(Ба 85-умин мавлуди ходими намоёни давлатӣ, проффесор, драматурги тоҷик Султон Сафаров)

Дарғ яке аз маказҳои фарҳангии Бутамони миёна (ноҳияи Айнии имрӯза) буда, шахсиятҳоеро ба олам офаридааст, ки бо осори гаронмоя, хислатҳои наҷиби инсонӣ, саховатмандию фурутанӣ дар дилу дидаи ҳамватанон нақши муассир бозидаанд. Яке аз чунин чеҳраи мондагори фарҳанги асри бист, ходими намоёни давлатӣ, драматурги тоҷик, инсони бошафоату накуном, ки бо дастранҷҳои фарҳангӣ, хулқу атвори ҳамидаи инсонӣ дар зеҳни ҳазорон ҳамватанони худ нақши муассир офаридааст, устоди зиндаёд Султон Сафаров мебошанд. Аз паҳлуҳои ҷудогонаи фаъолияти ин инсони наҷиб, ҷавонмарди беҳамто, асилмарди нуктадон бисёре аз чеҳраҳои мондагору маъруфи миллат чакомаҳои хешро рӯи мақолаву абёти хеш барчидаанд. Камина, ки ба хонадони ин бузургзода- аниқтараш ҳам бо авлоди падари ва ҳам модарии эшон риштаҳои қарини авлоди доштему дорем, нисбати баъзе аз лаҳзаҳое, ки аз рӯзгори хонадони волидайн ва худи эшон дар хотирам нақш бастааст, мехоҳам чанд андешаро матраҳ намоям.

Дар ёдам ҳаст, ки охири солҳои панҷоҳум замоне, ки ба хонаи мо меҳмоне қадам ранҷа менамуд, падарам дарҳол мулло Сафармуҳаммад (падари устод)-ро ба хона даъват менамуданд, ки барои омода намудани оши мадрасагӣ хизмат ба харҷ бидиҳанд. Мулло Сафармуҳаммад (ҳамсабақи устод С. Айнӣ) дар баробари уламои соҳаи дин боз марди покизабошу зурафо буданд. Он замон ман ва аком – Сайидмирзо, ки хурдсол будем, бо косаҳои худ назди тағо ҳозир мешудем ва ҳар лаҳза аз эшон хоҳиш менамудем, ки ба мо ош бидиҳанд. Тағо бошад оромона мегуфтанд, ки: “бачем, рафта чингчуба чида биёред, ки алови оташдонро барафрӯзаму гизоро омода намоям ва чун тайёр шуд, аввали онро ба шумо медиҳам”.

***

Дар урфият мегӯянд, ки аз гӯшти хуб шӯрбои хуб мешавад. Ана аз ҳамин хонадони бофазилат, устоди зиндаёд Султон Сафаров қадам ба олами ҳастӣ ниҳода, маълумоти ибтидоиро қисман дар зодгоҳ ва баъдан дар шаҳри Самарқанди бостон ва давоми таҳсилро (то синфи 10) дар мактаб-интернати шаҳри Сталинобод идома дода, пас аз хатми он соли 1951, ба курсии донишҷӯи факултаи забон ва адабиёти Донишкадаи омӯзгории шаҳри Сталинобод муваффақ мешаванд. Чун меҳри санъат дар ниҳоди эшон туғён мекард, соли 1952 номбурда дар озмун-имтиҳони дохилшавии Вазорати маданияти ҷумҳурӣ ба студияи тоҷикии Омӯзишгоҳи театри ба номи Шепкини шаҳри Москва ширкат варзида, ба толибилмии ин Омӯзишгоҳ муваффақ мегарданд, ки ин даргоҳ имрӯз хам ба яке аз марказҳои шуҳратёр ва боэътибори ҷаҳони санъати театри маҳсуб меёбад.

Фаъолияти драмнависии Султон Сафаров ҳанӯз аз давраи донишандӯзӣ оғоз мегардад, ки ба ин эҷоди песаҳои якпардагии “Хаткашон”, “Ду рафиқ”, “Имтиҳони аввал”, “Ангура хӯру боғаша напурс”, “Ҳайдари якрав”, “Роҳи сафед” ва ғайра мисол шуда метавонанд. Овардаанд, ки соли 1956 донишҷӯёни театрии ба номи Шепкинро барои ширкат дар даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Москва ба Сталинобод даъват менамоянд, ки дар ин чорабини саҳми калидиро муваффақ мешаванд.

Баъди хатми Омӯзишгоҳи олии театрӣ Султон Сафаров ба Душанбе ба Театри навтаъсиси ҷавонони ҷумҳурӣ ба кор оғоз намуда, баъдан фаъолияти худро дар театри академӣ-драмавии ба номи устод А. Лоҳутӣ идома медиҳанд. Қобилияти кордонӣ ва маҳорати баланди эҷодии Султон Сафаровро ба назар гирифта масъулини вазорат эшонро аввал ба корҳои маъмурии соҳаи радио ва телевизион ва муддате сармуҳаррири шӯъбаи адабиёт ва санъати Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ва ҳамчунин сармутахассиси шӯъбаи санъати Вазорати маданият таъин менамоянд. Соли 1964 Султон Сафаров аъзои ҳайати мушовараи таҳририя ва репертуарии театрҳои Вазорати маданият таъин мешавад.

Фаъолияти минбаъдаи меҳнатии Султон Сафаров ба ҳайси роҳбари “Тоҷикфилм” таин намудани эшон мувофиқ меафтад, ки барои ба роҳ мондани истеҳсоли филмҳои хушсифату замонавӣ, боло бардоштани обрӯи синамои тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ саҳми босазое гузоштаанд.

Солҳои 1979-1987 Султон Сафаров дар вазифаи муовини аввали вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти густурда менамоянд, ки эшон якҷоя бо инсони наҷиб ва дӯсти меҳрубону камназирашон – шодравон Султон Мирзошоев дар пешрафти фарҳанги миллӣ, густариши ва бунёду тармини театҳои марказию минтақавӣ саҳми босазое гузоштанд.

Баъдан фаъолияти илми-педагогии устод Султон Сафаров чанд муддате дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба сифати ноиби ректор оид ба илму таълим мувофиқ меафтад. Агарчи фаъолияти педагогӣ масрафи вақти бисёреро тақозо менамуд, аммо дар ҳамин давра асарҳои илмии Султон Сафаров “Конфликт ва характер”, “Проблемаҳои асосии драмаи тоҷик”, “Масъалаҳои таъсир ва рӯшди мутақобилаи фарҳанги миллатҳо” ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ рӯи кор омада, дар нашриётҳои “Ирфон” ва “Мысл” чоп шудаанд. Ин буд, ки бархе аз драмаҳо: “Садоқат”, “Қарзи виҷдон”, “Фариштаҳо” ва “Иблисони асри бист” дар театрҳои кишварҳои Булғория, Ветнам, Ӯзбекистон ва Туркманистон ба саҳна гузошта шуданд, ки ин на танҳо муваффақияти драмнавис Султон Сафаров, балки комёбии драматургияи тоҷик буд.

Ба қалами устод Султон Сафаров шаш китоб: “Гирдоб” (1968), “Шарораи Хуҷанд” (1980), “Қарзи виҷдон” (1985), “Бақои умр”(1986), “Ҳақиқати талх” (1990) ва “Иблисони асри бист” (2004) ва беш аз 30 асарҳои хурду бузурги драмавӣ муттаалиқанд.

***

Султони маҳфилафрӯз

Банда аз он шукргузорӣ менамоям, ки борҳо дар чандин маҳфилҳои фарҳангие, ки дар хонадони ин абармарди фарҳанг, устоди зиндаёд – Султон Сафаров баргузор мешуд, ширкат варзам. Одатан дар маҳфилҳои хонадони устод, воқеъ дар шаҳри Душанбе нафарони зиёде, ки зодагони тамоми минтақаҳои кишварро ташкил медоданд, ширкат меварзиданд. Ба ин шоирон Қутбӣ Киром, Лоиқ Шералӣ, Гулназар, Камонбардор Шукруллоев, Ғуломшо Одинамамадов, Ибод Файзулло, Даврон Ашӯров, собиқ раиси КАМ Пулодов, Холмурод Шарипов ва чандин нафарони дигарон ширкат мекарданд. Қариб ҳафтае набуд, ки дар хонаи устод Султон Сафаров маҳфили адабӣ баргузор нашавад. Дар маҳфил ҳар кадоме аз иштирокдорон аз эҷодиёти хеш ва аз ашъори бузургони форсу тоҷик пораҳои шеъриро қироат менамуданд. Дар ин раванд, Даврон Ашӯров ва хоса устод Қутбӣ Киром аз қироати пораҳои шеър аз ашъори Мирзо Бедил, Саъдию Ҳофиз ва рубоиёти Умари Хайёму дигарон хело болидахотирона ва бо тамоми ҳастӣ лаззати маънӣ бармечиданд. Бо таклифи аҳли нишаст миёни маҳфил устод Сайидмирзо ушшоқи Дарғи Бутамонро бо ғазали Абдураҳмони Ҷомӣ хело моҳиронаю ҳадафмандона гаштаю баргашта месуруданд, ки бо мисраҳои зайл оғоз мешуд:

Эй маро дил зи ғамат нолаи ҷон шайдоӣ,

То маро гушанишин кард ғамии танҳоӣ.

Султони деҳсолор

Овардаанд, ки ватан аз гаҳвора сарчашма мегирад. Агарчи рӯзгори эшон асосан хориҷ аз зодгоҳ сипарӣ шуда бошад ҳам, меҳри диёр ва мардуми он дар қалби эшон маскан гирифта буд. Аз ин рӯ, Султон ва дӯстони эшон (аз ҷумла, собиқ сарвазиру Президенти мамлакат шодравон Раҳмон Набиев), дар корҳои ободонии Дарғ саҳми калидӣ доштанд, ки шоҳиди ин ҳол камина, шодравон Сангиншо, Сайидмирзою Давроншою дигарон будем. Масъалагузории чорабиниҳои ободонии диёрро одатан собиқ директори номвари мактаб, ки баъдан раиси Совети қишлоку раиси колхози Тоҷикистон – шодравон Маъсуми Одина бар душ доштан, дар назди устод масъалагузорӣ менамуданд. Аммо бе кумаку дастгирии Султон Сафаров ба гумон буд, ки ягон дархости раис ба зуди ҷомаи амал пӯшад.

Одатан замоне, ки шодравон Одинаев Махсум барои раҳандозии нақшаҳои хоҷагидорӣ ба Душанбе меомаданд, эшон бародарам Сайидмирзо, шодравон Сангиншо, Даврони Хуҷамуроду манро бо худ ҳамроҳ гирифта, ба идораи кории устод Султон Сафаров, ки он замон (солҳои ҳафтодум) вазифаи муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистонро ба уҳда доштанд, мерафтем. Султон Сафаров, ки инсони ҳалиму хоксору меҳрубону саховатпешаю давраоро буданд, дар сатҳи ҳукумат эътибори зиёде доштанд, барои пешбурди корҳои хоҷагидорӣ, аз ҷумла бунёди беморхонаи деҳа, сохтмони пули болои дарёи Зарафшон, тармину таъмири роҳ кариб ҳар моҳ ба Душанбе меомаданд. Пас аз зиёрат ва сӯҳбати саридастӣ устод ба ҳадафҳои Махсум шинос шуда, гӯшаки телефонро бардошта, ба ин ва ё он масъули вазорати сохтмон, вазорати роҳ ва ё тандурустӣ гап мезаданд ва Махсумро муаррифӣ намуда, ба назди эшон равона менамуданд. Махсумро одатан Сайидмирзо ва баъзан Сангиншо ҳамроҳӣ менамуданд. Пас аз натиҷагирию корбаробаркунӣ мо дастҷамъона ба хонаи устод Султон Сафаров равона мешудем.

Маданияти баланд, лутфи бекарона ва нармгуфторию хушпазироии устод таваҷуҳи тамоми аҳли деҳаро ба худ ҷалб намуда буд. Ҳамагон дар орзӯи он буданд, ки кай имкон мешавад, ки бо устод сари як пиёла чой сӯҳбат ороянд. Одатан охирҳои моҳи май навбати меҳмондориро сарчупонҳо: Умари Мирсаид, Бобои Одина, Азизи Қозӣ, Раҷаббоқӣ, Муллотошмаҳмаду дигарон ба зима мегирифтанд. Бахусус, меҳмоннавозии шодравон Умари Мирсаид ҳар фасли баҳор барои ҳамагон ниҳояд хотирмон буд. Эшон аз ҳузури меҳмонону ҳамдеҳагони худ ниҳояд фараҳманд шуда, дар қуши худ тамоми нушу неъматро фароҳам меоварданд. Шодравон барои нишасти маҳрамонаи меҳмонҳо ягон чизро дареғ намедоштанд… Бобои Одинаю Раҷаббоқию дигарон бошад чунин меҳмоннавозиро дар дараи Ромит доир менамуданд, ки чунин саховатмандӣ дар зеҳни аҳли нишаст хотирмон буд.

Фарзонафарзанд

Лутфу муҳаббати беғаразонаи Султон Сафаров, муносибати яксон ба ҳамаи ҳамдеҳагон ва бахусус ба ҷавонон, донишчуён эҳтирооми эшонро дар дилу дидаи ҳамагон ҷойгузин намуда буд. Дар ҷавоб ба хушпазироии ин мураббии беҳамто тамоми чавонони Дарғу Каздон бо як олам меҳру мухаббат, ба эшон муносибати хайрхоҳона доштанду доранд.

Бо назардошти саҳми мубораки Султон Сафаров дар густариши фарҳанги миллӣ, масъулини мамлакат ва хоса вазорати Фарҳангро месазад, ки барои абадигардонии хотираи неки драматурги тоҷик муассиса ва ё мавзееро номгузорӣ намоянд. Ҳамдиёрон ва зиёиёни Дарғи шарифро месазад, ки бо назардошти саҳми устод дар ободонии диёр: бунёди як қатор иншоотҳои маърифатӣ (мактабу клуб), беморхона, тармини роҳу бунёди пул аз болои рӯди Зарафшон, мувофиқи мақсад мебуд, ки мактаби миёнаи рақами 5 деҳаи Дарғро барои ҷовидона гардонидан ба номи мубораки драматурги тоҷик- устод Султон Сафаров номгузорӣ намоянд.

Мирҳусен Нарзиев,

ходими калони илмии ИА АМИТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь