Тахмини муфаттиш ба далелҳои шайъӣ дигар ниёз надошт. Хулосаи ташхиси имзоҳо дар номаи камолот ва нишондоди шоҳид барои ба тақаллубкорӣ муттаҳам намудани Барно Сафарова асос шуд. Парванда барои баррасӣ ба суд ирсол гардид ва дар ҷараёни мурофиа ба ҷинояти содиркардааш шаҳрванд Барно Сафарова иқрор шуд. Ҳукми суд маҳрум кардан аз озодӣ ва адои ҷазо дар муассисаи ислоҳотӣ буд.

Мошини маҳбусон роҳи морпечи куҳистонро пеш гирифт. Даруни мошини торик Барно аз тамошои табиати сабзи атроф маҳрум буд. Оқибати бандаи нафси пулу мол шудан ҳамин аст.

Аз ҳар шаҳодатномаи номаи камол имзо кардааш, ҳазорҳо сомонӣ ба ҷайбаш ворид мешуд. Либосҳои замонавии гаронбаҳо, автомобили нави хориҷӣ ва ҳатто калиди хонаи навро аз маркази шаҳр соҳиб шуд.

Ишғоли мансаби серравған Барно Сафароваро ба “бизнес-леди” табдил дод. Корафтодаҳо лифофаи ғафси пулро ноаён ба ҳуҷрааш гузошта мерафтанд. Сафи дугонаҳояш ба маротиб афзоиш ёфт ва ҳар шаб зиёфате дар тарабхона интизораш буд. Ба шавҳару оила ҳам дигар эътибор надод. Ғарқи пулу мол айшу ишратро раво донист.

Вақте дастгир карданду ба маҳкама кашиданд, танҳо монд. Ба ҷуз аъзои оила касе аз ҳолаш хабар намегирифт.

Дарвозаи оҳанини маҳбас во шуд. Амрҳои зиндонбон ин ҷо ҳукми қонунро дошт. Барояш тавзеҳ доданд, ки ӯ дигар Барно Сафароваи мансабдор нест. Вай як маҳбуси аз озодӣ маҳрумшуда ва риояи низоми шадиди ин муассиса барояш ҳатмӣ аст. Чор тарафи девори маҳбас симхор ва ҳар ҷо сарбозони силоҳдор чун посбон истодаанд. Панҷараҳои оҳанин дару тирезаро фаро гирифтааст. Либоси ҳамаи маҳбусон якранг ва нозирон басо сахтгир нисбат ба риояи интизом.

Ғаму ғусса дар қалби Барно маъво гирифт. Дигар зулфонашро дар кошонаи ҳусн машшотаҳо шона намезананд, тобеонаш даст пеши бар карда, “раис” гӯён муроҷиат намекунанд. Мабодо каме интизомро риоя накунад, ба дасташ завлона зада, дар ҳуҷраи торику заҳкашида маҳкам мекунанд, то ба қадри озодӣ бирасад. Акнун ҳамнишинҳояш ҷинояткорони мухталиф буданд ва ҳама корҳои тозагиро ба ҷо меовард. Ҳатто барои тоза кардани ахлоти чорво дар оғилхона сафарбар намуданд. Ашк мерехту аз гуноҳи содир кардааш пушаймон мешуд. Ончунон аз меҳнати ҷисмонӣ кӯфта мешуд, ки аз хоб сер намешуд ва субҳ баробари дигар маҳбусон дар саф меистод.

Боре сардори муассиса Барноро наздаш хонд ва парвандаи ӯро саҳифагардон намуд.

– Шумо, муаллима, дар гузашта соҳиби вазифа будед,- таъкид намуд сардор,- соҳиби маълумоти олӣ ҳастед ва мебинам аз кирдори худ пушаймонед.

– Рафиқ сардор,- аз ҷояш хест Сафарова,- тавба кардам, ман бандаи нафс шудам, фирефтаи васвасаи шайтон шудам.

– Мо ҳукми судро иҷро мекунем,- гуфт сардор,- барои ислоҳи ҳар як маҳбус талош мекунем, то фардо ба озодӣ бо ақли солим барояду даст ба ҷиноят назанад.

Сардор Барно Сафароваро то ба китобхонаи маҳбас ҳамроҳӣ намуда, супориш дод, ки китобҳои мавҷударо ба тартиб дароварда, ба фарҳанги китобхонӣ маҳбусони дигарро талқин намояд. Ба ин кор бо дасту дили гарм часпид Барно Сафарова ва аз чангу ғубор китобхонаро тоза намуда, вобаста ба мавзуъ китобҳоро дар рафи алоҳида гузошт. Ҳарисона китобҳои бадеиро мутолиа мекарду тавассути қаҳрамони асарҳо ба олами дигар сайр мекард. Дар муддати кӯтоҳ аксари китобҳоро қироат намуда, ба дигар маҳбусон китоби хондаашро тавсия медод. Нозирони маҳбас мушоҳида намуданд, ки маҳбусони китобхон воқеан ҳам баинтизом, хушмуомила ва ба роҳи ислоҳшавӣ гом ниҳодаанд.

Боре аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти ҳамкории байналмилалии Ассотсиатсияи донишгоҳҳои халқии Олмон (DVV International) ва ташкилоти ҷамъиятии “Ҷаҳон” чанде аз кормандон омада якчанд даста китобҳоро тақдими китобхона намуданд. Шодии Барно интиҳо надошт. Бо иштироки меҳмонон конфронси китобхонҳо доир намуда, аз асарҳои мутолиакарда маҳбусон нақл карданд ва дар ниҳоят ҳар кадоме аз ҷинояти содиркардааш изҳори пушаймонӣ карда, бо умед ба дарвоза менигарист, то ба озодӣ барояд.

Аз зиёд шудани сафи китобхонҳо меҳмонҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ваъда доданд, ки боз китоб меоранд ва китобхонҳои беҳтаринро ҳавасманд мекунанд. Барно Сафарова пешниҳод намуд, ки дар китобхона озмуни китобхони беҳтарин доир намоянд. Сардори маҳбас пешниҳодро дастгирӣ намуд. Акнун дар ҳар гӯшаю канори маҳбас маҳбуси ғарқи мутолиаи китобро нозирон мушоҳида мекарданд. Барнои китобдор низ ба ҳар кадоме шарт мегузошт, ки давоми як ҳафта китобро хонда баргардонад. Китобҳои фарсударо аз нав ширешу қоғазпеч карда, маҳбусон ба китобхона месупориданд. Ҳатто пайвандони ба дидорбинӣ омада се-чор китоб оварда, хазинаи китобхонаи маҳбасро ғанӣ гардониданд.

– Аниси ман дар паси панҷара ҳамин китоб аст,- иқрор шуд Барно ба аҳли оилааш, ки дидорбинӣ бо чанд китоб омаданд,- ғизои маънавӣ гирифтам ва пас аз мутолиаи чанд китоби бадеӣ иштибоҳи пешинаи худро дарк намудам. Ва ғазали Саъдии Шерозиро порае хонд:

Марав ба хоб, ки хобат зи чашм бирабояд,

Гарат мушоҳидаи хеш дар хаёл ояд.

Маҷоли сабр ҳамин буду мунтаҳои шикеб,

Дигар мапой, ки умр ин ҳама намепояд.

Чӣ армуғоне аз он беҳ, ки дӯстон бинӣ,

Ту худ биё, ки дигар ҳеҷ дарнамебояд.

Аз хоби беҳуда мутолиаи китоб дунёи маънавии инсонро ғанӣ месозад. Шабеҳи Барно нафарони гумроҳ дар маҳбас кам нестанд, ки ба умеди дидори фарзанду нашъаи озодӣ кашидан аз пайи омӯзиши пешаи нав ва тасмими ислоҳ шудану дигар даст ба ҷиноят назаданро доранд. Ана дар чунин вазъият ба кумаки онҳо шарикони лоиҳаи “Беҳтар намудани дастрасӣ ба ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон” ташкилоти ҷамъиятии «Ҷаҳон» ва муаллимони муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» мерасанд.

Шоистаи таҳсин аст, ки солҳои охир, маҳкумшудагони ду муассисаи ислоҳии кишвар дар доираи лоиҳаи “Беҳтар намудани дастрасӣ ба ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон” бо дастгирии Барномаи Иттиҳоди Аврупо “Ташаббуси Аврупо дар масоили демократия ва ҳуқуқи инсон” ба корҳои таълимӣ ва истеҳсолӣ ҷалб карда мешаванд.

Яке аз мушкилоти асосие, ки собиқ маҳкмшудагон дучор меоянд, ин дарёфти ҷои кори муносиб аст. Дар ин самт ташкилоти ҷамъиятии “Бюрои ҳуқуқи инсон” низ ба туфайли машваратҳои ройгони ҳуқуқӣ ба собиқ маҳкумшудагон ва оилаи онҳо дасти мадад дароз мекунад.

***

– Маҳкумшуда Барно Сафарова, омодаи мурофиаи судӣ шавед, парвандаи шуморо имрӯз суди сайёр муҳокима мекунад,- ҳушдор дод нозири маҳбас.

– Ин самараи китобхонии ман аст, азизон,- ба маҳбусони дигар муроҷиат намуд Барно,- биёед ба озодӣ бо маънавиёти ғанӣ бароем, то ба дигарон намунаи ибрат дар ислоҳи иштибоҳи худ шавем.

Дарвозаи маҳбас аз паси Барно баста шуд. Ба дасташ ҳукми суд, ки минбаъд дар озодӣ ба корҳои ислоҳӣ ҷалб шуда, муҳлати боқимондаи ҷазоро адо мекунад. Сардори муассиса таъкид намуд, ки рӯзҳои истироҳатро дар хона гузаронида, аз рӯзи Душанбе ба кор ҳозир шавад, ба муассисае, ки низомаш озоду ба манзили истиқоматиаш наздик аст.

Барно Сафарова болу пар бароварда, ба хонааш гӯё парвоз мекард. Аз тамошои табиати дилфиреби қади роҳ баҳравар шуда, чуқур нафаси озодӣ мекашид. Аз тирезаи автомобил ба берун менигаристу боз аз Саъдӣ ғазале замзама мекард:

Корвон мераваду бори сафар мебанданд,

То дигар бор кӣ бинад, ки ба мо пайванданд.

Тамаъ аз дӯст на ин буду таваққӯъ на чунин,

Макун, эй дӯст, ки аз дӯст ҷафо напсанданд.

Сорбон, рахт манеҳ бар шутуру бор мабанд,

Ки дар ин марҳала бечора асире чанданд.

Зайниддин ОРИФӢ,

узви ИЖТ

 P.S. Ному насаби қаҳрамони матлаб бо хоҳишаш тағйир дода шуд.

 Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи «Беҳтар намудани дастрасӣ ба ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагон дар Тоҷикистон», ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федералии Олмон оид ба рушд ва ҳамкории иқтисодӣ маблағгузорӣ мешавад, омода ва нашр шудааст. Мундариҷаи маводи мазкур мояи масъулияти муаллиф буда, ифодагари нуқтаи назари маблағгузорон намебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь