Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маҳдуд намудани истифода маҳсулоти тамоку” бори аввал соли 2010 қабул шуда буд. Он 8 сол мавриди амал қарор дошт. Бинобар зарурати рӯз ва талаботи ҷомеа соли 2018 он дар таҳрири нав қабул карда шуд. Дар мундариҷаи он оварда шудааст, ки “қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқии маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамокуро муайян намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба истифода, истеҳсол, воридот, содирот ва фурӯши маҳсулоти тамоку танзим менамояд”

Инак, 3 сол боз қонуни мазкур мавриди амал қарор дорад. Аммо ҳанӯз наметавон гуфт, ки ҳамаи талаботи он дар сатҳи зарурӣ иҷро шуда, шаҳрвандон низ муқаррароташро риоя мекунанд. Чунки дар кӯчаву бозор, саҳни беморхонаву муассисаҳои таълимӣ нафаронеро дучор омадан мумкин аст, ки машӯули сигоркашианд. Мувофиқи мушоҳидаҳои мо талаботи қонунгузорие, ки истеҳсол ва истифода маҳсулоти тамокуро танзим менамояд, қисман иҷро шуда, баъзе меъёрҳо амал намекунанд. Масалан, дар банди 2 моддаи 4 қонун омадааст, ки “борпечи истеъмолии маҳсулоти тамоку, аз ҷумла чилим ва носи дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсолшуда, аз хориҷа воридшуда ва ё дар асоси талаботи регламенти техникӣ барои савдои озод пешбинигардида, бояд оид ба зарари истифодаи маҳсулоти тамоку маълумоти огоҳкунандаи асосӣ ва иловагӣ дошта бошад”.

Ҳамчунин гуфта шудааст, ки Ҳар борпечи истеъмолии маҳсулоти тамоку бояд маълумоти огоҳкунандаи асосиро оид ба зарари истифодаи он, ки ба талаботи зерин ҷавобгӯ аст, дошта бошад:

– аз матн ва акс таркиб ёфта бошад;

– дар қисмати болоии зиёдтари рӯи борпечи истеъмолӣ, дар ҳар ду тарафи он ва на кам аз 75 фоизи сатҳи умумии ҳар як тараф ҷойгир бошад;

– матн дар қисми поёнии тарафи пеш бо забони давлатӣ ва дар қисми поёнии тарафи муқобил бо забонҳои дигар дарҷ карда мешавад.

Аммо мувифиқи мушоҳидаи мо на ҳамаи борпечи истеъмолии тамоку бо расм таъмин аст. Ҳол он ки қонун муқаррар кардааст, ки на кам аз 75 дарсади сатҳи умумии борпеч бо расм ва навиштаҷот оид ба зарари тамоку таъмин бошад, баъзе намуди он, хусусан навъҳои дар ҷомеаи мо серталаботи “ессе” ва “ессе ченч” умуман расм надорад.

Моддаи 5 қонун “Манъи фурӯши маҳсулоти тамоку” ном дошта, фурӯши маҳсулоти тамокуро дар дохили биноҳо ва ҳудуди онҳо, инчунин бо истифодаи дастгоҳҳои автоматӣ дар масофаи на камтар аз сад метр аз ҳудуди муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, низоми маориф, фарҳангӣ, варзишӣ, сайёҳӣ ва иттиҳодияҳои динӣ манъ аст; ба шахсоне, ки ба синни 18 нарасидаанд, сигарету папирос, ки дар борпечи истеъмолӣ аз бист дона кам мебошанд, фурӯши  сигарету папирос ба таври донабайъ, инчунин фурӯши маҳсулоти тамоку бе борпечи истеъмолӣ ва ҳуҷҷатҳои  тасдиқкунандаи сифати маҳсулоти тамоку манъ кардааст.

Мувофиқи муқарароти дигари моддаи мазкур истеҳсол, фурӯш ва паҳнкунии маҳсулоте, ки ба маҳсулоти тамоку монанд мебошад, манъ аст. Инчунин, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн кардани маҳсулоти тамоку дар байни аҳолӣ ба таври ройгон ё ба ивази ягон мол, хизматрасонӣ ва ё фурӯши он дар дохили маҷмӯи маҳсулоти ғайритамоку, бар ивази пардохти музди меҳнат додани тамоку ва маҳсулоти тамоку, фурӯши чаканаи маҳсулоти тамоку дар объекти тиҷоратӣ тариқи берун мондан ва намоиш додани он, ба истиснои ҳолатҳои дар қисми 8 моддаи мазкур пешбинишуда,  манъ аст.

Аммо воқеият дигар аст. Ҳанӯз ҳам нуқтаҳои савдо ва фурӯшгоҳҳое ҳастанд, ки сигаретро ба таври донабайъ мефурӯшанд. Мутаассифона, чунин нуқтаҳои фурӯш дар наздикии муассисаҳои таълимӣ ва беморхонаҳо кам нестанд.

Мувофиқи  моддаи 6 (Тадбирҳои аз таъсири маҳсулоти тамоку ҳифзкунанда) истифодаи маҳсулоти тамоку, аз ҷумла чилим, нос ва сигори электрониро дар дохили биною иншоот, инчунин дар  дохили бино ва ҳудуди муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,  фарҳангӣ,  варзишӣ, сайёҳӣ, динӣ ва илмию таълимӣ; дохили биноҳои маъмурӣ,  утоқҳои кории  ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ;  дохили иншооти муассисаҳои хӯроки умумӣ (тарабхона, ошхона, чойхона, қаҳвахона, буфет ва ғайра); дохили бинои осоишгоҳҳо ва иншооте, ки дар онҳо чорабиниҳои ҷамъиятӣ ва фарҳангию фароғатӣ гузаронда мешаванд;  дохили бинои меҳмонхонаҳо ва хобгоҳҳо;  дохили ҳама намуди нақлиёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла таксӣ, истгоҳҳои барои нақлиёти ҷамъиятӣ таҷҳизонидашуда, биноҳо ва дар ҳудуди фурудгоҳҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан ва нақлиёти автомобилӣ;  майдончаҳои кӯдакон;  нақлиёти истифодаи шахсӣ,  ки дар он  кӯдакони то 16-сола ҳузур доранд; даромадгоҳҳои биноҳои истиқоматӣ, лифт, гузаргоҳҳои зеризаминӣ ва биною иншооти дигаре, ки барои одамон дастрас мебошанд, манъ кардааст.

Мувофиқи муқаррароти дигар барои таҷҳизонидани ҷойҳои махсуси истифодаи маҳсулоти тамоку дар маҳбасхонаҳо, беморхонаҳои бемориҳои рӯҳӣ, хонаҳои пиронсолон ва маъюбон аз рӯйи дархост мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ё сохторҳои маҳаллии он  иҷозат медиҳад. Инчунин, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи ваколати худ ҳуқуқ доранд истифодаи маҳсулоти тамокуро дар боғу гулгаштҳо, ҳудуди канори дарё ё кӯлҳо ва ҷойҳои дигаре, ки чорабиниҳои оммавӣ гузаронда мешаванд, ба таври муваққатӣ ё доимӣ манъ намоянд. Моликон ва шахсоне, ки дорои ҳуқуқи истифодаи бино, ҳудуду иншоот ва муассисаҳои дар қисми 1 ҳамин модда нишондодашуда мебошанд, вазифадоранд риояи меъёрҳои моддаи мазкурро таъмин намоянд ва барои риоя накардани онҳо масъул мебошанд. Роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, берун аз биноҳо ҷойҳои махсуси истифодаи маҳсулоти тамокуро муайян менамоянд.

Муқаррароти мазкур низ то ҳанӯз ба таври зарурӣ риоя намешавад. Аксар вақт агар кормандони ҳифзи қуқуқ нафареро барои риоя накардани қонун ҷарима карданӣ шаванд, ҳатман ҷониби муқобил ҷойи тамокукашӣ мепурсад. Воқеан, то ҳол дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷойҳои махсуси тамокукашӣ ба мушоҳида намерасад. Аз ин ҷост, ки вақте чунин ҷой мавҷуд нест, шаҳрвандон дар ҷойҳои манъшуда ҳам маҳсулоти тамокуро истифода мебаранд.

Моддаи 7 Тарғиби зарари истифодаи маҳсулоти тамоку ном дорад. Мувофиқи он мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ, фарҳанг, маориф ва илм, варзиш, сайёҳӣ ва оид ба дин вазифадоранд, ки тавассути воситаҳои  ахбори омма, филмҳои таълимӣ, воситаҳои аёнӣ ва буклету расмҳо иттилоотонии аҳолиро оид ба зарари истифодаи маҳсулоти тамоку ба саломатии инсон ва оқибатҳои ногувори он ба генофонди миллӣ мунтазам ба роҳ монанд. Дар барномаи таълимӣ барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот мавзӯъҳои дахлдор вобаста ба таъсири манфии истифодаи маҳсулоти тамоку ба саломатии инсон пешбинӣ карда мешаванд. Барномаи таълимӣ дар самти омодасозӣ ва бозомӯзии кормандони соҳаи тандурустӣ, фарҳанг, маориф ва илм, варзиш, сайёҳӣ ва дин бояд фарогири мавзӯъ дар бораи иттилоотонии аҳолӣ оид ба зарари истифодаи маҳсулоти тамоку ва усулҳои мусоидат намудан ба пешгирии истифодаи маҳсулоти тамоку бошанд. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ барои дар муассисаҳои тандурустӣ амалӣ шудани хизматрасонӣ доир ба ташхис, машваратдиҳӣ, пешгирӣ ва табобати шахсони ба тамоку вобастагидошта мусоидат менамояд.

Ҳамин тавр, метавон хулоса кард, ки бо вуҷуди зиёда аз 3 сол гузаштан аз мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маҳдуд намудани истифода маҳсулоти тамоку” ҳанӯз ҳамаи муқаррароти он амалӣ намешаванд ва ҳанӯз ҳам кашидани сигор ва дигар маҳсулоти тамокугӣ дар ҷойҳои ҷамъиятие, ки қонун манъ кардааст, аз ҷониби шаҳрвандон ва меҳмонон ба инобат мерасад. Ин амал агар як ҷониб ба набудани лавҳаҳои огоҳкунанда рабт дошта бошад, аз ҷониби дигар ба иҷро нашудани муқаррароти қонун вобаста ба муайян кардани ҷойи кашидани сигор аст.  Мақомоти марбутаро мебояд, талаботи қонунро иҷро намоянд, то ҳангоми рӯбарӯ шудан ба шаҳрванде, ки сигор, нос ё ягон намуди дигари маҳсулоти тамокуро истифода менамояд, сухани зерро нашунаванд: “Аввал худатон қонунро иҷро намоед”.

Шариф Атобуллоев

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь