Масъалаи моҳияти шуури ҷамъиятӣ яке аз масъалаҳои печида ва мураккабест, ки вобаста ба ҳалли масъалаи асосии фалсафа – аввалияти модда ва дуввумӣ будани шуур дар таносуби ҳастии ҷамъиятӣ ва шуури ҷамъиятӣ мавриди баҳсу муҳокима қарор мегирад. Дар назари аввал мушкилоти байни «ҳастӣ» ва «шуур» аз чашм пинҳон монда, вожаи «ҷамъиятӣ» ба онҳо ҳамроҳ карда мешавад. Сухан сари он меравад, ки шуури ҷамъиятӣ на баъд аз ҳастии ҷамъиятӣ, балки баробари он ва дар ягонагии узвӣ бо он ба вуҷуд омадааст. Агар барои табиат умуман масъалаи мавҷудияти ақли инсонӣ «тафоввуте» надошта бошад, вале ҷомеа бе он аслан вуҷуд доштан ва инкишоф ёфтан ҳатто рӯзе ва ё соате наметавонист. Ҷомеа воқеияти субъективӣ-объективиест, ки ҳастии ҷамъиятӣ ва шуури ҷамъиятиро болои якдигар таҳаммул кардааст: бидуни нерӯи шуур ҳастии ҷамъиятӣ номутаҳаррик ва ё ҳатто бе ҷону мурда мебошад. Шуур дар ду самт амалӣ мегардад: инъикоскунандагӣ ва қобилияти фаъолонаи эҷодӣ. Моҳияти шуур аз он иборат аст, ки вай метавонад ҳастии ҷомеаро танҳо дар шароити таҳаввулдиҳии фаъолонаи эҷодӣ инъикос намояд. Вазифаи инъикос намудани шуур, нисбат ба ҳастии ҷамъиятӣ, ки ба оянда нигаронида шудааст, алоқаманд мебошад. Инро бо чунин далел тасдиқ намудан мумкин аст, ки масалан, ғояҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ метавонанд ҳолати мавҷудаи ҷомеаро пешгирӣ карда, ҳатто онро аз нав намоянд. Ҷомеа воқеияти моддӣ-идеалӣ мебошад. Маҷмӯи тасаввуроти умумишудаи тасаввурот, ғояҳо, назарияҳо, эҳсосот, ахлоқҳо, анъанаҳо ва ғ., яъне ҳама он чизе, ки мазмуни шуури ҷамъиятиро ташкил дода, воқеияти маънавиро бунёд менамоянд, ҳамчун қисми таркибии ҳастии ҷамъиятӣ баромад мекунанд, зеро вай дар шуури шахси алоҳида дода шудааст.

Аммо ягонагӣ ва ваҳдати ҳастии ҷамъиятӣ ва шуури ҷамъиятиро таъкид намуда, набояд тафоввути онҳоро фаромӯш кард. Таърихан алоқамандии ҳастии ҷамъиятӣ ва шуури ҷамъиятӣ чунин татбиқ мешавад, ки агар дар марҳалаҳои ибтидоии инкишофи ҷомеа шуури ҷамъиятӣ зери таъсири бевоситаи ҳастӣ пайдо шуда бошад, пас минбаъд ин робитаи байниҳамдигарии онҳо тавассути давлат, муносибатҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва ғ. идома ёфтааст.

Ҳамин тавр, шуур ҳамчун инъикос ва ҳамчун фаъолияти фаъолонаи эҷодкоронаягонагии ду қисми ҷудонашавандаи як раванд мебошад: шуур зимни таъсири худ ба ҳастӣ метавонад онро баҳогузорӣ намояд, маънои пӯшидаи онро ошкор созад, ояндаро пешгӯӣ намояд ва ё тавассути фаъолияти амалии одамон онро аз нав кунад. Аз ин рӯ, шуури ҷамъиятӣ имкон дорад, ки на танҳо онро инъикос намояд, балки онро аз нав кунад. Вазифаи таърихан ташаккулёфтаи шуури ҷамъиятӣ маҳз дар ҳамин аст, ки онро унсури объективан зарурӣ ва ба таври воқеӣ вуҷуддоштаи ҳама гуна сохторҳои ҷамъиятӣ менамояд.

Чунин нақши шуури ҷамъиятиро шуури муқаррарӣ наметавонад дар бар гирад. Далели он ки шуури ҷамъиятӣ дорои сатҳҳои гуногун (маишӣ, назариявӣ, психологияи ҷамъиятӣ, идеологӣ ва ғ.) аст ва дар ҳар кадом сатҳи он ба таври гуногун инъинкос мегардад, мураккабии реалии фаҳмиши падидаи шуури ҷамъиятиро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, шуури ҷамъиятиро ҳамчун ҳосили ҷамъи одии мафҳумҳои «шуур» ва «ҷамъият» наметавон мавриди баррасӣ қарор дод. Шаклҳои шуури ҷамъиятӣ санъат, сиёсат, фалсафа, ҳуқуқ, ахлоқ, дин ва ғ. мебошанд.

Шуури ахлоқӣ, яке аз шаклҳои асосии арзишҳои шуури ҷамъиятӣ мебошад, ки дар он меъёрҳои муқарраргардидаи умумӣ ва баҳодиҳии фаъолияти инсонӣ инъикос меёбанд. Дар тафоввут аз шуури сиёсӣ, ки принсипҳои муносибати байни гуруҳҳои иҷтимоиро инъикос намуда, аз шуури ҳуқуқӣ, ки дар он шахсияти инсон, муносибатҳои ӯ ба дигарон бештар ҷалб карда шудаанд, шуури ахлоқӣ муносибатҳои байни шахсиятҳоро инъикос менамояд. Ташаккулёбии шуури ахлоқӣ ҳанӯз дар марҳалаҳои аввали инкишофи худ барои ба назму тартиб даровардани муносибатҳои байни шахсиятҳо ва фаъолияти якҷояи одамон дар ҳама соҳаҳои ҳастии ҷамъиятии онҳо камари хидмат бастааст.

Ҷиҳати фарқкунандаи меъёрҳо аз он иборат аст, ки масалан, агар меъёрҳои шуури ҳуқуқиро муассисаҳои давлатӣ тартиб дода, дар ҳаёти ҷамъиятӣ татбиқ намоянд, пас меъёрҳои шуури ахлоқӣ мустақиман дар амалияи рафтори одамон, дар раванди муносибатҳои рӯзмарраи онҳо ташаккул ёфта, вазифаи худро анҷом медиҳанд, ки дар натиҷаи таҷрибаи таърихӣ ва ҳаётии якҷояи одамон муқаррар гардидаанд. Онҳо аз ҷониби ҷомеа ҳамчун арзиш ва хайрбарои ҷомеаи муайян таҳким меёбанд, вале дорои нерӯи ҳуқуқӣ намебошанд. Аммо дар зиндагии инсон ҳама фаъолияти инсонро метавон бо меъёрҳои ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ ба низом даровард. Шакли бисёршохаи танзими ҷамъиятии рафтор вуҷуд дорад, ки онро наметавон ба соҳаи ахлоқ мансуб донист. Ба ин гуруҳи танзимкунанда урф, одат, маросим, муқаррароти дохилии гуруҳҳои муайян, мудҳои зудгузари рафтори оммавӣ ва ғ. дохил мешаванд. Ҳамин тариқ, меъёрҳои ахлоқӣ ҳамчун натиҷаи иродаи дастаҷамъии одамон мураттаб гашта, низоми қоидаҳо ва баҳодиҳиҳои дар таҷриба санҷидашуда, талаботу тақозои ҷамъиятӣ ва афкори ҷамъиятӣ, яъне чунин низоми меъёрҳои иҷтимоиро ба вуҷуд меоваранд, ки муносибатҳои муоширати байнишахсӣ, рафтори одамонро ҷиҳати таъмин гардонидани ваҳдати манфиатҳои шахсӣ ва дастаҷамъӣ ба танзим медароранд.

Сарчашмаҳои шуури ахлоқӣ ба он одатҳое мерасанд, ки рафтори муайянеро устувор мегардонанд, ки аз рӯи таҷрибаи наслҳо барои ҳифзу инкишофи ҷомеаю инсон манфиатнок буда, ба талаботу эҳтиёҷоти одамон ҷавобгӯянд. Ахлоқ бевосита ба омӯзиши сохтор, вижагиҳо ва меъёрҳои таърихан тағйирёбандаи шуури ахлоқӣ машғул мебошад. Шуури ахлоқии ҷомеа дар «наҳйҳо», қоидаҳо ва монеаҳои иҷтимоие зоҳир мешавад, ки аз назари манфиатҳои ҷамъиятӣ бояд ба амалу рафторҳои ношоиста, носазовор ва нолоиқ иҷозат надиҳанд. Аммо ахлоқиёт на танҳо дар категорияҳои «мебоядҳо», ки шахсияти ахлоқӣ бояд худро аз онҳо дур гирад, балки онҳое ҳам, ки вай бояд ҳатман онҳоро риоя ва анҷом диҳад ва виҷдонаш ӯро ба сӯи онҳо роҳнамоӣ намояд, инъикос меёбанд. Чунин категорияҳое аз қабили виҷдон, шаъну шараф ва ғ. маънои имкони озодона (мустақилона) муайян кардан ва анҷом додани рафтори худ, бидуни назорати ҷомеа ва ҷазоҳои пешбинишударо инъикос менамоянд. Виҷдон роҳбару сарвари вафодору содиқи зиндагии инсон аст ва он шӯълаест, ки дар шуури инсон аланга гирифта, зиндагии якҷояи ӯробо ба назар гирифтани манфиатҳои дигарон таълим медиҳад. Шарафи шахсият қобилияти дарк кардан муҳиммияти хеш ва ҳуқуқ доштан барои мавриди эҳтироми дигарон қарор доштан буда, виҷдон худшиносии ахлоқии инсон аст, ки бо назардошти аҳамият ва назорати иҷтимоии онҳо рафторро баҳогузорӣ мекунад.

Ахлоқ ҳамчун зуҳуроти моҳияти ҷамъиятии инсон, ҳамон ҷиҳати бунёдиест, ки симои инсонро муайян мекунад. Аз ин мебарояд, ки ахлоқ нишонаи навъ ё зотии инсон аст, ки бидуни он зиндагии ҷомеа имконнопазир аст. Дар ин маъно ҳам шуури ахлоқӣ омили зарурии пешрафти ҷомеаи инсонӣ ва инсоникунонии он мебошад. Пешрафти умумии шуури ҷомеаи инсонӣ аз пешрафти шуури ахлоқӣ ҷудонашаванда мебошад. Шуури ахлоқӣ дар навбати худ баробари пешрафти иҷтимоӣ-таърихии ҷомеа, камолоти ҷанбаҳои гуногуни он: иқтисодӣ, иҷтимоӣ-сиёсӣ ва маънавӣ доманаашонро боз ҳам васеътар намуда, онҳоро ғанитар мегардонад. Ахлоқ барои инсон ҳамчун воситаи болобаранда хидмат мекунад: дар миёни нерӯҳои ташаккулдиҳандаи инсон ахлоқ ҷои асосиро ишғол мекунад.

Илми муосир ду сатҳи шуури ахлоқиро аз ҳам фарқ мекунад: одӣ(муқаррарӣ) ва назариявӣ. Агар дар сатҳи одӣ ахлоқи воқеии ҷомеа, ҳамон меъёрҳои амалкунандаи интишорёфта ва баҳодиҳиҳое амал кунанд, ки аз тарафи сохти муайяни иҷтимоӣ-иқтисодӣ устувор гардонида шудаанд, пас, дар сатҳи назариявӣ идеали ҷамъиятӣ, соҳаи мебоистҳои муҷарраде пеш кашида мешавад, ки бо сабабҳои муайяни таърихӣ ҳеч гоҳе бо воқеият мувофиқ наомадааст. Сатҳи идеалӣ-назариявии шуури ахлоқиро ахлоқ меноманд, ки баробари пайдошавии давлат, аз тафаккури сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ҷудо шудааст. Низоми императивҳои ахлоқӣ ҳамчун маҷмӯи ҳақоиқи мушаххас ҳамеша тағйирёбанда мебошанд: ахлоқ манфиатҳои пинҳонии синфи ҳукмронро ифода мекард. Аммо худи далели пайдошавии ахлоқ бояд ҳамчун инқилоб дар шуури ахлоқӣ баҳо дода шавад. Ахлоқ дар тафоввут аз сатҳи шуури одӣ бо ҷаҳонбинии фалсафӣ он қадар наздик аст, ки на танҳо шароити мавҷуда, балки меъёрҳои амалии рафторро пешниҳод менамояд. Вай на танҳо ба анъана ва одат такя менамояд, балки ба он аз назари танқидӣ баҳо мегузорад ва ҷанини идеали пешгӯишавандаро пайдо намуда, барои амалӣ гардонидани он дар амалияи минбаъдаи иҷтимоӣ мусоидат менамояд.

Назарияи ахлоқ дар муқобили шуури мавҷудаи ахлоқӣ қарор дорад. Имкониёти ахлоқӣ бе ҳудуд буда, идеали ахлоқӣ – ин ояндаи ҷомеа аст.

Зиёева З.И., ходими калони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь