Рукни панҷум, яъне рукни охирини дини мубини ислом ҳаҷ мебошад. Ҳадаф аз ҳаҷҷи бандаи мӯъмину мусулмон қасд ба самти хонаи Худо ба хотири иҷрои маносики хос дар замони муайян аст. Тавоноии молӣ, болиғу оқил ва сиҳату тандуруст будан аз шартҳои асосии воҷиб гардидани анҷоми ҳаҷ маҳсуб мешаванд. Як бор анҷом додани ин маносик ба бандагони мусулмон фарз гардонида шудааст.

Фарзиёти ҳаҷ иборат аст аз: эҳром бастан, вуқуфи Арафот ва тавофи зиёрат. Дар баробари ин, ба бандаи мусулмон иҷрои ин воҷиботи ҳаҷ ҳатмӣ аст: вуқуф дар Муздалифа баъд аз дамидани субҳи содиқи рӯзи ид, саъй кардан миёни Сафо ва Марва, ҷимор партофтан (санг задан ба шайтон), тавофи видоъ, анҷоми ибодат дар Арафот ва истодан то нишастани офтоб, қурбонӣ кардан, анҷоми тавофи зиёрат дар рӯзҳои ид (се рӯз), тарошидан ё кӯтоҳ кардани мӯи сар дар Ҳарам дар айёми ид. Илова бар ин, ҳаҷ дорои суннатҳои зер аст: тавофи қудум, рамал (бошитоб паймудани роҳ дар се даври аввали тавофи Каъба), рафтан ба самти водии Мино дар рӯзи ҳаштум ва сипарӣ намудани шаби оянда дар онҷо, берун шудан аз Мино ва ҳаракат ба қасди Арафот пас аз тулӯи офтоб дар рӯзи Арафа, сипарӣ намудани шаби ид дар водии Муздалифа, ғусл дар Арафот ва ниҳоят сипарӣ кардани шабҳои ид дар Мино.
Барои ворид шудан ба Маккаи мукаррама дар шариати ислом миқотгоҳҳоеро муайян кардааст, ки бояд шахси ҳаҷгузор аз он ҷо либоси махсуси ҳаҷро, ки эҳром ном дорад, ғусл ё таҳорат карда пӯшад ва дар масҷид ду ракъат намоз хонад. Ин миқотгоҳҳо, ки мусулмонон аз ҳар гӯшаи дунё меоянд, чунин ном доранд:
Зулҳулайфа миқоти мардуми Мадина ва мардуме мебошад, ки аз роҳи Мадина меоянд.
Зотуирқ миқоти мардуми Ироқ аст.
Ҷуҳфа миқоти мардуми Шом аст.
Қарнулманозил миқоти мардуми Наҷд аст.
Яламлам миқоти мардуми Яман аст.
Чунонки қайд кардем, либоси махсуси ҳаҷро эҳром гӯянд, ки пӯшидани он барои зиёрати хонаи Худо таъйин шудааст. Он аз ду чодар ё матои нодӯхта иборат буда, якеро ҳамчун доман ва дигареро бар дӯш пӯшанд.
Ҳаҷро се фарз ва умраро ду фарз бошад. Эҳром бастан, вуқуф дар Арафот ва тавофи фарзӣ аз аркони ҳаҷ буда, ба умра эҳром ва тавоф фарз аст. Чун шахс ба яке аз миқотҳо расид, бо нияти анҷом додани маносики ҳаҷ ё умра таҳорат ё ғусл мекунад ва эҳромро мепӯшад. Баъдан ду ракъат намоз мегузорад ва эҳромбаста мегардад. Ҳангоми бастани эҳром бояд чунин дуо кунад: «Лабайка умратан ва ҳаҷҷан, лабайка умратан ва ҳаҷҷан».
Агар ҳоҷӣ нияти ҳаҷи таматтӯъ дошта бошад, чунин дуо кунад: «Аллоҳумма, иннӣ уриду-л-умрата, фаяссирҳо лӣ ва тақаббалҳо миннӣ».
«Худоё! Инак, ман иродаи умраро дорам, пас онро бароям осон бигардон ва онро аз ман бипазир».
Агар ҳоҷӣ нияти ҳаҷҷи ифрод дошта бошад, дуои он чунин аст: «Аллоҳумма, иннӣ уриду-л-ҳаҷҷа, фаяссирҳу лӣ ва тақаббалҳу миннӣ».
Агар ҳоҷӣ нияти ҳаҷҷи қирон намояд, барои ҳаҷ ва умра ҳарду ният намуда, бигӯяд: «Аллоҳумма, иннӣ уриду-л-ҳаҷҷа ва-л-умрата, фаяс-сирҳумо лӣ ва тақаббалҳумо миннӣ». Ҳамин ки ният кард, ба талбия гуфтан (бо овоз) шурӯъ намояд: «Лаббайка-л-лоҳумма лаббайк, лаббайка ло шарика лака лаббайк. Инна-л-ҳамда ва-н-ниъмата лака ва-л-мулк, ло шарика лак».
Баъд аз он, ки ҳаҷгузор эҳром баст, аз аъмоле, ки дар аснои эҳром манъ шудааст, аз қабили ғайбат кардан, ҷангу пархош кардан, корҳои фисқро анҷом додан, хушбӯӣ (атр) задан, нохун гирифтан, пӯшонидани сару рӯй ва ба сар мондани салла, пӯшидани пероҳан, туфлӣ, маҳсӣ, тарошидани мӯи сар ва бадан, равғанмолии бадан ва ғайра парҳез кунад. Мамнуоти эҳром барои марду зан як ҳукмро дорад, танҳо дар як ҳолат занон фарқ доранд. Онҳо дар эҳром низ, ҳамчун пеш аз эҳром, либоси дӯхташуда мепӯшанд ва сари худро низ мепӯшонанд, вале рӯяшонро кушода медоранд.
Баъд аз ин барои ҳаҷгузор тарзи анҷом додани ҳаҷ фарз мегардад ва ба Макка ба самти Хонаи Худо ворид мешавад. Хонаи Худо, яъне Каъбаи мушаррафа барои мусулмонони ҷаҳон қибла мебошад. Каъбаро ҳаҷару-л-асвад низ меноманд. Каъба аз қисмҳои зерин иборат аст: дар, новдони хонаи Каъба, шозарвон (қисмати берунии пойдевор), ҳиҷри Исмоил (Ҳатим), мултазам, мақоми Иброҳим, бурҷи Ҳаҷару-л-асвад, бурҷи ямонӣ, бурҷи шомӣ, бурҷи ироқӣ, чодари Каъба ва хати қаҳваранге, ки оғози тавофро нишон медиҳад.
Ҳаҷгузор, вақте ки бо ҳаҷҷи ифрод ба Макка ворид мешавад, ҳаҷҷи худро аз Масҷиду-л-ҳаром оғоз мекунад. Чун чашмаш ба хонаи Каъба расад, такбир ва таҳлил гӯяд. Азбаски издиҳоми мардум зиёд аст, агар тавонад Ҳаҷару-л-асвадро бо дастони худ масҳ намояд ва бибӯсад, агар масофаи ӯ дур бошад, такбиргӯён бо дастҳои худ ба сӯи санг ишора кунад, кофӣ аст.
Сипас ба тавофи қудум шурӯъ менамояд. Тарзи анҷом додани он чунин аст: тавофи қудум барои онҳое, ки ҳаҷҷу умраро якҷо анҷом медиҳанд, яъне қорин ва ҳаҷҷи ифрод, ки аз бурун ба Макка меоянд, суннат мебошад. Барои аҳли Макка ин амал зарур нест. Аммо барои онҳое, ки ҳаҷҷи таматтӯъ анҷом медиҳанд ё барои умра дар ғайри моҳҳои ҳаҷ ба хонаи Худо меоянд, инчунин барои сокинони миқотгоҳҳои минтақаи Ҳил ва Ҳарам низ суннат нест. Яъне онҳо ин маносикро анҷом намедиҳанд. Се даври аввали тавоф бояд ҳоҷӣ қадамҳояшро наздик гузошта, босуръат роҳ равад, то китфонаш низ ҷунбанд. Ба ин хотир онро “рамал” номидаанд.
Ҳар касе, ки хоҳ қорин бошад ё муфрид, вориди Каъбатуллоҳ мегардад, бояд таҳорат дошта бошад ва ба самти Масҷидулҳаром равад, чун чашмаш ба Каъба расад, такбиру таҳлил гӯяд. Он гоҳ дар саҳни масҷид дар болои хати қаҳваиранг, ки рукни Ҳаҷару-л-асвадро муайян месозад, қарор гирад. Агар тавонад, ба Ҳаҷаруласвад наздик шуда, сарашро дохили бурҷ намуда, онро бибӯсад. Дар ҳолати зиёд будани издиҳом, бо дасти рост ба сӯи он ишора намояд ва ҳамон дасти худро бибӯсад. Ҳангоми даст расонидан ба Ҳаҷару-л-асвад ё бардоштани даст ба сӯи он «Бисмиллоҳи валлоҳу акбар» бигӯяд.
Пас аз анҷом додани ин амал ба самти дари хона ба тавоф пардозад Дар ин ҳолат Каъба дар самти дасти чапи шахси ҳаҷгузор қарор мегирад. Чун ба даври хона гашт ва ба нуқтаи оғозин, яъне рӯ ба рӯи Ҳаҷару-л-асвад расид, як даври тавоф ба поён мерасад ва ҳаҷгузорро зарур аст, ки ҳамин тавр ҳафт даври тавофро анҷом диҳад.
Аммо онҳое, ки бори дувум ё зиёда аз он ҳаҷ менамоянд, аввал ҳаҷҷи умраро анҷом медиҳанд ва танҳо рӯзи ҳаштум ҳангоми шурӯи маносики ҳаҷ, яъне пеш аз рафтан ба Мино тавофи қудумро ба ҷо меоранд. Баъд аз тавофи қудум саъй вуҷуд надорад, вале агар шахси муфрид ё қорин пас аз он саъйро ба ҷо оварад, ба ҷои саъйи ҳаҷ пас аз тавофи фарзӣ ҷоиз мегардад. Пас аз анҷоми тавофи қудум ду ракъат намоз, ки воҷиб аст, гузорида мешавад. Ин намозро дар мақоми Иброҳим бигузорад, савоби бештар дорад.
Сипас ба самти кӯҳи Сафо ҳаракат намуда, ҳамин ки болои он баромад ва чун чашмаш ба Каъба расид, такбиру таҳлил мегӯяд ва ба Ҳазрати Муҳаммад (с) салавот мефиристад. Баъд аз он дуои зеринро се бор мехонад ва он мустаҳаб аст: «Ло илоҳа илла-л-лоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу, лаҳу-л-мулку ва лаҳу-л-ҳамду ва ҳува ало кулли шайъин қадир. Ло илоҳа илла-л-лоҳу ваҳдаҳу, анҷаза ваъдаҳу, ва насара ъабдаҳу ва ҳазама-л-аҳзоба ваҳдаҳу». «Нест маъбуди ҳақиқие, ба ҷуз Аллоҳи ягона, ки ҳеҷ шарику анбозе барои Ӯ нест. Аз они Ӯст мулки ҳастӣ ва барои Ӯст ситоиш ва Ӯ бар ҳар чизе тавоност. Нест маъбуди барҳақ, магар Аллоҳ, ки ягона аст. Ба ваъдааш вафо намуд ва бандаашро нусрату пирӯзӣ дод ва Ӯ худ аҳзоб (дастаҳои душман)-ро шикаст дод».
Пас аз он суръати ҳаракати худро коҳиш медиҳад (бе шитоб) ва ба самти Марва роҳ мепӯяд ва ҳамин ки ба нишонаи сабз расид, аз он ҷо то нишонаи сабзи дигар давон – давон мегузарад ва ин дуоро мехонад: «Рабби-ғфир ва-рҳам ва анта-л-аъаззу-л-акраму ва таҷоваз ъаммо таълам».
Ин аст як даври ҳаракат аз Сафо то Марва. Ва ҳамин тавр ҳафт бор саъй менамояд.
Занҳо дар фосилаи миёни ду нишонаи сабз монанди мардҳо намедаванд ва ба сурати одӣ роҳ мераванд.
Агар то анҷоми ҳаҷ чанд рӯзе боқӣ монда бошад, бо ҳамон эҳром дар Макка монда, ҳар қадаре хоҳад, тавофи нафл анҷом медиҳад. Агар вақт намонда бошад, рӯзи ҳаштуми зулҳиҷча пас аз фориғ шудан аз намози бомдод, ба самти Мино раҳсипор мешавад. Дар Мино то ҳангоми тулӯи офтоби рӯзи Арафа ба ибодат машғул мешавад ва баъдан ба самти Арафот ҳаракат намуда, то ғуруби офтоб ба ниёиш машғул мешавад.
Пеш аз намоз имом ба мардум дар хусуси аҳкоми намоз, вуқуф дар Арафоту Муздалифа, тартиби партофтани санг бар шайтон, чи гуна анҷом додани қурбонӣ, тарошидан ва кӯтоҳ кардани мӯи сар ва тавофи зиёрат бояд ду хутба хонад. Вақте офтоб дар ин ҷо завол намояд, имом намози пешин ва асрро бо як азон ва ду қомат бо мардум адо мекунад. Сипас то ғуруби офтоб мусулмонон ба дуову ниёиш машғул мешаванд.
Баъд аз ғуруби офтоб Арафотро ба қасди Муздалифа тарк карда, дар онҷо ҳатман намози шом ва хуфтанро бо як азон ва як иқомат якҷо адо менамоянд. Агар дар миёнаи роҳ, яъне то расидан ба Муздалифа намоз хонда бошад, вақте ки ба онҷо расад, бояд аз сари нав намози худро хонад, то тартиби маносики ҳаҷ вайрон нашавад.
Шабро дар Муздалифа сипарӣ мекунад, намози бомдодро бо ҷамоат дар торикӣ адо намуда, каме пеш аз тулӯи офтоб ба самти Мино ҳаракат мекунад. Дар Мино ба ҷамраи Ақаба наздик шуда, ба он сангреза партоб менамояд. Дар вақти партофтани ҳар сангреза такбир гуфта, ин дуъоро низ мехонад: «Бисмиллоҳи Аллоҳу акбар, ризан ли-р-раҳмони ва рағман ли-ш-шайтони».
Тартиби партофтани сангреза чунин аст: якто-якто партофта шавад, вақте ки сангчаи аввалро партофт, хондани талбияро қатъ кунад, онро тавре партоб намояд, ки ба сару рӯи одамон нарасад, вақте ки сангрезаи ҳафтумро партофт, дигар назди ҷамраи Ақаба наистад.
Ба шахсе, ки ҳаҷҷи ифрод менамояд, қурбонӣ воҷиб нест, вале барояш мустаҳаб аст. Яъне, баъд аз анҷоми ин маросим мӯи сари худро кӯтоҳ мекунад ё метарошад ва аз эҳром берун меояд. Ҳама чиз ба ӯ ҳалол мегардад, ба ҷуз наздикӣ бо зан, метавонад либоси дӯхташуда пӯшад, худро муаттар созад.
Аммо ба шахсе, ки ҳаҷҷи таматтӯъ ё қирон менамояд, баъд аз партофтани санг дар ҷамраи Ақаба қурбонӣ кардан ҳатмист.
Мӯи сар бояд дар ҳудуди Ҳарам кӯтоҳ карда ё тарошида шавад, агар онро дар беруни Ҳарам анҷом диҳад, бар вай дам (хун) воҷиб мешавад. Баъд аз анҷоми ин маносик ба шахси ҳаҷгузор тавофи зиёрат воҷиб мегардад. Ин тавофро дар рӯзи ид анҷом диҳад, афзалтар аст. Тартиби анҷом додани ин маносик мисли тавофи қудум аст, танҳо ин ки агар дар тавофи қудум рамал ва баъд аз он саъйи миёни Сафо ва Марваро анҷом надода бошад, дар тавофи зиёрат ин ду маносикро адо менамояд. Вале агар онҳоро дар тавофи қудум анҷом дода бошад, дар тавофи зиёрат ба ҷо овардани онҳо зарур нест. Изтибоъ низ дар тавофи зиёрат мавҷуд нест, зеро аз ҳолати эҳром хориҷ шудааст.
Бо анҷоми тавофи зиёрат зан низ бар ҳоҷӣ ҳалол мегардад.
Ҳоҷиён пас аз тавофи зиёрат боз ба Мино бармегарданд ва дар рӯзҳои ёздаҳуму дувоздаҳум баъд аз заволи офтоб ба шайтонҳо санг мепартоянд. Сангзаниро аз ҷамраи Суғро сар карда, ба ҷамраи Вусто мегузарад ва ниҳоятан, дар ҷамраи Кубро ба охир мерасонад. Дар ҳар ҷамрае ба миқдори ҳафт сангреза партоб мешавад ва ҳангоми бо сангреза задани рамзҳои шайтон такбир ва таҳлил мегӯяд. Баъд аз партоби сангреза ба ҷамраи аввал ва ҳамчунин ба ҷамраи дуюм дар канори рости онҳо рӯ ба қибла истода, ба дуо ва ниёиш ба даргоҳи Худованди мутаъол мепардозад, вале пас аз задани сангрезаҳо ба ҷамраи бузург, дигар наистода, зуд бармегардад ва дар ҳоли ҳаракат дуо мекунад.
Баъд аз фориғ шудан аз сангрезапартоӣ метавонад ба Макка баргашта, барои анҷоми тавофи видоъ омодагӣ бинад. Ин тавофро пеш аз баргаштан ба ватани худ анҷом медиҳад. Дар ин маросим ҳам ҳафт бор дар атрофи Каъба давр мезанад ва тарзи анҷом додани он ба монанди тавофи қудум аст. Дар ин маносик бо ашку ҳасрат бо хонаи Худо видоъ мекунад ва ба даргоҳи Худо барои насиби дубораи дидори ин сарзамини муқаддас дуо мекунад. Сипас оби Замзам нӯшида, ду ракъат намоз мегузорад ва аз Каъба хориҷ мегардад.
Сипас барои зиёрати қабри Пайғамбар ба самти Мадинаи мунаввара роҳ мепӯяд ва дар Масҷиди набавӣ намоз мегузорад. Инчунин ҷойҳои таърихии ин шаҳрро боздид мекунад.
Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти таърихии худ ба муносибати даҳсолагии қабули Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (11.07.2017) дар хусуси масъалаҳои марбут ба ҳаҷ ва ҳаҷравандагон низ таъкид карда, изҳор доштанд, ки дар ин самт низ баъзе зиёдаравиҳо вуҷуд доранд. Мо кормандони соҳа дар навбати худ дастуру супоришҳои Сарвари давлатро сармашқи кори худ қарор дода, барои ислоҳ кардани камбудию норасоиҳои ҷойдошта саъю талош мекунем, то ин ки ҳаҷравандагон пеш аз сафар ва пас аз анҷоми ҳаҷ ба исрофкориҳо роҳ надиҳанд.

Абдуғаффор ЮСУФОВ,
мудири шӯъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь