6-уми феврал аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид

Як ҳафта пас аз шурӯъ ба вазифаам, санаи 6-уми феврали соли 2023, рӯзи душанбе ду заминларзаи бошиддат бо дараҷаҳои 7,8 ва 7,5 бо фосилаи 9 соат ноҳияҳои Пазарҷик ва Элбистани ш. Каҳраманмараши Туркияро такон дод.

Заминларзаҳо дар масоҳати 120 ҳазор километр  (масоҳати Тоҷикистон 143 ҳазор километр) ба 11 шаҳр, 124 ноҳия, 6 ҳазору 929 қишлоқу маҳалла осеб расониданд. 53 ҳазору 537 нафар ҷон бохта, 107 ҳазору 213 ҳамватани мо захмдор гардиданд. Дар натиҷаи заминларза 14 миллион нафар осеб диданд. 38 ҳазору 901 бино фурӯ рафт. Дар 26 ҳазор бино корҳои наҷотдиҳӣ ва ҷустуҷӯйӣ анҷом дода шуданд. Пас аз офат Туркия гирди ҳам омад. Сараввал, ба минтақа 1 миллион хайма фиристода шуд. Дар майдони 350 шаҳраки хаймавӣ 645 ҳазор хайма насб карда шуд ва тақрибан 2,5 миллион офатзада бо сарпаноҳи муваққатӣ таъмин шуданд. Дар ҳоле ки ҳамаи ин корҳо анҷом меёфт, 3 миллиону 549 ҳазор нафар офатзада, ки мехостанд ба пеши наздиконашон бираванд, тахлия карда шуданд. Дар ин давра, ширкати ҳавопаймоии туркии “Turkish Airlines” бо 13 ҳазору 549 сафар зиёда аз 2 миллион мусофирро интиқол дода, таърихи фаромӯшнашавандаеро сабт кард. 712 парвози боркашӣ анҷом дода, 32 ҳазору 770 тонна кӯмаки башардӯстонаро ба минтақаи заминларза интиқол дод.

Тамоми миллат, аз ҷумла муассисаҳои давлатӣ, идораҳои маҳаллӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва расонаҳо, аз 7-сола то 70-сола об, ғизо, доруворӣ, сару либос, ашёҳои гигиенӣ, яъне тамоми чизҳои барои зиндагӣ заруриро дар қуттиҳо ҷой намуда, даст ба даст ба мошинҳои боркаш бор карданд. Дар чаҳорчӯбаи хидматрасонии ғизоӣ, дар минтақа ҳаррӯза ба ҳисоби миёна 4 миллион нафар бо ғизо таъмин гардиданд. 20 миллион бастаи озуқаворӣ тақсим карда шуд, тақрибан 150 ҳазор мошини боркаш бо кӯмакҳои башардӯстона ба минтақа интиқол дода шуд ва тақсимоти онҳо ҳамоҳанг гардид. Модаркалонҳо курпаҳои хонаашонро мефиристоданд, духтарону писарони ҷавон пули барои тӯйи арӯсӣ ҷамъкардаашонро хайр мекарданд, кӯдакон пули дар пулҷамъкунакҳо (копилка) ҷамъкардаашонро тақсим мекарданд ва ин бори дигар нишон дод, ки миллат будан чӣ маъно дорад.

Туркия фалокати асрро ба ҳамраъйии аср табдил дод.

Дар амалиёти вокуниш дар минтақаи зилзила дар маҷмӯъ 650 ҳазор нафар, аз ҷумла 11 ҳазору 488 нафар намояндагони байналмилалӣ, 35 ҳазору 250 нафар кормандони ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ ва 142 ҳазор корманди амниятӣ ширкат карданд. Дар ин амалиётҳо 20 ҳазор воситаи нақлиёт ва техникаи корӣ, 141 чархбол, 182 ҳавопаймо ва 23 киштӣ сафарбар карда шуд. Ҳар як дастаи ҷустуҷӯйӣ-наҷотдиҳӣ аслан достоне навишт. Байни дастаҳои наҷотдиҳӣ-ҷустуҷӯйӣ аз 93 кишвари ҷаҳон, дастаи Тоҷикистон низ қарор дошт. Тоҷикистон бори нахуст дар таърихи худ ба хориҷи кишвар дастаи наҷотдиҳӣ-ҷустуҷӯйӣ фиристод ва дар чунин рӯзҳои душвор моро дастгирӣ кард. Онҳо фидокорона дар амалиётҳо иштирок намуда, ҷони чандин нафарро наҷот доданд. Бо ин роҳ, қаҳрамонони Тоҷикистон, ҳамзамон қаҳрамонони Туркия гардиданд.

Бо фармони Президенти муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва таҳти роҳбарии Сарвазир Қоҳир Расулзода ва Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин тоннаҳои зиёди кӯмаки башардӯстона ба Туркия ирсол гардид. Дар ин раванд, ширкати Сомон Эйр низ ҳамроҳи ширкати Turkish Airlines ба таври ройгон кӯмаки башардӯстонаро интиқол дод. Шумораи зиёди бародару хоҳарони тоҷикамон ба Сафорат омада, дар ҷаҳорчӯбаи имконоти худ кӯмак расониданд. Касоне, ки имкони расонидани кӯмакро надоштанд, омада дар назди дарвозаҳои мо дуо карданд. Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон дар расонидани паёмҳои таъҷилӣ ба мардум дастгири мо буданд. Ба давлат ва мардуми дӯсту бародари Тоҷикистон, ки аз аввалин лаҳзаҳои заминларзаи 6-уми феврал дастгирии хешро дареғ надоштанд, ҳамчунин ба Қумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдории ин ҷонибро мерасонем.

Ин андӯҳи аз сар гузаронидаамонро ҳамеша дар хотир хоҳем дошт. Ҳамчунин дастгирии зоҳирнамудаи Тоҷикистонро ҳеҷгоҳ фаромӯш нахоҳем кард.

Бо эҳтиром,

Умут АҶАР

Сафири Туркия дар Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь