Бегоҳии рӯзи 29-уми октябри соли ҷорӣ ба фурудгоҳи Махачқалъаи Доғистони Русия, ки чун зодгоҳи нависандаи нотакрор Расул Ғамзатов ва қаҳрамони “муҳорибаи омехтаҲабиб Нурмуҳаммадов, ки идеали ҳазорон ҷавонони ин намуди варзиш ҳастанд, ҳавопаймо аз шаҳри Тел – Авиви Исроил фуруд омад.

Агар хуб ёд дошта бошед, ҳангоме Ҳабиб дар ҷанги тан ба тан бо варзишгари амрикоӣ Конор Марк Грегор ғолиб омад, садҳо ҷавонони тоҷик ҳам ба хиёбонҳо рехтаву онро таҷлил карда буданд. Шабакаҳои иҷтимоӣ моломоли ситоиши Нурмуҳаммадов буд. Чандин нафар номи фарзандони худро бо ифтихор Ҳабиб гузоштанд. Бо таъсири ин ғалаба ҷавонони тоҷик рақси доғистониро ҳам омӯхта, чанги тӯйхонаҳоро ба фалак мебардоштанд ва мисли Ҳабиб риш мегузоштанд. Ана ҳамин тавр, ҳавопаймое аз рӯйи ҷадвали ҳаррӯза аз шаҳри Тел – Авив ба Махачқалъа дар раванди ҷанг миёни Исроил ва Фаластин фуруд омад. Ин замон садҳо нафар ҷавонони доғистонӣ ба майдони фурудгоҳ ҳамла карданд. Ба ҷойи ҳодиса полис расида омад ва ҷанг миёни ҷавонон ва полис сурат гирифт, ки дар натиҷа бист нафар захм бардоштанд, ки вазъи ду нафари онҳоро ваҳим эълон карданд. Бегоҳи рӯзи дигар маълум шуд, ки пулиси рус 83 нафар иштирокчиёни ин моҷароро боздошт кардааст. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои гуногун, ҳамагӣ дар ин бетартибӣ беш аз ҳазор нафар ҷавонон ширкат кардаанд. Кумитаи тафтишоти Русия алайҳи ширкаткунандагони ин моҷаро мувофиқи моддаи 212–и Кодекси ҷиноии Русия (“Бетатибиҳои оммавӣ”) парванда кушод.

Сабаби бетартибӣ паҳн шудани хабарнома дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавриди овардани гурезаҳои яҳудӣ ба Махачқалъа буд, ки асос надошт. Маълум шуд, ки хабари носаҳеҳ ҷавонони хунгарми доғистониро ба фурудгоҳ кашидааст ва бо нишони ҳамраъйӣ бо Фаластин эшон ин амалро анҷом додаанд. Танҳо баъди он ки ширкаткунандагони бетартибӣ бо чашми сар диданд, ки дар ҳавопаймо гурезае нест, ором гирифтанд.

Бояд гуфт, ки ҳаводиси соли 1990 дар Душанбе, ки дар таърих бо номи “баҳманмоҳи хунин” маъруф аст, ҳамин гуна оғоз шуда буд. Он замон овоза паҳн шуда буд, ки гурезаҳои армание, ки дар заминҷунбии шаҳри Степанакерт зарар дидаанд, ба Душанбе оварда шудаанд ва дар навбати аввал ҳукуматдорони ҷумҳурӣ онҳоро бо манзили истиқоматӣ таъмин хоҳанд намуд. Маҳз “баҳманмоҳи хунин” омили ба майдон кашида шудани чеҳраҳои ҷиноятии он айём, омили аслии пахш кардани ин ошӯб ва қатли даҳҳо нафар ҷавонони тоҷик аз ҷониби КГБ–и Иттиҳоди Шӯравӣ гардида буд.

Президенти Русия Владимир Путин бетартибии дар Доғистон рухдодаро, ки дар ҷустуҷӯйи яҳудиёни гуреза сурат гирифт, амали дасти хадамоти махсуси Украина ва кишварҳои Ғарб номид.

“Ҳодисаҳои Доғистон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳудуди Украина бо дасти хадамоти махсуси кишварҳои Ғарб сурат гирифт” – гуфт Президент. Номбурда аз ҷонибдорони сиёсати яҳудиён даъват ба амал овард, ки фаъолияти хадамоти махсуси Амрикоро дар Украина мавриди омӯзиш қарор диҳанд.

«Бад набуд агар онҳое, ки ғами шаҳрвандони Исроилро мехӯранд, тадқиқот гузаронанд, ки хадамоти махсуси кишварашон дар Украина ба чӣ кор машғул аст. Дар майдони ҷанг дар Украина бо нокомӣ рӯ ба рӯ шуда, ҷониби Амрико мехоҳад Русияро дар дохилаш суст карда,  кишварро пош диҳад»,” – баён дошт Владимир Путин.

Муносибати Исроил бо Русия баъди ин ҳодисаҳо (даъвати роҳбарони гурӯҳи “Ҳамас” ба Кремл ва ҳодисаҳои Доғистон, ки баъзе ҳалқаҳои як занҷир медонанд) тағйир меёбад ё не, вақт нишон медиҳад, вале Путин бо қатъият изҳор дошт:

“Мухолифату ҷанг дар Фаластинро фақат таъсиси давлати Фаластин барҳам медиҳад. Бояд давлати Фаластин таъсис дода шавад. Мо дар ин маврид даҳҳо бор гуфтаем ва боз мегӯем. Ҳатто ба роҳбарони аввали Исроил ва Фаластин ҳам чандин маротиба изҳор дошта будем. Калиди ҳалли ин хунрезӣ ҳамин аст”.

Ин суханон дар ҳоле садо медиҳанд, ки Исроил наслкуширо дар Фаластин идома медиҳад ва ба хоки Фаластин ворид шуда, амалиёти ҷангӣ мегузаронад, ки дар натиҷа беш аз се ҳазор нафар кӯдакон алакай ҷон додаанд. Дар ҳамин ҳол, гурӯҳи тундрави “Ҳамас” ҳам як шарт  дорад:

Аз харитаи ҷаҳон рӯфтани давлате бо номи Исроил…

Поёни қазияро интизор мемонем.

Хуршед АТО

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь