Чанд соли охир масоили маъюбият яке аз мавзуъҳои доғ миёни ҷомеаи Тоҷикистон гардида буд. Ҳамин чиз сабаб гардид, ки соли 2016 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017- 2020” таҳия ва қабул карда шавад. Мақсади асосии он фароҳам овардани шароити мусоид барои маъюбон, беҳтар намудани вазъи тандурустӣ ва солимгардонии онҳо мебошад. Аммо бо вуҷуди қабули ин қарор, ки се сол аз он гузашт, масъалаи мазкур ба таври бояд ҳалли худро наёфт ва дигарбора пас аз замоне, ки Президенти кишвар 22 марти соли 2018 зери Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб имзо гузоштанд, ин масъала ҳар чӣ тезу тунд дар расонаҳои хабарӣ ва сомонаҳои иҷтимоӣ мавриди баҳс қарор гирифт.
Дар сомонаҳои иҷтимоӣ барои табобати баъзе ашхоси маъюбиятдошта дастаҷамъона ҷамъ кардани маблағ, ё барои кадом нафари имконияташ маҳдуд бо ташаббуси нафари дигар гирдоварӣ шудани маблағ барои манзили зист, аз далелҳоеянд, ки қонуну қарорҳои дар ин бахшҳо ба тасвиб расида, ба таври лозима татбиқ намешаванд ва кулли ниҳодҳои вобастаи соҳа дар аксар ҳолатҳо дониставу надониста бандҳои қонуну қарорҳоро поймол мекунанд.
Маъюбони тоҷик низ дар ин замина хостори дифоъ аз ҳуқуқҳои худанд ва дар ҳар шакле пайваста мекқшанд, ҳуқуқҳояшон поймол нагардад.
Имкони таҳсили кӯдакони маъюб
Писари Меҳринисо Шарипова, як шаҳрванди кишвар маъюби дараҷаи 1 ва гирифтори бемории дауна аст. Меҳринисо 13 сол аст, ки писарашро мустақилона тарбия мекунад. Ин модар мегӯяд, бо вуҷуди оне, ки писараш роҳ рафта метавонаду баъзе чизҳоро дарк мекунад, вале натавонистааст, ки ӯро дар ягон мактаби назди деҳи худ ба таҳсил монад:
– Ман чанд дафъа ба мактаб муроҷиат кардам, ки писарамро дар қатори ҳамсолҳояш ҳам набошад, бо чанд сол аз ӯ хурдтарҳо ба таҳсил фаро гиранд, вале гуфтанд, ки писаратро ба мактаби махсус бурда мон. Агар писарамро ба мактаби махсус бурда монам, ҳоли ӯ аз ин бадтар мешавад, чунки агар рӯзе маро набинад, маъюсу гирифтахотир мегардад. Аз ин хотир, ӯро ба мактаб набурдам. Гумон мекунам, ки агар ба мактаб мерафт, аз ҳоли ҳозирааш дида хубтар инкишоф меёфт, – афзуд ин модар.
Дақиқан ин ҳолати ягона доир ба масъалаи мазкур нест. Ин ҳам дар ҳолест, ки мувофиқи моддаҳои 19, 20, 21, 22-и Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон” бояд шахсони имконияташон маҳдуд дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (ҳангоми зарурат бо воситаҳои махсуси техникӣ таҷҳизонида шаванд ва инчунин, дар муассисаҳои махсуси таълимӣ) таҳсилоти умумӣ гиранд. Дар сурати мавҷуд набудани имконият дар муассисаҳои таълимӣ, тарбия ва таълими онҳо бо назардошти хоҳиши падару модарашон (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) дар хона ба роҳ монда мешавад. Дар моддаи 21 махсус таъкид карда мешавад, ки: “Бо мақсади инкишофи ҳамаҷониба ва муносиби кӯдакони маъюб, дар рӯҳи фаъолнокии ҷамъиятӣ, майлу рағбат ба меҳнат, илму техника, санъат ва варзиш тарбия намудани онҳо мақомоти маориф ва дигар мақомоти давлатӣ вазифадоранд, ки тарбияи беруназмактабиро бо муҳайё намудани шароити мусоид барои кӯдакони маъюб дастрас гардонанд”.
Маврид ба ёдоварист, ки бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, айни ҳол дар ҷумҳурӣ 25 ҳазор шахси дорои имконияти маҳдуди то 18-сола ба қайд гирифта шудааст. Тибқи ҳисоботи солонаи Вазорати маориф ва илми кишвар бошад дар соли таҳсили 2018-2019 дар мактаб-интернатҳо, муассисаҳои таълимии махсус ва МТМУ ҳудуди 9 ҳазор кӯдакони имконияташон маҳдуд ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ин ҳудуди 36 фисади умумии эшонро дар бар мегирад. Ин то андозае бояд нигаронкунанда бошад, ки тақдири 64 фисад маъюби боқимонда чӣ мешавад ва эшон бо чӣ роҳ метавонанд зиндагии ояндаи хешро пеш баранд?
Сухангӯи Вазорати маориф ва илм, Эҳсони Хушбахт доир ба ин масъала гуфт, ки: “Хонандагон вобаста ба намуди бемориҳо-ақлан ва ҷисман носолим дар асоси роҳхати духтур дар муассисаҳои таълимӣ фаро гирифта мешаванд. Ба муассисаҳои таълимӣ ҷалб нагаштани онҳо бо айби худи волидон ё мақомоти роҳхатдиҳанда аст”.
Аммо зимни суҳбатҳо бо намояндагони ягона ниҳоди дар ин замина роҳхатдиҳанда-Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мо натавонистем ҳеҷ маълумоте пайдо кунем.
Кор ва монеаҳо
Дар моддаи 26 банди 2-и Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон” омадааст: “Дар ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияташон, ҳангоми на камтар аз 20 нафар будани шумораи кормандони онҳо ба андозаи на камтар аз панҷ фоиз аз шумораи умумии кормандон ба маъюбон барои ба кор қабул кардан квота муқаррар карда мешавад”. Ин дар ҳолест, ки ниҳодҳои марбута дар ин бора ҳеҷ маълумоте додан намехоҳанд. Барои иттилои бештар пайдо кардан ва муайян кардани шумораи умумии кормандон аз ҳисоби шахсони имконияташон маҳдуд ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агентии омор ва Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар тамос шудем, вале бо вуҷуди ин маълумотҳо барои мо дастнорас боқӣ монданд.
Асадулло Зикрихудоев, сардори Иттиҳодияи маъюбони тоҷик зимни суҳбат бо мо перомуни масъалаи кор ва фоизи шахсони имконияташон маҳдуд гуфт: “Ҳарчанд дар қонуну қарорҳо ва барномаҳои ҷорие, ки Ҳукумати Тоҷикистон оид ба маъюбон тасдиқ кардааст, манфиатҳои ин гуна ашхос ба инобат гирифта шуда бошад ҳам, мутаассифона, бисёр бандҳои он фақат дар рӯи коғаз мондааст. Мо ҳудуди 5 сол аст, ки аз тамоми вазорату кумитаҳо ва идораву ташкилотҳои чи давлатӣ ва чи ғайридавлатӣ талаб мекунем, ки дар ҳисоботҳои хеш омори шахсони имконияташон маҳдудро ворид кунанд, вале то ба ҳол ин талабот дарҷ намегардад. Ва ҳамин саҳлангории масъулин аст, ки омори мазкур то ҳол номуайян боқӣ мондааст. Ин маънои онро дорад, ки ин моддаи қонун бо вуҷуди 28 сол гузаштан аз эътибори қонунӣ пайдо карданаш (Қонуни ҶТ аз 24 декабри соли 1991 “Дар бораи ҳимояи иҷтимоии маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”) беэътибор мондааст”.
Тавре ба назар мерасад, дар ҷомеаи имрӯза бисёр шахсони имконияташон маҳдуде ҳастанд, ки новобаста ба нуқсонҳои худ дар ҷомеа ҳамчун шахсони пешқадаму фаъол шинохта шудаанд. Имрӯз бештари онҳо ҳамчун варзишгар, рассом, сароянда, ҳунарманд дар соҳаҳои гуногун метавонанд фаъолият кунанд, аммо бо сабабҳои гуногун онҳо соҳиби ҷойи кори муносиб шуда наметавонанд.
Зикрихудоев дар идомаи суҳбат афзуд, ки: “Айни ҳол теъдоди маъюбоне, ки таҳсил кардаанду дорои имкониятҳои хуби корианд, дар Тоҷикистон меафзоянд, вале аксари онҳо бекоранд. Аз як тараф хуб аст, ки барои шахсони имконияташон маҳдуд шароит муҳайё карданд, то таҳсил намоянд, аммо вақте онҳо соҳиби маълумот шаванду бекор монанд, чӣ лозим ин қадар саргардониҳо. Гарчанде ҳеҷ корхонае ин гуфтаҳоро тасдиқ намекунад, вале аз рӯи таҷрибаҳо маълум аст, ки масъалаи асосӣ маъюбияти эшон аст ва бо баҳонаҳои дигар мекӯшанд, то онҳоро ба кор нагиранд”.
Маъюби гурӯҳи як Абдурашид Сафаров иброз дошт, ки маъюбӣ набояд сабаби монеаи фаъолияти шахсони имконияташон маҳдуд дар ҷомеа бошад: “Аз таҷрибаи худам мегӯям. Маъюбон бахусус дар дастрасӣ ба хадамотҳои иҷтимоии соҳаҳо, аз ҷумлаи тандурустӣ (аз он ҷумла барқарорсозӣ), таҳсилот, шуғл, хадамоти иҷтимоӣ, манзил ва нақлиёт ба мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд, ки қонунгузорӣ монеи он нест. Дар қонуни ҳифзи иҷтимоии маъюбон имкониятҳои хубе пешбинӣ шудааст, аммо мутаассифона, маъюбон дар аксарияти ҳолатҳо аз онҳо баҳраманд нестанд. Шахсан ман ҳангоми муоинаҳо назди духтур дар бештари ҳолат пул пардохт мекунам, доруву дармон бошад, 100 фисад аз ҳисоби худамон аст”,-гуфт Абдурашид.
Ҷойи кори мувофиқ пайдо накардан ва агар бошад ҳам, маоши хеле ками он мушкили дигари маъюбон аст. Камбудии дигар нафақа, ё худ ҳаҷми кӯмакпулии давлатӣ аст, ки бо нарху навои имрӯза мутобиқ нест. Онҳое, ки таҷрибаи корӣ доранд, каму беш нафақаи беҳтар мегиранд, аммо барои маъюбони модарзод имкони зиёд кардани он нест. Масъулинро мебояд перомуни масъалаҳои ҷойдошта дар самти мазкур чораҳои судманд андешанду камбудиҳоро бартараф намоянд. Бо бетарафии худ нишон надиҳанд, ки барои онҳо қонунҳои марбути соҳа ягон аҳамият надоранд ва зимнан бо ин кирдори худ исбот насозанд, ки идораҳои давлатӣ ва корхонаву муассисаҳо ҷои маъюбон нест. Зеро бе шак ақлу шуур ва қувваи зеҳнии зиёде аз маъюбон ба маротиб аз баъзе афроди солим баланду беҳтар аст.
Хуршед ХОВАРӢ,
рӯзноманигор