Филм дар ҷаҳони имрӯз нақши бузург дорад ва ҳатто қодир аст, ки аз китоб дида зудтар ба ҷомеа таъсир расонад. Баъзе аз давлатҳо филмро ҳамчун манбаи даромад ва баъзе дигар бо мақсади таблиғи фарҳанги хеш дар байни дигар давлатҳо истифода мекунанд.Дар ҷомеаи мо филмҳои таърихӣ ва замонавии Туркия бештар маҳбубият доранд. Дар сохти ҳар ду намуди филм туркҳо муваффақанд.

Хусусан, филмҳои таърихиро бо як истеъдоди баланд таҳия месозанд, аммо ногуфта намонад, ки дар сохти филмҳои таърихӣ бисёр зиёдаравӣ мекунанд. Шахсе, ки аз таърих каме огоҳ аст, ба гуфтаҳои боло хубтар сарфаҳм меравад. Туркҳо, асосан, аз давлатдории империяи Салчуқиён ва Усмониёнро филм ба навор гирифтанд. Шаке нест, ки ин ду империя паҳновар ва муқтадир буданд ва мо бояд империяҳои Салчуқиён ва Усмониёнро заиф нашуморем, чунончи баъзеҳо ба ҳамин андешаанд. Чун туркҳо дар мавриди ин давлатҳо ифрот (зиёдаравӣ) карданд, баъзе шахсон тафрит (камназарӣ) намуданд. Чизи асосие, ки дар филмҳои таърихи сулолаҳои Салчуқиён ва Усмониён ба назар мерасад, эҳтиром ба уламои исломӣ ва донишмандони дунявӣ мебошад. Чуноне ки дар филм ба назар мерасад, тамоми султонҳо ва ҳокимон ба уламо ва мутафаккирон эҳтироми беандоза зиёд доранд. Нақшҳои Низомулмулк, Умари Хайём, Имом Ғазолӣ ва дигар мутафаккирони форсу тоҷик дар филмҳои туркӣ бисёр барҷаста нишон дода шудааст. Мақсад аз гуфтаҳои боло таблиғи филмҳои туркӣ нест. Банда танҳо чизҳои хуберо, ки дар ин филмҳо ба назар мерасанд, ба саҳми шумо расонидам. Мутаасифона, дар филмҳои таърихии туркӣ пантуркизм возеҳ ба чашм мерасад. Як нуктаи муҳимро мехоҳам дар назар дошта бошед, ки давлатҳои Салчуқиён ва Усмониён хилофат буданд. Яъне ин давлатҳо дар асоси меъёрҳои шариати исломӣ идора мешуданд, на аз рӯйи ақидаи миллатгароии пантуркизм. Қайд кардан ҷоиз аст, ки яке аз сабабҳои суқути Хилофати Усмониён маҳз пантуркистҳо буданд. Ин нуктаро ҳангоми тамошои филмҳои туркӣ дар назар дошта бошед. Аввалин филмҳои туркие, ки ба забони тоҷики дубляж, яъне тарҷума шуда буданд, ба мисли “Ҳомиён”, “Рӯ ба сӯйи маърифат” ва ғайра бисёр моҳирона буданд. Ба ёд дорам, ки замони 12-13 солагиам аз сабаби зиёд тамошо кардани филмҳои туркӣ байни ҳамсолонам адабӣ гап задан одат шуда буд. Ҳангоми сухан гуфтан нохудогоҳ аз забони ман ва ҳамсолонам калимаҳои адабӣ садо медоданд. Аммо мутаасифона, баъзе филмҳои туркие, ки имрӯз тарҷума мешаванд, дар сатҳи бисёр паст буда, дар ин филмҳо калимаҳои зиёди лаҳҷавӣ, кӯчагӣ ва ҳатто дашномро истифода мекунанд, ки аз тамошои ин филмҳо гоҳе шарм мекунем. Мутаассифона, шоҳиди онем, ки ин гуна филмҳо тамошобини зиёд доранд, хусусан, дар байни ҷавонон. Хуб мешуд, ки аз тамошои филмҳои туркӣ ва дигар филмҳои хориҷие, ки ба фарҳанги мо мувофиқ нестанд, худдорӣ намоем. Мо дар замони “бархурди тамаддунҳо” қарор дорем. Яъне абарқудратҳо мехоҳанд, ки бо воситаи филм фарҳанги дигар миллатҳоро нест намуда, фарҳанги худро дар он кишварҳо ҷорӣ кунанд. Ҷанг дар асри XXI ҷанги тиру туфанг ва лашкаркашӣ ба дигар кишварҳо нест. Абарқудратҳо роҳи осонеро пайдо намудаанд ва ба воситаи филм гуфтору рафтор, тарзи либоспӯшӣ, фикрронӣ, фарҳангу тамаддун ва умуман, ҳастии як миллатро нобуд кардан мехоҳанд. Воқеан, тавре устод Зафар Сайидзода мефармоянд “Дигар замони ҳуҷуми нерӯҳои низомӣ барои тағйири фарҳангу боварҳо ва одобу русуми миллатҳо гузаштааст, зеро расонаҳо бидуни ҳеҷ заҳмату мушкилӣ, бе он ки дари хонаи касеро зананд, фақат бо ишорае сафҳаи рангинро мекушоянд ва он гоҳ, фазои хилвату танҳоӣ мардумро пур мекунад.” Мо бояд комилан ҳушёр бошем то ба ин чоҳи абарқудратҳо наафтем. Барои кам кардани таъсири филмҳои туркӣ дар ҷомеа мо бояд филмҳои ватаниро бо сифати баланд пешкашӣ ҷомеа намоем, зеро роҳи дигаре нест, ки таъсири филмҳои туркиро кам кунад. Агар воридот ва баргардони ҳамаи филмҳои хориҷиро манъ кунем ҳам мушкили мо ҳал нахоҳад шуд, барои он ки мардум ба воситаи интернет аз тарҷумаҳои форсӣ, дарӣ ё русӣ он филмҳоро тамошо мекунанд. Бояд зеҳни мардумро аз таъсири филмҳои туркӣ ва клипҳои ғарбӣ покиза намоем. Ҳоло, ки дер нашудааст, даст ба кор шавем, чунон чи Мавлоно   мефармояд:

Чу по дорӣ, бирав дасте биҷунбон,

Туро бе дасту пои маслиҳат нест.

Абдувосит ЮСУФЗОДА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь