Таърихи сайёраи Замин аз даврони ҳаёти геологӣ то ҳол нишон медиҳад, ки тағйирёбии куллӣ дар муҳити обӣ ва ҳам хушкӣ дар чанд даҳри геологӣ такрор шуда, сабаби аз байн рафтани биомасса ва экосистема гардида аст. Ин ҳодисаи фоҷиавии табииро мутахассисони соҳаи палеонтология (илми соҳаи ҳайвонҳои фавтида) ба гузариши як даҳр ба даҳри дигар мансуб медонанд. Дар тағйироти пештараи иқлим агар нестшавии баъзе органикҳо ва ҳайвонҳое, ба мисли динозавр, ба вуҷуъ мепайваст, имрӯзҳо масъалаи ташвишовари тағйирёбии иқлим номусоидшавии боду ҳаво ва харобгардии кулли табиат раванди фоҷиаборест, барои инсону табиат.
Таъсири ин раванд дар тағйирёбии шабонарузии обу ҳавои интиҳову ибтидои моҳҳо, солҳо, ивазшавии гардиши масса ва фишори ҳаво, пайдо шудани абрҳои ғафс, тӯфонҳо, гармиву сардӣ, шуоҳои офтоб, боришот, олами набототу дараҷаи ифлосшавии атмосфера ва ғайра мушоҳида мешавад. Ҳатто одамоне ҳастанд, ки тағйирёбии шабонарӯзии обу ҳаворо чун бадҳолӣ бармало эҳсос мекунанд. Барои одамоне, ки бемории дилу системаи гардиши хун, бронхит, пневмония, системаи гурдаю пешоббарор ва рагҳои хунгузари поёҳояшон васеъ аст, хатарнок ва фоҷиавист. Эҳтимоли зиёд меравад, ки яке аз сабабҳои фавтҳои муфоҷо дар байни аҳолӣ ҳамин мураккбшавии боду ҳавост.
Дар натиҷаи тағйирёбии иқлим хушксолӣ ва биёбоншавии минтақаҳо обшавии пиряхҳо,офатҳои табиӣ ва ғайра мегарданд. Нишонаи пастравии ҳосили маҳсулоти хоҷагидориро мо дар баланд шудани нарх дар бозорҳо мебинем. Аз тарафи дигар, гармшавии ҳаво сабаби афзоиши боришоти бошиддат ва аз маҷро берун рафтани оби дарёҳо, сустшавӣ ва шусташавии релефи хоки мулоиму ба харобазор табдил ёфтани минтақаҳои гуногун дар аксари мамолики ҷаҳон, аз ҷумл ФР, ИМА, Бразилия, Австралия, Олмон, Зеландияи Нав, Чин, Колумбия, Туркия шудааст. Ҳамзамон, обшавии пиряхҳои материкӣ (Антрактида) ва қутбӣ (Арктика) аз оқибатҳои ногувори раванди гармшавии сайёраи замин аст. Ин ҳодисаҳои нохуши табиӣ натанҳо зарари иқтисодӣ доранд, балки сабаби фавти ҳазорҳо одам мегарданд. Оид ба заминларза ва оқибатҳои он (сунамҳо), ки дар Индонезия, Чин, Чилӣ ва Ҷапон рӯй доданд, барои инсонҳо хеле ваҳшатноканд.
Баробари кишварҳои дигар дар сарзамини мо низ баррасию коҳиш бахшидани хатари оқибатҳои тағйирёбии иқлим масъалаи муҳим ба ҳисоб меравад. Мутахассисон муътаҳқиқанд, ки пиряхҳои ҳаракаткунандаи Ванҷ, мисли Хирсон, Кашолаях, Рағзо ва ғайра маҷрои дарёҳоро баста, қуллаҳои муваққатии яхинро ташкил медиҳанд ва ҳангоми кандашавии сарбанд онҳо ниҳоят хатарноканд. Фаромадани тармаҳои ғайриинтизор дар натиҷаи ғуншавии барфи зиёди моилноки релеф дар мавсими баҳор мушоҳида мешавад. Ин ҳодиса дар баландиҳои 2200-4850 метр баланд аз сатҳи баҳр рӯй медиҳаду роҳҳои барои зиндагии омма лозимӣ ва маҷрои дарёҳоро муваққатан банд мекунад.
Дар ростои ин обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши захираҳои об барои иқтисоди кишварҳои Осиёи Миёна низ паёмадҳои номатлубе дар пай хоҳад дошт. Бахши асосии захираи оби минтақа аз кӯҳҳои Тоҷикистон сарчашма мегирад ва дар сурати коҳиши оби дарёҳо ба соҳаи кишоварзӣ, бахусус арсаи кишт ва парвариши пахтаву боғҳои навбунёд, ки з маҳсулоти аслии содиротии бисёре аз мамолики минтақа аст.
Дар воқеъ, ба шитоб болоравии истеҳсоли саноатӣ дар солҳои охири омил асосии тағйирёбии иқлим маънидод мешавад. Гармие, ки бо мурури вақт аз корхонаҳои саноати хориҷ шуда ба атмосфера ворид мешавад, албатта ба гармшавии иқлим таъсир мерасонад. Чунки густариш ёфтани фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва нақлиёт ба афзоиши консентратсияи туршаҳои карбон, нитроген, фенолҳо, ҳидрогенсулфур, дуда, чанги бодҳои дар гардиш, газҳои карбону сулфур, компонентҳои зараровар арзёби мегарданд. Аксарияти ин компонентҳо бо шакли омехтаҳои газу чанг ба ҳавои атмосфера ворид шуда, онро олуда месозанд. Ин олудашавӣ пеш аз ҳама аз ҳисоби гази карбон ва туршаи нитроген, сулфур, ки аз партовҳои нақлиёт ва корхонаҳои саноатӣ ба атмосфера ворид мешаванд, ба муҳити зист хатарнок мебошад. Ба зумраи ифлоскунандаи атмосфера чанг низ ба ҳисоб меравад, хусусан дар минтақаҳои гарми хушк ва фасли тобистон ё мавсими киштукор. Дар мисоли ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна миқдори чанголудшавии атмосфера аз ҳисоби шамолҳое, ки аз заминҳои хушки киштшаванда ва роҳҳои нақлиётгарде, ки мӯмпуш нестанд, чангро ба ҳаво ва атроф пуф мекунад. Хусусан дар мавсими ҳосилғундорӣ ва шудгоркунии тирамоҳӣ ва баҳорӣ. Аз тарафи дигар бодҳои маҳаллӣ, ки онҳоро «хокбориш», «гармсел» ё «боди афғонӣ» ном мебаранд, ифлоскунандаи атмосфера ва муҳити зистанд. Яъне, рушди саноатӣ, ки пояи асосии иқтисодиёти кишварҳост, аз тарафи дигар боз ба худи иқтисодиёт зарар мерасонад.
Масъалаи дигаре, ки ба тағйирёбии иқлим таъсир мерасонад, оби зеризаминӣ мебошад. Ин гуна об дар хоҷагидорӣ ва эҳтиёҷоти маишӣ талаботи физиологии инсонро қаноатбахш мекунад. Вале, агар оби зеризаминӣ солҳои тӯлонӣ аз зери замин кашида шавад, оқибатҳои ногувор ба вуҷуд меояд. Дар ин маврид замин хушку гарм монда, ба олами наботот намии нокифоя мемонад, хориҷшавии оксиген кам мешаваду ҳавои хушк ба тағйирёбии иқлим таъсир мерасонад.
Мо агар ҳодисаю равандҳои дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ба вуҷуъпайвастаро таҳлилу баррасӣ намоем, дармеёбем, ки ҳамаи чунин ногувориҳо дар ҳаёти инсонҳо ва мавҷудоти дигари зинда маҳз дар натиҷаи муносибати инсон бо табиат рӯй медиҳанд. Аз ин рӯ, боз ҳам метавонад, инсон пешгирикунандаи ин харобиҳо ва хавфҳои сар задани ҳодисаҳои нохуш бошад. Бинобар ин, муносибати ҳамаи инсонҳо бо табиат дар пасманзари ҳодисаҳои дар боло дарҷёфта, бахусус вобаста ба коркарди ҳамагуна партови корхонаҳо, истифодаи босамари обу замин ва ғайра тадбирандешиҳои мушаххастарро тақозо дорад.
Шарифхонзода Шаҳло Шарифхон, ассистенти кафедраи “Тибби ҳолатҳои фавқуллода, мудофиаи гражданӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ”-и МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”