Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарёфти Истиқлолият ва эҷоди мактаби сулҳофаринӣ ва сиёсати созандагии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сулҳу суботи кишвар ва рушди фарҳангу иқтисоди миллӣ бо созмону форумҳои минтақавиву фароминтақавӣ ба хусус Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ё ЭКО натиҷаҳои мусбатро ба даст оварда, то ба имрӯз ҳамкориашро идома дода истодааст. Ҳамин тариқ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саммити 16-уми Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ санаи 9-уми ноябри соли 2023 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон фаъолона иштирок карда, суханронӣ намуданд. Рушду ривоҷи тиҷорат, нақлиёт ва коммуникатсия, энергетика, саноат, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъмини амнияти озуқаворӣ, густариши робитаҳо ва татбиқи барномаву лоиҳаҳои муҳим дар суханронии пурмуҳтаво Президент таъкид гардида, ҳамчунин сатҳи ҳамкории таъмини рушди устувор дар минтақа зарур шуморида шуд. Дар ҳошияи он вазъи кунунӣ ва дурнамои таҳкими равобит байни Тоҷикистону шарикони рушд, дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди муносибатҳои бисёрҷанба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бояд қайд кард, ки рушди муносибатҳо ва ҳамгироии минтақавӣ дар раванди иқтисодиву тиҷоратӣ байни кишварҳои узв аз масъалаҳои меҳварӣ ба ҳисоб рафта, дар партави «Стратегияи миллии рушди кишвар барои давраи то соли 2030» амалӣ мегардад. Дар оғози моҳи декабри соли 2024 вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин барои иштирок дар 28-умин нишаст вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) ворид шаҳри Машҳади Эрон шуд. Нишасти мазкур ду рӯз (2 -3 декабр 2024 ) идома ёфта, роҳҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бештар мавриди омӯзиш дода шуда, транзит, ҳамлу нақл ва фаъолиятҳои фарҳангиву иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Ҳадафи асосии нишаст мусоидат ба ҳамгироии тиҷорат, нақлиёт ва сайёҳӣ дар сарорари минтақаи кишварҳои аъзои ЭКО мебошад. Дар ҳошияи он санаи 3 декабри соли 2024 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Асад М. Хон баргузор гардида, ҷонибҳо роҳҳои густариши минбаъдаи робитаҳои гуногунҷанба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳодҳои марбутаи ин Созмон ибрози назар намуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар соли 2024 Тоҷикистон мизбони се нишасти сатҳи баланд дар доираи Созмони ҳамкории иқтисодӣ буд, ки онҳо дар ҳамгироии минтақавӣ нақши муҳим дошта, ин кишвар барои мусоидат ба фаъолиятҳои минбаъдаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ омода мебошад. Тоҷикистон аз натиҷаи ҷаласаи мазкур изҳори қаноатмандӣ карда, роҷеъ ба тавсеаи минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, энергетика, захираҳои обӣ, таъмини амният ва суботи минтақавӣ ва ҳифзи пиряхҳо нақши ин кишварро муҳим шуморид. Зеро ба ибтикороти глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва рӯзномаи ҷаҳонии об ишора гардида, аз кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ даъват карда шуд, то дар Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар охири моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе фаъолона иштирок намоянд.
Тибқи осори расмӣ ҳаҷми муомилоти солонаи миёни кишварҳои аъзо 1,8 миллиард долларро ташкил дода, зарурати талошҳои бештарро барои ҳавасманд кардани тиҷорати минбаъдаи дохилии ЭКО талаб менамояд.
Инҷо бояд, зикр кард, ки Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (СҲИ ё ЭКО) як созмони минтақавии байниҳукуматӣ буда, кишварҳои Аврупо, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ, Ховари Миёна ва Осиёи Ҷанубиро дар бар мегирад, ки беш аз 460 миллион нафар аҳолӣ ва беш аз 8 миллион километри мураббаъ Русияро ба Халиҷи Форс ва Чинро ба ҳам мепайвандад. Мақсаду ҳадафи умумии он рушди устувори иқтисодии давлатҳои аъзо ва минтақа мебошад.
Мавриди зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Саммити 15-уми сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ ё ЭКО) ба шаҳри Ашхободи Туркманистон сафар намуда, нақши Тоҷикистонро дар ҳалли масоили мубрами минтақа ва ҷаҳон муаррифӣ кард.
Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи ECO-ITI бори аввал дар соли 2011 оғоз шуда буд ва пас аз пайгирӣ ва дастгирии пайваста аз ҷониби кишварҳои узв аз ҷумла Покистон, Эрон ва Туркия ва инчунин Котиботи ЭКО, ниҳоят барои хидматрасонӣ ба равобити минтақавӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ амалӣ шуд. Амалиёти транзити онро тавассути рақамикунонии долон барои содда кардани расмиёти маъмурӣ ҳангоми убури сарҳад ва транзит боз ҳам беҳтар менамояд.
Моҳи марти соли 2017 дар Исломободи Покистон зимни Саммити 13-уми сарони кишварҳои аъзои СҲИ санади “Диди СҲИ-2025” қабул гардид, ки самтҳои ассосии фаъолияти Созмонро дар солҳои наздик дарбар мегирад. Дар санаи 28 ноябри соли 1992 кишварҳои Осиёи Марказӣ бо шумули Озарбойҷону Афғонистон ба узвияти СҲИ пазируфта шуда дар натиҷа адади онҳо ба 10 расид. Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) соли 1985 аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Исломии Покистон пас аз бастани Паймони Измир таъсис дода шуд.
Дар соли 1992 ҳафт кишвар, аз ҷумла Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, аъзои СҲИ шудаанд. 28 ноябр, яъне таърихи аъзошавии давлатҳои зикргардида рӯзи СҲИ эълон гардид.
То аввали соли 1992 дар чаҳорчубаи СҲИ ҳамкориҳо миёни давлатҳои аъзои Созмони мазкур дар маҷмӯъ шакли дуҷонибаро доштанд. Шурӯъ аз соли 1992 фаъолияти СҲИ бо воридшавии ихтиёрии ҳафт кишвари аъзои нави Созмон, фаъолтар шуд.
Бояд зикр кард, ки дар тӯли солҳо созмони ЭКО ташаббусҳои бузургро дар соҳаҳои гуногун аз ҷумла алоқа, тиҷорат, энергетика, сайёҳӣ ва рушди фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва илмӣ ба даст овард ва дар ин зимн муассисаҳои минтақавӣ ва махсуси худро низ таъсис дод. Чи тавреки зикр шуд мақсаду ҳадаф ва ташаббусҳои асосии созмони мазкур иборатанд аз: (i) сохтани долонҳои тиҷоратӣ барои рафъи маҳдудиятҳо ва монеаҳо дар роҳи пешбурди тиҷорати дохилиминтақавӣ; (ii) таъсиси низоми раводиди ЭКО барои пешбурди сайёҳӣ ва робитаҳои байни одамон; (iii) мусоидат ба ҳамкориҳои илмӣ, фарҳангӣ ва таълимӣ; ва (iv) таъсиси муассисаҳои молиявии минтақавӣ, ба мисли Бонки Тиҷоратии ЭКО ва Иттиҳоди клирингии ЭКО барои маблағгузории лоиҳаҳои минтақавӣ мебошанд, ки дар таҳкими ҳамгироӣ ва рушди иқтисодии кишварҳо кӯмак мекунад.Намунаи онро дар соҳаи нақлиёт ба истифода додани долони роҳи Исломобод-Теҳрон-Истанбул метавон дид. Ҳамин тавр санаи 7 октябри соли 2021 ду бор аз шаҳри Карочии Покистон ба Туркия ва Озарбойҷон тибқи Конвенсияи TIR тавофуқномаҳо фиристода шуд.
Раёсати СҲИ ё ЭКО дар соли 2021 ба зиммаи Туркманистон буд, ки 28 ноябри соли 2021 таҳти унвони “Якҷоя ба сӯи оянда” мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бояд зикр кард, ки дар ҷаласаи 50-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар соли 1995 Қатънома дар бораи ҳамкорӣ бо СҲИ қабул гардид ва сипас он мақоми нозирро дар СММ касб намуд.
Кишварҳои аъзои СҲИ имкониятҳои васеи рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодиро доранд. Тӯли беш аз 12 соли охир, кишварҳои аъзои СҲИ баҳри таъмини рушди босуботи муносибатҳои минтақавӣ фаъолона ҳамкорӣ мекунанд. Барои расидан ба ин ҳадаф, СҲИ лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла энергетика, савдо, ҳамлу нақл, кишоварзӣ ва мубориза зидди қочоқи маводи мухаддир татбиқ мекунад.
Хулоса, намояндаҳои кишварҳои узви ЭКО зери шиори “Якҷоя ба суи оянда” бо иродаи талош меварзанд то ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии худро идома дода, якҷо ба кишвари Афғонистон кумак расонида, минтақаро аз бӯҳронҳои гуманитарӣ ва иқтисодӣ ба таври фаъол ҷилавгирӣ намоянд.
Илова аз он, кишварҳо пайваста таъкид менамоянд, ки ҳамгироии минтақавиро дар партави “Дурнамои ЭКО 2025” идома дода, дар рушди минтақа ва татбиқи барномаҳову лоиҳаҳои созмон саҳмгузор бошанд. Ҳамин тавр, муносибати мутақобилан судманди Тоҷикистон бо кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ҷиҳати ба роҳ мондани иқтисодиву тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ва ташаббусҳои созандаи кишвар эътимоди зиёд дошта, дар ҳалли мушкилоти ҷойдошта нақши муҳим мебозанд.
Мирсаид РАҲМОНОВ