Санаи 31 марти соли ҷорӣ чорабинии ниҳоиӣ лоиҳаи «Пешбурди тағйироти иҷтимоӣ ва омӯзиши касбии фарогир», ки роҳандозии он дар кишвар оғоз аз моҳи апрели соли 2018 шурӯъ шуда, тариқи онлайн баргузор шуд, ки Лоиҳа барои дастгирии сохтор ва сиёсати омӯзиши касбии фарогир равона гардида, афзалият ба эҳтиёҷоти ҷавонони маъюб дода мешуд. Лоиҳаи мазкур  аз тарафи Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати Федеролии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд маблағгузори шуда аз ҷониби Намояндагии институти ҳамкории байналмилалии Ассотсиатсияи донишгоҳҳои халқии Олмон (DVV International) дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятии  Созмони занони маъюб ”Иштирок” ва «Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон» амалӣ карда шуд.

Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар, Нурулло Махмадуллозода оид ба ҳамкории лоиҳа бо вазорати меҳнат ва зерсохторҳои он дар самти тақвияти пешбурди ҳуқуқҳои ашхоси маъбиятдошта қайд карда гуфт, ки: “Будани чунин лоиҳа барои зудтар расидан ба ҳадафҳои дар пешгузоштаи барномаи миллии барқарорсозии одамони маъюбиятдошта, ки дорои хусусияти иҷтимоӣ ва зиддибӯҳронӣ буда, татбиқи он бо назардошти Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид то 2030 амалӣ карда мешавад, кӯмак хоҳад кард”.

Петра Гаспарова Муовини Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори хурсандӣ аз он кард, ки Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқи маъюбонро соли 2018 ба имзо расонида, барои қабул ва татбиқи зудтари он, ҳамзамон дар доираи вазифаҳои кишвар барои иҷрои 17 Ҳадафи рушди устувор, даъват намуд. Ҳамзамон Петра Гаспарова қайд кард, ки Иттиҳоди Аврупо дар навбати худ барои тақвияти ҳуқуқҳои шахсони маъюбиятдошта ва дастрасии онҳо ба таълимоти босифат барномаҳои наверо рӯйи кор хоҳад гирифт.

Ба иттилои роҳбари Намояндагии DVV International дар Тоҷикистон, Заррина Халикова, лоиҳаи мазкур, ки муддати се сол дар самти омӯзиши касбии фарогир равона кор кард, пилотӣ буда, минбаъд ташкилот нақша дорад фаъолият худро дар ин раванд бештарру пурсамартар идома диҳад.

“Вақте, ки баҳрагирандагони лоиҳа дар даст шаҳодатномаи тасдиқкунандаи малакашонро мегиранду табассум мекунанд, дар ҳоле, ки сину солашон аз 19 ва ҳатто 34 сола аст, шумо мефаҳмед, ки чӣ қадар одамони дар атрофбуда аз мадди назари мо дур мондаанд. Онҳо дар утоқҳои худ бо дарҳои баста нишастаанд, аммо ниёзҳои худро доранд, ки бо мавҷуд будани муҳити дастрас  қонеъ карда метавонистанд”,мегӯяд Заррина Халикова.

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа тақвият додани ҳуқуқҳои шахсони дорои маъюбият, беҳтар намудани муҳити миллӣ ва маҳаллӣ барои омӯзишии касбии фарогир, фароҳам овардани хизматрасониҳои омӯзиши касбии босифат ва таҳсилоти ғайрирасмӣ барои ҷавонони маъюбиятдошта, дар се минтақаи мақсаднок: Рашт, Панҷакент ва Душанбе буд.

Саида Иноятова, роҳбари ТҶ Созмони занони маъюб ”Иштирок” ҳангоми баромад ва муаррифии дастовардҳои ташкилот дар амалисозии лоиҳа гуфт, ки дар баробари ташкили марказҳои қабули иҷтимоӣ дар Душанбе, Панҷакент ва Рашт ва додани машваратҳои ҳуқуқиву расондани кӯмакҳои иҷтимоӣ, ташкилоит як қатор маводҳои иттилоотиро бо назардошти дастрасӣ ба ҳама гурӯҳҳои мақсаднокии лоиҳа омодаву нашр карда, миёни шахсони маъюбиятдошта тақсим кардаанд.

“Инчунин, вазифаи мо, вазифаи ташкилоти мо кӯмак ба ҷавонони маъюбиятдошта дар мустақил шудани онҳо буд. Ба онҳо иттилоъ додан дар бораи ҳуқуқояшон, дарки фалсафаи ҳаёти мустақилона, дарёфти роҳ ва ҷойгоҳи худ дар ҷомеа буд, ки фикр мекунам дар ин самт муваффақ низ шудем”, – иброз намуд Саида Иноятова.

Ба иттилои Саида Иноятова, дар доираи лоиҳаи зикршуда, аз ҷониби ТҶ Созмони занони маъюб ”Иштирок” барои шахсони дорои маъюбият як қатор тренингҳои омӯзишӣ баргузор шуда, ки дар натиҷа иштирокчиён нақшаи кории худро барои оғоз намудани тиҷорати хурди худ навишта, дар озмуни дарёфти грантҳои бебозгашт дар ҳаҷми то 3000 евро иштирок намудаанд ва 17 нафари онҳо дар доираи лоиҳаи “Пешбурди таъғироти иҷтимоӣ ва омӯзиши касбии фарогир» дастгирӣ ёфта, то имрӯз кори худро пеш мебаранд.

Яке аз дигар бандҳои лоиҳаи мазкур таҳияи маводҳои таълимӣ барои омӯзиши касбии фарогир ва озмоиши онҳо дар давоми курсҳои кӯтоҳмуддат, аз қабили қаннодӣ, гулпарварӣ, занбӯриасалпарварӣ ва таъмири асбобҳои рӯзғор, дар якҷоягӣ бо муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” (МТКТ) дар шаҳру ноҳияҳои мақсадноки лоиҳа буд. Курсҳои омӯзишӣ дар синфхонаҳои нави Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон, ки дар чаҳорҷӯбаи лоиҳа барои шахсони маъюбиятдошта мутобиқ гардонида шуда буданд, ба иштирокчиён имконияти гирифтани ихтисосҳои навро фароҳам оварданд.

Тавре Мақсуд Алиев, директори корхонаи воҳиди давлатии “Маркази таълимии шаҳри Душанбе” қайд намуд: “Бартарияти курсҳое, ки дар доираи лоиҳа амалӣ шуданд дар он буд, ки дар раванди онҳо шахсони маъюбиятдошта бо шахсони бе маъюбият якҷоя дарс хонда, дар якҷоягӣ бо як рӯҳияи болида ва шавқи зиёд дарсҳоро аз худ мекарданд”.

Яке аз дигар ҳадафҳои лоиҳа таҳия ва татбиқи барномаи таълимии фарогир «Асосҳои саводноккунии заминавии калонсолон» буд, ки аз ҷониби гурӯҳи корие аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ ташкил шуда, барои таълим додани шахсони дорои эҳтиёҷоти махсуси таҳсилоти синнашон аз 14-сола боло, ки саводи заминавӣ надоранд, яъне навиштан, хондан, ҳисобро намедонанд, иборат буд. Бapнома аз се модули таълимӣ: “хониш, хат ва математика” иборат буда, ба ғайр аз таълими малакаҳои заминавии саводнокӣ, ба шунавандагон инчунин оид ба малакаҳои ҳаётӣ, амсоли мустақилият ва мутобиқшавии иҷтимоиро низ меомӯзад. Мавриди зикр аст, ки барномаи «Асосҳои саводноккунии заминавии калонсолон» аз ҷониби Шӯрои методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия шуда, Муассисаи давлатии «Маркази таълимию методӣ ва мониторинги сифати таълим»-и назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро тасдиқ намудаст.

Дар фарҷоми вохӯрии онлайнӣ оид ба ҷамъбасти лоиҳа барои беҳтар намудани вазъи шахсони дорои маъюбият дар кишвар аз ҷониби мутахассисони соҳа як қатор пешниҳодот ироа шуд, аз ҷумла:

  • Дар доираи татбиқи банди 4-уми ҲРУ дар раванди омӯзиши касбии фарогири шахсони маъюбиятдошта бояд рақамисозии барномаҳои омӯзишӣ, ҳамчунин барои таълими фосилавӣ, ба инобат гирифта шавад;
  • Таҳия ва мутобиқсозии барномаҳои таълимӣ (маводҳои дидактикӣ, аудиоӣ, забони ишора ва ғ.) барои шахсони дорои маъбият ва татбиқи онҳо дар МТКТ;
  • Баланд бардоштани такмили ихтисоси кормандони МТКТ ва ворид кардани усул ва меърёҳои кор бо шахсони дорои маъюбият ба барномаи такмили ихтисос;
  • Барои шахсони камшунаво ё ношунаво таълими забони ишора бо забони тоҷикӣ дар сатҳи барномаҳои омӯзишии давлатӣ ба роҳ монда шавад;
  • Барои дастрасӣ ба таълимоти касбии фарогир чунин лоиҳаҳо дар дигар минтақаҳои кишвар дар сатҳи ҳуқуматӣ низ кори худро ба роҳ монанд.

“Бо вуҷуди мушкилоти гуногун, идомаи фаъолият дар ин самт зарур аст. Маркази таълимии калонсолон, донишгоҳҳои мо, шояд ҳатто мактабҳои такмили ихтисос ва муаллимонро дар ин самт бояд таълим дод, то онҳо аз ҷиҳати равонӣ барои кор кардан бо шахсони маъюбиятдошта омода бошанд, – мегӯяд Заррина Халикова, роҳбари  намояндагии DVV International дар Тоҷикистон ва илова мекунад: Баҳрабардорандагони лоиҳа, ки имсол ба анҷом расид, асосан ҷавонони маъюб буданд, аммо мо ният дорем, ки дар лоиҳаҳои минбаъдаи худ нафарони маъюбиятдоштаи синну солашон аз 30 болоро низ фаро бигирем”.

Нурулло Махмадуллозода, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар зарурати таҷрибаи татбиқи лоиҳаро дар таҳия ва ҷорӣ намудани дигар лоиҳаҳо барои касбомузӣ ва бо кортаъмин намудани шахсони маъюбиятдошта таъкид карда, гуфт: “Айни замон аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ҳамбастагӣ бо Ташкилоти байналмилалии меҳнат лоиҳаи “Барномаи миёнамӯҳлати мақсадноки таъмини шуғли шахсони маъюб ва гурӯҳи худёрирасон” таҳия шуда истодааст, ки таҷрибаи татбиқи лоиҳаи мазкур барои таҳияи ин Барнома бояд истифода карда шавад”.

Тибқи иттилоти расмии Оҷонсии омори кишвар дар Тоҷикистон тақрибан 150000 нафар ашхоси маъюбиятдошта ба қайд гирифта шудаанд, ки аз миён беш аз 28000 нафарашон то 18 солаанд.

М.Нозимӣ

Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи «Пешбурди тағйироти иҷтимоӣ ва омӯзиши касбии фарогир» бо мусоидати молии Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати Федеролии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд омода шудааст. Мундариҷаи филми мазкур мояи масъулияти муаллиф буда, ифодагари нуқтаи назари маблағгузорон намебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь