Забон тарҷумони дилҳост, гуфтаанд бузургон. Ин беҳуда нест, зеро аз ҳарфзании нотиқ шунаванда мақсади ӯро мефаҳмад, ба одобу маданият, саводнокияш баҳо медиҳад. Ҳар кас баробари донистани забони модарии худ, боз забонҳои дигарро бояд омӯзад, аз ҷумла, забонҳои русию англисиро. Тавассути забони русӣ мо ба илму адабиёти ҷаҳон роҳ ёфтем, ҳамчунин бо тақозои замон шаҳрвандони мо ба шаҳрҳои Русия мераванд, кору зиндагӣ ва таҳсил менамоянд. Дар фурудгоҳҳои байналхалқӣ ҳаракати тайёраву қатораҳоро бо забони англисӣ эълон менамоянд. Нафари ба ин забон сарфаҳм нарафта, аз тайёра ё қатора қафо мемонад.

Солҳои охир ҳазорҳо нафар ҳамдиёрони мо барои ёфтани шуғл ба Русия мераванд ва он ҷо солҳо кору зиндагӣ мекунанд, сад афсӯс, ки аксари онҳо забони русиро дуруст намефаҳманд, бинобар ин ба душвориҳо вомехӯранд, гирифтори таъқиби полис ва намояндагони мақомотҳои дигар мешаванд.
Суоле ба миён меояд, онҳо чӣ хел солҳои зиёд дар мактабҳои миёна забони русиро омӯхтаанд? Фақат барои ёд гирифтани чанд калима?
Бо сабаби надонистани забони русӣ чор ҷавони тоҷик дар Русия шарманда шуданд ва мувофиқи гуфти худашон роҳи бозгаштро ба Ватан бастанд.
Онҳо чор нафар шарикдарсон баъди хатми мактаби миёна ба Русия рафтанд, бо сабаби наёфтани шуғл муҳоҷир шуданд. Гумон карданд, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ кори хуб ва сердаромад меёбанд ва зиндагиашонро пеш мебаранд, аммо хаёлашон хом баромад, зеро забони русиро дуруст намедонистанд ва ҳар ҷое мерафтанд, аз суҳбати кордеҳ намегузаштанд. Хеле сарсону саргардон гаштанд ва ниҳоят кор ёфтанд. Марде ба онҳо раҳм карда, ба сохтмонаш ҳамчун коргари оддӣ қабул намуд.
Кор вазнин буд, бетон мекашонданд, бо занбар маҳлул мебурданд, хишт мефароварданд. Нафаре чанд соат бо онҳо дар бораи риояи техникаи бехатарӣ суҳбат гузаронд, вале он суд набахшид, онҳо муҳандисро намефаҳмиданд. Муҳандис дар охир «саратону равғанатон» гуфта барин ба дафтаре имзои онҳоро гирифту рафт.
Ҳамин тавр, аз субҳ то шом кор мекарданд, баъд ба хобгоҳ омада дам мегирифтанд ва бо корҳои беҳуда шомро шаб менамуданд. Калонсолон борҳо насиҳат карданд, ки вақташонро беҳуда нагузаронанд, китоб хонанд, забони русиро омӯзанд, вале ин гуфтаҳо ба эшон намефорид.
– Ба он зарурат нест, – мегуфт Тоҳир, ки нодониашро намедонист. – Мо умрбод ин ҷо намемонем, як миқдор пул захира карда, ба деҳа меравему ягон шуғл меёбем, ҳоло кайф карда, сайру саёҳат менамоем.
Рӯзу моҳҳо ва сол ҳамин минвол мегузаштанд. Дар зиндагии чор ҷавон чизе тағйир наёфт, ҳамон ҳаммому ҳамон тос гуфта барин рӯзро шаб мекарданд. Андаке пулдор шуданд, як миқдори онро ба волидон фиристоданд.
Он рӯзи тирамоҳ чун ҳарвақта ба кор омаданд. Аъзои бригада бинои баландошёнаро андова мекарданд, Тоҳиру Аҳрор ба онҳо маҳлул мекашонданд. Тоҳир шабона дуруст нахуфта буд, аз ин рӯ, хоболудона сатилҳои пурборро бардошта калавида – калавида, бо зинаи сохтмонӣ ба андовачиён маҳлул мекашонд. Як вақт тахтаи зери пояш фурӯ рафт, сатилҳо аз дастонаш афтоданд ва худ сарозер поён фаромаду дод зад. Аҳрор поён нигарист, вай чӣ тавр ба зинаҳои сохтмон бархӯрдани рафиқи хунолуди сару рӯй кафида ва ниҳоят ба замин расидани Тоҳирро коҳилона назорат намуд ва бо пойҳои ларзони беқувваташ поён давид.
Сохтмончиён поён фаромаданду ҷасади Тоҳирро аз назар гузарониданд, онҳо гумон доштанд, ки ба вай ёрӣ мерасонанд, вале дер шуда буд. Ба сохтмон мошинҳои ёрии таъҷилии тиббӣ ва политсия омаданд…
Баъди муоинаи маҳал Тоҳирро ба мурдахона (морг) бурданд, се ҳамдеҳааш низ бо он мошин рафтанд. Ҳар се дасту по гум карда буданд, чӣ кор карданашонро намедонистанд.
– Ба хешовандонаш хабар додед? – пурсид духтури навбатдор.
– Не, – ҷавоб дод Аҳрор. – Тезтар телефон кунед ва аз пайи гӯручӯб шавед, – маслиҳат дод духтур.
Ташхис анҷом ёфт. Ба ҷавонон нусхаи онро пешкаш карда фаҳмонданд, ки Тоҳир Нозимов аз ошёнаи ҳаштуми сохтмон афтода, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифтааст ва аз зарбаҳои бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудааст… Ҳамчунин навишта шуда буд, ки вай аз ҳодисаи нохуши ногаҳонӣ вафот кардааст… Фалон узвҳояш ҳангоми ҳодисаи нохуш осеб дида, сабабгори марг шудааст.
– Вам сделать кремацию? – аз мурдахона баромада пурсид марди хилъатпӯше.
– Да, да – ҷавоб доданд ҷавонон.
– Хорошо, тогда подпишите здесь, – коғази дар дасташ бударо ба онҳо дароз кард мард.
Аҳрор сатри ишорат кардаро нахонда имзо гузошт, ҳамроҳонаш ҳам ба вай пайравӣ карданд, мард варақҳоро гирифта «ждите» гуфту ба мурдахона даромада рафт.
Ҷавонон қариб ду соат мардро мунтазир шуданд, дар ин муддат ба хешовандони Тоҳир занг зада, гуфтанд, ки дар мурдахона мебошанд, баъди чанд вақт тобутро гирифта ба фурудгоҳ мебаранду тавассути тайёра гусел менамоянд.
Хешу табори Тоҳир, ҳамдеҳагонаш ҷамъ шуда, ба ҷаноза тайёрӣ диданд. Дар қабристон қабр кофтанд, муллою мурдашӯро хабар карданд, барои аз фурудгоҳ овардани марҳум мошин киро карданд ва ғайра.
Аҳрору рафиқонаш дар роҳрав беш аз ду соат интизори марди хилъатпӯш шуданд. Онҳо гумон доштанд, ки дар мурдахона ҷасадро ба тобут ҷой мекунанд, сарпӯшашро маҳкам менамоянд.
Ниҳоят марди хилъатпӯш баромад. Вай қуттии чӯбин дар дасташ бударо ба рӯйи миз гузошта, арақи сару рӯяшро пок карда гуфт:
– Заберите труп.
Ҳангу манги ҷавонон канд, онҳо чизеро нафаҳмида саволомез ба мард менигаристанд. Мард аз ҳолати онҳо маънӣ гирифта гуфт:
– Это ваш труп после кремации, заберите и отвезите домой.
– Что? – баробар пурсиданд онҳо, – какой кремации?…
Баҳси тарафайн кашол шуд. Онҳо якдигарро намефаҳмиданд, гӯё аз сайёраҳои дигар омада бошанд. Доду войи ҷавононро шунида, чанд коргари муассиса наздашон омаданд. Марди тоссари шикамхамида, ки сардори коргоҳ будааст, даст бардошта, ҳамаро ба хомӯшӣ даъват намуда, муноқишаро ҷамъбаст кард. Вай фаҳмонд, ки мувофиқи дархости онҳо ҷасадро сӯхта хокистарашро дар ин қуттӣ ҷой карданд, хушӣ ба хушӣ онро гирифта раванд, вагарна политсияро даъват менамоянд.
Ҷавонон политсияро шунида аз шаст фаромаданд, зеро борҳо ба дасти онҳо афтода шатта хӯрда буданд. Саросема қуттичаро гирифта берун баромаданд, зеро дигар илоҷ надоштанд, замин сахту осмон баланд гуфтаанд.
Се ҷавон телефони мобилиашонро хомӯш карда, дар кунҷи боғ нишаста, хеле ашк рехтанд. Чунин ноомадеро дар гӯшаи хаёл ҷой надода буданд, дирӯз рафиқашон Тоҳир зинда буд, ҳамроҳ кору истироҳат мекарданд, имрӯз ба ҷойи ӯ қуттии хокистарашро диданд. Онҳо хеле маслиҳат карда, илоҷи воқеаро наёфтанд.
– Лаби дарё меравему қуттиро ба об мепартоем ва ба ягон шаҳри дигар меравем, – маслиҳат дод Аҳрор.
Азбаски бесавод буданду ба қоидаҳои оддии зиндагӣ ақлашон намерасид, ба ҷойи қуттиро бо тайёра ба деҳа фиристодан, роҳи ҳалли масъаларо ин хел аблаҳона ёфтанд. Қуттиро ба дарё партофта, ба хобгоҳ омаданд ва либосҳояшонро гирифта, ба тарафи рост омада, рафтанд.
Пайвандони Тоҳир дар ҳолати ногувор монданд. Онҳо ба ҷаноза тайёр шуданд, одамонро хабар карданд. Вале аз шарикони марҳум ягон хабар нашуниданд, зеро телефони мобилии онҳо хомӯш буд. Дар охир маслиҳат карданд, ки ба Русия, ҷойи зисти Тоҳиру шариконаш ду намоянда фиристанд, зеро фақат он ҷо асли воқеаро фаҳмидан мумкин буд.
Пайвандони Тоҳир ба ҷойи кор, хобгоҳи марҳум, баъд ба мурдахона рафта бо чанд нафар ҳамсуҳбат шуда, асли воқеаро фаҳмиданд, донистанд, ки бо иҷозати рафиқони Тоҳир мурдаро сӯхта, хокистар кардаанд…
Ҳамдеҳагон аз пайи ҷустуҷӯи се гуреза шуданд. Русия кишвари калон аст, вале одам сӯзан нест, ки бе ному нишон шавад, ҳар куҷое наравад, аз худ нишон мемонад. Онҳо ба политсия муроҷиат намуданд ва мақомоти корҳои доҳилӣ аввал се гурезаро дарёб намуда, лату кӯб намуданд, баъд ба ҳамдеҳагонашон супурданд.
– Кӣ ба шумо иҷозат дод, ҷасадро сӯхта хокистар кунед? – дарафтоданд онҳо ба ҳамдеҳагонашон. Дар куҷо шунидед, ки мурдаи мусулмонро сӯхта хокистар кунанд. Магар дар қабристони деҳа хокистари ягон касро ба хок супурдаанд? Аз санг садо буду аз даҳони онҳо овоз намебаромад, ҳарчанд шаттаборон карда бошанд ҳам, забон гардонида наметавонистанд. Фақат ба саволи «хокистарро куҷо партофтед?» базӯр посух доданд: – Ба дарё, – ҷавоб дод Аҳрор. – Рафтем, он дарёро нишон диҳед!…
Вале аз дарё қуттии хокистардорро ёфта мешавад?! Аз ин рӯ, ҳамдеҳагон хеле се аблаҳро заданду ноилоҷ қафо баргаштанд.
Ба деҳа дигар қадам намонед, ки поятонро мешиканем! – вақти рафт таҳдид карданд онҳо.
Ҳамин тавр се ҷавони бесавод нафақат худашон, балки ҳафт пушташонро бадном карда, ба Русия монданд ва роҳи ба зодгоҳашон баргаштанро умрбод аз даст доданд.
– Ана чунин аст қиссаи талхи се ҷавони бесавод, ки мактаби миёнаро хатм карданду чанд калима забони русиро аз худ карда натавонистанд.

Ромиши Фирдавс

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь