(ё дилрезаҳои боронӣ дар ёди Борон)

Борон, бародари аз даст додаам!

Шояд пурсон шавӣ, ки чаро ин навиштаи пур аз фиғонамро “Ашкҳои нотамом” мондам? Медонам, ки пай мебарӣ, чаро ин номро интихоб кардаам, вале дигар нестӣ то ин саволро ба ман диҳӣ. Гиряҳо, нолаҳо, фарёду фиғонамро дар сӯги фарзанди ғӯрамаргам Мадамон зери ин унвон чоп кардаам. Ва акнун баъди марги фоҷиавии фарзанд, дар сӯги ту менолам.

Борон, ҳамнишину ҳамрозам!

Ту он рӯзи шумро дар ёд дорӣ?

Он рӯзи шумеро, ки мо Мадамонро дар айни шукуфтану дар айни камолотро дар як садамаи мудҳиш аз даст додем? Ёд дорӣ мо дар оғоз ба ту ҳарфе нагуфтем? Бо мошин мерафтему ту мисоле, ки чизеро ҳис кардаӣ, пайиҳам савол медодӣ? Ниҳоят вақте ба деҳа наздик шудем, ман дигар нолаамро дошта натавонистам. Аз мошин пиёда шудаму домони фиғонро сар додам. Ту лолу музтар шуда, худро гум кардию ба писари дигарам, ки ҳамраҳамон буд,  суоломез нигоҳ кардӣ. Вақте посухро ба нигоҳи ҳайратзадаат гирифтӣ, додзанон гардани маро гирифтӣ. Мо ду марди калонсол мегиристему мегиристем.

Борони гиромӣ!

Бераҳмии тақдирро бубин, ки имрӯз ту нестӣ ва доғи дигареро ба дили ман гузоштӣ. Ашкҳои нотамоми ман дар азои Мадамон хушк нашуда, чанги аҷал беҳтарин дӯстамро бурд.

Аз даст додани дӯст ҳамеша барои одамизод мусибати сангине аст. Махсусан агар ин одам ҳамсӯҳбату ҳамдил бошад, дарди туро дарди хеш хонад. Дар мусибати ту ашк дар чашм дошта бошад, аз хурсандии ту пару бол барорад.

Ҳанӯз  Султони шоирон, қофиласолори шеъри тоҷикӣ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гуфта буд:

Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон, бартар аз дидори рӯйи дӯстон,

Ҳеҷ талхӣ нест, дар дил талхтар, аз фироқи дӯстони пурҳунар.

Вале сад дареғ… Бороне, ки ҳамеша борони раҳмати тантанаҳои дӯстон буд ва умре барои ин миллату ин сарзамин ба ҳайси масъули боркашонӣ дар роҳи оҳани Тоҷикистон фаъолият дошт, моро тарк кард. Барои ман исми Борон ҳаммаънои ҳамдилу ҳамдард, розшунаву розгӯ буд. Ҳамдигарро бо як нигоҳ дарк мекардем, дар ҳама ғаму мусибат дар паҳлӯям меистод, дар ҳама хурсандию сур аввалин шуда оғӯши табрик мекушод. Беҳуда Ҳофизи лисонулғайб нагуфта будааст:

Бигзор, то бигирям, чун абр дар баҳорон,

К-аз санг нола хезад рӯзи видои ёрон.

Ҳар кӣ шароби фурқат, рӯзе чашида бошад,

Донад ки сахт бошад, қатъи умедворон.

Борон, дӯсти меҳрубонам!

Барои ман ту ҳамеша зинда ҳастӣ, барои ман ҳамеша ҳамсӯҳбат ҳастӣ, ҳамеша ҳамнишину ҳамдил ҳастӣ! Ба замми фаъолияти корӣ, ту ҳамеша базморои маҳфили дӯстон будӣ, маҳфили онҳоро бо панду андарзи орифона ҷон мебахшидӣ. Зери тораҳои тор дарди инсониятро месурудӣ, аз мушкили азалии инсон-инсофу виҷдон, андешаи фардо месурудӣ ва ҳамеша аз умри ками инсон менолидӣ. Маҳфили дғстону ҳамнишинонро гарм мекардию месурудӣ:

Дареғ  аз одамизода, ба ин умри ду-се рӯза, ба зери хок меафтад, ки тан як сӯ, кафан як сӯ.

Тамоми шоиронро ҷамъ оранд,  дар Машҳад, ҳама як сӯ, вале, онҷо, мани ширинсухан як сӯ.

Аҷиб, ки ту ҳамеша аз кӯтаҳ будани умр шиква мекардӣ, шояд медонистӣ умрат кӯтоҳ аст? Шояд медонистӣ ки ба тезию ногаҳонӣ риштаи умрат канда мешавад? Шояд медонистӣ, вале ба дӯстон лаб намекушодӣ? Медонистӣ ки “ ашк як лаҳза ба мижгон бор аст!- у “фурсати умр ҳамин миқдор аст?”.

Аз умри тайкардаат ҳаргиз ризо набудӣ, чунки дар дил ҳазорон нияту мақсад доштӣ. Мехостӣ нияту орзуҳоятро амалӣ кунӣ. Ба тораҳои дутор нохун мезадию менолидӣ:

Афсӯс, ки умри ман гузашт беҳуда, ҳам луқма ҳаром, ҳам нафас олуда

Фармудаи нокарда сияҳрӯям кард, фарёд зи кардаҳои нофармуда.

Эҳ Борон, Борон…

Рӯзи марги ногаҳониат дӯстон ҳама гирён буданд. Борони ашк рухсораҳояшонро мешуст. Аз ҳамнишинию аз лаҳзаҳои нотакрори зиндагӣ бо ту ёд мекарданд. Афсӯс, ки инсон ҳамеша ба қадри лаҳзаҳои нотакрори зиндагӣ намерасад. Фикр мекунад, ки пагоҳ ё пагоҳи дигар фурсат барои ин ҳама пайдо мекунад. Вале, сад дареғ… Беҳуда бузургон нагуфтаанд, ки “ умри одамро, ки мегӯянд як дам будааст”. Вале барои мо дӯстон ин ҳама “сӯҳбати ёрони ҳамдам” будааст. Ту ҳам дар сурудаҳоят такрор ба такрор зикр мекардӣ, ки басе кори анҷомнадода дорӣ ва басе тасмимҳои хешро ба рӯзи дигар гузоштаӣ:

Мӯи ман сафеду, дил сияҳ аст ҳанӯз, майли дили ман сӯи гуноҳ аст ҳанӯз.

Гуфтам, ки ба пирӣ расаму тавба кунам, бахти бади ман гуфт пагоҳ аст ҳанӯз.

Борон, ҳамнишину ҳамдилам! Бародари ба ҷон баробарам!

Ман набудани туро сахт эҳсос мекунам, вақте мушкиле пеш ояд, душворие дар зиндагӣ пеш ояд, намедонам сарамро ба китфи тануманди кӣ гузораму домони гиря сар диҳам, аз ҷабри фалак нолу кунаму намедонам ашки маро кӣ тоза мекунад? Бо рафтани хеш дар маҳфилҳои дӯстону пайвандон холигоҳи даҳшатнокеро ба миён овардаӣ, ки дар ҳама маросиму маърака ёд аз ту мекунем. Пас, бидон ки ҳамеша бо мо, дар маҳфилҳои мо, дар сӯҳбатҳои мо, дар маросимҳои мо, боқӣ мемонӣ.

Ёдат ба хайр, шабчароғи ёди ту ҳамеша фурӯзон бод!

Дӯсти ҷигархунат Ҷумъахон Нурзода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь