Рӯзи 25 феврали соли 1956 суханронии таърихии Никита Хрушов буд ва ин навишта ба ёди ҳамин рӯз аст.

68 сол муқаддам раҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ Никита Хрушов дар вопасин рӯзҳои анҷумани бистуми ҳизби коммунисти ин кишвар суханроние дошт, ки саҳифаи наверо дар Шӯравӣ рақам зад. Ӯ парда аз аъмоли сиёҳу нангини “доҳии коргарони ҷаҳон” Иофис Сталин бардошта, ҷиноятҳои гушношуниди ӯву ҳаммаслаконашро бармало сохт. Албатта, дастони Никита Хрушов низ ғарқ дар хуни ҳазорон бегуноҳ буданд, ки ин ҷо ба он намепардозем. Ин суханронӣ таъсире амиқ дар Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷаҳони сотсиалистӣ барҷой гузошт. Робитаҳо бо Чин сард шуданд. Тарафдорони Сталин то пойи ҷунун пеш рафтанд ва ҳатто баъзе пайравони “доҳӣ” даст ба худкушӣ заданд. Телеграфи Лондон он замон навишта буд, ки “суханронии Хрушов таъсиргузортарин суханронии қарни 20 аст”. Ню-Йорк Тоймс солҳо пас навишт, ки “ин кори бузурге буд, ки дар солгардаш бояд аз он таҷлил шавад”. Маърузаи Хрушов Иттиҳоди Шӯравиро дигаргун кард ва ба дунболи он дар шашяки рӯйи замин марҳилаи гармшавӣ ё ба истилоҳ “оттепел” фаро расид.

Аслан бадном кардану кӯбидани якдигар дар Шӯравӣ чизи наве набуд. Ба ёд оред, сарнавишти Лев Тротскийро, ки рафиқи шафиқи Ленин буд ва яке аз тарроҳони табаддулоти моҳи октябри соли 1917 дар Русия. Ӯро пас аз марги Ленин ҳампаймонони муваққатии Сталин – Каменев ва Зиновев аз раёсати ҳизб ронданд ва маҷбур ба ҳиҷрат карданд. Ҳатто дар ҳиҷрат низ бар Тротский раҳм накарданд ва соли 1940 вайро дар Мексика ваҳшиёна ба қатл расонданд. Каменеву Зиновев низ дер напоиданд ва дар як рӯзи соли 1936 ба қатл расиданд. Рафиқ Генрих Ягода сари ин дуро хӯрд. Ягодаро рафиқи дигар Николай Ежов зиндонӣ ва ба марг маҳкум кард. Ежови нагунбахтро Лаврентий Берия сарнагун карду ба қатл маҳкум. Сипас маълум шуд, ки рафиқ Сталин ҳам чандон одами дурусту ҳисобӣ набуда ва Хрушов пас аз суханронии худ ҷасади вайро аз назди Ленин дур карду зери хок. Хрушов якҷо бо Георгий Жуков Берияро сарнагун карда, ба қатл маҳкум карданд, вале каме дертар Жукови қаҳрамон низ аз дастгоҳи ҳизбӣ ронда шуд. Хрушовро муовинаш Брежнев ва чанд тани дигар соли 1964 сарнагун карда, аз даргоҳи ҳизб ронданд ва ӯ дар кунҷи танҳоиву фаромӯшӣ ҷон ба ҳақ таслим кард. Вақте Михаил Горбачев ба қудрат расид, замони Брежневро танқид кард, ки “замони карахтӣ” ва уфули қудрати иқтисодии кишвар будааст. Горбачев бар сари Шӯравӣ об рехт ва имрӯз ҳамаи коммунистон Горбачевро хоину ватанфурӯш медонанд.

Хрушов ва сарнавишти хонадони мо

Падари ман, Худояш биёмурзад, беш аз 900 рӯз дар майдони ҷанги Гирмон ҳузур дошта, тамоми умр бо он хотирот ба сар мебурданд. Банда ва бародарону дигар пайвандонамон, ки бо ин хотирот бузург шудем, таҳти таъсири ин ёддоштҳо қарор мегирифтем. Яке аз шахсиятҳое, ки падари ман аслан дӯст намедоштанд, ин Никита Хрушов буд, ки раҳбарии Шӯравӣ дар солҳои 1953-1964-ро ба душ дошт. Ҳатто акси ӯ солҳо дар туалети хонаи мо овезон буд… Ман тақрибан аз чорсолагӣ (соли 1976) баъзе ҷузъиёти зиндагияро дар ёд дорам. Вақте солҳо пас ба падарам гуфтам, ки акси як марди тоссари бемӯй дар замони кӯдакии ман дар туалети хона овезон буд, падар бо ханда гуфтанд, ки “ун акси Никита Хрушов буд, ки ман ба ӯ нафрати беандоза доштам”. Ҳар бор дар замони мактабхонӣ аз падар мепурсидам, ки чиро ун аксро дар унҷои дур аз назокат гузоштед, мегуфтанд, ки “ун марди нодон ба мардум орди ҷуворӣ медод, ки хеле бадмазза буд ва Сталинро ҳам бадному беобрӯ кард”. Вақте донишҷӯи бахши таърих шудам, аз ҷиноятҳои Сталин ва диктотуру мардумозору дар ҷаҳон бадном будани ӯ барои падар гуфтам. Инчунин, аз матни суханронии Никита Хрушов дар анҷумани бистуми ҳизб, ки тоза нашр шуда буд, ба ҳазрати қиблагоҳӣ гуфтам, падар каме нигоҳашон тағйир кард. Зеро вақте аз даҳшати солҳои 30-ум ва табъид кардани мардуми бегуноҳу куштани миллионҳо гуфтам, падар тақрибан ҳамаи гуфтаҳоямро бо мисолҳое мушаххас аз Масчоҳи солҳои 30-40 таъйид карданд, аммо ҳамоно ин Никитаро қабул надоштанд.

Даҳ сол муқаддам китоби Уилям Чис Тобман “Хрушов ва асри ӯ”-ро, ки соли 2004 барандаи ҷоизаи Политзер барои биография гардид, хондаму барояшон қисса кардам. Боз ҳам мегуфтанд, “Хрушов аслан одами хубе набуд”. Уилям Чис Тобман хатмкардаи Донишгоҳи Ҳорвард, фориғуттаҳсили доктори донишгоҳи Колумбия ва инчунин гувоҳиномае дорад, мабнӣ бар ин ки такмили ихтисосро дар Донишгоҳи Русия (1965) гузаштааст. Тобман менависад, ки падари Хрушов чунон фақиру нодор буд, ки дар умри худ ду бор оббозӣ карда буд, яке вақти зодан ва ғусли тамъид шудани ӯ ва бори дувум ҳангоми маргу шустушӯйи ҷасад.

Сипас амакам Муҳаммадризо (ҳафазаҳуллоҳ) қиссаи дигаре нақл карданд, ки иллати савуми нафрати падарро фаҳмидам. Солҳои 1957-1960 бештари мардуми Масчо, аз ҷумла деҳаи мо Худгифи соя ба дашти лабташнаву синабирёни Дилварзин (ноҳияи Масчоҳи кунунӣ) кӯч мебанданд, аз ҷумла амакҳову тағоҳову ҳамдеҳагони ман. Падар, ки аз ҷанги Гирмон бо ордену медалу ифтихорномаҳо баргашта буданд ва як каме имтиёз доштанд, дар кӯҳистон мемонанд ва намекӯчанд. Аммо бо исрори раиси хоҷагӣ, тағоям Авазмуҳаммад Сафар ночор ба тарки Масчо мешаванд. Амакам нақл карданд, ки “падарат Хрушовро душном дода, модараму фарзандонашонро дар мошин савор карда, озими Дилварзин мегаштанд, барои он ки ба ғазаби он кас гирифтор нашавам, чизе намегуфтам. Мошин шабонгоҳ дар маркази ноҳияи Айнӣ қарор гирифт ва яке аз хоҳарон об хост. Ҳарчанд дар он шаб мекофтем об пайдо намешуд. Маҷбур шудем, то лаби дарё зарфе дар даст поён шавем. Он кас чунон душномҳое нисори Никита Хрушов мекарданд, ки баъзе раҳгузарон ё аз дохили хонаҳо сарашон бурун ва тааҷҷуб мекарданд, ки ин кист ки чунин боҷуръатона “доҳии нави коргарони ҷаҳон Никита Сергеевичи азизу арҷманд”-ро чунин носазо мегӯяд”. Ба ҳамин хотир вақте Хрушовро ҳамҳизбиёнаш бо беобрӯии гушношунид ғофилгиру аз ҳамаи мақомҳои барканор карданд, падар хеле хушҳол шуда, солҳо баъд онро бо завқ барои мо қиса мекарданд, ки “Никитаро каллакӯб карданд!”.

Ислоҳоти Никита Хрушов ҳамаҷониба набуд ва сирфан барои беэътибор кардани Сталин анҷом гирифт. Агар ислоҳоте дар кор мебуд, мебоист дар ҳама заминаҳо, минҷумла, барчида шудани зиндонҳои сиёсӣ ва баргузории додгоҳҳои одилона бо ҳузури ҳайати мунсиф ва озодии аҳзоби сиёсӣ, ки болшевикҳо онро барҳам заданд, сурат мегирифт. Аммо, ин ки як ҳокими худкомаву ҷинояткоре чун Сталинро ифшо кард, кори каме набуд…

Боз чанд китоб дар бораи Хрушов

Инак, китоби дигаре бо номи “Хрушов дурӯғ гуфт”, ки асари Грурфер устоди донишгоҳи Монтеклер аст, дар кишварҳои дунё нашр шудааст. Ӯ дидгоҳҳои мунтақидона дар мавриди Иттиҳоди Шӯравӣ ва Иосиф Сталин дорад. Вале тавре аз номи китоб бармеояд, Грурфер суханони Никита Хуршовро дурӯғ номида, барои буҳтони даъвоҳои ӯ далелҳои зиёд овардааст. Ӯ қаҳтии Украина дар солҳои 1932-1933-ро қаҳтии амдӣ ё голодомор намедонад ва ғ.

Дар бораи Хрушов хотироти писари вай Сергей низ дар ИМА чоп шудааст. Инчунин, Емелянов низ китобе таҳти унвони “Аз подабонӣ то котиби кумитаи марказӣ” навиштааст, ки аҷибу ғариб аст.

Дӯстон, хондани ин китобҳоро барои шумо тавсия мекунам, то сарнавишти гузаштагон бароямон ибрат гардад. Оре, ҳамаи ситамгаронро сарнагуниву бадномӣ дар камин аст.

Сайфулло МУЛЛОҶОНОВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь