Ба гуфтаи яке аз фардони ҳикмадӯст ҳамаи мо дар киштии ба номи Замин дар фазои коинот шино мекунем. Дар маҷмӯъ қисмати ҳар кадоми мо ба ҳолати ин киштӣ вобаста аст. Нашояд, ки мо бо амалиёти ношоями хеш онро баҳолати нестӣ биоваем.

Ҳамасола якшанбеи охири моҳи январ дар тамоми ҷумҳурӣ ҷашни Сада ва намоиши зироати кишоварзӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Ҷашни Сада чун идҳои Наврӯзу Меҳргон яке аз ҷашнҳои басо қадимии аҷдодон буда, дар аҳди қадим хеле мутантану пуршукӯҳ таҷлил мегардид. Баҳси мо дар поён робита ба ҳамин ҷашни қадимаи аҷдодон хоҳад буд.

Дар даврони аввали истиқлол тавҷҷӯҳи ҷомеа ва давлат ба ойину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада ва монанди инҳо эҳё гардиданд. Ҳадаф ва моҳияти ҷашнҳои Сада, Меҳргон ва Наврӯз дар он аст, ки ин ҷашнҳо нишонаи ҳувият, худшиносӣ ва эҳёшавии хотираи таърихии миллатро ифода мекунанд.

Меҳргон ва Сада дар радифи Наврӯз аз кӯҳнатарин ҷашнҳои тақвимӣ дар тамаддуни башарӣ маҳсуб мешаванд. Сада, Наврӯз ва Меҳргон – ин се ҷашнро гоҳе дар тафсири ҷаҳонбинии устуравӣ радифи шаш ҷашни гуҳарбор медонанд, ки гӯё нишони шаш ҳангом ё рӯзи сол буда, ба шаш рӯзи офариниши олам мутобиқ дониста мешуд. Тибқи таҳқиқи Меҳрдод Баҳор, ҷашнҳои номбурда пеш аз оини зардуштӣ ва ҳатто пеш аз тамаддуни ориёӣ моли фарҳанги бумӣ будаанд.

Дар таърихи дуру дарози мавҷудияти ин ҷашнҳо гоҳе яке, мисли Наврӯз дар мадди аввал гузошта мешуд, дигарӣ (ба мисли Сада, Меҳргон, ки дар давраи Ислом, замони Шӯравӣ дар Тоҷикистон) ба ҳукми фаромӯшӣ рафта буданд.

Аммо, дар маҷмӯъ, мардуми ориёитабор ҳамеша бидуни ҳама гуна монеаҳо онҳоро ба ҳар тариқе ошкоро ё пӯшида ҳифз мекарданд ва ҷашн мегирифтанд. Чаро ки дар асл ин ҷашнҳо аз падидаҳои тақвимию астрономӣ буданд ва марҳилаҳои муҳими фаъолияти солонаи инсону табиат, замину деҳқонро дар худ ифода мекарданд. Сада ва Меҳргон – ҷашн ва фарҳанги кишоварзии мутамаддин ва падидаи нодир дар тамаддуни ҷаҳонӣ мебошанд. Парастиши инсон, фаъолияти созандагии вай, ниёз ба осоиштагии зиндагӣ, ваҳдату ҳамзистӣ ва рӯҳияи одаму одамият аз ҳадафҳои калидии ин ҷашҳо буд ва чунин то кунун монда аст. Ҳамин арзишҳои калидиро аҳли башар дар вуҷудаш мепарварид.

Зеро ҷашнҳои номбурда моҳияти ҷомеасозӣ ва ҷомеамандӣ, тавҳидию муҳитзистии созандагӣ, диду идеалҳои покроӣ, некбинӣ, садоқат ба замину меҳнат ва инсонро ифода мекарданд. Сабаби бақоияту идомати ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргону Сада маҳз дар ҳамин фалсафаи онон аст. Ин ҷашнҳо ба ҷуз ҳадафи баҳамоии мардуми заҳматкаш, ривоҷ додани усулҳои коркарди фарҳанги кишоварзӣ, зироат, чорводорӣ ва амсоли ин чизи дигаре надоранд. Дар асл моҳиятан ин ҷашнҳо бо ягон дину идеология пайванд нестанд.

Дигар ин ки адёну идеологияҳои дигар дар тӯли таърихи дароз кӯшиш доштанд, то ба хотири бақоияти хеш ба ин ҷашнҳо бигараванд. Аммо ҳукми воқеияти таърих ин шуд, ки ин дину идеологияҳо дар марзу бум ва замони хеш қарор ёфтанд, аммо ҷашнҳои мо ҳама марзҳоро бо покизагӣ ва фалсафаи башардӯстонаи хеш убур карда, то ба замони мо расиданд.

Новобаста аз он, ки дар мавриди шинохти вижагии ҷашнҳои гуфташуда дастовардҳои илмӣ зиёданд, аммо то ба ҳанӯз майдони таҳқиқи масоили гуногун ва мубрами ин ҷашнвораҳо дубора аз марҳилаи таърихи навин шурӯъ шуда, нигоҳи тоза мехоҳад. Зеро ки мо дар вақти хеле наздик тавонем минбаъд мисли Наврӯз ҷашнҳои Сада ва Меҳргонро ба ҳайси ҷашнҳои байналмилалӣ ба мардуми ҷаҳон пешниҳод намоем.

Тоҷикистони азиз кӯшиш сохтани модели олии кишвари индустриаливу аграрӣ ва бо ҳамин хусусият майлу ниёз ба чунин ҷашнҳо дорад.

Бояд дар назар дошт, ки ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон аз нигоҳи астрономиашон мантиқан ба ҳам пайваст мебошанд, ҳар кадом идомаи якдигаранд, пайвандии ногусастанӣ доранд, ба истилоҳи дигар ҳар кадом ҳалқаи як занҷиранд. Аз ин хотир, пешниҳод мешавад, ки ин ҷашнҳо минбаъд дар консепсияи яклухтӣ, якпорчагӣ дида шаванд. Нашояд, ки онҳоро аз ҳам ҷудо намоем. Танҳо дар яклухтӣ ин ҷашнҳо, ин марҳилаҳои фаъолияти меҳнатии солона дар худ маънӣ пайдо мекунанд.

Аҷдодони мо дар гузашта ин идҳоро бо шодию сурур, оташафрӯзию гулханфурӯзиҳо, рақсу тарона ва оростани хони пурнозу неъмат ҷашн мегирифтанд. Дар ҷаҳони муосир мо бояд ин ҷашнҳоро дар ҳамин равия тақвият диҳем.

Мо ин ҷашнҳо (Сада, Наврӯз ва Меҳргон) -ро набояд танҳо ҳамчун моли фарҳанги гузашта муаррифӣ кунем. Ҳар яке аз ин ҷашнҳо дар худ рамз ва ҳадафҳои ҷавҳарӣ доранд. Ҳар кадом аз ин бо кадом як марҳилаи муайяни фаъолияти меҳнатӣ вобаста мебошанд. Худи идеяҳои калидии ин ҷашнҳо далолат бар он доранд, ки Сада – тайёрӣ бар пешвози Наврӯз аст. Пас мебояд ба соли нави меҳнатӣ омодагӣ гирифт. Мебояд дар арафаи Наврӯз ҳашару корҳои тадорукӣ пешбинӣ кард, то ҷӯю системаҳои обёрӣ, асбобу технологияи коркарди замин ва ғайра ба соли нави меҳнатӣ омода бошанд. Меҳргон ҷашни ҷамъбасти кулли фаъолияти кишоварзӣ аст. Аз ин ваҷҳ, мо бояд кӯшиш бар он дошта бошем, ки бо назардошти арзишҳои калидии ҳар ҷашни сегоник мазмуни нав, арзишҳои муосир ва актуалиро ҷой диҳем, бо ин ҷашнҳо навоварона рафтор намоем. Танҳо бо ин кор ва муросо бо дӯстони ҳаммарзу ҳамминтақа ба дастгирии аҳли башар мушарраф мешавем.

Тибқи мушоҳидаҳое, ки тӯли чанд соли охир нисбат ба таҷлили Наврӯз дар Тоҷикистон доштем, ҷашнгириҳо дар ду намуд зуҳур намуданд. Дар музофот бештар дар шакли карнавал (ё ба истилоҳи ниёкон «корвони шодӣ)», дар пойтахт ё ҳар он ҷое, ки таҷлили ҷумҳуриявӣ баргузор мегашт, дар шакли маъракаи театришуда барпо мешуданд.

Шакли карнавалнамо – шакли бештар архаикиро мемонад ва ба суннатҳои ҷашнгирии анъанавии авлодони гузашта шабоҳат дорад. Карнавал гуфта, базмеро мегӯянд, ки бештар дар майдонҳо доир мегардад ва дар он ҳар фард ҳам тамошобин аст ва ҳам иҷрогари кадом нақше. Ҳар нафари иштирокчии карнавал пеши худ ташаббус ё имконияте дорад, ки дар баробари тамошои (дидани) ҳунари дигарон худ низ имкон дорад, ки ҳунари табиатан дошта ва ё авлодан мерос гирифтаашро дар майдон нишон диҳад. Ин хусусияти ҷавҳарии ҷашни карнавалӣ мебошад. Ҳамин хусусияти равонии карнавалро муҳаққиқи барҷастаи рус М. Бахтин таҳқиқу баррасӣ кардааст.

Маъракаҳои театришудаи расмӣ, ки ҳоло аз тариқи шабакаҳои телевизиони ҷумҳуриявӣ ғолибан таблиғу тарғиб мегарданд, чунин имконияти фаъол ва ташаббусгар шудани тамошобинро надоранд. Тамошобини чунин маъракаҳо, ки одатан дар майдонҳои варзишӣ доир мегарданд, бештар дар курсиҳо нишаста, фақат бинандагӣ мекунад. Маъракаҳои ҷашнии театришуда худ сенария ё намоиши хос доранд ва ҳамчун номераҳои консертӣ пешниҳод мегарданд. Дар ин маъракаҳо бештар ашхоси маъруф ва ҳунармандони касбӣ баромад мекунанд.

Маъракаҳои мардумии карнавалӣ («корвони шодӣ») ҳамин раванди пешакӣ дар назардоштаро надоранд. Маъракаҳои карнавалӣ бештар хусусияти  бадеҳавӣ (экспромтро) доранд ва метавонанд дар давоми чанд шабонарӯз идома ёбанд. Маъракаи театришуда одатан дар як қисми рӯз таҳия ва баррасӣ мегардад.

Аммо ҳарду намуди ҷашн – яъне намуди карнавалӣ ва театришуда фарҳанги шукӯҳу шодӣ ва ханда, фарҳанги базмороиро доро мебошанд. Бахусус ҳамин сифати шукӯҳу шодӣ ва хосатан ҳазлу шӯхиҳои илҳомбахш ва боназокат дар шакли карнавал бештар мушоҳида мешаванд. Новобаста аз он ки чӣ ид аст (Сада ё кадом ҷашни дигар), намоишҳои карнавалӣ аз анвои ҳунарҳои мардумӣ мураттаб мегарданд, ки дар он ҳазлу зарофат ва танз бартарият доранд. Масалан, ҳатто чунин як маъракаи варзишӣ, ба мисли гӯштин, аз рақобати мӯйсафедони шӯх оғоз мегардад.

Умуман, комилии фарҳанги инсон ва фарҳанги мардум дар ғунҷоиши серпаҳлуи он аст. Бахусус, инсону миллатро аз рӯи ширингӯӣ, латофат, ҳисси нақд гуфтану худро нақд кардан эҳтирому иззат мекунанд. Мардуми тоҷик дар гузашта Афандиву Мушфиқӣ, шаклҳои аския ва ҳозирҷавобӣ ва боз чандин шаклу намудҳои санъати шӯхиву ханда дошт. Устод Боқӣ Раҳимзодаро, ки ҳарчанд дар самти шеъри лирикиву пурмазмуни мутантан мумтоз буд, мардум бештар барои зарофатгӯияш дӯст медошт.

Яъне манзур ин аст, ки ид ё базм бе шӯхиву ҳазл, бе ширингуфториву зарофатгӯӣ, бе ханда ҳусни худро гум мекунад…

Олим, санъатшинос, театршинос, мунаққид, доктори илмҳои таърих устод Низом Нурҷонов низ дар таҳқиқҳои хеш маҳз ҳамин тамоили ҳазлу шӯхӣ ва танзии ҷашнҳои мардумии моро тасвир карда буд. Дар чунин маъракаҳо бештар ба истилоҳ масхарабозон, аскиягӯён, лапарсароён, раққосони ҷуфти зану мард, ки дар мазмуни ҳазлу киноя баррасӣ мешаванд, тақлидгарон, ки ин ё он ҳайвонро ҳам бо овоз, ё бо рафтор ва ё дар шакли ниқобу шакли зоҳирӣ тақлид мекарданд, дида мешаванд.

Имрӯз дар маъракаҳои ҷашнии расмии театришуда ҳамин тамоил дида намешавад. Номераҳо дар чунин маъракаҳо бештар пафоси тантанавӣ ва сиёсиро касб мекунанд. Албатта, ин тарзи ҷашнгирӣ қобили дастгирист. Аммо чун мунаққид ҳастам, наметавонам аз сатҳу таҳияи режиссёрии ҷашнҳои театришудаи расмӣ эрод нагирам. Ин фикри шахсии ман аст. Хонандаи азиз метавонад бо ман розӣ набошад. Эродам ин аст, ки базмҳои театришудаи солҳои охир якнавохт шудаанд, ҳамасола аз якдигар фарқе надоранд. Моро ба ҳайси коршинос дар ҷаласаҳои тадорукии чунин ҷашнҳо даъват мекунанд, аз мо маслиҳат мепурсанд, аммо дар маҷмӯъ, боз ҳамон кори порсола такрор мешавад.

Ба назарам барои ғанӣ ва рангоранг шудани маъракаҳои расмии театришуда хуб мебуд агар аз таҷрибаи маъракаҳои «корвони шодӣ» бахусус аз фарҳанги сурур, фарҳанги ханда, шӯхиву танз истифода мешуд. Мо бояд ба шаклан ва мазмунан комил гардондани ҷашнҳоямон таваҷҷуҳи хосса дошта бошем. Чаро ки чун яке аз барандагони ин ҷашнвораҳои муҳим ҳастему ба умумибашарӣ шудани онҳо пеши худ ташаббус гирифтаем. Бояд ба ҷаҳониён зебоиву шукӯҳ ва ҳусни инсондӯстиву рангорангӣ ёфтани чунин маъракаҳоро нишон дода тавонем.

Чун мо дубора ҷашни Сада ва Меҳргонро дар радифи Наврӯзи хуҷастапай баъди фосилаи дарози таърихӣ эҳё карда истодаем, месазад, ки ба базмороии ин ҷашнҳо ҳам ҳусни карнавалӣ ва ҳам театришуда оҳанги мутантанва сурур бидиҳем.

Дар ин раванд дар баробари истифодаи ҳунарҳои анъанавӣ зарур аст, ки хусусияти вижагии ҳар ҷашн ба назар гирифта шавад. Манзурам ин аст, ки масалан, ҷашни Сада дар худ рамзу аъмоли хосе дорад, ки дар раванди таҷлили он мебояд таъкид шавад. Яке аз рамзҳои асосии Сада оташ аст. Мардум дар рафти ин ҷашн гулхан мегиронанд, аз болои он меҷаҳанд, то ин ки покиза шаванд. Дар паҳлуи ин, тибқи суннати тоҷикони Бадахшони кӯҳӣ, ки то ҳанӯз Садаро ҷашн мегиранд, ҳашар эълон мешавад. Зимнан, дар рафти ҷашни Сада ҷӯйборҳо ва шабакаҳои обёрӣ ва ҳам дастгоҳу асбобҳои ҷамъиятиву шахсии коркарди замин таъмир карда мешаванд, чорвои ҷуфт ва амсоли ин ҳама ба фарорасии Наврӯз, маъракаи коркарди замин ва кишту кор омода карда мешаванд.

Меҳргон низ вижагиҳои худро дорад. Нишонаи асосии он намоиши пуфайзи дастоварди кишоварзӣ ва чорводорӣ мебошад. Ҳамин вижагиҳо дар маросими ҷашнҳо мавқеъ ва моқоми асосии худро бояд дошта бошанд.

Ва ниҳоят таъкид мекунам, ки мо аз рӯҳи замонавӣ намудани мазмуну мундариҷаи ин ҷашнҳо набояд худдорӣ намоем. Фақат ва танҳо моли қавмӣ муаррифӣ кардан ва ҳам дар шакли падархудоӣ нигоҳ доштани шаклу мундариҷаи онҳо бақо надорад. Мо бояд ин ҷашнҳоро аз рӯҳияи асотирӣ озод кунем. Барои ҷаҳонӣ шудани ҷашнҳои номбурда дидгоҳи фарҳанг ва арзишҳои имрӯза ва оянда бояд таҷассум ёбанд. Албатта, боздиде, ки дар худ мазмун ва тамсили миллии он ҷой дошта бошад. Ҳамин синтези анъанавӣ ва навоваронаи эҷодкорона ҷашнҳоро ҳусни бақо мебахшад. Вагарна, мо ба рушди ин базмҳоямон зомин мешавем ва онҳоро ба моли осорхона табдил медиҳем.

Саъдулло Раҳимов,

профессор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь