Аз оғози озмуни “Фурӯғ” то лаҳзае, ки ин сатрҳоро менависам, панҷ рӯз гузашт. Шоми дирӯз, вақте ки аз Китобхонаи миллӣ мебаромадам, дар саҳни ин боргоҳи илму дониш баногаҳ бо Муовини Сарвазири кишвар, муаллимаи азиз Матлубахони Сатториён, сардори раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат Анвар Сафарзода ва директори Китобхонаи миллӣ Ҷумъахон Файзализода вохӯрдам…
Муаллима ҳол пурсиданд ва гуфтам, ки аз дина то имрӯз бо панҷ-шаш хонандае дучор шудам, ки агар ҳамин гуна саъю талош ва ҷидду ҷаҳдашонро идома диҳанд, беҳтарин мутахассисон, ҳатто вазиру кабир барои ояндаи ҷумҳур хоҳанд шуд… Инҳо захираи тиллоии кадр барои ояндаи ҷомеаи мо ҳастанд…
Ин кори одиву бозӣ нест, ки як хонандаи мактаб дар саҳнае, ки ҳам бинандаи “зинда” дораду ҳам сабти телевизион ҳаст, худро чун дар саҳнаи театр эҳсос кунад: озод сухан бигӯяд, бо қомати баланду чашмони дурахшон, бо чеҳраи боз, бо эътимоду бовар ба он чизҳое, ки хондаасту бо дили пур гуфта метавонад…
– Хеле муҳим аст, ки инҳо то охир ба муҳаббаташон содиқ бимонанд, ба ҷойҳои дигар нараванд…, – гуфтанд муаллима Сатториён.
Яқинан, муаллимаи азиз оянда дар соҳаҳои адабиёту суханшиносӣ ба камол расидани довталабони фаъолро дар назар доштанд… Банда ҳамин гуна хулоса кардам…
Воқеан, масъалаи он ки ин қишри хеле фаъол баъди хатми мактаб ба роҳҳои дигар мераванд (касбу ихтисоси дигарро дар назар дорам) ва як ҳиссаи хурди ин гурӯҳ ба адабу адабшиносӣ ҷалб мешаванд, масъалаи мубрам аст, аммо ҳоло маҷолу имкони баррасии онро надорем. Замони дигар дар ин хусус суҳбат хоҳем кард…
Баъди гуфтугӯйи сарироҳӣ бо муаллима Матлубахони Сатториён бо гурӯҳи дигаре вохӯрдам – намояндагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо сарварии муовини раиси ин вилоят Нилуфар Асламшоева, раиси Донишгоҳи Хоруғ Амид Комилбек ва чанд шахсияти дигар. Ба ин суҳбати кутоҳ баъдан вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳим Саидзода ва муовини раиси Иттиҳодияи адибон Ато Мирхоҷа низ ҳамроҳ шуданд…
Боз сухан аз “Фурӯғ” ва омодагии мактабиёни бадахшонӣ ба ин озмуни муътабар рафт… Онсӯтар сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзодаро дидам, боз каме поинтар намояндагони ҳукуматҳои Рашту Файзободро…
Дар ин маврид сухани мардумист, ки андаке дурушт бошад ҳам, сазовори гуфтан аст: замин кафидаву одам рӯйидааст…
Дар ин панҷ рӯз Китобхонаи миллӣ саҳнаҳои бузурги варзишгоҳҳои Рими бостонро мемонад: шаш-ҳафт ошёнбарҳои китобхона маҷоли сари вақт болову поин бурдани мардумро надоранд, ошхона пур-пури одам, волидон дар андешаи фарзандон, фарзандон дар фикри чӣ навъ баромад карданашон… Ҳам шодӣ асту ҳам шикоят, ҳам ашки хушнудиву ҳам талош барои илоҷи тағйир додани вазъият… Хулоса, рӯзи маҳшар, аммо ба маънои хубаш, албатта… Маҳшари китоб, маҳшари дониш ва суҳбатҳои беохир…
Раёсати озмун тавонистааст, ки гули сари сабади илму маърифати кишварро дар як макони зебое бо унвони Китобхонаи миллӣ ҷамъ оварад: шахсиятҳои донишманд довар шудаанд, ки ҳар яке дар соҳа ва самти фазилатҳои худ мақому эътиборе доранд…
Дар раҳраву даҳлезҳо ҳама сухан аз озмун аст: “писари ман чӣ хел ҷавоб дод?”, “духтарам каме ба эҳсос омад, оё ба назар мегирифта бошанд?”, “намешавад, ки дубора ба саҳна барояд, мебинед, ки чӣ гуна зӯр аст…” – инҳо муроҷиатҳои муқаррарии волидон ҳастанд, ки ҳама саршор аз ҳаяҷону изтиробанд ва дигар хел шуданашро ҳам тасаввур кардан мушкил аст.
Ҳар ҷо, ки сабқат аст, ҳамин гуна вазъият аст, касе шод асту касе ношод ва гурӯҳи сеюм ҳам ҳаст, ки мегӯянд: имсол санҷиш буд, соли оянда омодагии ҷиддитар дидан лозим… Хуб, ҳамаи ин вазъу ҳолатҳоро ҷиддан омӯхтан ва барои ислоҳи нақсу иллатҳо иқдом кардан зарур аст. Дар матлаби пешина навишта будам, ки муҳаққиқони равоншиносу ҷомеашинос ва онҳое, ки дар масъалаи парваришу тарбият дастбакоранд ва таҳқиқ мекунанд, бояд ин ҷо ҳузур дошта бошанд, ҷараёни озмунро аз ҳар ҷиҳат пажуҳиш ва хулосаву пешниҳодҳо барои такмили озмун таҳия кунанд…
Хуб, ин масъалаҳоест, ки дар матолиби оянда ба онҳо хоҳем баргашт…
Ҳоло ду сухан аз ҷамъбасти озмун дар гурӯҳи аввал, яъне кӯдакони синфҳои яку чор. Муддати се рӯз (аз 30-юми октябр то 2-юми ноябр) дар номинаи мо, яъне адабиёти ҷаҳон 27 кас пурсида ва ғолибон муайян гардиданд. Пешакӣ гӯям, ки вақти арзишдоварӣ ҳар доваре баҳои худро мегузорад ва касе ба каси дигар тобеъ нест: вақте ки банда ба дониши хонандае, фаразан, ҳашт хол гузорам, шояд Салими Зарафшонфар, ё Азимҷон Аминов, ё Шамсиддини Солеҳ, ё Восид Шарифов панҷ холу ҳафт хол гузоранд, ё баландтар ё поинтар… Ҳар довар комилан озод аст, худаш медонаду бардошти худаш…
Аммо дар маҷмуъ, онҳое, ки дар гурӯҳи аввал пирӯз шуданд, аз беҳтарини беҳтаринҳо буданд: Нозанин Бойсариева (аз Исфара), Шукрия Зиёева, Қурбоналӣ Сафолов, Азамат Гадоев, Оиша Асророва (аз чор ноҳияи Душанбе), Карина Шоназарова (аз Хоруғ), Асилабону Алимова, (Душанбе), Мунир Нуралиев (Турсунзода), Зайнаб Каримова (Шаҳринав), Нурия Нафасшоева (Шуғнон) ва панҷ-шаш кас дигар… Дар бораи ҳар яке аз инҳо метавон матлаби алоҳида навишт ва вежагиҳои фаҳму дарк ва ҷиҳатҳои руҳиву равониии онҳоро ба таҳлил гирифт…
Бо пайдо шудани имкону вақт ин корро хоҳем кард, чунки дар мисоли ҳаминҳо як қишри азими кӯдакон пушти парда истодаанд ва агар хоҳем, ки озмун боз ҳам мукаммалтар шавад, ба ҳар вазъияте сари вақт баҳо бояд дод…
Тезисвор чанд хубии қисмати аввали озунро хоҳам гуфт ва баъдтар муфассал хоҳам навишт:
- Кӯдакони синфҳои яку чор (аз 7 то 11-солаҳо) асосан ба анвоъи сабук ва зудфаҳми адабиёти бадеъӣ (афсонаву ривоятҳо, ҳикояҳои хурд-хурд, ашъори кӯдакона, қиссаҳои кутоҳ, драмаҳо барои атфол, гоҳе романҳо барои кӯдакон ва ғайра) мутаваҷҷеҳ шудаанд, ки ба синну солашон мувофиқ аст;
- Бархе ба мураттаб кардани дафтарҳояшон мувофиқ ба низомнома ва номгӯйи муаллифони тавсияшуда хеле ҷиддӣ муносибат карда, дар як гӯшаи дафтар бардоштҳояшонро ҳам навиштаанд, ки хеле хуб аст;
- Кӯдакон аз таассуроти шахсияшон сухан мегӯянд ва ошкоро изҳор медоранд, ки ҳадафи шоир ё нависанда ва ғояи асар чист ва оё дар зиндагӣ ин хулосаҳо ба кор меоянд, ё хайр…
Акнун чанд нақсу иллате, ки бояд соли оянда ислоҳ шаванд:
- Баъзе дафтарҳо пур-пури ғалат (ҳатто дар ному насаби муаллифон, номи асарҳо, номи кишварҳо ва ғайра)…
- Муаллимон ва намояндагони шуъбаҳои маориф ҳавсала накардаанд, ки иттилооти нодаркорро (омехта шудани муаллифоне, ки ба номинаҳои дигар дахл дорад) аз дафтарҳо тоза кунанд ва умуман ба тақозои низомнома мувофиқ гардонанд;
- Асарҳоро дар дафтар навиштану аммо пурра нахондан (танҳо бо мазмуни мухтасари асар шинос шудан ва бо ҳамин иктифо кардан);
- Аксарият ба маводи китобҳои дарсӣ қаноат карда, намунаҳои назму насри адибони ҷаҳонро тибқи барномаи мактаб аз китобҳо хондаанд, ки ин кор дар оянда бояд пешгирӣ шавад, зеро дар китобҳои дарсӣ осори бадеӣ дар шакли мухтасар, на пурраву комил, оварда мешаванд;
- Аз рӯйи филмҳо ва намоишҳои дигари телевизионӣ (на хондани худи асар аз китоб) хулоса кардан;
- Дар сатҳи зарур ва лозим нагузаштани озмун дар мактаб, ноҳия ва вилоят (ин саҳлангориҳои масъулин дар даври ниҳоӣ зуд ошкор мешаванд)…
Ҳаминҳо ва боз чанд андешаи дигаре ҳаст, ки бо расидани фурсати муносиб алоҳида-алоҳида изҳори андеша хоҳам кард, албатта, агар тану руҳу равон солим бошад… (Чун ду рӯзи ахир фишорам баланд шуд, хулоса кардам, ки ин озмун мебоист рӯздармиён барпо мешуд, зеро ҳамарӯза ба чунин кори душвор машғул шудан метавонад ҳатто филро аз пой афтонад…).
Ҳафиз РАҲМОН