Рӯзноманигор нафарест, ки бо воқеиятҳои замонию маконӣ рӯбарӯст ва дар асоси воқеият ва ҳақиқати зиндагӣ ба таҳияи матолиби публисистӣ мепардозад. Ҳадафи рӯзноманигор, қабл аз ҳама, дар ҳар шакле, ки набошад, баёни воқеиёт аст. Ба ибораи дигар, рӯзноманигор дар майдони набард алайҳи ҷабру ситам ва зулму ҷаҳолат мубориза мебарад.

Аз ин ҷост, ки мудом мавриди фишори гурӯҳҳои ҷиноятпеша қарор мегирад ва ҳамеша омодаи муқовимат бо беадолатӣ ва разолат аст. Ҳақгӯйӣ ва воқеиятнигории рӯзноманигор ҳассосиятҳои гурӯҳҳои манфиатхоҳ, фурсатталаб, дасисабоз ва иғвогару тавтеасозро ангезиш медиҳад ва онҳо дар фурсатҳои муносиб аз ӯ дар шакли террори равонӣ, фикрӣ ва ҷисмонӣ интиқом мегиранд.

Дар ибтидои солҳои навадуми садаи бист, ки вазъи сиёсии ҷумҳурӣ муташанниҷ гардида буд, саркардагону аъзоёни ташкилоти террористии наҳзати исломӣ ба фишору таъқиб ва қатлу куштори шахсиятҳои барҷастаи ҳирфаи рӯзноманигорӣ, ки қавлу ҳарфашон як буд ва аз ин наҳзатиҳои нохалаф тарсу ҳарос надоштанд, даст заданд. Ин ифротгарони наҳзатӣ алайҳи рӯзноманигорони ҳақиқатҷӯ муқобил мебаромаданд ва дар ниҳояти кор аз онҳо дар шакли қатлу куштор ниқор мегирифтанд. Ба ин васила наҳзатиҳои хунхор мехостанд дар шуури ҷомеаи мо тарсу ҳаросро ҷой дода, таассуб ва ифротгароиро ба унвони принсипи зиндагӣ зеҳнсозӣ намоянд. Ҳамчунин, озори рӯзноманигорони ватанӣ аз тарафи наҳзатиҳо ба хотири он сурат мегирифт, ки мақсаду ниятҳои нопокашон аз ҷомеа пинҳон монад ва ҷойи ҳақиқатро дурӯғу риё бигирад.

Дар он солҳои мудҳиш яке аз рӯзноманигорони асил Ҳомидҷон Ҳакимов буд, ки барои баён кардани воқеият ва бардоштани парда аз рӯйи бозингарони сенарияҳои наҳзатӣ қалам ба даст гирифт ва ба майдони набарди иттилоотӣ алайҳи мутаассибони динӣ ворид гардид. Ҳомидҷон Ҳакимовро мардум ба сифати рӯзноманигори ҳақиқатгӯ мешинохтанд ва эҳтиромаш мекарданд. Мақолаю гузоришҳои ӯ дар васоити ахбори омма бозгӯкунандаи воқеияти зиндагии мардум ва таъмини адолати иҷтимоӣ буданд. Инъикоси воқеият ва ҳақиқати зиндагӣ, махсусан, ошкор намудани амалҳои хиёнаткорӣ, беадолатӣ ва интиқоди мароми сиёсии ҳангоматалабонаи саркардагону аъзоёни ташкилоти террористии наҳзати исломӣ дар мақолаҳои ӯ ҷой доштанд.

Ҳомидҷон Ҳакимов 6-уми ноябри соли 1954, дар деҳаи Тоҷикбаталёни собиқ хоҷагии ба номи Ленини ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон, дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Соли 1971 ӯ ба факултети таърих ва филологияи Донишгоҳи давлатии шаҳри Ленинобод (ҳозира Хуҷанд) дохил шуда, онро соли 1975 сарбаландона хатм намуд. Оғози фаъолияти меҳнатиашро аз омӯзгори фанни забону адабиёт дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи худ оғоз кард. Баъдан ба касби рӯзноманигорӣ гузашт ва солҳои 1984-1988 дар рӯзномаи «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа»”, солҳои 1988-1991 дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» кор карда, соли 1991 сармуҳаррири рӯзномаи «Ҳақсӯз» таъин гардид. Ҳомидҷон инсони воқеъбин буд ва аз касе ҳарос надошт. Рӯирост оид ба кирдорҳои ваҳшиёна, зулму ситам, қатлу куштор, ки аз ҷониби саркардагону аъзоёни ташкилоти террористии наҳзати исломӣ нисбат ба мардуми бегуноҳ, зиёиён, рӯзноманигорон раво медиданд, мақолаҳо менавишт ва ин боиси хашми наҳзатиҳо мегашт. Ҳақталошиҳои Ҳомидҷон Ҳакимов боис гашт, ки ӯро 18 ноябри соли 1992 дар хонаи истиқоматиаш воқеъ дар шаҳри Душанбе аз дасти силоҳбадастони хунхори наҳзатӣ ба қатл расонида шуд.

Куштори Ҳомидҷон Ҳакимов бастани даҳони рӯзноманигорони ватанӣ дар марҳилаи ҳассоси сиёсӣ аз тарафи зимомдорони наҳзатӣ маҳсуб меёфт. Минбаъд куштори журналистони маъруф Муҳиддин Олимпур, Отахон Латифӣ, Хушбахт Ҳайдаршо, Ҷумъахон Ҳотамӣ, Давлаталӣ Раҳмоналӣ, Виктор Никулин ва адиби маъруф Сайф Раҳимзоди Афардӣ идома кард, ки бо амри саркардагони ташкилоти террористии наҳзати исломӣ ва фармоишгарони онҳо амалӣ гардиданд.

Тарсафканиҳои наҳзатиён, ки тибқи барномаи мушаххас нисбати журналистони маъруф амалӣ гашт, ба хотири воруна нишон додани ҳақиқат ва ба ҷойи он роҳандозӣ кардани тарҳҳои ҷаҳолату хурофоти динӣ анҷом дода мешуданд. Маҳз тавассути террорҳои фикрӣ, ақидавӣ, равонӣ ва ҷисмонӣ наҳзат дар ибтидои солҳои навадуми садаи бист дар минтақа нуфузи дурӯғин ё сунъӣ пайдо намуд. Аммо тарсафкании динӣ, ки тарафи рӯзноманигорони асил нигаронида шуда буд, фаъолияти рӯзноманигорони ватаниро қатъ накард, балки онро вусъат бахшид.

Давлату Ҳукумат ҷилави бедодгариҳои наҳзатиро, ки ба террорҳои баъдӣ сабаб мегардиданд, гирифт ва онро ба унвони ташкилоти террористию экстремистӣ шинохта, фаъолияташро дар қаламрави ҷумҳурӣ манъ кард. Пас аз террористӣ эълон гардидани ин гурӯҳи ифтротгаро, моҷароҷӯ ва тафриқаандоз чанде аз манфиатдорони он тарки кишвар намуда, дар пайи анҷом додани амалҳои ноҷавонмардона ва муғризона гом мебардоранд. Саркардаи фирорӣ ва дигар аъзоёни ташкилоти террористии наҳзати исломӣ тавассути шабакаҳои интернетӣ боз ба иғвогарию дасисабозӣ баҳри ноором сохтани вазъият дар Тоҷикистон даст зада истодаанд. Вале мардуми тоҷик аз ҳамаи ин ҳилаву найранги наҳзатиҳо огаҳӣ доранд ва ҳаргиз ба ҳарфҳои пучу бемантиқи онҳо бовар намекунанд.

Хушбахтона, имрӯз мардуми фарҳангсолори Тоҷикистон сарбаландона кору фаъолият намуда, барои расидан ба ҳадафҳои роҳбарияти давлат аҳлона заҳмат кашида истодаанд. Маҳз бо талошу заҳматҳои беандозаи Сарвари миллат, Тоҷикистон дар асосӣ андешаи созандаи миллӣ амал намуда, аз як кишвари ҷангзада ба як давлати пешрафта мубаддал гардид.

Ҳомидҷон Ҳакимов яке аз чеҳраҳои маъруфи рӯзноманигории ватанӣ буд ва мемонад. Ҳарчанд хунхорони наҳзатӣ Ҳомидҷон Ҳакимовро ба хотири ба онҳо сар нафароварданаш ва ифшо кардани асрори хиёнаткорию разилиҳояшон ҷисман нобуд карда бошанд ҳам, кору пайкор ва ҷавонмардию хислатҳои ҳамидаи инсонии ӯ дар замири ҳар фарди миллатдӯсту меҳанпараст ва огоҳу бедор абадӣ боқӣ хоҳад монд.

Фарҳод МАҲМУДОВ,

сармуҳарири рӯзномаи «Кӯшониён»

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь