Ҳар гоҳе, ки маро хумори дидани рӯйи бобоям мегирад, ёд аз куҳистон мекунам, ки бо табиати нотакрору дилфиребаш ба руҳу қалб фараҳ мебахшад. Маҳз ҳамин гӯшаи ватан – ноҳияи Айнӣ, ки порае аз биҳишт аст, дар қалбҳои ҳар яки мо ҷой шудааст.

62-сол пеш, яъне 25-уми январи соли 1960 бобоямТолибов Ҷумъабой Ҷӯрабоевич – бунёдгузори ҳафтаномаи “Пайкон” дар ноҳияи Айнӣ, деҳаи Испағн ба дунё омадаанд.

Ман шоири муқтадире ва ё сухангӯи волое, ки дорои истеъдоди баланди эҷодӣ, ки бо фикрҳои зебои баландпарвоз сухан меронад, нестам ва ноз бар фалаку ҳукм бар ситора карда наметавонам, вале чун сухан аз бобати бобоям меравад, кавкаби илҳомам монанди кабӯтари пазмон ба дуриҳои дур пар мезанад, саманди хаёл ба ҷaвлонзанӣ оғоз мекунад ва дар қуллаҳои осмонбӯси куҳистон ошён мегузораду бо фариштаҳои осмонӣ аз ёди бобоям қиссаҳо мекунам ва ба ин васила дарди диламро ифшо месозам.

Вақте ки симои бобои азизам пеши назар меояд, аз чашмонашон, аз тамоми ҳастиашон нур меборад. Ин нур чун чароғе роҳи ояндаи ҳаётамро равшан месозад.

Дар танҳоӣ, шабҳо чашм мепӯшам, суханони пандомез ва садои хандаҳоятон ба гӯш мерасад. Вақте чашм мекушоям, ин садо хомӯш мегардад, зеро ин садо тасаввур аз хотиротам буд. Шуморо ёд кардам, бобоҷон! Чӣ суханҳое бароятон бигӯям, то дар наздам ҳозир шавед ва шуморо ба оғӯш гирам, сарамро болои китфонатон гузораму бо шумо суҳбати ширине кунаму аз дидори шумо сер шавам!? Чашмонам аз ёди шумо ҳамеша наманд. Чӣ қадар вазнин, чӣ қадар мушкил аст дурӣ аз шумо. Шуморо ёд кардам, вале ҳайҳот, ки умри инсоният бозгашт надорад. Мо ба сӯйи шумо, бо роҳи шумо равонаем.

На хотире ранҷондаӣ, на бар касе бад кардаӣ,

На ҳаққи мардум хӯрдаӣ, на моли мардум бурдаӣ.

Ҳатто дили як мӯрро н-афсурдаӣ, н-озурдаӣ,

Бояд бимиранд ин сагон, боре, чаро ту мурдаӣ?

То вақте ки ҷон дар бадан дорам, ба ёди чунин бобои ғамхору меҳрубон, азизу воло, далеру ҷасур, хоксору ҳалим месӯзаму месозам.

Он чӣ аз панди бобои бузургворам омӯхтам, мегуфтанд: «Зиндагӣ худ як дарси ибрат аст, шумо дар он мисли наққош ҳастед, ки бо кирдору рафтори худ онро наққошӣ мекунед. Кӯшиш ба харҷ диҳед, ки наққошии шумо бидуни ягон хатпок (хаткӯркунак) бошад. Вақте ки ба гузашта бармегардед, ниёз ба хатпок надошта бошед».

Бобои азизу меҳрубонам, шукри Парвардигори оламиёнро мекунам, ки фосилаи каме, ки дар зиндагӣ бо мо будед, аз шумо бисёр чизро омӯхтем ва то ҳол сармашки кору зиндагии худ кардаем.

Молик ибни Робиъа мегӯяд: «Мавқее, ки мо хидмати расули Худо нишаста будем, як марде омаду гуфт: «Эй расули Худо, оё аз некӯкорӣ ба падару модарам коре боқӣ монда, ки баъд аз маргашон ба анҷоми он пардозам, то дар ҳаққашон некӯиву хубии комил карда бошам?»…

Ҳаждаҳуми ноябри соли 2011 рӯзи сахттарину бадтарини ҳаётам дар зиндагиам буд, зеро дар ин рӯз бобои азизу меҳрубонам, ки ҳамеша барои сулҳи Тоҷикистон меболиданду менолиданд ва ҳеҷ гоҳ аз сухани ҳақ рӯ намегардонданд, ҳақиқатгӯву ҳақиқатҷӯй буданд, аз дарди бедармони саратон ба шаҳодат расиданду маро аз нури чашмонам, қуввати дилу ҷонам, насиҳатгару маслиҳатгарам, лахти ҷигарам, бобои ба ҷону дил баробарам ҷудо карданд.

Куштандат, о ҷону ҷигар, эй ҷашну суру иди ман,

Куштандат, о нури басар, эй бар замон тамҳиди ман,

Эй фахри ман дар зиндагӣ аз диду аз нодиди ман,

Хоки ду олам бар сарам, бар ин сари испеди ман.

Тире, ки зад бар синаат, бар мағзи ҷони ман расид,

Тире, ки зад бар синаат, бар синаи меҳан расид,

Зеро камон бар қабзаи бедонишу бефан расид,

Зеро камон андохтан бар зумраи кавдан расид.

Ӯ, яъне бобои азизам рафт ва ҳама шодиии дунёро бо худ аз мо рабуд. Дигар ин дунёи рӯшан бо ҳама зебоиву сарсабзиву айшу нишоташ барои ман як зиндон шуд, зиндагӣ бароям рангу бӯй ва маънияшро гум кард.

Дигар дарду алами дилҳои хунчакону ҷигарҳои сӯхтаи мо наберагону фарзандҳояшон дар ду олам намеғунҷад. Мусибати гарон ва ғаму андуҳе, ки болои сари хонадони мо омад, миёни мо ва бибии ба ҷону дил баробарам батамом шикаст. Ҳарчанд тақдири Худоро чора нест ва банда бояд пеши тақдири кашидаи Холиқаш мутеъ бошад, вале боз ҳам бо гузашти беш аз чандин солҳо наметавонам бе дард ва бе оби дида он мусибати гарон, дарди бе шумо буданро таҳаммул кунам.

Бобоҷон, илоҳо ҷоятон ҷаннат, руҳатон шод, манзили охирататон ободу пурнур бошад! Мо имрӯз аз надоштани шумои дилбанд ҷигархуну озурда ҳастем, вале шукр аз он мекунем, ки бибии меҳрубон дорем ва чун чароғи хонадонамон бирафт, пеши Худо дуо мекунем, ки бибии азизамон, сутуни хонадони моро нигаҳбон бошад!

Водареғ! Ба ҳукми аҷал чора чист?

Мутеъ нагашта ба ҳукми аҷал кист?

Худо доду Худо гирифт ҷони он,

Ба моён тасалло деҳ, Худои Субҳон.

Имрӯзҳо мо ҳама – наберагон, тағову амак ва холаҳоям сарҷамъ дар хонаи шумо омадем ва барои 62-солагии мавлуди шумо сари дастархон бо дӯстону наздикон, хешу табор, бо ёди бобои шодравон, бо таассуроти хубу гуворо, бо оби чашм ва бо дуоҳо аз Қуръони маҷид тиловат мекунем ва ёде аз гузашта карда, руҳи қиблагоҳамонро шод месозем.

Дар сина дил ситезад, омад мавлудат бе ту,

Об аз ду дида резад, омад мавлудат бе ту.

Бе қиблагоҳу бе ту, дар зери гардуни дун,

Шодӣ зи ман гурезад, омад мавлудат бе ту.

Дар пуштаи мазорат, дар водии хамӯшон,

Имрӯз сабза хезад, омад мавлудат бе ту.

Дишаб, ки мегиристам дар ғурбати ятимӣ,

Борон ба шиша мезад, омад мавлудат бе ту.

Руҳатон шод, манзили охирататон обод бод, бобоҷони зиндаёдам!

Бирезад дар сари қабри ту оби дидаҳои ман,

Расад бар гӯши арвоҳи ту Алҳамду дуои ман.

Ту хомӯшӣ қатори рафтагони хоки хомӯшон,

Вале дар ҷони ман ҳастӣ ҳамеша ҳамсадои ман.

Аврангшоҳ НОРМАҲМАДОВ,

шаҳри Панҷакент, деҳаи Суфиён

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь