Ҳафтаи охир истифодаи калимаи “беҳтарин” то ба ҳадде зиёду забонзада шуд, ки дигар ин унвон низ қадри худро гум карда. “Беҳтарин раис”, “беҳтарин вазир” “беҳтарин саис” … ин рӯйхатро идома диҳем, охир надорад. Суоле ба миён меояд: чӣ магар дигарҳо беҳтарин нестанд? Ё беҳтаринҳо танҳо дар охири сол муайян мешаванд? Ҳамарӯза мардум пайваста аз кори масъулини соҳаҳои гуногун интиқод мекунанд. Аммо имрӯз мебинӣ, дигар ба ҳама унвон доданро оғоз намудаанд.

Ректоре вазифа ва масъулияти ба гарданаш бударо анҷом додааст, дигар бояд ӯ “беҳтарин ректори сол” интихоб шавад. Охир ғамхори ба донишҷӯён ва ҳалли мушкилоти эшон вазифаи ректор ва зертобеонаш мебошад. Чӣ магар ӯ аз кисаи худ барои ин “корҳои хайр” мабалғ сарфа мекунад? Албатта, ки не барои ин корҳо аз буҷаи давлат маблағ ҷудо мегардад. То ба ин ҳад хизмати хирсона лозим не! Намегӯям, лоиқ нестанд албатта, ки лоиқанд, аммо то ба ин ҳад болобардориҳо чӣ суд?

Ҳатто имрӯз бахшида ба раисе шеър эҷод мекунанд ва он раисро қариб не, ки бо шайху авлиё баробар кунанд. Фикр мекунам, ин ҳам ба он хотир, ки “шоир” дар корхонае кор мекунад, ки зертобеи ҳамон раис аст. Дигар ҳатто ҷоизаи “Беҳтарин волонтёр” низ рӯи кор омадааст. Ингуна ҷоизаву унвонҳо чунон зиёд шудаанд, ки дигар кас сару калобаашро дар лобалои ин ҳама гум мекунад. Ҳатто як унвон ба чандин нафарҳо дода шудааст.

Ҳама намуди унвон рӯи кор омад. Аксарият “беҳтарин”-ҳоро интихоб намуданд. Дар ин баробар ман низ мехоҳам аз ҷомеа қафо намонда “беҳтарин”-и худро пешниҳод намоям. Бояд унвони “Беҳтарин унвондиҳанда”-ро таъсис дод. Чун агар эшон намебуданд, имрӯз саҳифаи фейсбук пур аз калимаҳои шодбошиву “арзанда” гуфтанҳо намешуд.

“Серистифодатарин калимаи сол” фикр мекунам ба ин номина ҷои аввалро “арзанда” ҷои дуввумро “ту метавонӣ” ва ҷои саввумро “ба пеш” ишғол менамоянд. Ин се калима давоми сол чунон бисёр истифода шуданд, ки дигар қадрият ва маънии худро аз даст доданд.

“Арзанда” ин калима аксар замони унвон ё вазифа гирифтани нафаре кор медод. Раисе аз кор рафт ва ба ҷои ӯ раиси наве ба кор омад. Дигар сар мешавад “арзанда” хондани раиси нав. Чӣ магар раиси қаблӣ арзанда набуд? Буд вале дигар нест чун аз вазифа рафт.

“Ту метавонӣ” ва “ба пеш” ин ду калимаро насли ҷавон чунон бе қадр кардаанд, ки дигар нафаре бо як шахси шинохта тасодуфӣ акс гирифта монад, баъд сар мешавад, “ба пеш”, “ту метавонӣ”. Фикр мекунанд бо ин кор он ҷавонро хизмат карда истодаанд. Аммо, афсӯс…

Умед дорем, дар соли нав унвонҳои лозиму нолозим аз байн мераванд ва раису вазирон бе унвон ҳам вазифаи худро ба сатҳи олӣ иҷро хаҳанд кард.

Бахтиёр РАҲМАТУЛЛОЕВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь