Гулдухтарону занони зебои Тоҷикистон ҳамеша дар ҳама гуна кору меҳнат пешсаф ва шоистаи халқу Ватан буданд. Адибони тоҷик дар ситоиши онҳо қиссаву роман ва шеърҳои фараҳангез менавиштанд ва менависанд. Агар Гулбибӣ дар замони пур аз фоҷиаи феодалӣ умр ба сар бурда, ба муроду мақсад нарасид, Гулрӯву Фирӯза барои ба вуҷуд овардани ҳаёти нави дурахшон ҷонбозиҳо карда, саодатманд шуда буданд. Занони тоҷик дар солҳои ҷанг дар баробари мардон ба муқобили фашизм ҷангиданд, имрӯз ҳам онҳо барои беҳбудии ҳаёти кишварашон дар ҳама гуна ҷабҳаҳо ба ҷону дил хизмат менамоянд. Занону духтарон дар пешрафти илму таълим ва тансиҳатии мардум бебаҳо хидмат менамоянд, раҳбарони дастгоҳу идораҳои давлатӣ мебошанд.

Пахтачиндухтари комбайнсавор, лётчикзани ҷанговар, атласу қолинбофон, дӯзандагони моҳир рӯз то рӯз аз ҳисоби занону духтарон меафзояд. Онҳо барои зебову пурбаҳо гардидани ҳаёти тоҷикон саҳмгузоранд. Устод Мирзо Турсунзода бо фараҳмандӣ навиштаанд:

Ҳеҷ коре нест бе зан хуб шуд,

Ифтихоре нест бе зан, хуб шуд.

Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,

Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.

Мо дар кишварҳои Шарқу Ғарб бонувони ронандаро бисёр ба мушоҳида мегирифтем ва орзу менамудем, ки дар ватани мо ҳам чунин анъана ба миён ояд. Хушбахтона, солҳои охир дар пойтахт сафи ронандагон аз ҳисоби бонувон меафзояд, ки ин боиси ҳуснафзоии шаҳрамон мегардад. Занону духтарони тоҷик чанбарак дар даст мошини худ ё дастгоҳҳои калони техникӣ ронда, як андоза кори мардонро сабук ва онҳоро ба фатҳи фаъолиятҳои боз ҳам нави техникию меҳнатӣ меандозанд.

Чӣ гунае мебинем, занон ҳамеша ғамхор ва мададгори мардон буда, шуҷоату фаъолияти онҳо мардуми тоҷикро ба илҳом меовард. Ятимова Ҳавасмоҳ ронандаи троллейбуси чорум буда, бо сарбаландӣ касби падар иҷро менамояд. Вай дар назди худ азм гузоштааст, ки бо ин фаъолияти хоксоронааш дар дили мардум муҳаббат ба пойтахт афзояд, роҳашонро наздик, рӯҳашонро болида нигаҳ дорад. Ҳавасмоҳ ҳавас дорад, ки бо нутқи хушгувораш номи истгоҳҳоро ба забон гирифта, аз навиҳои хиёбону воситаҳои техникии шаҳр сухан гӯяд, Оҳангҳои дилнишин шунавонда, ҳамчунин шаҳрвандонро аз хабарҳои олам огоҳ созад. Вай субҳи содиқ онҳоеро, ки ба кор меоянд, ё шахсонеро, ки монда шуда, аз кор ба хонаашон мераванд, гарм ва бо меҳрубонӣ истиқбол гирифта, ё гусел карда истода,  барояшон худ ба худ ё баъзан ба овоз барои фардо қуввату дармони тоза мехоҳад.

Аз “Парвозгоҳ” то  “Гулбутта”  (поёни шаҳр) масофа хеле зиёд мебошад, онро дар ним соат тай намуда, бо шаҳрвандон нек муносибат мекунад. Мусофирон кайҳост, ки ӯро ҳомиву мададгори худ мешиносанд ва мошинсавор гӯё олами аҷоиботи зиндагиро тай карда, дар  шаҳри зебои тоҷикон парвоз менамоянд. Ин фазилати Ҳавасмоҳ Ятимова, кору кирдораш, тамоми хубиву зебоиҳои меҳнаташ бисёриҳоро ба ваҷд овардааст.

Шоҳзамон, 04.08.22

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь