Оятулло Каримзода 10-сола аст ва дар худ иллати ҷисмонӣ дорад, аммо агар даме бо ӯ биншинӣ ва суҳбат анҷом бидиҳӣ, ҳеҷ пай намебарӣ, ки мавсуф аз дарде ранҷ мекашад. Чунки хеле чолоку боҳуш аст ва ҳамроҳат он гуна суҳбат ва баҳсу мунозира мекунад, ки фикр мекунӣ таҳсилкардаи фаъоли кадом як донишкада ё донишгоҳи олӣ аст.

Оятулло хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Ваҳдат аст. Соли хонишро бо баҳои хубу аъло ба итмом расонидаву дар таътили тобистона аст. Аслан, таътили як нафаре, ки воқеан донишомӯз ва ҳамеша дар талоши илм аст, он гунае мегузарад, ки гӯиё идомаи соли хониш ё соли таҳсилоташ бошад. Вақте барои суҳбат роҳи хонаи онҳоро пеш гирифтем, ба худ меандешидем, ки шояд ӯро дар хона пайдо карда наметавонем, зеро алҳол ҳамаи мактаббачаҳо дар таътили тобистонаанд. Қисме ба истироҳатгоҳҳо фаро гирифта шудаанду иддаи дигар дар ин фасл ба хонаи хешу ақрабои худ рафтаанд. Хушбахтона, гумонамон ғалат баромаду Оятуллоро дар хона машғули мутолиа дарёфтем. Ин ҷо гуфтанӣ нестем, ки ҳама кӯдаконе, ки ба таътил мебароянду дар истироҳатгоҳҳо таътили тобистонаро мегузаронанд, аз хондан дур мешаванд, балки гуфтанӣ ҳастем, ки аксари толибилмон ин ҳангом ба хонадани асарҳои бадеӣ, шеъру афсона ва расмкашӣ машғул мешаванд. Оятулло низ дар вақти таътил нахуст кореро анҷом медиҳад, ки тибқи гуфтаи худаш муаллимашон Султон Сангмамадов ба ӯву ҳамсабақонаш супориш дода буд.

– Муаллим дар таътили тобистона ба шумо чӣ супориш дода буд? – пурсидам аз Оятулло. Ӯ гуфт, ки ҳар сол вақти тамом шудани соли хониш муаллим ба онҳо таъкид мекунад, ки аз шоирони классик ва муосири  тоҷик на кам аз 10 шеър азбар кунанд. Ғайр аз ин, достону ҳикояҳои нависандагонро мутолиа кунанд ва ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ машғул гарданд.

Қобили зикр аст, ки ҳамсуҳбати моро замони таваллудаш дар таваллудхона духтурон ба волидонаш ба ҷойи суханҳои хушҳолкунадаву умедворкунанда, баръакс аз иллати ҷисмонӣ доштани вай хабар доданд, ки ин оҳиста-оҳиста ба сард шудани муносибатҳои падару модараш оварда расонд. Албатта, ҳеҷ модаре то имрӯз дар ҳеҷ ҳолате аз фарзанди худ рӯ натофтааст. Аммо, тарси бо имкониятҳои маҳдуд ба воя расидану минбаъд зиндагиро бо чунин тарз идома додани фарзанд падарашро водор сохтааст, ки баъди чанде  аз ҳамсару фарзандаш ҷудо бишавад…

Воқеан, нигаҳдорӣ ва таълиму тарбия барои модари танҳо мушкил аст, вале ӯ ҳеҷ гоҳ аз ин кор даст намекашад ва ҷое ҳам бобати ин лаб намекушояд. Иллати ҷисмоние, ки дар пойҳои Оятулло бо амри тақдир ҷой дошт (ба ҳам ниҳоят зич будани пойҳо ва кӯтоҳии дасту пойи тарафи чап аз тарафи рост) бо кӯмаки табибон то ҷое бартараф карда шуд ва умедро дар дили модар ва бобою бибӣ дубора зинда кард. Ҳоло модари Оятулло пайи зиндагии хеш аст. Оятулло бошад, бо бобою бибии модарияш зиндагӣ мекунад ва онҳо ва ӯро чун фарзанди хурдӣ медонанд.

Падари Оятулло дур аз онҳо зиндагӣ мекунаду ба ғайр аз алиментпулӣ то ин замон ҳеҷ кӯмаке ба ин кӯдаки маъсум накардааст ва ҳатто боре ҳам ба аёдаташ наомадааст, аммо Оятулло мегӯяд вақте бузург мешавад, ҳатман ба суроғаш мераваду замони пирӣ ӯро нигаҳбонӣ мекунад…

Хотиррасон бояд шуд, ки Оятуллоро ду маротиба: нахуст аз кафҳои пой ва баъдан аз зери кулчаҳои зонуи ҳарду пойяш ҷарроҳӣ кардаанд ва ҳоло бо пойҳои худ роҳ мегардаду хӯрокро низ худаш бо дастонаш мехӯрад ва қариб ки ба кӯмаки касе ниёз надорад. Бобою бибӣ барои ин набераи дӯстрӯ бо духтурон мудом дар иртиботанд. Баъди ҳар ду ё се моҳе ӯро ба назди табибон бурда, аз вазъи саломатияш огоҳ мешаванду маслиҳату машварати онҳоро мегиранд.

Тавре дар боло ишора кардем, Оятулло писари хеле чолоку боҳуш аст. Ҳамроҳи дӯстонаш Билол, Умар ва Илҳом дар майдончаи назди хонаашон футболбозӣ мекунанд. Дӯстонаш ба маҳорати футболбозии ӯ баҳои баланд низ медиҳанд ва ҳеҷ яки онҳо ӯро аз худашон кам намешуморанд. Дар кори таълим бошад, ба Оятулло писари холааш Рамазон ёрӣ медиҳад. Дар ҳар мавзӯъ онҳо бо ҳам мубодилаи афкор мекунанд. Вақте аз ӯ пурсон шудем, ба ғайр аз хондану навиштан, боз ба чӣ кор шуғл дорад, ӯ гуфт, ки дар вақти холигӣ ба расмкашӣ машғул мешавад ва суханашро идома дод:

– Чанд сол пештар аз ҷониби як ташкилоти кӯмакрасон ба кӯдакони иллати ҷисмонидошта курсҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва маҳорати рассомӣ ташкил шуд ва ман ба расмкашӣ, ки шавқи зиёд доштам, он ҷо ин маҳорати худро санҷидам. Бештар расмҳои табиатро мекашам.

Ба гуфтаи худ ва дӯстонаш Оятулло дар мактаб бештар дар фанҳои забони тоҷикиву русӣ ва математика фаъолтар аст.

– Ҳисобу китобро зиёд дӯст медорам, -мегӯяд ӯ.

Ин аст, ки дар қалбаш меҳри иқтисодчӣ шуданро мепарварад. Мехоҳад пас аз хатми мактаб дар донишгоҳ дар риштаи иқтисод таҳсили худро идома диҳад ва иқтисодчии хуб шавад. Барои ин кор, дар хона ба ӯ бибияш кӯмак мерасонад. Бо ӯ мисолу муодилаҳоро якҷо кор мекунанд ва аллакай, ҷадвали зарбро то хонаи 6 азхуд кардааст. Ғайр аз оне, ки таваҷҷуҳаш ба забони русӣ зиёд аст, ҳоло мехоҳад дар фасли тобистон ба омӯзиши забони англисӣ шуруъ кунад. Ба андешаи қаҳрамони мо ҳар нафаре, ки дар ҷомеа масъулиятеро бар уҳда дорад, бояд ҳадди ақал ду забони хориҷиро донад ва бо онҳо озод суҳбат карда тавонад.

Оятулло дар мактаб дар чорабиниҳои фарҳангӣ иштироки фаъол дорад ва аз худ маҳорати баланди шеърхонӣ нишон медиҳад. Вақте аз ӯ пурсидем, ки бештар ашъори кадом шоиронро мехонаду азбар мекунад, ӯ гуфт:

– Чанд сол аст, ки тариқи телевизион иштироки ҳамсолони худро дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи донои китоб аст” тамошо мекунаму шавқу ҳавасам ба хондани адабиёти бачагона бештар мешавад. Ҳоло ба хондани адабиёти бачагона машғулам. Мехоҳам соли оянда дар озмун иштирок карда, аз худ маҳорати баланд нишон диҳам ва сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардам.

Талошу кӯшишҳо ва андешаҳои созандаи қаҳрамони мо – Оятулло гувоҳи он аст, ки ӯ ба зиндагӣ бо назари нек менигарад ва умеду орзуҳои зиёде дорад. Дар ин роҳ ба Оятулло дӯстону пайвандонаш муттакоянд ва Оятулло ҳеҷ эҳсоси танҳоӣ намекунд. Ғайр аз ин, ӯ барои чанде аз ҳамсолонаш, ки иллати ҷисмонӣ доранд, улгӯ аст.

Ин қаҳрамони кӯчаки мо дар дил орузҳои бузурге дорад. Мехоҳад дар ҷомеа нафаре бошад, ки тавонад, дасти касеро бигирад, кореро анҷом диҳад, ки нафъаш ба мардум бирасад ва ҳамчун фарзанди баору номус ба Ватану миллати хеш хидмати содиқонаву софдилона кунад. Мо низ умед мебандем, ки Оятулло бо дилу нияти пок, бо талошҳои беинтиҳо ва кӯшишу ғайрати худ ба ниҳонтарин орзуҳои замираш бирасад ва дур аз дарду ранҷ зиндагии зебоеро ба сар барад.

Тоҳир ЧИЛАЕВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь