таъсис шудаанд. Дар ин қатор Марказҳои фарҳангии Амрико, Эрон, Корея, Маркази иттилоотии Олмонро метавон ном бурд.

Теъдоди хазинаи китобхона имрӯз 6 млн. нусха китобро ташкил мекунад. Асоси хазинаи ин китобхонаро бо 3 млн ва 327 ҳазор ҷилд китобу нашрияҳои мухталиф китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, ки соли 1933 таъсис ёфта, соли 1934 ба муносибати 1000-солагии шоир номи варо гирифтааст, ташкил намудааст ва боқимонда саҳми аҳолии кишвар ва муассисаҳои давлативу хусусӣ, ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ мебошад. Барои кор дар китобхона беш аз 700-нафар мутахассисони баландихтисоси соҳаи китобдорӣ ва донандаи технологияи муосири иттилоотӣ ҷалб карда шудаанд. Аз нигоҳи масоҳат, ғунҷоиши фонди китобӣ, фарогирии хадамоти китобдорӣ-иттилоотӣ ва фаъолияти фарҳангӣ бинои китобхонаи миллии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ ягона аст.

Китобхона маҷаллаи худро бо номи “Паёми Китобхонаи миллӣ” дорад.

Китобхона соҳиби сомонаи худ аст ва истифодаи манобеи электронӣ имкон медиҳад, ки дар радифи хонандагони анъанавӣ, хонандагони виртуалӣ номнавис шаванд ва фонди электронии Китобхонаи миллиро мавриди истифода қарор диҳанд. Табиист, ки китобхона чун маркази муҳимми иттилоотрасонӣ аз ин раванд наметавонад дар канор бошад. Гузариш аз шеваҳои анъанавии иттилоотрасонӣ ба усулҳои муосири автоматикунонии фаъолият барои китобхона ногузир аст. Арзи вуҷуд кардани китобхонаи электронӣ тағъироти куллӣ дар самти хизматрасонӣ ба хонанда ворид намудааст.

Аз ҷониби Раисҷумҳури кишвар ҷиҳати эҳё намудан ва ба наслҳои оянда боқӣ мондани ёдгориҳои таърихию фарҳангии миллати тоҷик корҳои зиёду судбахше ба анҷом расидааст.

Бо ворид гардидан ба хазинаи китобхона вуҷуди касро эҳсосоти бузурге фаро мегирад. Чи қадар адабиётҳои гуногун ва хонданбоб. Намедонӣ кадом китобро ба даст бигириву аз кадом мутолиаи онро оғоз намоӣ. Дар китобхонаи мазкур китобҳое мавҷуданд, ки аз асри 13 боқӣ мондаанд. Мавриди қайд аст, ки китобхона осори чопии шахсиятҳои бузургро, ки дар дасти мардум ҳастанд, харидорӣ кардаасту то имрӯз мекунад.

Хусусан, нақшу ҷойгоҳи китобхона ҳамчун объекти мероси илмии Шарқӣ, манбаи дониш ва таҳқиқи масъалаҳои гуногуни таъриху сиёсат, иқтисодиёту маънавиёт ва маорифу фарҳанги ниёгонамон беш аз пеш меафзояд.

Бахусус, дидани шӯъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир, ки дар радифи китобҳои чопи сангӣ ва муосир осоре, ки дар садаи XIII- XIX китобат шудаанд, қобили қайд аст. Дар ин қатор метавон “Таърихи Табарӣ ё таърихур русул вал мулук”-и Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ, “Девон”-и Амир Хусрави Деҳлавӣ, “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ, “Кимиёи саодат”-и Муҳаммади Ғаззолӣ, “Ахлоқи Мӯҳсинӣ”-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, “Тазкират-уш-шуаро”-и Давлатшоҳи Самарқандӣ, “Чаҳор унсур”-и Абдуқодири Бедил, “Афроди фатҳия ва ганҷ-ул-ошиқин”-и Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, “Хамса”-и Низомии Ганҷавӣ, асари ҷуғрофии Насируддини Тӯсӣ (китобшудаи асри XV) ва дигар осори қаламии шахсиятҳои тарихии Шарқро ном бурдан мумкин аст, ки ба сифати муқаддастарин арзишҳо ва мероси нотакрори ниёгон то имрӯз арзи вуҷуд дошта, таҳти низоми махсус ҳифзу нигаҳдорӣ мешавад. Ҳамин асно фикре ба сарат меояд, ки  дар аҳди қадим китобу китобдории мардуми мо дар кадом ҳолат буд, бароямон торик аст. Аммо маълуми ҷаҳониён аст, ки ниёгони бузурги мо китоби осмонии «Авесто»- ро 2700 сол қабл дар пӯсти 12 ҳазор гов мураттаб кардаанд. Ва ё дар дар пештоқи китобхонаи донишгоҳи Гунди Шопур (Академияи Шопур, асрҳои III-VII)-и аҳди Сосониён шиори муқаддаси “Донишу ҳикмат пурзӯртар аз шамшер аст” сабт ёфта буд. Ва ин донишу ҳикмат бешак дар китоб маҳфуз аст.

Дар шӯъбаи хазинаи матбуоти даврӣ аз соли 1930-и асри гузашта қабили “Шӯълаи инқилоб”, “Бедории тоҷик”, “Овози тоҷик”, “Раҳбари дониш”, “Дониш ва биниш” ва мисли инҳо бо хатҳои форсию лотинӣ мавҷуданд.

Бардошт аз шӯъбаи нигаҳдории депозитарӣ ин буд, ки он аз ҷумлаи шӯъбаҳоест, ки барои хонанда китобҳои ҷолиб ва камёфтро нигаҳдорӣ мекунад. Хонанда метавонад аз ин шӯъба  китобҳои нодиртарини давраи нав, яъне аз солҳои 1850 инҷониб ва аз дурдонаҳои назму насри он баҳравар гардад. Дар шӯъба 505 номгӯй асари нодири адибони олам ҳифз карда мешавад, ки аксари ин осор ба забони русиянд.

Вохӯрӣ ва сӯҳбат бо муовини директор Салима Раҷабова, ки аз дасташ китоби “Дарахтон то бӯрон сарсабзанд”-и Рафиқ Нишонов ба ин ҷониб расид, дӯсти деринаи донишмандам Бобоҷони Шафеъ ва ходимаи варзидаи китобхона Раҳима Бобоева, ки моро дар ин сафар роҳнамоӣ ва муаррифӣ кард,  хеле хушу хотирмон буд.

Чун бо таассуроти зиёде аз китобхона ба дар мерафтем, суханҳои Расул Ғамзатов, ки “Барои худшиносӣ китоб зарур аст, барои шинохти дигарон низ китоб муҳимтар аст. Халқи бекитоб ба одами нобино монанд аст, ки ҳусни дунёро намефаҳмад. Ҳамчунин, халқи аз китоб маҳрум ба инсоне шабоҳат дорад, ки бо ойина рӯи худро дида наметавонад”, – мегӯяд, ба хотирам расид.

Бале, дарҳақиқат, ҷомеае, ки китобу китобхон надошта бошад, мисоли хонаест, ки чароғ надорад.

Мусаллам аст, ки роҳандозии зиндагии имрӯз бо назардошти заминагузорӣ барои ояндаи пурсаодат сурат мегирад. Чун мо мӯътакид ҳастем, ки миллати мо аз қадим китобдору китобхон буд, бидуни шубҳа ва бо дилпурӣ метавон гуфт, ки ҳол чунин яксон боқӣ нахоҳад монд ва боз рӯзе ба китоб рӯ хоҳад овард. Ва бо ин мақсад роҳбарияти Китобхонаи Миллӣ барои тоифаҳои гуногуни мардум беҳтарин чорабиниҳои фарҳангиро доир менамояд, ки ҷоиз ба таҳсин аст.

Дар фароварди сухан шоирону нависандагон ва олимону муҳаққиқон – эҷодкорони азизро мехоҳӣ гӯӣ, ки бигзор дастонашон дар навиштани китобҳои нодиру қиматбаҳо мондашавиро эҳсос накунанд, нури чашмонашон кам нагардад, қаламашон беш аз пеш сабзу бурро бошад.

Бигзор пеши роҳи нафаси китобдорони азизро дар китобхонаҳо «чанги китоб» гулӯгир накарда, баҳрамандгардӣ аз кулли имтиёзҳо насибашон гардад.

Падару модарон ва мураббиёну омӯзгорони иззатманд сермутолиа ва соҳибфарҳанг намудани ҳар дастпарвари худро қарзи виҷдонии худ шуморида ба онҳо намунаи ибрат шудан барояшон обрӯю эътибори зиёд орад.

Бигзор чашмони мутолиагарон аз хондани китобҳо дардро набинад ва роҳи китобхонаро ҳаргиз фаромӯш накунанд! Дар байни эшон шумораи ононе, ки ба қадри китобу китобхонӣ мерасанд, ҳарчи бештар бошанд.

Ҳақ бар ҷониби Алӣ Бобоҷон аст, ки мегӯяд:

Бе китоб, эй дӯстон, бунёди мо норавшан аст,

Тираву торик ҳамчун хонаи беравзан аст.

Амина ШАРОФИДДИНОВА,

забоншинос, публитсист, Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, фаъоли маданӣ аз шаҳри Самарқанд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь