Бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ ва соҳибистиқлол гардидани  кишварҳои Осиёи Марказӣ, баъзе давлатҳои манфиатдор кӯшиш ба харҷ доданд, ки таъсири худро ба Тоҷикистон афзуда, манфиатҳояшонро амалӣ созанд. Ташкилоти террористии наҳзати исломӣ абзоре буд, ки маҳз бо чунин мақсад, яъне татбиқи манфиатҳои геополитикӣ аз ҷониби доираҳои сиёсию мазҳабии хориҷӣ истифода мегардид. Бо ин мақсад саркардагони наҳзатӣ аз солҳои навадум сар карда, баҳри барангехтани ихтилофи мазҳабӣ, нооромсозии вазъият ва барҳам додани сохти конститутсионӣ таблиғоти пурзӯри идеологиро ба роҳандозӣ намуданд. Натиҷаи ҳамаи ин амалҳои тахрибкоронаи наҳзатиҳо ба сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон оварда расонид, ки боиси курбонии зиёди мардуми бегуноҳ ва шуд. Сабақи талхи солҳои 1991-1992 ва 1997 нишон медиҳад, ки наҳзатиҳои хунхор ба сари мардум чи рӯзҳои сахту сангинро оварданд. Дар он солҳои вазнин мардуми осоишта роҳу калобаашонро гум карда буданд, ки аз дасти онҳо ба куҷо гурезанду ҷони худ ва наздиконашонро паноҳ доранд.

Дар ин замони даргириҳои таҳмилии солҳои 90-и асри гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, наҳзатиҳои хунхор ба қатлу куштори мардуми бегуноҳ, зиёиён, рӯзноманигорон, арбобони давлативу ҷамиятӣ, ки бар зидди ақидаҳои ифротӣ-террористии саркардагон ва аъзоёни ташкилоти террористии наҳзати исломӣ буданд, ба авҷи аъло расида буд. Дар он давра саркардагон ва аъзоёни ташкилоти террористии наҳзати исломӣ, бо дастури “хоҷагони хориҷӣ” мақсади бо роҳи ғайриқонунӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бунёди давлати исломиро доштанд.

Аз ин рӯ, террористони наҳзатӣ дар он солҳо ба хотири ба вуҷуд овардани бесарусомониву даҳшатафканӣ дар ҷомеа ҷиноятҳои зиёде содир карда, қабл аз ҳама афродеро ба қатл мерасониданд, ки аз сирру асрори ифротӣ ва ақидаҳои нопоки онҳо хабардор буданд. Аз ҷумла, ин ҷинояткорони наҳзатӣ рӯзноманигоронро душмани асосии худ дониста, бо таҳрезии нақшаи муайян дар паи ҷисман аз байн бурдани онҳо буданд. Рӯзноманигорони шуҷоъе, ки бидуни тарсу ҳаррос барои мардум аз ҷиноятҳои мудҳиши наҳзатиҳои хунхор менавиштанд, ҳадафи тири онҳо мегаштанд. Дар қатори ин рӯзноманигорони қавиирода Ҷунайдулло Халифаев буд, ки бо қаламу сухани оташинаш рӯирост ба муқобили наҳзатиҳои ифротӣ муборизаи беамон мебурд.

Ҷунайдулло Халифаев 3-юми январи соли 1959 дар хоҷагии Сабзавоти ноҳияи Кӯшониён (Бохтар) таваллуд шудааст. Соли 1972 коллеҷи саноати шаҳри Душанберо бо ихтисоси суратгир хатм менамояд. Аз  соли 1982 то соли 1993 фотокорреспонденти рӯзномаи «Байрақи дӯстӣ»-и ноҳияи Бохтар фаъолият намудааст. Ҳамзамон, дар ин давраи фаъолият, дар вазифаи мухбири рӯзномаи «Байрақи дӯстӣ» низ кор кардааст. Ҷунайдулло Халифаев моҳи феврали соли 1993, дар шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппа) аз ҷониби аъзоёни ташкилоти террористии наҳзати исломӣ кушта мешавад. Бо ин амали ваҳшиёнаашон хунхорони наҳатӣ аъзоёни ТТЭ ҲНИ, хоинони миллат бори дигар исбот намуданд, ки онҳо бо мардуми осоиштаву зиёӣ меҷанганд ва хуни ноҳақ мерезанд.

Зиндаву ҷовид монд, ҳар ки накӯном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

Ин фоҷиа бори дигар чашми миллати моро нисбати саркардагон ва аъзоёни ташкилоти террористии наҳзати исломӣ боз кард.

Имрӯз мо дар даврае қарор дорем, ки ҷаҳони муосирро муноқишаҳои гуногуни миллию қавмӣ, ҷангҳои гурӯҳу қувваҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои динӣ фаро гирифта, ҷони инсонҳо, арзишҳои инсондӯстӣ, меҳру муҳаббат ва дигар арзишҳои рабтдошта ба инсоният дар назди ин гурӯҳу қувваҳои ифротию террорист қимате надорад. Воқеан, имрӯз терроризму экстремизм бо хавфу хатарҳои худ тамоми қишри ҷомеи ҷаҳонро ба таҳлука андохтааст.

Танинандоз будани Ваҳдату ягонагӣ, осоишу амният ва фатҳи қуллаҳои рушд, ки пайиҳам насибамон гардида истодааст, баъзе аз душманони миллатро хуш намеояд ва бо ҳар роҳу восита кӯшиш мекунанд, вазъиятро дар кишвар ноором созанду ба ниятҳои нопокашон расанд.  Аз ин рӯ, вазъияти ҳассоси имрӯза моро водор месозад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода фирефтаи ҳарфҳои дурӯғини наҳзатиҳои ифротӣ ва дигар душманони сохти конститусионӣ нашавем.

Барои халқи тоҷик аз ҳама ҳаётан муҳим-Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва якпорчагию тамомияти Тоҷикистони азизамон мебошад. Танҳо бо хамин шарт ҳамдигарфаҳмӣ ва ризоият дар ҷомеа имконпазир мегардад ва кишварро рӯ ба рушду ободӣ меорад. Таърих гувоҳ аст, ки маҳз бо талошу заҳматҳои беандозаи Пешвои хирадманди миллат, Тоҷикистон дар асосӣ андешаи созандаи миллӣ арзи ҳастӣ намуда, истиқлолияти давлатӣ ва арзишҳои он, пурра ҳифз гардида, Тоҷикистон аз як давлати ҷангзада ба сулҳу суботи комил расид.

Албатта, мо имрӯз сад афсус мехурем, ки риштаи умри Ҷунайдулло Халифа, ҷавони сарсупурдаи миллати тоҷик аз дасти зархаридону хунхорони ташкилоти террористии наҳзати исломӣ бармаҳал канда шуд. Лекин мо бо эътимод мегӯем, ки  Ҷунайдулло Халифа зинда аст, ӯ бо мост ва дар қалбу дидаи мо то абад боқӣ хоҳад монд.

Фарҳод Маҳмудов,

сармуҳаррири рӯзномаи «Кӯшониён»-и н.Кӯшониён

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь