Шояд хабаре беҳтар аз хабари лағви эҳтимолии (зеро ҳоло пешниҳод ҳасту дақиқ нест) баъзе зинаҳои дарёфти шаҳрвандиву ҳақу ҳуқуқи зист дар Русия барои муҳоҷирини мо набуд. Ин хабар аввали ҳафтаи ҷорӣ паҳн шуд ва дар як лаҳза мавҷи вокунишҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард. Мушкили ҳаёти муҳоҷират дар Русия ҳамеша аз мавзӯъи доғ буду мемонад. Мо, ки дар ин кишвар теъдоди бештари қувваи корӣ дорем ва ҳар сол ба буҷаи Тоҷикистон миллионҳо рубли онҳо ворид мешавад, бароямон ҳамеша ҷолиб аст, ки ин кишвар дари лутфу инояти худро кушояд, то шаҳрвандони мо бе мушкилӣ кору зиндагӣ карда тавонанд.

Муҳоҷирони тоҷик шояд миллардҳо рубл ба буҷаи Маскав фоида меоранд, бо қувваи онҳо шаҳрҳо, биноҳо ободу зебо мешаванд, бозорҳо фаровону арзон мешаванд. Вале тӯли ин се даҳсолаи охир, ки Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ пош хӯрд, Русия дигар барои муҳоҷирони мо ҷойи амн набуд. Мо солона даҳҳо тобути ҳамватанонро қабул мекунем, ки иддае бо захми корду силоҳу латукӯбҳо кушта шудаанд. Доғи онҳо умре дар ҷигари пайвандон мемонад, чун онҳо буданд, ки ба умеди нони серӣ барои азизон мусофиратро ихтиёр карда буданд. Ҳоло ҳам тасмимҳои ахири Путин таъмини амнияти муҳоҷиринро дар назар надорад, он бештар равандҳои иҷозаи будубошро сабуктар мекунад.

Мушкилтарин кор барои муҳоҷирон, шояд ҳамин зинаҳои ҳуҷҷатгузорӣ ва режими коғазбозии нодаркор буд, ки ҳоло Раиси ҷумҳури ин кишвар Владимир Путин мехоҳад онро содатар кунад. Он ки пешниҳод кардааст иҷозати зисти муваққатӣ лағв ва якбора ҳақи зист дода шавад, ин худ қадами муборакест барои сода кардани раванди дарёфти шаҳрвандӣ барои муҳоҷирон аст. Ду бурд дорад, яке харҷи дарёфти ҳақи зисти муваққатӣ аз байн меравад ва дуюм ҳар касе ҳақи зисти доимӣ пайдо кард, метавонад аснодашро барои шаҳрванд шудан ҳам омода созад ва ин муҳлат ҳам бо пешниҳодҳои қаблии Путин рӯ ба содагӣ овардааст.

Вале ҳоло на ину на он қабул нашудааст. Путин дар ҳошияи тағйири қонуни асосии кишвараш мехоҳад қонунҳои муҳоҷиратро ҳам бознигарӣ кунад.

Дар номгӯи масоили татбиқи Консепсияи давлатии сиёсати муҳоҷират барои солҳои 2019-2025 баъзе нукот сареҳан зикр шудаанд. Онро президенти Русия рӯзи 6-уми марти соли равон имзо кард.

Тадбирҳое, ки тасмими президентро амалӣ мекунанд, аз зинаҳои ташкили гуруҳи корӣ (муҳлат то 1-уми марти соли 2021) андешидани тадбирҳои амалӣ шудани консепсия (муҳлат то 1-уми июни соли 2020), пешниҳодҳо барои ислоҳоти институти шаҳрвандии Федератсияи Русия ва ғайра иборатанд. Аммо ҳадафи аслӣ ҳамон сода кардани раванди қабул ба шаҳрвандист, ки Путин борҳо ба он таъкид кардааст. Русия мехоҳад ҳамаи касони хоҳишманде, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ таваллуд шудаанд (манзур таваллуди то соли 1991, то замони пош хӯрдани Шӯравӣ) бе мамониат ба шаҳрвандии Русия пазируфта шаванд. Он ки сарвари давлати Русия талош мекунад, татбиқи амалии ҳамин сиёсат аст.

Боз ҳам мушаххастар

Сомонаи Президенти Русия шарҳи муфассали сиёсати нави муҳоҷират дар ин кишварро, ки рӯзи 6-уми марти соли равон Президент Путин атрофи он баҳс кард, овардааст ва муҳимтарин нукоти онро mediamarker.info интишор додааст:

Дар оянда Русия се навъи қабули шаҳрвандиро барои хориҷиён муқаррар хоҳад кард: умумӣ, сода ва махсус. Навъи умумӣ ба ҳамаи хориҷиён, сода- ба шаҳрвандони кишварҳои “аз нигоҳи иҷтимоиву фарҳангӣ ба Русия наздик” дахл дорад ва махсус дар ҳолатҳое, татбиқ карда мешавад, ки агар қабули қарори шаҳрвандӣ далелҳои ғайриқобили мушоҳида ва равишҳои махсус талаб намояд ва қарорро дар сатҳи боло қабул кунанд.

Президенти Русия гуфт, ки иҷозаи зисти муваққати куҳна шуд ва он дигар коромад нест. Барои хориҷиёне, ки ба Русия ворид шуданашон раводид талаб намекунад, мӯҳлати дарозмуддати будубош ( беш аз 90- рӯз) таъин карда мешавад. Барои шаҳрвандоне, ки мехоҳанд дар Русия ҳуқуқи истиқомати дурудароз дошта бошанд, дар системаи иттилоотии давлатӣ доштани ҳисоб бо маълумоти биометрӣ, санади мубтало набудан ба бемориҳои хатарноки сироятӣ ва гирифтани санад бо маълумоти электронӣ дар бораи шахс шарти ҳатмӣ мебошад.

Аз сӯйи дигар мебояд корфармоёне, ки мехоҳанд шаҳрвандони хориҷиро киро кунанд, вазифадоранд дар бораи кор дар системаи иттилоотии давлатӣ маълумот ҷой диҳанд ва агентии шуғл коргаронро барои онҳо интихобот кунад.

Асоси таъмини ин қоидаҳо бояд платформаи ягонаи иттилоотӣ бошад. Он бояд мушкилоти мубодилаи маълумотҳои муҳоҷирати раёсатҳои гуногунро ҳал намояд, таҳлил кунад, омор тартиб диҳад, кори форматҳои электронии хизматрасониро таъмин ва вазифаҳои дигарро иҷро кунад.

Вазъияти ҳуқуқии шаҳрвандоне, ки қонунҳои муҳоҷиратро вайрон мекунанд, вале ба Русия хатари ҷиддӣ надоранд, бидуни ба ҷавобгарӣ кашидан муайян карда шавад.

Ҳамин манбаъ истинодан ба  маълумоти Вазорати корҳои дохилии Русия менависад, ки соли 2019 тақрибан 498 000 нафар шаҳрвандии Русияро қабул карданд, ки он нисбати соли 2018 беш аз 50 дарсад зиёд мебошад.

Соли 2019 дар ин кишвар  244,6 ҳазор нафар иҷозати иқомати муваққатӣ гирифтаанд ва 184,3 ҳазор қарор дар бораи иҷозати истиқомат қабул шудааст.

Иҷозат барои истиқомати муваққатӣ дар Русия ба муҳлати се сол дода шуда, тамдид карда намешавад. Пас аз ба охир расидани муҳлати иҷозати истиқомати муваққатӣ шахс бояд ё барои гирифтани иҷозати ҷои зист, ё барои гирифтани шаҳрвандӣ дархост кунад.

Mediamarker.info дар идомаи шарҳи гузориши сомонаи Президенти Русия овардааст, ки тибқи низоми нав барои гирифтани шаҳрвандии Русия муҳоҷирро зарур нест, ки мисли пеш се сол дар Русия кор кунад, балки як соли кор кифоя аст.

Тибқи маълумоти омор соли 2019 аз 448 ҳазор нафар, ки ба шаҳрвандии Русия пазируфта шуданд, 44,7 ҳазор нафарро шахрвандони Точикистон ташкил доданд.

Соли 2018 бошад, аз 269 ҳазор нафари ба шаҳрвандии Русия пазируфташуда, 35,7 ҳазор нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон буданд.

Тоҷикистон дар ин ҷадвал пас аз Укроин ва Қазоқистон ҷои сеюмро ишғол менамояд. Соли 2014 – 10,000 нафар, соли 2015 – 13,000 нафар, соли 2016 – 14,000 нафар ва соли 2017 – 29039 нафар тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро қабул кардаанд. Шаҳрвандони Тоҷикистон асосан дар шаҳру вилоятҳои Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва Тюмен кору зиндагӣ мекунанд.

Дигарон чӣ мегӯянд?

Барои осонтар фаҳмидани он ки ин тасмим чаро гирифта шуд ва суду зиёни он дар чист, суолеро ба ҳамин мазмун дар Фейсбук гузоштем ва ҳоло хеле кутоҳ баъзе назарҳоро мурур мекунем.

Таҳлилгари тоҷик, Рӯзимад Гардонов: Аслан ин танҳо як пешниҳод аст, албатта, қабул карда мешавад. Гап дар сари он аст, аз ҷиҳати демографӣ дар Россия коҳиши чашмраси аҳоли мушоҳида мешавад ва бо ин роҳ мехоҳанд сафи шаҳрвандони худро зиёд гардонанд. Албатта, барои муҳоҷирони корӣ шаҳрвандии Русия бартариҳои зиёд дорад, муҳимтараш бе санади иҷозаи кор, яъне патент метавонанд кору фаъолият карда, аз барномаҳои иҷтимоии давлат бархӯрдор бошанд ва дар охир бо нафақаи хубе дастрасии комил дошта бошанд. Аслан, ҷавонон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонанд ҳолати демографиро дар Русия беҳтар созанд ва мақсади асосии ҳукумати Русия ҳам пешгирии коҳиши аҳолӣ аст.

Нилуфар Воҳидова, ки ҳамакнун дар шаҳри Тулаи Русия зиндагӣ мекунад, мегӯяд акнун дар сурати дарёфти ҳақи истиқомат метавонед бидуни шаҳрванд шудан ҳам зиндагӣ ва кор кунед ва аз имтиёзҳо, аз ҷумла, нафақа ва кӯмакпулиҳо баҳра баред. Аммо хубии шаҳрванди дар он аст, ки бо воситаи шумо аҳли оила мегиранд ва аз имтиёзҳо зиёдтар метавон истифода бурд.

Зохир Садуллоев мегӯяд, ки дар Русия барои ба даст овардани шаҳрвандӣ, шахс бояд аввал иҷозати зисти муваққатиро гирад. Сипас ҳақи зисти доимӣ дар Русияро, ки барои панҷ сол дода мешавад, махсус шиносномаи кабуд. Дар зарфи панҷ сол шахси чунин шиноснома дошта, бояд имтиҳон аз фанни забони русиро супорад. Дар натиҷаи мусбӣ супоридани имтиҳон ба шахс иҷозати гирифтани шаҳвандиро медиҳанд. Аммо тибқи пешниҳоди нав, дигар дарёфти ҳақи зисти муваққативу се солу панҷ сол аз байн меравад. Шахсоне, ки шаҳрванди ин кишвар мешаванд, баъди ба синни балоғат расидан метавонанд (то 28-солагӣ) барои хизмат ба сафи артиши он даъват шаванд.

Ба андешаи Bozorboy Ibodov Стратегияи ояндаи русҳо хеле муфид барои қавитар кардани аҳолии он, барои мардуми Осиёи Миёна банди ресмонро сар дода истодааст, ки дар оянда метавонад бо ҳамин баҳона ғулом ё ягон дастгоҳи идоракунандае табдил диҳад. Фикри ман чунин аст бо инхел иқдомҳои ФР.

Хулоса, назарҳо мухталифанд. Вале аксаран хушбинанд, чун аз давутозҳои зиёду аснодгирдовариҳо халос мешаванд. Дарёфти ҳақи зист худ қадамест барои шаҳрванди ин кишвар шудан. Вале чуноне ишора рафт, ҳатто бо ҳамон ҳақи зисти доимӣ низ муҳоҷирон аз имтиёзҳо истифода мекунанд ва шарт нест шаҳрванд шаванд.

Дар зимн, ишораҳо дар мавриди он ки Русия бо ин васила мехоҳад дар қаламрави собиқ Шӯравӣ ҳузури густарда дошта бошад, мавзӯъи алоҳидаи гуфтугӯст, ки оянда талош мекунем ин паҳлуҳои ҳадафҳои Кремлинро ҳам ба чолиш кашем. Чун як мақола наметавонад дарбаргирандаи ин ҳама суду зиёнҳо бошад.

Аммо чуноне гуфтем, ин ҳоло пешниҳод аст. Кадом банди он пазируфта мешавад ва мавриди иҷро қарор мегирад ва механизми иҷрои он ба нафъи муҳоҷирин хоҳад буд ё бар зарари онҳо, маълум нест. Мунтазири вақт бояд буд!

Ф.Муҳаммад

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь