(Аз мушоҳидаҳо то шунидаю дидаҳо…)

Ба Худою ба ростӣ, ба ростию ба Худо, ки мо аксар аз лаганбардорону лағадбардорони замонаем! Ва ба ин одат кардаем, бе ланбардорию лағадбардорӣ гӯё зиндагиамон рангу бӯю накҳате надорад. Аслан маъние надорад!

Бе лаганбардорию лағадбардорӣ рӯзу шаб, моҳу сол ва тамоми зиндагию бардагиамон на торику на равшан, на сарду на гарм аст, на баҳор ба вақташ меояду на тирамоҳ тирагиҳо меорад! Зимистонамон бе барфу тобистон гарм ҳам нест.

Дар ҳақиқат аз лаганбардорону лагадбардорони замонаем… Чӣ? Далел даркор?! Охир, ҳамин шабу рӯз, ҳамин ҳафтаю моҳ далел он қадар пури пур, ки боз ҳам лаганбардориҳои моро ба худамон, ба хешу ба бегона нишон медиҳем. Ин аксиома аст!

Ҳар нафар, даме вақт пайдо кардаю даме ҳушу гӯш шаваду даме бишнавад:

Бо фармон ё амри… ба вазифаи… таъин шуд… Ва он тарафаш шодбошию лаганбардориҳо то ба коиноту аз Каҳкашони мо берун табрикаш мекунем. Агар дар муассиса ва ё коргоҳи ҳар нафар сарваре нав таъин шавад… Оҳҳо! Шояд ба баъзеҳо ҳатто ҳамон лаган нарасаду худро бечорае гӯем, ки акнун чӣ тавр лаганбардорӣ накунем, ки фалону фулонӣ аллакай лаганбадаст-ку?! Мо аз ӯ чӣ камӣ дорем?! Оё лаганди мо шикастааст?!

Ҳатто чӣ қадар мавҷ-мавҷи табриккарданҳоро дар расонаҳои зиёди интернетӣ ҷой медиҳему ба қавле «сомонаҳоро метарконем»! Худро дар ин роҳ мекафонем!!!

Чӣ қадар мушоҳида кардаю дидаам, ки бо омадани роҳбари наве ба коргоҳе гулу гулдаста, шириниҳоро лаганбадастон ба зудӣ оварда, ҳатто сарваре кореро ба анҷом нарасонида, табрикаш мекунему ӯро «ояндабахшу назаркардаи Хизр» ва «Балогардон» дониста, лаган ба даст бо ифтихор менигорему бо фахр мегӯем, ки: «коргоҳ акнун сарвару сардори воқеии хешро пайдо карду наҷот ёфтем!»

Аз лаганбардоронем… Таърифу васфамон осмонгиру кайҳонӣ мешавад. Шаҷараи ӯро, насабномаи ӯро то ба анбиёю авлиё ва ҳазрати Нӯҳи набӣ ва Одам бурда, мехоҳем «одаме» ё василае пайдо карда, «одамгарии хешро» нишон дода, мақому мартабае гирему «одам шавем, одамвор зиндагӣ кунем, одамвор қадру манзалате ба даст орем»! Охир дар ин умри гузарон кай даме фароғат мекунем, агар ҳозир дар давраи ин ҷияну тағо, амаку амакбача, холабачаи… ҳо ҳамон фалонӣ накунем?!

Бале, бе миннат мансабдореро, бе манфиате соҳибмақомеро аксарият мадҳе намекунем. Чаро кунем? Дар ин ҳолат чӣ мебинем, ба мо чӣ мерасад, чӣ ба даст меорем?

Дар урфият мегӯянд-ку: «дар даҳони гург бошу бе мансаб не!». Шояд ин барои мо анъанаи куҳану расме шуда бошад?! Охир ба васфи Александр Македонии ишғолгар чӣ қадар «Искадарнома»-ҳоро иншо кардему ба Чингизи лаъине, ки савори асп ба масҷид даромадаю миллионҳои моро кушт чӣ қадар маддоҳ шудем? Дар васфи Темури хунхор бошад даҳҳо «Зафарнома»-ҳоро мо худ бо забони ноби модарӣ навиштем! Бо ҳамон забони модари зору бечора, ки бечоратараш кардему хору зораш намудем!

Чӣ қадар ҷабри таъриху мушт ва лагади беамони онро хӯрдаем, мехӯрем…

Аз лагадбардорони замонаем… Ин аст, ки барои таскини дили худу осуда гаштани рӯҳи хеш панду андарзҳое офаридаем, ки шояд ва ҳатто барои дигарон ҳайратангез бошад: «гардани хамро шамшер намебурад» ва «агар роҳбар калтаке бошад, ба он бояд итоат намуд» …

Ин аст, ки ҳоло агар нафареро вобаста ба наздикӣ доштанаш ба деҳу деҳкадае, маҳаллу ноҳияе, шаҳру маконе ба мансабе таъин кунанд, чӣ қадар талош мекунем, то пайраҳае, нақбе, роҳу шоҳроҳе пайдо кунему ба ӯ наздик шавем…

Ва ҳоли зоре… Дигар он сарвари қаблӣ, он роҳбаре, ки «сабукдӯш» шуд, дар назарамон гарде, гардаке, магасе ё пашшае беш наменамояд, агарчи пештар «Рахшсавор»-е буду пилтану аз гурдони замона ва «Ҳотами Той» …

Ба ростӣ чунин роҳбар ба дидаҳо барги зардшуда ва ё варақи даридаеро мемонаду аксар бо диданаш рӯй ба дигар тараф, ба сӯйи роҳбари нав мекунем.

Ба ростӣ чунин ҳам ҳаст, ки дар ҳолатҳои алоҳида шахсро на ба хотири заҳматаш, ростқавл, ростгӯй буданаш ва ё барои сазовор буданаш дар як ҷойе ба масъулият мегузорем… Зеро чунин шахсон лаганбардориро намеписанданду намегузоранд, ки касе ба онҳо лагаде, дасте дароз кунанд… Сафи онҳо зиёд нест… сафашонро кам мекунем…

Аз лаганбардорони замонаем…

Ва аз ин қадар лаганбардорию лагадбардории мо ҳар касе бошад, ҳатто ман ҳам бошам бояд аз худ бехуд шаваму худро дар тахти Сулаймон ҳис карда, «худам шоҳу табъам низ шоҳ» мешавад…

Ин аст, ки ба зудӣ роҳбари нав сухандон, муътабар, садрнишину бологузар гашта, ба худ аз баракати боз ҳамон хислату хӯйи мо такаббурию муғамбириро гирифта, на ба ҳар коргару кормандаш муносибати некро раво мебинаду на ба ҳар салом ҷавобе медиҳад.

Охир, чӣ ҷойи гила?! Охир мо ӯро чунин «сохтем»! Ба наздаш аксариятро намегузорему байни ӯву кормандон «Садди бузурги Чин»-ро бунёд намуда, аз боло ба поён назар карданашро ба ҳамагон лоиқ донистем.

Бо омадани роҳбари нав интизом гӯё қавитар, тозагии гирду атроф беҳтар гашта, аксар вақт таъмири утоқи кории аввал худи он сарвар сар мешаваду тамоми ҷиҳоз дигар гашта, сипас маъмулан котиба, ронанда, сармуҳосиб, ошпаз, ҳуқуқдони корхона ва дигар масъулин иваз гашта, овозаҳои ивазкуниҳо ба маротиб афзуда, боз ҳам сафи лаганбардорҳо мефизояд. Ногуфта намонад, ки шумораи лағадбардорҳо низ меафзояду дар чунин ҳолат онҳое аз ҷойи «равғание» ба ҷойи одие гузаронида шудаанд ва ё тамоман бекор мондаанд, ҳамин сафро пурратар мекунанд.

Роҳбари нав… амру фармон, гашту гузораш ба тезӣ мавриди иҷрою омӯзиш қарор гирифта, бо ёрдами «психологҳои ҳамадон» худи ӯро меомӯзем, ки ба кадом хӯроку пӯшок, нақлиёту тамғаҳои хориҷии он ба зебосанамҳо чӣ майлу рағбате дорад. То бад-ин воситаҳо ба ӯ тавонем наздику наздиктар шавем.

Ва… бо гузашти чанд соле, ки аз омад-омади сарвари нав хабар ёфтем, боз бо омодагии ҷиддии дигаре лаганбардорию лағадбардориро мунтазир мешавем… Аммо то омадани ӯ…

Ба Худою ба ростӣ, ба ростию ба Худо, ки мо аксар аз лаганбардорону лағадбардорони замонаем!

Сабзаалӣ АСОЗОДА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь