Ҳафтаи корӣ барои меваҷот ва сабзавот бо маҷлиси навбатӣ шурӯъ шуд. Яъне сабзавотҳо то ба ин дам дар тамоми идораҳо барои гузаронидани “петиминутка” ҷамъ омада буданд. Аммо аз чӣ бошад, номи маҷлис ба вақташ дуруст намегирифт. Бо ном “панҷминута”, аммо дар асл баъзан вақт то панҷ соат кашол меёфт.
Чормағзи пир бо коре аз манотиқи дурдаст омада буд, то арзу шикояташро шахсан ба раиси меваҷот расонад.

Барои ин ӯ аз соати чори саҳар ба роҳ баромад ва билохира бо тай намудани роҳи пур шебу фароз соати 7:55 худро ба дари идораи раиси меваҷот, – ҷаноби себ расонид.
Соати корӣ шурӯъ шуда буд, вале аз раис ва зердастонаш дараке набуд. Муйсафеди чормағз сабур буд, бинобар ҳамин қарор дод, ки боз интизор мешавад. Ҳамин тавр, аз байн ду соат гузашт, вале аз раис дараке набуд. Чормағз қарор дод то аз котибаи раис, хонума Олуболу, ки бо як савлате менишаст, кай омадани раисро пурсон шавад.
– Духтарам, мебахшӣ, раис кай меомада бошанд? Ман аз ягона нақлиёти деҳа агар қафо монам, дигар наметавонам имрӯз ба деҳа баргардам – боз чизе гуфтанӣ буд муйсафед, аммо суханаш дар даҳонаш монд. Олуболуи шаттоҳ бо як беэътиноӣ ҷониби ӯ нигоҳ кард:

-Камтари дигар интизор шавед, ҳеҷ кор намекунад. Чӣ магар раис зиндагӣ надоранд, ки аз субҳ то шом инҷо нишинанд? Маҷлис аз шумо муҳимтар аст – боз зери лаб чизе ғур-ғур карда, чормағзро аз кабинет берун кард котиба.

Чормағз дид, ки аз баҳс бо хонума Олуболу фоидае нест, бинобар ҳамин, бо сари хам аз идора берун шуд. Мисли чормағз чандин меваву сабзавотҳои дигари аз манотиқи дурдаст ва гирду атроф омада, дар назди идораҳои дахлдор аз дасти маҷлисҳои баҳудаву беҳуда сарсону саргардон буданд.

Дар ин замон, дар толори маркази кишоварзӣ ба мисли ҳафта ва рӯзҳои қабл намояндагони қишрҳои болоии сабзавоту меваҷот барои “ҳалли” масъалаи “муҳиме” ҷамъ омада буданд.

Дигар бидуни баҳсу мунозира раиси маҷлис картошка интихоб шуда буд. Сабаби чунин интихобро худи картошка чунин шарҳ дод:

-Рафиқон, ҳамаи шумо огоҳ ҳастед, ки авлоди мо яке аз авлодҳои қадимаи сабзавот мебошанд. Дар вақташ шоҳон ва амлокдорони даврон барги моро ҳамчун ороишот истифода бурдаанд. Яъне гули аввалин мо будем.

Аҳли толор гарчӣ бо ин розӣ набуданд, вале намехостанд бо картошка баҳс кунанд. Чун картошка низ мисли каду дар боло одам дошт. Бинобар ҳамин баҳс ва зиддият бо картошка фоидае надошт. Як сабаби дигари хомӯшии толор дар он буд, ки онҳо мехостанд то ҳарчӣ зудтар ин маҷлисҳои баҳудаву беҳуда ҳарчӣ зуд анҷом ёбанд.

Ниҳоят картошка сари мақсад омад:

-Чӣ тавре ки ҳамаи мо огаҳ ҳастем, дар маҷлиси қаблӣ пешниҳод шуда буд то барои ҷалби харидор ва дастрас будани нархҳо ба мардум чораандешӣ шавад. Кӣ чӣ пешниҳод дорад?

Дар як дам толорро ғалоғула фаро гирифт. Ҳар кас мехост пешдаст бошад ва сухани худро тасдиқ намояд. Яке манъи содиротро, дигаре зиёд кардани истеҳсолотро талаб мекард. Ҳатто пешниҳоди “бойкот” аз хариди маҳсулоти аз хориҷ ворид шударо низ карданд. Боз ҳам картошка зимомро ба даст гирифта ҳаракат мекард то аҳли толорро ба хомӯшӣ ва риояи тартибот водор созад. Вале ӯ ба ин муяссар шуда наметавонист. Чун ҳама аз ин маҷлисҳо ба танг омада буданду дигар тобу тоқати шуниданро надоштанд.

Ғайриинтизор, дари толор башаст кушода шуд ва пиёз дар даст як лифофа вориди толор шуд. Ғайричашмдошт пиёз мисли маҷлисҳои қаблӣ асабӣ ё ба аспи ғазаб савор нашуда буд. Баръакс, ин дафъа ӯ чунон хурсанд буд, ки гуиё ганҷинаеро пайдо карда бошад.

Бале дар ҳақиқат пиёз “ганҷ” ёфта буд. Ин ганҷ акси дар даруни лифофа буд.

Ёфтам, ёфтам, акнун дигар маро муттаҳам накунед! Ман гунаҳкори аз ман калонро ёфтам! Гуноҳи ман дар назди гуноҳи ӯ қатрае аз дарёст!

Ҳозирин бо як таҳайюре ҷониби пиёз нигоҳ мекарданд. Касе намедонист гап дар чӣ маврид рафта истодааст. Нигоҳҳои суоломез ҷониби ӯ духта шуда буд.

Картошка чун роҳбар ташаббусро боз ба даст гирифта ҷониби пиёз бо як норизоӣ, назар афканд. Ӯ гуфтан мехост, ки боз хотири мардумро аз масъалаи муҳим дур кард.

-Чӣ гап шуд? Муфасалтар фаҳмон – бо як дуруштие ба пиёз муроҷиат кард роҳбари маҷлис.

Пиёз бидуни гуфтани ҳарфе лифофаи дасташро ба дасти картошка бурда супорид. Картошка лифофаро боз намуд. Кош боз намекарду ин чиро намедид. Бо дидани акси дар дохили лифофа, буда ҳуш аз сари картошка парид. Қариб буд аз ҳуш мерафт, аммо бо ба ёд овардани он, ки ӯ роҳбар аст, худро ба даст гирифт.

Ниҳоят ба ҳозирин нигоҳ карда, гелосро пурсон шуд. Аммо ба ӯ гуфтанд, ки гелос дигар ба маҷлисҳо намеомадааст. Яъне ӯ ҳамнишинӣ бо дигар меваҷоту сабзавотҳоро барои худ ор медонистааст.

Аммо ин чиз барои аҳли толор муҳим набуд. Онҳо ҳарчӣ зудтар мехостанд чизи дохили лифофа бударо бинанд.

Картошка низ нахост онҳоро азоб диҳад, бинобар ин аксро ба ҳама нишон дод. Дар акс дида мешуд, ки чӣ тавр як килограмм гелос дар супермаркет 600 сомонӣ нарх дорад.
Ана боз сар шуд ғалоғулаву нидоҳои норозиёнаи дигар намояндагон. Ҳамагӣ бо як овоз муҷозоти гелосро талаб мекарданд.

Аз сабабе, ки аллакай ҳама хаста шуда буданду ҳарчӣ зудтар рафтан мехостанд, аз ҷониби намояндагони ду қишр аъзои комиссия тартиб дода шуд. Аъзои комиссия муваззаф буданд аз номи намояндагони ду қишр аз болои гелос ба суд муроҷиат кунанд. Дар ин бора қарор барои аз сафи меваҷот бадарға кардани гелос бароварда шавад.

Бо ҳамин, дигар ҳама бо маслиҳати он, ки ҳафтаи оянда ба суд мераванд, пароканда шуданд.

Бахтиёр Раҳматуллоев

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь