Вобаста ба иҷрои «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солҳои 2020-2030 аз тарафи прокуратураи вилояти Хатлон дар давраи ҷамъбастии 6-моҳаи аввали соли равон корҳои муайянеро ба анҷом расонидаанд.
Пеш аз ҳама дар прокуратураи вилоят нақша-чорабиниҳо оиди баромади кормандони дастгоҳи марказии прокуратураи вилоят тартиб дода шуда, онҳо вазифадор карда шудаанд, ки мунтазам дар ташкилоту муассисаҳо, корхонаю хоҷагиҳо ва мактабу донишгоҳҳо вохӯрию сӯҳбатҳо ташкил намуда, баромадҳоро доири мавзӯъҳои ҳуқуқӣ ва ватандӯстӣ роҳандозӣ намоянд. Ба замми ин, доири ин масъала нақша-чорабиниҳои прокуратураи вилоят барои баромад дар ташкилоту муассисаҳо низ тартиб дода шуда, кормандони дастгоҳи маркази тариқи ВАО (раидо, телевизион, матбуот ва торномаҳои интернетӣ) баромад намудаанд. Ин нақша-чорабиниҳо бо супориши прокурори вилоят ба шаҳру ноҳияҳо фиристода шуда, онҳо низ муваззаф карда шудаанд, ки ба тарбияи ҳуқукӣ ва ватандӯстии аҳолӣ диққати лозима диҳанд. Аз ҷумла, баҳри амалӣ намудани чорабинии мазкур тибқи нақша- чорабиниҳои прокуратураи вилоят бораи гузаронидани вохӯриҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти осебпазири шаҳру ноҳияҳои вилоят, муассисаҳои олӣ, миёнаи махсус, бозорҳои марказии ҳудуди вилоят вохӯриҳои зиёде анҷом дода шуданд.
Тибқи нақшаи мазкур аз тарафи роҳбарият ва кормандони прокуратураи вилоят дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади баланд бардоштани маърифату ҷаҳонбинии сокинони вилоят, пешгирии ҷавонону наврасон аз даст задан ба амалҳои номатлуб, шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, 16-уми феврали соли равон аз тарафи сардори шуъбаи муқовимат бо терроризм, экстремизм ва назораи иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллӣ, мушовири адлияи дараҷаи 2 Нидозода М.М. ва ёрдамчии калони прокурори вилоят, мушовири адлияи дараҷаи 1 Зайниддинов В.Д. бо иштироки зиёда аз 700 нафар омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара, санаи 17-уми феврал дар Донишгоҳи давлатии ба номи А. Рӯдакии шаҳри Кӯлоб бо иштироки 400 донишҷӯёну устодон ва санаи 18-уми феврал дар коллеҷи тиббии ноҳияи Восеъ бо ширкати 300 нафар донишҷӯёну омӯзгорон вохӯрӣ доир карда шуда, мақсаду марому ҳадафҳои сиёсати давлатро дар самтҳои алоҳидаи Паём, аз ҷумла, оиди пешгирии терроризм ва ифротгароӣ, рушди соҳаи маориф, тандурустӣ ва саноат, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон фаҳмонида, ба суолҳои ҳозирин ҷавоб гардонида шуд. Натиҷаи ин вохӯриҳо тариқи ТВТ, ТВ «Ҷаҳоннамо», ТВС, ТВХ, ТВК, ТВ «Мавҷи озоди Восеъ» намоиш дода шуда, тариқи радиои вилоятӣ ва шабакаи аввали радиои ҷумҳуриявӣ шунавонида шуда, тариқи сомонаҳои интернетӣ низ паҳн карда шуд. Бояд гуфт, кормандони дастгоҳи марказии прокуратураи вилоят, аз ҷумла, сардорони шуъбаҳо, бахш, ёрдамчиёни калони прокурори вилоят ва прокуророни шаҳру ноҳияҳо ва кормандони дигари фаврӣ ва кормандони прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳо ҳар ҳафта тариқи барномаи «Инсон ва қонун»-и ТВ Хатлон ва барномаи «Қонун ва ҷомеъа»-и Радиои Хатлон доири мавзӯъҳои гуногуни ҳуқуқӣ баромад менамоянд.
Вобаста ба гузаронидани чорабиниҳои оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои кормандони давлатӣ низ аз тарафи прокуратураи вилоят чораҳои амалӣ андешида мешаванд. Масалан, бевосита дар ин давра аз тарафи гуруҳи таъминоти ҳуқуқӣ, мониторинг қонунгузорӣ ва кор бо матбуоти прокуратуари вилоят дар як қатор муассисаҳои соҳаи маорифу ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияҳо, дар мақомотҳои иҷроияи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Данғара, Восеъ, Балҷувон, Ховалинг, Хуросон, Ёвон ва Панҷ, як қатор ҷамоатҳои шаҳраку деҳотҳо санҷишҳо ва ҳамчунин вохӯрию сӯҳбатҳо анҷом дода шуда, дар ин асос ёриҳои амалӣ низ вобаста ба тарбияи ҳуқуқӣ расонида шудаанд. Дар ин вохӯриҳо ба масъалаҳо оид ба моҳияти Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 691 аз санаи 9.04.1997 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 383 аз санаи 22.08.1997 «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» ва «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солҳои 2020-2030, ки санаи 27.11. соли 2019 таҳти №599 қабул гаштааст, аҳамияти ҷиддӣ дода шудааст. Чунин вохӯриҳо ҳамчунин аз тарафи кормандони прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят низ анҷом дода шудаанд.
Дар ин давра ҳамчунин собиқ сардори бахши назорати иҷрои қонунгузориҳои замини прокуратураи вилоят Сангинзода Р. дар моҳи феврали соли 2023 тариқи телевизион ва радиои вилоят оиди моҳияти қонунгузориҳо дар соҳаи замин, аз ҷумла шарҳу тавзеҳи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намудааст. Чунин вохӯрию сӯҳбатҳо вобаста ба фаҳмониданӣ моҳияти қонунгузориҳо оиди пешгирри терроризм ва ифротгароӣ ва тағироту иловаҳои ба қонунҳо воридгашта аз тарафи сардори шуъбаи муқовимат бо терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллии прокуратураи вилоят Нидозода М. тариқи баромад аз тарафи радио ва телевизиони вилояти Хатлон ва ТВ “Инсон ва Табиат” дар моҳи апрели соли равон гузаронида ва ба самъи аҳолӣ расонида шудааст. Чунин баромадҳо тариқи радио ва телевизионҳои маҳалӣ аз тарафи сардорони шуъбаҳо ва ёрдачиёни калони прокурори вилоят, кормандони прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳо низ роҳандозӣ карда шудаанд.
Дар ҷамъбасти 6-моҳаи аввали соли равон аз тарафи кормандони прокуратураи вилоят ҷамъан тавассути воситаҳои ахбори умум 602 маротиба, аз ҷумла, дар матбуот 208 маротиба, ба воситаи радио 188 маротиба ва тавассути телевизион 206 маротиба баромадҳо анҷом дода шуда, дар ташкилоту муассисаҳо зиёда аз 1454 маротиба сӯҳбату вохӯриҳо анҷом дода шудааст.
Оиди гузаронидани сӯҳбату вохӯриҳо дар байни аҳолӣ, махсусан наврасону ҷавонон ва донишҷӯён доир ба масъалаҳои тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, фаҳмонидани моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯсти шаҳрвандон”, пешгирии нашъамандӣ ва оқибатҳои сӯистеъмоли он, инчунин ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо ва сӯҳбатҳо дар самти пешгирии нашъамандӣ ва қонунҳои қабулгашта вобаста ба пешгирии муомилоти ғайриқонунии моддаҳои нашъаовар аз тарафи кормандони прокуратура корҳои муъаяне ба иҷро расонида шуда, дар ин давра доири пешгирии ҷиноятҳои муомилоти ғайриқонунии моддаҳои мухадира ва сӯъистеъмоли зиёда аз 120 вохӯрию сӯхбатҳо анҷом дода шудааст.
Чунин вохӯрию сӯҳбатҳо ҳамчунин бо донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва мактабу муассисаҳои дигари таълимӣ аз тарафи кормандони прокуратура зиёд анҷом дода шудаанд.
Фаъолияти прокуратураи вилояти Хатлон дар самти баланд бардоштани дониши ҳуқуқии аҳолӣ дар 6-моҳаи аввали соли равон имконият дод, ки дониши қишрҳои гуногуни аҳолӣ то андозе беҳтар карда шавад ва кӯшиш хоҳем кард, дар оянда низ саҳми бузурги худро дар ин самти ниҳоят муҳим гузорем.
Зайниддинов В.Д., ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи 1