Гӯштини тарзи озод яке аз намудҳои маъмули соҳаи варзиш дар қатори дигар намудҳои гӯштин буда, ҳаводорони бешумори худро дорад. Он ҳамчун намуди олимпии варзиш аз соли 1896 инҷониб шинохта шудааст.

Дар Тоҷикистон ҷалби ҷавонон ба ин намуди гӯштин ва рушди ҳамаҷонибаи онро ба даврони истиқлолият нисбат диҳем беҳтар аст, зеро варзишгарони мо маҳз дар ҳамин давра ба ин соҳа таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, ба натиҷаҳои арзанда мушарраф гардиданд. Шуҳрати ҷаҳонии ин навъи варзиш ва варзишгарони муваффақи соҳа боиси он гардидааст, ки ҷавонон бештар ба он рӯ биёранд ва баҳри расидан ба мақсади худ, инчунин ба хотири баланд бардоштани Парчами давлатӣ миёни дигар кишварҳои олам заҳмат бикашанд. Ҳасан ва Ҳусейн Ҳакимовҳо низ аз зумраи ҳамон дилбохтагонеанд, ки барои расидан ба мақсаду орзуҳои хеш дар ин ҷодаи заҳматталаб камари ҳиммат бастаанд.

Варзишгарони муваффақ, серталош, Ҳасан ва Ҳусейн зодаи шаҳри Душанбе буда, 23 сол доранд. Шӯру шавқи варзишгар шудан дар дили ин дугоникҳои серталош аз хурдӣ пайдо гардида, барои амалӣ намудани мақсадашон талошҳои зиёд менамуданд. Чунончи Ҳусейн мегӯяд: “Ростӣ, дар хурдсолӣ ҳеҷ оромӣ надоштем ва пайваста бо ҳамдигар дар ҳоли кашмакашиву зӯрозмоӣ будем. Ибораи “Ман аз ту пурқувваттарам” ҳеҷ оромамон намегузошт ва он ягона баҳонае барои даргириамон буд ва ҳамаи ин боис гардид, то рағбатамон ба варзиш бештар гардаду муваффақ гардидан дар ин соҳаро орзуи худ қарор бидиҳем”.

Албатта, амалишавии мақсадҳо иродаи бузургу заҳмати мардона металабад ва ҳамин роҳи пурмашаққат аст, ки на ҳар кас ба он тоб оварда метавонад. Ҳасан мегӯяд, ҳарчанд онҳо ба варзиш завқи беандоза доштанд, аммо касе ҳардуро барои интихоби ин навъи варзиш роҳнамоӣ накардааст. Ба ҷуз як нафар – варзишгари доғистонӣ Хоҷимурод Гатсалов, ки ҳунари волои гӯштингириаш ин ду ҷавонро мафтун карда буд.

Аз аввалин қадамҳои Ҳасан ва Ҳусейн дар роҳи варзиш ҳафт сол сипарӣ мегардад ва то ба имрӯз ба дастовардҳои бузурги роҳи хеш мушарраф гардидаанд. Тӯли ин муддат назди мураббии шоиста Абдурозиқ Олимов нозукиҳои гӯштини тарзи озодро меомӯзанд. Ҳанӯз пас аз се моҳи тамрин, соли 2014 бори аввал ҳарду дар мусобиқаи шаҳрӣ байни наврасон иштирок намуда, Ҳасан дар вазни 32 кг ба гирифтани ҷойи сеюм ва Ҳусейн дар вазни 38 кг ба мақоми дуввум даст ёфтанд. Ҳамин тариқ, аввалин иштирокашон бонатиҷа ҷамъбаст гардиду роҳи хешро дар гӯштини тарзи озод пайдо намуданд. Пас аз як соли тамрин ва заҳматҳои шабонарӯзӣ Ҳасан ва Ҳусейн соли 2015 дар мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ аз намуди гӯштини тарзи озод иштирок намуда, Ҳусейн ба гирифтани мақоми аввал ва номзад ба устоди варзиши Тоҷикистон ва Ҳасан миёни наврасон дар вазни 35 кг ба гирифтани ҷои якум мушарраф гардиданд. Ин пирӯзӣ ва номзад ба устоди варзиш масъулияти Ҳасан ва Ҳусейнро дучанд намуда, барои роҳхат гирифтан ба мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ талош намуданд. Солҳои 2017 – 2018 Ҳусейн дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ёдбуди Қувват Холов тавонист ду маротиба дар вазни 69 кг миёни ҷавонон мақоми аввалро ба даст биёрад. Ҳамзамон, Ҳасан низ дар мусобиқаи мазкур бо талошҳои зиёд соли аввал ба мақоми дуввум ва соли баъдӣ ба мақоми аввал даст ёфт. Ҳар як соле, ки аз ҳаёти ин ду қаҳрамон сипарӣ мегардид, бенатиҷа набуд ва қадам ба қадам ба музаффариятҳо равона буданд.

Соли 2019 Ҳусейн тавонист дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ миёни калонсолон дар вазни 74 кг ҷои аввалро ба даст орад ва аввалин қадами худро дар мусобиқаҳои берун аз кишвар гузорад. Пас аз пирӯзии дохилӣ Ҳусейн имконият пайдо кард, то ба мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ, ки дар шаҳри Тошканд мегузашт, роҳхат ба даст орад. Ӯ дар ин сабқат дар вазни 74 кг баромад намуда, медали нуқраро соҳиб гашт.

Ҳасан дар ин давра дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди гӯштини тарзи озод дар вазни 70 кг миёни ҷавонон медали тилло ба даст оварда, ба гирифтани шаҳодатномаи устоди варзиш мушарраф гардид. Ӯ то ин дам тавонист дар корномаи варзишии худ се маротиба унвони каҳрамонии Тоҷикистонро дар байни ҷавонон ба даст биёрад.

Соли 2020 Ҳусейн дар мусобиқаи Ҷоми Мавлен Мамиров дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон дар вазни 74 кг ба мақоми аввал, ҷом ва медали тиллои мусобиқа сазовор гардид, вале бинобар сабаби осеб бардоштанаш аз иштирок дар мусобиқаҳои баъдии байналмилалӣ то охири сол маҳрум гардид. Ҳусейн то ин муддат тавонист се маротиба, солҳи 2015, 2016 ва 2017 унвони қаҳрамони Тоҷикистонро миёни наврасон ва дар ду соли баъдӣ миёни ҷавонон ба даст биёрад.

Қобили зикр аст, ки Ҳасан ва Ҳусейн Ҳакимовҳо имрӯз донишҷӯи соли чоруми Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмумин Раҳимов буда, дар ихтисоси Омодагии дифои ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонӣ таҳсили илм доранд.

Тавре дар сӯҳбат иброз доштанд, ягона мақсадашон ба даст овардани медали тиллои Бозиҳои олимпӣ ва баланд бардоштани парчами муқаддаси Тоҷикистони азиз аз баландтарин қуллаи варзиш аст.

Қиёмиддин МАҲМАДҶОНОВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь