Номаи 1

Дар вотсап ба Парвизи Орзуқул, ки як ҷавони тарғибгари улуми дақиқ, бахусус нуҷум аст:

“Салом, Парвизи азиз! Шумо, ки як ҷавони бо илму бофарҳанг ҳастед, дар назди мо арзиши воло доред. Ман ҳам аз рӯйи эҳтиром ба Шумо ва ҳам аз рӯйи кунҷкобӣ барномаи “Китобхон”-ро, ки дар он акаи олиқадри дигарам – Далери Шариф бо шумо сӯҳбат намудааст, дидам. Чунон бо эҳсос сухан кардаед, ки бародари ман, ки худ як шахси аз олами китобу илм дур аст, садҳо аҳсан гуфту то охир бо ҳайрат суханҳоятонро шунид. Воқеан ҳам як ҷавони донишманд ҳастеду дар ҳамин аҳволи илмӣ шахсияти зарур. Вале дар он ҷо шумо гуфтаед, ки “Имрӯз дар ҷомеаи мо китоб тӯҳфа кардан тамоман вуҷуд надорад.” Мехостам донам, ки Шумо инро дар асоси кадом далел мегӯед?”

Баъди соате боз ба вотсап сар халондаму аз Парвиз ҷавобе наёфтам.

Номаи 2

“Парвизи азиз, воқеан ҳам аксари ҷомеаи кунунӣ, бахусус, ҷавонони мо аз илму омӯзиш фарсангҳо дуранд.  Аммо мехоҳам ба шумо далел орам, ки тӯҳфаи китоб чанд солаки охир дар ҷомеаи мо то андозае муд шуда истодааст. Дар ҳар сол ду маротиба, дафъаи аввал моҳи сентябр ва дафъаи дуввум моҳи феврал байни корбарони фейсбуки тоҷикӣ бозие баргузор мегардад, ки шахсан худам ба даҳҳо нафар китоб тӯҳфа кардааму аз даҳҳо нафар китоб тӯҳфа гирифтаам. Парвиз, воқеан ҳам хушоянд аст, замоне ман китобтӯҳфакунии одамонро мебинам. Як дӯсти ташаббускор, ки ман ба шахсияташ эҳтиром дорам, ба маблағи хӯрокҳои нисфирӯзии худ, ки дар моҳи Рамазон сарфа мешуд, 20 адад китоб харида ба ҷавонони огоҳ тӯҳфа намуд, ки ман ҳам яке аз он инсонҳои хушбахт ҳастам. Ин далел нест?

Далели дигар ин ки, дар деҳаи мо ҷавоне ҳаст бо номи Сорбон. Ҳар сол дар зодрӯзам ба ман китоб тӯҳфа мекунад, ман низ дар ҷавоб ҳамту. Ин далел нест?

Мо бо ҳамкурсҳоямон анъанае дорем, ки дар рӯзи зодрӯзи ҳар кас ба ӯ яктоӣ китоби дустдоштаашро тӯҳфа менамоем. Ин магар далел нест?

Як дӯсти ман дар давоми ду сол, 20 адад китоби “Ҷаллодони Бухоро”, 5 адад “Инқилоби фикрии Бухоро”, 20 адад “Нахустин устод”, 10 адад “Мактаби кӯҳна”, 3 адад “Кимиёгар”, 3 адад “Саргузашти Собир” ва 2 адад “Ҳаводиси рӯзгори ман”-ро харидаву тӯҳфа намудааст, ки аз маҳбубтарин китобҳоянд. Аҷобаташ ин аст, ки ӯ ин миқдор китобҳоро ба зиёда аз 50 нафар тӯҳфа намудааст. Ин магар далел нест?

Шумо дар ҳар як ҷашн, ид ва зодрӯзи хеш ба худатон бо навиштаҷоти “Аз худам, ба худам тӯҳфа…” китоб тӯҳфа мекунед. Ба ин хислататон ман бо тамоми ҳастӣ қоилам, аммо ин ҳам далел аст, ки ҷавонони мо ба китоб таваҷҷуҳ доранд, гарчанде кам ҳастанд. Мехоҳам, бо далел сухан гӯяму ҳозир ҳамон порчаи суханатонро, ки дар барномаи “Китобхон” аз тӯҳфа накардани китоб ба ҳамдигар дар байни ҷавонон шикоят кардаед, пайдо намуда фиристам…”

Баъди 5 дақиқа…

“Бори дигар салом Парвиз! Узри зиёд бародарам, ман сухани шуморо нодуруст фаҳмидаам. Шумо дар барномаи “Китобхон” чунин гуфтаед: “Имрӯзҳо, дар ҷомеаи мо китоб тӯҳфа кардан то дараҷае муд нест.” Дар ин ҳангом шумо ҳақ ҳастед ва ибораи “то андозае” ҷони шуморо ба қавле “халос” кард. Барои ин ташвиши ноҷоям мехоҳам ба шумо як китоби хуби тоҷикӣ тӯҳфа намоям ва барои асоснок кардани ин далелҳоям барои минбаъд аз номи садҳо ҳазор ҷавон баромад намуда, ба шумо ваъда диҳам, ки мо дар оянда яъне ману шумо, дӯсти азиз бо ҷамъи дӯстон хондан ва тӯҳфаи китобро байни ҷавонони меҳани хеш мӯд хоҳем кард.”

Барои ташвиш додан узр, рӯзатон хуш бародари азизам!))))

Қаландар Норов, донишҷӯ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь